Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:45

Намояндаи вазорати умури хориҷаи ИМА аз марзҳои Тоҷикистон дидан мекунад

29 июн 2011, 09:23

Субҳи имрӯз Виллиам Браунфилд, ёвари котиби давлатии ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва нигаҳдории тартиботи ҳуқуқӣ ба Душанбе омад.


Вилиам Браунфилд баъди як рӯзи ташрифоташ ба Тоҷикистон, яъне аз пагоҳ мулоқоти нахустинашро бо намояндагони мақомоти қудратии кишвар оғоз менамояд. Дар назар аст, зимни мулоқоти ӯ бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон масъалаи ҷилавгирӣ аз гардиши маводи мухаддир баррасӣ гардад. Дар ин бора аз маркази матбуотии вазорати корҳои хориҷа ба хабаргузории «Озодагон»  иттиллоъ доданд.
Ҳамзамон, сафорати ИМА дар Душанбе эълом дошт, ки ташрифи ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL) Вилям Браунфилд ба ҷамоҳири  Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Русия барои баррасии пешакии Ташаббуси Осиёи Марказӣ алайҳи маводи мухаддир ( ТОМАММ) (CACI), ташаббуси нави тақвияти қобилияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати маҳви ниҳоии қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ва парокандасозии созмонҳои ҷиноятии дахлдор дар ҳамоҳангӣ бо кӯшишҳои зидди маводи мухаддир дар Афғонистон  марбут аст.
Гуфта мешавад, зимни боздид ҷаноби Браунфилд нақши ММИҲОМ дар густариши ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва мубодилаи иттилооти кашшофӣ дар ҷараёни мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир  ва роҳҳои ҳамоҳангии беҳтари кори воҳидҳои зидди маводи нашъадор дар Афғонистонро мавриди муҳокима қарор медиҳад. Ӯ инчунин, ба хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурии Қирғизистон дар Бишкек ва Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар Душанбе  ташриф меорад, то вазъи кунунии ҳамкорӣ ва нақши эҳтимолии ин агентиҳоро дар ташаббус мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Манбаъ афзуд, ёвари Котиби давлатӣ инчунин ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон сафар мекунад то дар ифтитоҳи расмии хобгоҳи сарбозон (казарма) дар отряди сарҳадии Шӯробод ва бинои нави Дидбонгоҳи сарҳадии Яхчи Пун ширкат варзад. Иншоотҳои бо дастгирии молиявии INL сохташуда ба муборизаи марзбонони тоҷик дар сафи пеш ҷиҳати коҳиши ҷараёни маводи мухаддир ва тақвияти амнияти умумии сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон кӯмак мерасонанд.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!