Бахшҳо
20 июл 2012 03:37Сиёсат

Тоҷикистон ақибнишинӣ мекунад?

Чаро Зарифӣ дар хусуси боқӣ мондани пойгоҳи низомии Русия хомӯш буданро авло донист?

Тоҷикистон пешниҳоди Русияро барои 49 соли дигар боқӣ мондани нерӯҳои низомии рус қабул хоҳад кард. Дар ин бора Владимир Чиркин, фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия изҳорот додааст. Чиркин рӯзи 17-уми июл изҳорот додааст, ки Тоҷикистон аз ҳоло бо ин созишнома зиддият надорад ва мақомот тасмим доранд, то ин санад ҳарчӣ зудтар амалӣ гардад, менависад www.rbc.ru.  

Ҳ. Зарифӣ: Музокирот паси дарҳои пӯшида идома дорад

Ин вебгоҳ дар ҳоле аз ризоияти Тоҷикистон барои тамдиди ҳузури низомиёни рус хабар медиҳад, ки Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон 16-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, ки дар ин маврид ҷонибҳо ҳоло ба мувофиқае нарасидаанд.
Ба гуфтаи вазири умури хориҷаи кишвар гуфтушунид дар ин бора ҳоло идома дорад. Масъулини Тоҷикистон ҳангоми музокирот манофеъи миллӣ, ҳамкории стратегӣ ва дӯстии Душанбеву Маскавро ба назар мегиранд. Ба гуфтаи ҷаноби Зарифӣ агар маълумоте роҷеъ ба ин масъала то замони поён ёфтани музокирот ошкор шавад, пас ин айби ҷонибҳо набуда, мушкили онҳо аст. Дар ҳар кишвари муътадили ҳуқуқбунёд барои паҳн гардидани ҷузъиёти музокирот ҷавобгарӣ ва масъулият пешбинӣ шудааст. Ба назари мо ҳамкории Тоҷикистон бо Русия дар сатҳи хуб буда, ҳарду ҷониб манофеъи миллии якдигарро ба инобат мегиранд. Аз ин хотир феълан аз ҷузъиёти музокирот ман наметавонам далеле ва ё рақамеро эълон намоям, масъларо шарҳ бидиҳам ва ё баҳогузорӣ намоям, изҳор дошт Ҳамрохон Зарифӣ. Гузашта аз ин ҳеч вазир ва ё коршиносе низ то анҷоми музокирот роҷеъ ба ин масъала наметавонад чизе бигӯяд.  
Вазири умури хориҷаи кишвар дар ҳоле ин нуктаро зикр намуд, ки давоми 10 рӯзи охир расонаҳои хабари Русия менависанд, ки Тоҷикистон барои истифодаи заминаш иҷорапулӣ мехоҳад.

Маврид ба зикр аст, ҳафтаи сипаришуда вебгоҳи "Комерсантъ" навишт, ки ҳукумати Тоҷикистон омодааст барои 10, 20 ва ё 29 соли дигар ба ҳузури низомиёни рус дар қаламрави кишвар иҷозат дода дар ин маврид санаде низ ба тасвиб расонад. Ба навиштаи ин расона ҷониби Тоҷикистон танҳо дар сурати пазируфтани 20 шарт дар ин маврид бо Русия ба мувофиқа хоҳад расид. Ҳуқуқи дастрасӣ ба зиреҳпӯшҳо ва силоҳҳои низомиёни рус ва ҳамчунин ҳамасола пардохти иҷора ба маблағи 250 миллион доллар аз шартҳои ғайри "қобили қабул"-и Тоҷикистон будааст.
Дар робита ба ин масъала рӯзи 12-уми июл муовини раҳбари Маркази тадқиқоти роҳбурдии Тоҷикистон, Сайфулло Сафаров хабар дод, ки марказ тарҳеро оид ба ҳузури низомиёни рус дар Тоҷикистон омода сохта, онро ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод хоҳад кард. Ҷаноби Сафаров гуфт, ки коршиносони марказ ҳангоми тартиби ин тарҳ манофеъи милии Тоҷикистонро ба инобат хоҳанд гирифт. Бекор кардани тарифҳои гумрукӣ барои маводи сӯзишвории Русия ба Тоҷикистон, вазъи муҳоҷирони корӣ ва ҳамчунин масоили сармоягузориву иқтисодӣ аз ҷумлаи пешниҳодоти Тоҷикистон хоҳад буд. Талаби маблағ дар ҳаҷми 300 ва ё 250 миллин доллар ҳеч асосе надорад, гуфт Сайфулло Сафаров.

Тоҷикистон аз иддаояш даст кашид? Чаро?

Бояд гуфт, масъулини вазорати умури хориҷа ва маркази тадқиқоти роҳбурдии Тоҷикистон дар ҳоле аз талаби маблағ барои ҳузури низомиёни рус изҳори беэътилоӣ мекунанд, ки соле қабл ҳарфи ин мақомот дигар буд. Ҳамрохон Зарифӣ он замон гуфта буд, ки замини Тоҷикистон моликияти бобоии ҳеч як вазир ва ё мақомот набуда, он ройгон дар ихтиёри ҳеч кишваре гузошта нахоҳад шуд. Ҳамзамон вакили парлумон, Сӯҳроб Шарипов (он замон роҳбари МТР) изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барои истифодаи заминаш  маблағ талаб кунад. Гузашта аз ин ҷаноби Шарипов гуфта буд, ки Русия барои истифодаи ройгони замини Тоҷикистон одат кардааст. Собиқ роҳбари маркази тадқиқоти роҳбурдии Тоҷикистон гуфт, ки Русия дар соли 2004 иншооти "ОКНО"-ро бо маблағи ночиз харидорӣ намуда, ин масъала бояд бознигарӣ шавад.
Тавре мушоҳида мешавад ин пешниҳоди Сӯҳроб Шарипов аз ҷониби масъулини мақомоти марбутаи Тоҷикистон ҷонибдорӣ нагардид.
Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки соли 2004 ҳукумати Тоҷикистон на аз сабаби "якравӣ"-и Русия, балки ба далели маъракаҳои сиёсӣ истгоҳи назорати кайҳонии "ОКНО"-ро бо маблағи ночиз дар ихтиёри Русия гузошт. Ба гуфтаи таҳлилгарон соли 2004, дар остонаи интихоботи президентӣ,  ишооти "ОКНО" ҳадяе ба Русия барои кафолати курсии раисҷумҳурӣ гардид.

300 млн.$- 49 сол ва райъпурсӣ?

Маврид ба зикр аст, хабари талаби пардохти иҷора аз ҷониби Русия ба маблағи  300 миллион доллар дар доираҳои мухталифи тоҷику рус аз охирҳои соли 2009 матраҳ мешавад. Нахуст ҷониби Русия эълон дошт, ки ба ҳеч ваҷҳ ба Тоҷикистон барои истифодаи замин маблағе пардохт нахоҳад кард. Масъулини баландпояи Душанбе низ пайи ҳам таъкид мекарданд, ки Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол ва мустақил буда, аз ҳуқуқҳои худ дифоъ хоҳад кард.
Моҳи сентябри соли 2011, дар Душанбе Дмитрий Медведев, собиқ раиси ҷумҳури Русия эълон дошт, ки пойгоҳи низомии "201" ва тамдиди ҳузури онҳо барои 49 соли дигар яке аз масъалаи муҳими гуфтугӯи ҷонибҳо хоҳад шуд. Ин хабар сару садоеро миёни мардум ба вуҷуд овард. Ҷомеаи шаҳрвандӣ зиддӣ ризоияти Тоҷикистон дар ин маврид буданд. Гурӯҳе аз шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи эҳтимоли боқӣ мондани низомиёни рус дар хоки Тоҷикистонро барои 49 соли дигар мавриди интиқод қарор доданд. Гурӯҳе аз рӯшанфикрон бо иншои номае аз ҳукумати Тоҷикистон талаб намуданд, ки дар ин масъала бояд райъпурсии умумимардумӣ баргузор гардад. Ба ақидаи онҳо замин моликияти давлат аст, ва ҳукумат ҳуқуқи якҷониба матраҳ кардани ин масъаларо надорад.

Даъвои пул, ҳуқуқ ва мустақилӣ то интихоботи президентӣ?

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки масъалаи мазкур танҳо дар арафаи интихоботи президентӣ ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Амният Абдулназаров дар як сӯҳбаташ изҳор дошт ҳеч нашуда, ки дар Тоҷикистон зимни натиҷагирӣ дар масоили иншооти роҳбурдӣ ва интихоботу натиҷаи он манфиати мардум ба назар гирифта шавад. Дар ин маврид Русия чун ҳамеша аз нуфуз ва мавқеъи худ дар минтақа истифода хоҳад кард. Ҳукумати Тоҷикистон низ ба хотири кафолати курсӣ ба фишорҳои Русия сабр карда, аз пешниҳодоти худ даст хоҳад кашид. Дар ин робита Ҳикматулло Сайфуллозода гуфта буд, ки Русия ин навбат бо бастаи пешниҳодот ба Тоҷикистон муроҷиат мекунад.
Ҳарчанд Русия ва Тоҷикистон шарикони стратегӣ арзёбӣ шудаанд, аммо Маскав бо даст додани оддитарин имконият аз худ ҳамчун як абарқудрати минтақа хабар медиҳад. Аз ин хотир масоили баҳсталаб миёни Душанбеву Кремл хеле зиёданд. Вазъи муҳоҷирони Тоҷикистон дар Русия, тақдири минбаъдаи фурӯдгоҳи "Айнӣ", тамдиди пойгоҳи низомии "201", корхонаи тавлидотии "Талко", саҳмияҳои "Роғун", иншооти "ОКНО" аз ҷумлаи масоили матраҳ миёни ҷонибҳо мебошад. Бо таваҷҷӯҳ ба имконият ва дастдарозии Русия, коршиносон мегӯянд, ки агарчӣ ҳукумати Тоҷикистон хоҳиши талаби маблағ барои истифодаи заминро дошта бошад ҳам, беихтиёр аз ин даъвояш даст хоҳад кашид. Дар сурати ғайр Русия метавонад бо ҳар баҳонае бо роҳи "шикор" ба муҳоҷирини тоҷик ба ҳукумати Тоҷикистон фишор орад.
Пойгоҳи низомии Русия дар заминаи двизияи 201 аз соли 2004 бо 7 ҳазор ҳарбӣ дар Тоҷикистон мустақар аст. Ин пойгоҳ яке аз бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ ба ҳисоб меравад.

Ҳумайрои БАХТИЁР
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)