Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:03

Исломситезии ҳидоятгарони беҳидоят

20 июл 2012, 03:56

Зуҳури эгоизм ва такаббуру худситоии бархе аз ҳаммиллатони моро сабаб чӣ будааст? Ин тафаккурмандону "ҳокимон"-и навзуҳур ва файласуфтарошон ҳароина, на ба Зардушту Авасто содиқанду на ба Қуръону Ислом. Худо медонад, ки мақсаду аҳдофашон аз ин ҳаракату пиндорҳои даҳриёна чӣ бошад...

1. РУҶӯЪ БА ИСЛОМ Ё ФИРЕБИ НАЗАР?

Ахиран аз забони як мақомдори Ҳукумати кишвар (исми шарифашонро овардан шарт нест, чун ҷои дареғ дорад) шунидани чунин афкори шармандаовар ва дардзо мағзамро сахт такон дод, аммо ҳайратамро наафзуд. ӯ аз минбари ҷаласае бовиқору салобате, ки хоси амалдори беамали даврони имрӯзист, таъкидан баён дошт:
- Ислом идеологияи ба мо тоҷикон бегона аст. Ва мо бояд ҷиддан ва ҳамаҷониба ба он бикӯшем ва саъю азм ва талошу ҷаҳд намоем, ки омӯзиши он мамнӯъ эълон гардидаву канор зада шавад.
Заҳрханде даври лабонам ба пайдо омад ва андешидам, ки ҳамин гуна суханони ҳамоқатомезро на бори аввал аст, ки аз даҳони бефаровези ҷумлагӣ вазифадору намояндаи ину он вазорати мамлакат мешунавам. Ва аммо тааҷҷубам бар сари он афкоре лангар задаст, ки мӯҷиби сар задани ҳамчунин тафаккури зиддидинӣ дар чист? Чаро як-ду соли ахир Ҳукумат ва идеологҳои камбину хомандеши он бо баҳонаи ҷилавгирӣ аз хурофот ва падидаҳои нозаруру аз қавли эшон ғайриисломӣ ба ҳар шаклу бо ҳар наҳва ошкоро бо худи дини Ислом мубориза оғоз кардаанд? Чаро мардум ва райияти бе ин ҳам аз шиддати камбуди зиндагӣ ва вазъи тоқатфарсои мавҷуда ба дод омадаро гиҷу гаранг месозанд? Бахши аъзами заҳматкаши муосири тоҷик ниёзи ҷиддӣ ба ҳидояти ислом доранд. Ҳанӯз насли нав, билхоса ҷавонон аз аркону фармудаҳои ин дини безавол ва оламгир кам андар кам огаҳӣ ва маълумоти доманфарох доранд. Ҳукумат бошад, бар ивази тарбият ва ба камол расондани ҷавонони шоистаахлоқу писандидаафъол ва поку порсо фанни "Маърифати ислом"-ро (яқин бо ҳамон пиндори шакзо ва дур будан аз ин дин) аз таълим дар макотиб берун андохт.
Пурсида мешавад, ки чаро? Танҳо ба ҳамон андешаи ғарибу оҷизона, ки "дини ислом - идеологияи ба миллати тоҷик бегона" аст?! Агар ҳамин тавр набошад, пас сардамдорони Ҳукумати кишвар боястӣ ба ин пастфитратии амали хеш ҷавоб диҳанд:
- Мӯҷиби барҳам додани омӯзиши мухтасар ва маълумоти аввалияи ислом дар чӣ будааст? Дигар, ҳамин идеологу мушовирони дурӯяву зоҳиргаро ба мо посух бидиҳанд, ки манъи вазъгӯӣ ва амри маъруфи ибратбахшу созандаи рӯҳониёни саршинос ва як идда имом-хатибони фарзонаву донишвар дар масоҷиду маъракаҳо чӣ моҳияту маъние дорад? Тарсу ҳарос? Бегонапарастӣ?
Пас, агар дини ислом - идеологияи ба мо, тоҷикон бегона бошад, аз сарварони Ҳукумат пурсида мешавад, ки идеологияи омӯзандаи худии шумо чист? Ҳамин қонунҳои безамина ва маснӯии "Танзими расму оин", "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" ва монанди инҳо?! Кадом аст идеяву ғояҳои олию воло ва созандаи ин Ҳукумат, ки фарзандони меҳнаткаши дар чорсӯи зиндагӣ ҳайронмондаро баҳри ояндаи дурахшон тарбият бисозад?!
Масъала ё мушкилоте, ки дар ҷомеа бас ҷанҷолбарангез арзёбӣ гардид (ҳанӯз он бигӯмагӯҳо атрофи ин мавзӯъ ба поён нарасидааст) масъалаи ба масҷид нарафтани наврасону ҷавонони то 17-сола ва дар маросимҳои динӣ ширкат накардани эшон маҳсуб меёбад. Дар ин боб зиёд гуфтанд ва такрор ба такрор. Ва роқими ин сутур ду омилро дафъатан гӯшзад хоҳад кард. Аввалан, эътиқоду ихлос ва баёни розу ниёз бо Холиқи якто ба маҳзи дар масҷид намоз гузоштани ину он фарди мусулмон роҳандозӣ хоҳад шуд. Ҷумла китоби тафсиру ҳадис савобу манзалати намози ҷамоатро таъкиду таъйид кардаанд ва инро касе ҳадди рад кардан надорад (Ба гунаи мисол, Саҳеҳи Ал-Бухориро варақ бизанед). Ҳамон Имом Бухориро, ки дар ҳар машварату ҷаласа, ки ба осори илмию мазҳабӣ доир шавад, чун намуна мисол оварданашро дӯст медоранд. Дуввум ин ки, масҷид дар ҳар сурат тарбият мекунад насли наврас ва ҷавононро. Ва ин ки намозгузории насли наврас ва хонандагонро то 17-солагӣ мамнӯъ эълон намудааст, Ҳукумати кишвар, пас боз ҳам сардамдорону ҳидоятгарони ин ҷомеа ба як суол ҷавоби мушаххас бидиҳанд, ки масҷид баҳри киҳо ва ба хотири чӣ вуҷуд доштааст?!
Танҳо баҳри тоату ибодати мӯйсафедону миёнаумрҳо? Магар Худоҷӯиву пиёдасозии аркони шариат ва ислом фақат барои мӯйсафедону миёнаумрҳо будааст? Мантиқ куҷо канор зада шуд? Агар писараке ба ҷаноза ҳозир нашаваду намозро ба ҷо наорад, оянда аз ӯ чӣ кирду рафтори некро ҳамчун фарзанди мусулмон интизор хоҳед шуд?!
Ва умуман, чаро дигар миллатҳо, фарзи мисол русҳо ба ҷону дил ва аз сари сидқ ба дини насронӣ таваҷҷӯҳ ва дилбастагии зиёд доранду ҷамеи фармудаҳои онро аз як шаҳрванди муқаррарӣ то президенташ бо шӯру шавқ ба сомон мерасонанду дар ҷомеаи куллан мусулмонии мо Ислом ҳатман идеологияи бегона ё аҷнабӣ ҳисоб меёфтааст? Магар дини насоро таърихан дини ниёгони русҳост? Не, албатта!
Зуҳури эгоизм ва такаббуру худситоии бархе аз ҳаммиллатони моро сабаб чӣ будааст? Ин тафаккурмандону "ҳокимон"-и навзуҳур ва файласуфтарошон ҳароина, на ба Зардушту Авасто содиқанду на ба Қуръону Ислом. Худо медонад, ки мақсаду аҳдофашон аз ин ҳаракату пиндорҳои даҳриёна чӣ бошад...
Ҷавоби алорағми фармудаҳои дини ислом садо баланд кардану амал намуданро бигзор ин тоифа аз "Қуръон"-и шариф дарёбанд.

2. "АВВАЛ ТОҶИКУ БАЪД МУСУЛМОН".
БЕМАНТИҚТАРИН АНДЕШАПАРДОЗӣ ДАР ҶОМЕА

Ҳамакнун тайи солҳои ахир андешапардозии файласуфонаи дигаре дар байни ақшори мухталифи ҷомеа, ба вижа зиёиён (як идда аҳли қалам ва адибу олим) рӯзафзун авҷи тоза меёбад. Муаллифони матолиби баҳсбарангез ба ҳар васила зимни баёни афкори хому яктарафаи хеш даст ба меҳвари сина бурда, гуфтанӣ мешаванд, ки танҳо онҳо тоҷики асиланду аз табори ориёӣ, дигарон... (чӣ гӯем) исломгароянду ба ном "тоҷик".
Ва чунин суол мегузоранд: Мо бояд аз хештан бипурсем, ки аввал тоҷикем ё мусулмон? Ва ҳамҳама бардоштаву гӯши осмонро дарида, худ ҷавоб мегӯянд: Ман тоҷикам, баъд мусулмон. Ман нафаҳмидаму дарк накардам, ки чунин масъалагузорӣ чӣ аҳамияти вижаву суде дошта бошад? Марвист, ки тоҷик будани моро (агар воқеан ҳам сазовори номи ин миллат бошем!) касе ё мамолики аҷнабие рад ё инкор накардааст. Мо тоҷикему мусулмон. Чаро боястӣ аҳли ҷомеаро ба бунбасту инҳироф бикашем? Чаро маҳз ҳамин хел суолгузорӣ намоем, ки ман аввал тоҷикам, пас-он мусулмон? Аз ҳамин афкори ҳарзабофона чӣ бурде мекунем?!
Ба ростӣ, ман намефаҳмам. Ба пиндори банда, зери ин фалсафафурӯшӣ ҳамон "ҳикмати" фавқ нуҳуфтааст: Мазмун, ислом дини таҳмиллист, мо тоҷикем ва ин динро ҷабран қабул доштаем. Аз барои Худо, Ислом динест мардуми имондору батақворо. Ба ҷонибдорони ин ғоя, яъне фалсафаи "ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон" гуфтанием, ки шуморо касе имрӯз маҷбуран таҳти фишор қарор намедиҳад, ки ҳатман мусалмон бошед. Ислом ҳидояти инсонҳо ва бани башар аст ба сӯи покию порсоӣ ва шинохти Худои аззаву ҷалл. Ва дини бузургу боазамат ва созандаву ахлоқист ва аз дигар динҳо бонуфузтар ва афзалтару болотар, ки ҷойгоҳаш қиёснашавандааст. Агар касе тоҷик асту исломро қабул надорад (ин тӯда исломситезҳо фаровонанд, ки якеаш Ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ба Чингизхон мусовӣ дониста буд) ҳаволаашон ба Худо. Вале моро падидаи дигар ба ҳайрат мегузорад, ки инон зоҳиран хештанро мусулмон меҳисобанду амалан алайҳи ин дини улвӣ пинҳону ошкор муқовимату ситезе мекунанд. Аммо... чун ҳодисае сарашон ҳамл гардад,  чун дигар мусулмонон ҳама он расму анъана ва одотро (аз қабили шустани майит, адои намози ҷаноза, гузоштан дар қабр, ба ҷо овардани маъракаҳои оши худоӣ ва ёдбудро ва ғайра) ҳамаҷониба ба иҷро мерасонанд. Ин зоҳиргароию дугунагӣ аз баҳри чӣ бошад?!
Ислом ба ҳеч ваҷҳ дин ё идеологияи бегона набуду нест барои мо. Он бо тамоми фарзу суннатҳо ва аркони худ дар шарёнрагҳои мо чун хун ҷорист ва зиндагии ҳамарӯзаи мо дар пояи ин дини оламгир дар ҷараён аст. Инро набояд фаромӯш ва аз иҷрои он гарданкашӣ ё сарпечӣ намуд.

3. ИФРОТ Ё МИФ?!
(Ё пайғамбар пайғамбар мемонад)

Баҳо додан ба ину он шахсияти таърихиву рӯҳонӣ ва арҷгузории нуфузу манзалати ӯ набояд ба ҳадди ифрот расонида шавад дар ҳама давру замон. Валек дар кишвари Тоҷикистон бо таҷлили ҷашни зодрӯз ва бузургдошти чеҳраҳои намоён ва аъзами рӯҳонию мазҳабии тоҷик ситоишу муболаға ба андозае авҷу нумӯъ мегирад, ки на дигар аз пайғамбари ислом ёд меоранду на шариати ислом.
Магар ин раванд як амали тасодуфию даргузар аст? Не, ба ҳеҷ ваҷҳ. Замоне, ки бузургдошти Имоми Аъзам дар қаламрави мамлакат бошукӯҳ ҷашн гирифта мешуд, тамоми дастгоҳи идеологии ҳукумат ва сарварони он минбарҳои анҷумаҳоро "иҷора" гирифта, таъкидан ва бо шӯру шааф ва ифтихори зоҳиргароёна оламиёнро бовар кунонданӣ мешуданд, ки маҳз Имоми Аъзам дар тафсиру ташреҳи ин дини мубин, "Қуръон", аҳодиси пайғамбар, илми фиқҳ (масъала ва ғайра) нақши нозудудание бозидааст ва ин хидмати таърихии як пешвои мазҳабро ба он мартаба баланд мебардоштанду тавсиф аз шахсияташ мекарданд, ки гумоне дар мағзи кас соя меандохт, ки пайғамбар ҳазрати Муҳаммад (с) неву Имоми Аъзам буда бошад.
Ҳар як бахши илм доираву қаламрави баҳс ва бигӯ-магӯҳо, дар маҷмӯъ, меъёри ҳақиқати (критерия) худро дорад. Ба ҳеч кас (ҳатто ба Президент ё як олими сатҳи ҷаҳонӣ) ҳуқуқ дода нашудааст, ки ба манзури зикру бозтоби хидмат ва арҷгузории афкори нобу ҷадиди як шахсияти мазҳабӣ (фарзи мисол, Имоми Аъзам) мақоми (статуси) улвию қудсии пайғамбарро дар мисоли ҳазрати Муҳаммад нодида бигирад ва ё аслан аз ӯву инқилоби диниву ахлоқияш, ки на танҳо дар қаламрави Арабистон, балки тамоми тамаддуни пешрафтаву аз нуфузи ин дини барҳақ огаҳию иттилои комил дошта, ҳарфе дар миён наоранд. Бо дареғу дарду изтироби ботин метавон ҳадс зад, ки чунин нодида гирифтанҳо аз исми пайғамбарро дар раванди ҳамон ҷашни Имоми Аъзам гоҳе амиқан ва гоҳе ба таври мармузона ба мушоҳида гирифтем.
Пурсида мешавад, ки ин падидаи аҷиб ва навзуҳурро сабаб чӣ бошад? Ҳамон як мӯҷиб ва омили маълуму мафҳум: ислом барои ин сарварону курсисаворон ҷуз "идеологияи бегона" чизи дигаре набуду нест. Шояд мақомдорони масъул сари мо бишӯранду ҳамҳама бардоранд, ки ин ҳама гуфтавҳои мо як саробесту ҳубоб, дар ҳоле, ки дар ҳар деҳу қаряҷот имрӯзҳо ҳукумат иҷоза додааст, то ки масҷидҳои ҷомеъ кушода шавад. Ба ин мардум боз чӣ лозим?!
Оре, амали хуб ва таваҷҷӯҳбарангез, аммо... Аммо ин падида низ заминаи худро дорад. Вақте чунин амал шоистаи дастгирии райият мегардад, ки дар дигар самт ҳамин Ҳукумат мавқеи оштинопазирро дар нисбати шахсиятҳои маъруфу тавонои мазҳабӣ, рӯҳониёни саршинос ва маҳдудию ҳатто барҳам додани амри маъруфу вазъи тарбиявию ҳидоятгаронаи онон ба роҳ намемонад. Мазмун, таҳи ин косаҳо низ нимкоса нуҳуфтааст...

4. БАРНОМАИ "ХОНАВОДА"
БАР ИВАЗИ НАМОИШНОМАИ "ҲИДОЯТ?"

Якбораву ногаҳонӣ дастгоҳи идеологии Ҳукумат ончунон ба ислому мутафаккирони имрӯзаи шариатшинос дасти таарруз баланд карданд, ки истифодаи баманфаат ва холисонаву беғаразонаи ояҳову сураҳои "Қуръон", тафсирҳои он, аҳодису осори исломиро на танҳо аз мактабу таълимгоҳҳо берун андохтанд, балки аз васоити тарғиботию тавсифие чун садову симо канор заданд. Телевизионе, ки илло як-ду барнома дигар ягон намоиши ҷолибу роғиби диданӣ ва андарзию насиҳатӣ надошт, аз ҳамон як барномаи чанддақиқагии "Ҳидоят" ҳам бенасиб монд.
Суоле дар майнаи кас ба пайдо меояд, ки ин қадр гурез ва иҷтиноб варзидан аз ислом ва фармудаҳои он дар ҷомеаи имрӯзӣ магар ҷойи шарму хиҷолат надошта бошад барои роҳбарон?! Дорад, дорад ва боз чӣ хел! Мардумро гӯл мезананд, бар ивази "Ҳидоят"-и то ҷое муассиру судбахш барномаи музҳике бо номи "Хонавода" таҳия намудаанд (Узр, ки аз кадом шабака намоиш дода мешавад, дақиқ дар ёдам намондааст. То чӣ андоза қолабиву якранг, сохтаву бофта, хушку берӯҳ ва каммояву бемоҳият ва маснӯӣ будани онро бигузор роҳбарияти ин Кумита арзёбӣ созад. На афкори боҷавҳару бамаънӣ, на сухани созандаи олӣ, на иқтибоси боҳадафу нишонрасе аз "Қуръон"-у китобҳои тафсир, на як андешаву завқи баланд.
Дареғ, афсӯси як минбари мардумии ҳикматзо, ки ба дасти беҳунарони ношоиста афтида. Ва аммо алъон ҳарфи мо танҳо сари ин барномаи сусту палишт ва беҳунарона набуда, боз ҳам дар меҳвари ҳамон суоли фавқ чарх мезанад, ки барҳам додани барномаи "Ҳидоят" ва умуман, набудани намоишҳои диниву ахлоқӣ дар телевизионро сабаб чӣ буда? Тарс? Ҳарос? Агар тарсу ҳарос ва эҳтиёти тамом ҷо дошта бошад, пас он ҳама хавф аз чист? Аз дини оламгирит Ислом? Аз "Қуръон?" Аз аҳодиси пайғамбар? Аз чӣ охир?! Боре ошкоро ва рӯшан бигӯед, ҷойи таъну айб надорад...
Вале тарсу ҳарос як тараф, дар ин мавқеъ ҳамон андешаи ғолибан, боҳадафи идеологии Ҳукумат равшану бармалост. Мазмун, ислом - идеологияи ба мо бегона аст. Ана ҳамин аст хартозиву таваҷҷӯҳи мардумро ба дигар ҷониб дур афкандан, на гапу мақсади дигари Ҳукуматдорон. Ҳол он ки моҳи шарифи Рамазон наздик аст, мебинед, ки ба ҷуз ду-се гапу ҳарфи обшустаи ҳарсола намоиши рангину пурмӯҳтавое пахш нахоҳад шуд аз "қуттии" телевизион. Мебинед...

5. ИМОНДОРӣ АМАЛИ ҶУМЛА МУСУЛМОН АСТ.
ЧАРО БА МАЗАММАТИ АРАБҲО МЕПАРДОЗЕМ?!


Чандест, ки аз ҷониби бархе қаламбадастони фарзонаву оқил ва шинохта фикре ифода меёбад, ки чаро аз мардуми араб парчам месозем?! Ин бад-он хотир, ки маҳз арабҳо мусулмони тамоманд чун дини Ислом зодаву парвардаи он сарзамин аст. Ва ин тӯдаи қаламфарсо боре агар ба он кишвар (Арабистон) ё дигар мамолики араб сафар кардаанд, бо таъҷили булаҷабе сару садо баланд мекунанд, ки эшон дар шаҳрҳои он кишварҳо бо ду чашми сар мушоҳида кардаанд, ки миллати араб рукнҳои исломро (аз қабили намоз, масалан) ба гунаи иҷборӣ ва беҳавсалагӣ иҷро менамоянд. Ва дидаҳои худро тафсилу тафсир карда, мунтаҳо ба хулосае меоянд, ки исломи воқеиву ҳақиқӣ маҳз дар Тоҷикистон арзи вуҷуд дораду тамом.
Ва ҷониби чанд воизу рӯҳонии маъруфу тавоно санги сақат ҳаво медиҳанд, ки инон чӣ ҳақ доранд, ки парастиши арабҳоро ба авҷи аълояш расондаанд? (Манзур зикри оли пайғамбар, саҳобагони он ҳазрат, ҳамсарони боназокаташон, наберагони ӯ ва монанди инҳост). Ва чунин падидаро (аз қавли онон - "панарабизм") ба боди масхараву мазаммат мекашанд. Баёни ин афкори хом низ бас аҷаб аст ва ҷои нигаронӣ дорад. Аввалан, мо ҳеҷ ба дурустӣ дарку фаҳм накардем, ки ба чӣ боис иддае аз файласуфтарошон заруру нозарур ва ҳудаву беҳуда ба кишварҳои арабу мардуми он мечаспанд, дар ҳоле, ки дини ислом ба сари худ як таълимоти барҳаққи тамаддунҳост ва он танҳо барои арабҳо набуда, балки чун дини волоҷавҳару нодир баҳри ҷамеи ақвому милали мухталифи олам баробар тааллуқ дораду сарчашмаи омӯзиши беинтиҳост.
Ва решаву асли ин дин, чун дигар динҳо асос ёфтааст бар пояи имондорӣ. Ва имондорӣ, парҳезу тақво ва эътирофи Худои яккаву ягона ва пайғамбари ростин ҳазрати Муҳаммад (с) мебошад. Ва моро зарур аст, ки аз ҳамин зовия ба масъала наздик шавему баҳои саҳеҳ бидиҳем. Нуктаи заъфи пиндорҳои машкуки ин қаламбадастон дар ана ҳамин калоба дармондааст. Мо, ки тоҷикем, боястӣ нахуст аз имондорию Худоҷӯии хеш амиқану васеан натиҷагирӣ намоем. Яъне, аввал гиребони хештан бӯй кунем. Ва умуман, чунин масъалагузорӣ намудан, ки арабҳо аркони исломро ба таври комил ба сомон намерасонанду мо, тоҷикон сад дар сад он ҳама талаботи шариатро иҷро мекунем, ғалат, иштибоҳбарангез асту низоҷӯёнаву муғризона.
Чаро як чунин афкори нописандида ва бемоҳиятро сари мардум таҳвил додан мехостанд тоифае, номафҳуму номушаххас мемонад бароямон. Ҳатто гурӯҳе аз шунидани исму номҳои арабӣ қимобанд ва бо ҳар сабку шева як чунин амали мардумро ноогоҳию бемаърифатӣ ва бегонапарастӣ унвон мекунанд. Ҳаволаи ин озодандешони тафриқахоҳу ҷудоиандоз ба Худо!!!

6. АЗ МАҲДУДИЯТ ТО АФЗОИШИ ҶИНОЯТ

Ҳукумат ба шахсиятҳои маъруфи исломшинос муносибати хашину оштинопазир эълон кард. Сабти видеоии амри маъруфи ононро аз фурӯш бардошт. Якчанд имом-хатибони закиву донишвар ва дорои истиқлоли фикриро аз вазифа сабукдӯш намуд. Ҳосил чӣ шуд? Ҳеҷ, сифр. На барномаҳои телевизион суде бахшиданд, на таълиму тарбия нақши бориз бозид, на суханони адибон ба қадри ҷаве таъсиргузор гардид ва на қарору қонунҳои Ҳукумат амалӣ шуд. Аслан Ҳукумат бо маҳдудият ба омӯзиши ислом ва муносибати қоҳир бо рӯҳониёни саршинос натавонист сабку наҳваи ҷадиди тарбиятро ба роҳ андозад.
Қонун дар бораи масъулияти волидон дар раванди тарбияи фарзандон ба як шиори дилбазану нодаркор табдил ёфт, чун дар он бӯе аз ислому таъсири фурӯгузори он вуҷуд надошт. Инак, ахлоқ шадидан рӯ ба таназзул ниҳодаву қатлу куштор, таҷовуз ба номус, аз ҳам рехтани оилаҳо, худкушӣ ва бад-ин монанд анвои ҷиноёт нумӯи тоза касб карданд. Ва ҳамаи ин бенизомӣ ва ноамниро сабаб як омил аст: дур шудан аз арзишҳои исломӣ, панду андарз ва ҳидояти уламои ислом.  
Ҳукумат иштибоҳи авфнопазире содир карда. Аз рӯҳониёни маъруф бояд истифода мекард, на дурӣ меҷуст ва на алайҳи оно муборизаву муқовиматро роҳандозӣ мекард. (Зимнан, ин як фикри ман не, балки ҷумла рӯзноманигорони шинохта буда).
Дигар таълими "Маърифати ислом" он тарф истад, ба гунаи ҳар чи тамомтар омӯзиши "Қуръон" бо тафсиру ташреҳи комилу фарохи он дар мактабҳо бояд ҷорӣ карда мешуд. Шиори фоҷиаангезе, ки сари давлати абарқудрате, чун Иттиҳоди Шӯравиро бар боди фано дод, яъне "Дин аз давлат ҷудо"-ро аз миён бармедошт. Ба як ҷумла, озодии комили динро дар кишвар таъмин менамуд.
Аммо… На ин шуду на он. Дар ҳоле ки абармардони адабиёти тоҷик аз Рӯдакӣ сар карда, то Ҳофизу Бедилу Аҳмади дониш ва Садриддин Айнӣ аз қавли Хоҷаи Шероз "ҳар чи ёфтанд, ҳама аз давлати "Қуръон" ёфтанд, ин Ҳукумат бо баҳонаи ислом - идеологияи ба мо бегона" ва тарсу ҳарос ва ҷилавгирӣ аз нуфузу шӯҳрати дини ислом василаи асосиву умда ва ҳалкунандаи тарбияи ҷомеаро чӣ осон аз даст дод!

7. БА ҶОЙИ ОХИРСУХАН

Порабайти Абулқосим Фирдавсӣ:
Ҳама некӯӣ пеша кун, гар тавон,
Ки бар кас намонад ҷаҳон ҷовидон.
Ҳама мардумӣ бояд оини ту,
Ҳама родиву ростӣ дини ту.

Шаҳбози НУР


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!