Бахшҳо
20 июл 2012 04:09Иқтисодӣ

БДА мансабдоронро ҷарима мекунад?

Дар Тоҷикистон то ҳоло нашунидем, ки корманди БДА-е фарзанди кадом мансабдорро барои қоидавайронкунӣ ҷарима баста бошад, чӣ расад ба сабукрави бидуни рақами махсус...

Бозрасии давлатии автомобилии Русия аз ҷаримабандии ронандаи сабукрави "Мерседес"-и Владимир Путин, президенти ин кишвар, ки бидуни рақами қайди давлатӣ ҳаракат кардааст, даст кашид. Ба иттилои сомонаи РБК мошини райисҷумҳур бидуни рақами қайди давлатӣ 7-уми май, рӯзи савгандёдкунии Путин тамоми Маскавро гирд гашт. Ин ҳолатро тамошогарон низ аз тариқи пахши мустақим, ки шаш шабакаи телевизионӣ намоиш дод, ба хубӣ назора карданд. Аммо, танҳо фаъолони ҳаракати "Синие ведерки" ба ин вокуниш нишон доданд. Онҳо унвонии раёсати БДА-и шаҳри Маскав дархост фиристоданд, то нисбат ба ин қонунвайронкунӣ чора бияндешад. Бо гузашти чанд вақт посухи расмӣ ҳам дарёфт карданд. "Ба таваҷҷӯҳи шумо мерасонем, ки акси мошини бидуни рақами қайди давлатӣ, ки дар шабакаи Интернет ҷо дода шудааст, имкон намедиҳад, ки сабукрав ва соҳиби он пайдо шавад, ҳамчунин ҳақиқӣ шинохтани ин акс ҳам мумкин нест". Ҳамин гуна як ҷавоби печидаи номаълум ба дасти онҳо расид.

Ба иттилои сомонаи РБК БДА руйирост дурӯғ гуфтааст, ки гӯйё корвони мошинҳои Путинро нашинохтаанд. Замнан, фаъолони "Синие ведерки" ҳам бо тааҷуб изҳор медоранд, ки чӣ гуна мошинеро, ки дар ҳалқаи корвони мошинҳои муҳофиз, бо байрақи Русия ва дар кӯчаҳои холӣ ҳаркат мекунад, шинохтан мумкин нест?

Гуфта мешавад, дар таҷрибаи Русия чунин посухҳои булаҷаби кормандони БДА  таҷрибаи наве ҳам набудааст. Моҳи июн як навор дар интернет, ки мошини БДА чароғаки сурхро мегузарад, вокуниши зиёде ба дунбол дошт. Дар ҷавоб масъулини БДА гуфтанд, ки бо иллати "эффекти кадри 30-юм" дар ин навор назора кардани қоидавайронкунӣ номумкин аст. Онҳо шарҳ надоданд, ки "эффекти кадри 30-юм"-аш чӣ аст, дар ҳоле, ки аз навор ба хубӣ дида мешуд, ки ҳангоми сурх будани чароғак мошини БДА роҳро убур мекунад.

Воқеан, соли 2006 низ чанд мошин, ба вижа "Мерс"-е, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳалқаи корвонҳои мошинҳову мотосиклҳо ба маҳалли савгандёдкунӣ-Кохи Сомон мебурд, рақами қайди давлатӣ надошт. Аммо касе дунболи ин хабар нашуд. Дар Тоҷикистон то ҳоло нашунидем, ки корманди БДА-е фарзанди кадом мансабдорро барои қоидавайронкунӣ ҷарима баста бошад, чӣ расад ба сабукрави бидуни рақами махсус. Шояд мегӯед, ки агар фарзандони мансабдорон қоидаро вайрон накунанд, нозири роҳ барои чӣ онҳоро ҷарима бандад? Худи шумо ба ҳамин саволатон бовар мекунед? Ҳеч набошад боре ҳам шоҳиди бо суръати "бод" ҳаракат кардани мошинҳои дорои рақамҳои "крутой" шудаед. Дуруст аст, ки соҳиби на ҳамаи ин худравҳо ба чунин рақам гулписарони чиновникҳоянд, аммо чӣ мегӯед, ки ҳатто ронандаву хешу табори дуру наздик ва ҳатто сартарошҳои ин афрод мавҷудияти нозири роҳро нодида мегиранд.     
Хабарҳое ҳам шунидаем, ки чунин афрод нозирони роҳро дашному ҳақорат ва ҳатто лату куб ҳам мекунанд.  

Гуфта мешавад, қариб дар ҳамаи кишварҳои пасошуравӣ вазъ чунин аст. Кормандони БДА аз ҷарима кардани афроде, ки бо мошинҳои гаронарзиш сайр мекунанд ё шаҳодатномаҳои ин ё он вазорати "бузург"-ро доранд, ҳазар мекунанд. Аниқтараш ба сари худашон бало намехаранд. Аммо вақте дар интернет хабарҳои ҳамсонро ҷустуҷӯ кардам, маълум гардид, ки на дар ҳамаи кишварҳои собиқ Шӯравӣ чунин ҳолате доранд. Дар зер чанд намуна пешниҳод мешавад. Баъзе маълумотҳо шояд андак кӯҳна шудаанд, вале барои мисол задан айни муддаоянд.

Фернандо Луго, президенти Парагвайро барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима бастаанд. Эдуард Петта, директори Пулиси роҳи Парагвай гуфтааст, ҷипи "Ford Explorer"-и президентро бидуни рақами махсус баъди он боздоштаанд, ки дар ҷои мамнӯъ аз мошини дигар пеш гузаштааст. Болои ин мӯҳлати шаҳодатномаи ронандагии райисҷумҳур гузашта будааст. Фернандо Луго муваззаф шудааст, ки 100 доллари амрикоӣ ҷарима пардозад. Ба қавли директори Пулиси роҳ ӯро ба ин мансаб худи Луго таъин карда ва таъкид карда будааст, ки ба ҳеч кас гузашт накунад, ҳатто ба "Попи Рим" ҳам.

Шоҳи Швейсия Карли 17 ва духтараш малика Мадлен дар тарабхона хӯроки нисфирӯз тановул карда, ба осорхона мераванд. Вақте бевақт кӯча мебароянд дар шишаи мошинҳои шоҳигарияшон варақаи ҷарима гузошта шудааст. Маблағи ҷарима барои нақзи қавоиди тавқифи мошинҳо 425 крон барои ҳар мошин. Шоҳ расидҳоро гирифта, ҷаримаро мепардозад.

Пулис вакили парлумони Гурҷистонро барои бо телефони мобилӣ сӯҳбат кардан ҳангоми рондани мошин нигоҳ медорад. Нозири роҳ намояндаи мардумро 150 лар ҷарима мебандад. Вакил рӯзи дигар онро пардохт мекунад.

Абдулло Аҳмад Бадовӣ, нахуствазири собиқи Малайзия аз сӯи пулис огоҳиномае мегирад, ки ба маблағи 275 доллари амрикоӣ қарздор аст. Маълум мешавад, ки Бадовӣ панҷ маротиба дар як сол суръати мошинро дар роҳ аз нишондоди аломати роҳ баланд карда ва ду маротиба қоидаи тавқифи мошинро нақз карда будааст. Дар Малайзия одатан расиди ҷаримаро тариқи почта ба нишонии манзили зист ирсол мекунанд ва баъзан сари вақт намерасад. Баъди огоҳ шудан аз ҷарима Бадовӣ, ки он замон ҳамчунин дар курсии вазири молия менишаст, қавл додаст, ки шахсан худаш ҷаримаро месупорад.

Дар шаҳри Тел-Авиви Исроил  пулис мотосиклсавореро нигоҳ медорад, ки ба самти муқобили роҳ баромада ҳаракат мекард. Ҳангоми назорати ҳуҷҷатҳо маълум мешавад, ки дар назди онҳо генерал Менаш Арвива, роҳбари пулиси музофоти ха-Шарон истодааст. Аммо бо ин вуҷуд ӯро тибқи қонун ба маблағи 500 шекел ҷарима бастаанд.

Роҳбари хадамоти пулиси ҷумҳурии Чехия Владислав Гусак барои нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳ дар маркази таваҷҷӯҳи ВАО қарор гирифт. Журналистҳо ду рӯз аз пайи "шэф"-и  пулис назора намуда, муайян кардаанд, ки ҳангоми ба кор рафтан дар маҳалли аҳолинишин, ки суръати ҳаракат 50 км/с нишон дода шудааст, мошинро бо суръати 70 км/с рондааст. Дар шоҳроҳ бошад, ба ҷои 130 км/с суръатро то 190 км/с  баланд кардааст. Баъди нашри матлаб дар нашрияҳо Гусак тасмим гирифтааст, ки тибқи нишондоди қонун худашро ба маблағи 10 000 крон (350 евро) ҷарима намуда, ба мӯҳлати се моҳ аз ҳақи ронандагӣ маҳрум намояд.

Вазири адлияи Эстония Кен-Марти Вахерро журналистони рӯзномаи "Ээсти Экспресс" "қоидавайронкунандаи ашадии ҳаракати роҳ" унвон карданд. Рӯзноманигорон муайян кардаанд, ки давоми як сол вазир зиёда аз 20 маротиба ҳаракати роҳ (баланд кардани суръат, нодида гирифтани нишонаҳои роҳ, бидуни ташхиси техникӣ ҳаракат намудан)-ро вайрон кардааст. Ва ҳар маврид ӯро барои вайрон кардани қоидаи ҳаракат ҷарима бастаанд. Баъди нашри омори умумӣ вазир ба истеъфо рафта, изҳор доштааст, ки бо айби ӯ шуда, метавонад ба обрӯи ҳукумат ва ҳизбе, ки ӯ намояндааш мебошад, латма ворид гардад.

Божа Прелевич, вазири корҳои дохилии Сербия дар шоҳроҳи Иберскии шаҳри Горни-Милановатс барои баланд кардани суръати мошин нигоҳ дошта мешавад. Пулис ҳуҷҷатҳои "шэф"-и худро гирифта ва он гуна, ки қонун муқаррар намудааст, ӯро 150 динор ҷарима кардааст. Бар илова вазир барои қоидаро нақз кардан узр ҳам пурсидааст.

Вазири нақлиёти Австрия Михаэл Шмидро камераҳои назоратӣ дар ҳоле сабт кардаанд, ки ҳангоми рондани мошин бо телефони ҳамроҳ сӯҳбат мекардааст. Вазир назди парлумон узр хоста, рафтори худро беодобӣ хондаву худашро ба суд дода ва изҳори омодагӣ кардааст, ки ҷарима хоҳад пардохт.

Ричард Небел, роҳбари пулиси шаҳраки Кеваскуми ИМА ҳангоми рондани мошин мусофиркаши мактаббачагонро, ки чароғи огоҳкунандаро рушан карда буд, роҳ надодааст. Бо ин амал ӯ яке аз қоидаҳои ҷиддии ҳарақат дар роҳи Амрикоро нақз кардааст. Вай ба гуноҳи худ иқрор карда, худашро ба маблағи 235 доллар ҷарима бастааст.

Вазири нақлиёти заминии Рейн-Вестфалияи Шимолӣ (Олмон) Оливер Витке аз сӯи камераҳои назоратӣ сабт шудааст. Дар шоҳроҳ ӯ суръати мошинро ба 59 километр баланд кардааст. Вазирро ба мӯҳлати ду моҳ аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум карда ва 175 евро ҷарима бастанд.

Хелен Кларк, ронанда ва муҳофизи нахуствазири Зеландияи нав барои он ба додгоҳ кашида шуд, ки мошинро аз нишондоди муайяншуда тезтар ронд. Вақте корвони мошинҳоро бозмедоранд, маълум мешавад, ки нахуствазир аз парвози ҳавопаймо дер карда истодааст.  Аммо бо ин вуҷуд протокол тартиб дода мешавад ва муҳофизро барои қоидавайронкунӣ ба суд медиҳанд, сарвазир бошад ба таври оммавӣ узр мепурсад.

Мири шаҳри Кишинев Дорин Киртоакэ, ҳангоми идораи мошин ба ду сабукрави дигар бармехӯрад. Пулис ҳангоми баррасии ин ҳодиса маълум мекунад, ки қаблан ҳам шаҳрдори пойтахти Молдов барои баланд кардани суръат ҷарима шудааст.  Додгоҳ ҳар ду ҳолатро ба инобат гирифта, Киртоакэро ба мӯҳлати як сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум мекунад.

Роҳари пулиси Дубай генерал Дахи Халифа барои баланд кардани суръат 200 доллар ҷарима шуд. Аммо баъди донистани он ки додситони кули Дубай Иброҳим Бумахл ҳангоми азнавбақайдгирии "Мерседес"-аш барои 24 қоидавайронкунӣ дар ним сол расид гирифтаву 1,5 ҳазор доллар ҷарима пардохтааст, оҳи сабук кашидааст.

Траян Бэсеск, президенти Руминия ҳангоми идораи мошини "Фолксваген Голф"-и шахсияш ба сабукрави "Дачи" бармехӯрад. Дар ин садама касе зарар надидааст, танҳо мошинҳо каме харош ёфтаанд. Аммо президент худаш ба идораи пулис омада аз тест барои мастӣ гузашта, зери протокол имзо намуда ва узр пурсидааст. Баъди ҳамаи ин 100 лее (40 доллар) ҷарима пардохтааст.

Чунин мисолҳо зиёданд, аммо ҳамин қадараш кофист. Ҷолибтар мебуд, агар миёни ин хабарҳо аз Тоҷикистон ҳам чизе мехондем. Ба ҳеч ваҷҳ намехоҳем, ки қоидаҳои роҳ нақз шавад, аммо воқеият ҳамин аст. Шояд ояндаи наздик нозирони роҳи Тоҷикистон ҳам дигар "рӯи хотир" ва "тарсу ҳарос"-ро сарфи назар намуда, тамоми нақзкунандаҳои ҳаракати роҳро новобаста аз сатҳу ҷойгоҳ ва тамғаи мошинҳояшон нигоҳ доштаву ҷарима мекунанд.  Шумо бовар доред?
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)