Бахшҳо
21 июл 2012 05:03Гузориш

Чаро раванди аз Тоҷикистон рафтан авҷ мегирад?

Мувофиқи омори ғайрирасмӣ раванди рӯ ба ҳиҷрфат овардани шаҳрвандони Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Солҳои охир тоҷикистониён бо ёфтани аввалин имконият роҳи кишварҳои хориҷиро пеш мегиранд. Ҳамчунин раванди дархост намудани шаҳрвандии кишварҳои хориҷӣ аз ҷониби ҳамватанони мо зиёд шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин "Озодагон" аз коршиносон пурсид:

Барзу АБДУРАЗЗОҚОВ, коргардони театр

Муддати тӯлонист, ки ваъдаҳои дурӯғ мешунавам ва ба он андозае аблаҳ нестам, ки ба ин дурӯғҳо бовар кунам. Ман бовар доштам, ки як рӯзе шуури мардуми соҳибхиради мо рӯ мезанад ва ҳадди ақал ягон манфиате хоҳад расид. Вале мебинам, ки мардуми ман хеле хаста шудааст, киштии ин мардуми соҳибтамаддун ғарқ мешавад. Ин мардум дигар кор кардан намехоҳад, аз фикр кардан мондааст, ӯ дигар ҳеч чизро гӯш кардан ва ҳеч чизро интизор шудан намехоҳад. Вазъи эҳсосотии мардуми ман бисёр ба вазъи инсоне монанд аст, ки шахси наздикашро аз даст додааст ва ҷаҳон дар пеши чашмаш торику ноумедкунанда менамояд. Ва феълан ҳеч коре аз дастам намеояд, ки вазъро тағйир диҳам. Зеро вақт лозим аст барои он ки миллат билохира дарк кунад, ки зиндагиро бояд идома дод. Бояд бунёд кард, обод кард, зарфҳоро бояд шуст, саҳни ҳавлиро бояд рӯфт, худро бояд ба тартиб овард, бояд инсонвор зиндагӣ кард ва бояд ба Худо боварӣ кард. Иштибоҳи асосии мо тоҷикон дар он аст, мо вақтро аз даст медиҳем. Руҳияи ғуломии мардуми ман ӯро фиреб дод. Ман ҳайрон мешавам, ки чаро ин миллат ба хурӯш намеояд ва намегӯяд, ки гӯш кунед: аз омадани Бердиев ё Бердимуродов ва ё ягон нафари дигар ҳеч чиз тағйир намеёбад, то он замоне, ки мо худ дар ғами худ набошем ва худамон ба ислоҳи иштибоҳҳоямон кӯшиш накунем. Касе ин корро кардан намехоҳад ва ҳама фикр мекунанд, ки Мусо меояд ва ҳамаро тағйир медиҳад ё Маҳдиву Исо меояду хатоҳои моро ислоҳ мекунад. Баъди ин назди дарвозаи хонаи ман тоза мешаваду корхонаҳо ба кор медарояду ман ва дигарон ҷои кор пайдо мекунем. Ҳаргиз чунин намешавад! Ин ҳама тағйирот дар ҳоле ба вуқуъ мепайвандад, ки ман худ омодаи тағйирот бошам. Ман аз ин бенизомӣ хеле хаста шудаам. Ба ғайр аз ин хуб мефаҳмам, ки меҳнати ман дар кадом шакле ва ё дар кадом сатҳе бошад, дар кишвари ман касе парвои онро надорад. Ҳукуматдорон аслан парво надоранд, ки ман чӣ хел зиндагӣ мекунам, бо чӣ зиндагӣ мекунам, хонаводаи ман чӣ мехӯрад. Ҳукуматдорон чӣ хел ғами мардумро метавонанд дошта бошанд, ки бе ин ҳам талош мекунанд аз худ авторитет созанд. Онҳо аз мардум масофа мегиранд. Ин фурӯмондагӣ ва ночорӣ маро аз кишвар меронад. Ин вазъият ман ва нафарони атрофи маро ба ноумедӣ мекашад. Вақте меҳнати инсон қадр мешавад вай барои кор кардан минбаъд ҳавасманд мегардад. Вақте духтурон ва муаллимон аз соати 6-и субҳ то 8-и шом машғули коранд ва хеле заҳмат мекашанд, аммо дар охир маошаш барои пардохти барқу об кифоят намекунад ва ҳатто роҳпулӣ намеёбад, ки то коргоҳ ё манзил расад, ин хеле дарднок аст. Паст задани мардҳо, таҳқир кардани эшон дар назди ҳамсояҳо, дӯстон ва хонавода ин номардӣ аз ҷониби ҳукуматдорон аст. Дар натиҷа ин ба рӯҳафтодагии одамон оварда мерасонад. Ана, барои чӣ ман, шумо ё нафари дигар дар бораи рафтан аз кишвар фикр мекунем. Албатта, одамон роҳи наҷот аз чунин вартаи ноумедиро меҷӯянд то хонаводаи худро инсонвор хуронанд ва зиндагии бошарофат дошта бошанд. Барои он ки зиндагии бошарофат дошта бошӣ, бояд донӣ, ки ҳукумат ҳадди ақал дар ғами ту ҳаст. Аммо ҳукумате, ки мо дорем, тамоман парвои моро надорад. Ман шахсан ин кишварро тарк мекардам, вале ин корро анҷом дода наметавонам. Зеро агар ман тарк кунам, шумо тарк кунед, ё якчанд нафари дигар тарк кунанд, аз ин кишвар дигар кӣ боқӣ мемонад? Мо пеш аз ҳама барои ҳифзи ин кишвар муваззафем. Хеле шубҳа дорам, ки бисёре аз мансабдорони мо рӯзнома хонда метавонанд, вале агар хонда метавонистанд дарк мекарданд, ки мардуми мо чӣ умру рӯз дорад ва бо чӣ сахтиҳо зиндагӣ мекунад. Ман намедонам нафареро аз дӯстони худ, ки фардо аз ин ҷо фирор карданро авло надонад. Ин хеле ташхиси нороҳаткунанда аст. Ман дар асл рафтан намехоҳам, чун ин ҷо ватани ман, хонаи ман, замини ман ва фарҳанги ман аст. МАН БО ИН МИЛЛАТ МЕХОҲАМ ЗИНДАГӣ КУНАМ!

Шодавлат ШОНУСАЙРИЕВ, муовини раиси ҲУСДТ

Омилҳои зиёди иҷтимоӣ ва иқтисодиеро метавон ном бурд, ки сабаби рафтани шаҳрвандон ба дигар кишварҳо мегардад. Масъалаи ҳуқуқи инсон ҳам одамонро маҷбур месозад, ки тарки кишвар кунанд. Бисёриҳо барои беҳтар кардани шароити зиндагии хонаводаи худ аз кишвар баромада мераванд. Зеро дар кишвар корхонаҳои бузург дигар сохта намешавад, ки мардум бо ҷои кор таъмин гарданд. Набудани ҷои кор ҳам ба ин амр боис мешавад. Мо фақат суду прокуратура ва пулиси ахлоқ таъсис медиҳем. Дар Душанбе дигар корхонаҳои бузурги саноатӣ фаъолият надоранд. Дар корхонаи Текстил ҳудуди 15 ҳазор нафар кор мекарданд, ки ҳамаи онҳо сокинони пойтахт буданд. Имрӯз ин корхона тақрибан аз фаъолият мондааст. Мардум фикр мекунанд, ки бояд аз пайи беҳбудии зиндагии худ шаванд ва ба умеди касе набошанд. Аксари мутахассисони варзидаи мо баромада рафтанд. Дар маҷмӯъ ба деградатсия (таназзул)-и миллат омада расид.

Фирӯз САИДОВ, коршиноси масоили иҷтимоӣ

Тақрибан 200 ҳазор шаҳрвандон аз ҳудуди Тоҷикистон баромада, шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Ин ба системаи демографии Тоҷикистон таъсири манфии худро мегузорад. Ин раванд бештар дар байни ҷавонон вуҷуд дорад. Дар байни онҳое, ки зану фарзанд доранд ва синну солашон нисбатан бузургтар аст, ин раванд камтар аст. Аз як тараф ин раванд паҳлӯи мусбат ва манфӣ дорад. Зиёд шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар дигар кишварҳо метавонад таҷрибаву дониши онҳоро бештар кунад ва дар оянда метавонанд таҷрибаи худро дар Тоҷикистон амалӣ намоянд. Зеро бисёр кишварҳо бо чунин роҳ тараққӣ карданд. Онҳо дар давоми 15-20 соли оянда метавонанд, ки ба Тоҷикистон ё бо маблағи худ баргарданд ё дар кишвари дигар манфиатҳои миллии тоҷиконро ҳимоя кунанд.Аммо паҳлӯи манфиаш дар он аст, ки ба хориҷи кишвар аслан ҷавонони болаёқат мераванд ва ин фирори мағзҳо ном дорад, ки таъсираш ба системаи кадриву илм эҳсос мешавад. Вале муҳоҷирати имрӯза нисбати 10 соли пеш андаке тафовут дорад.Зеро имрӯз қисми зиёди аҳолӣ барои он ба муҳоҷират мераванд, ки якчанд мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодии худро ҳал кунад. Аз ҷумла, ба хотири дарёфти маблағ баҳри таҳсил ба муҳоҷират мераванд. Аз сӯи дигар на ҳамаи корхонаҳо дар Тоҷикистон кор мекунанд, музди меҳнат кам аст ва ин сабабҳо ҳам ба муҳоҷирати аҳолӣ боис мегардад.

Сайидумар ҲУСАЙНӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ

Тоҷикистон кишвари демокративу мустақил аст. Бинобар ҳамин шаҳрвандон ҳақ доранд, ки рафта дар дунё бигарданду ҳар ҷоеро бубинанд. Хуб агар рафтан ба Русия зиёд шуда бошад, маълум мешавад, ки дар Тоҷикистон кор несту мардум барои кор ба онҷо мераванд. Вале агар кишваре дигаре ҷуз Русия бошад, баёнгари он аст, ки қисме аз мардум зиндагияшон беҳтар шудаасту мехоҳанд то дар хориҷа сайру гашт кунанд ва барои истироҳату гузаронидани тобистон ба ҷои салқин бираванд. Аммо  вақте шаҳрванди як кишваре ба мамлакати дигар мераваду шаҳрвандии онҷоро гирифта ва дигар барнамегардад, ин нишонаи хубе нест. Зеро дар онҷо мемонаду мумкин аст аз тарафи кадом созмон ва ё ҳукумате мавриди суиистифода қарор бигирад. Барои ҳамин мондани шаҳрвандон дар хориҷа хуб нест вале рафтану  хондану гашта омадан ва ё рафтану истироҳат кардану кору таҳсил кардану пул гирифта омадан хеле хуб аст. Мардуми мо умдатан барои кор ба Русия мераванд, зеро дар кишвари дигар эҳтимоли кор кардан вуҷуд надорад. Бинобарин касоне, ки ҷуз Русия ба кишвари дигаре мераванд, мақсадашон тафреҳу гардиш аст. То 10 соли дигар пеш нарафтани иқтисоди кишвар нишонаи вазъияти кишвар аст.

Абдуғанӣ МАҲМАДАЗИМОВ, раиси АМСТ

Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад, ки интихоб кунад. Агар дар Амрико, ки 10 фоизи мардумаш дар хориҷа бошанд, дар Тоҷикистон ҳам он нафароне, ки хеле фаъоланду қобилияти худро дар дохил амалӣ карда наметавонанд, метавонанд дар берун аз кишвар ба таҳсил машғул шаванд ва ба фаъолияте, ки барояшон маъқул аст бипардозанд. Бинобарин сафари шаҳрвандон ба хориҷа як раванди табии ҷаҳонишавист. Ин ки ҳар сол 12 то 15 фоизи мардуми Тоҷикистон шаҳрвандии Русия ва дигар кишварҳоро мегиранд, вале онҳо тиҷикии худро гум намекунанд ва ба Тоҷикистон кумаки худашонро мерасонанд. Ин як роҳи дигарест, ки Тоҷикистонро бо кишварҳои гуногун пайваст мекунад.

Усмон СОЛЕҲ, раиси шӯъбаи таблиғотии ҲХДТ

Ҳарчанд дар кишвари мо ҷойҳои корӣ фаровон аст, вале буҷети кишвар барои маоши бештар додан имконият намедиҳаду маош кам аст, ба ҳамин хотир мардум ба хориҷа мераванд. Ин мушкили ҷумҳурии мо нест, ин мушкили минтақаву ҷаҳон аст, агар хато накунам ҳудуди 200 млн. мардум аз ин мамлакат ба он мамлакат муҳоҷири корӣ мебошад. Агарчи ҳар сола дар ҷумҳурии мо ба ҳисоби миёна 100 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё шуда истодааст. Фақат ба ҳамин хотир, ки маош кам аст, ҷавонон ва мардум ба Русияву дигар кишварҳо мераванд. Ин раванди ҷаҳонишавист ва мо набояд дар як чорчӯбаи деҳаву қишлоқу ҷумҳурӣ маҳдуд набошем. Дар ҳар ҷое, ки набошанд онҳо, аз ҳуввияту миллати худ ифтихор мекунанд. Бигзор дар дигар кишварҳо доимӣ бошанду зиндагӣ кунанд. Мо аз ин ифтихор мекунем, зеро онҳо ҷумҳурии моро муаррифӣ мекунанд. Ҳозир духтурони мо дар ҳудуди садҳо нафар дар Русия ва дар соири мамолики арабӣ доранд кор мекунанд. Дар соҳаи санъат ҳам киносозони мо Ҷамшед Усмону Бахтиёр Худоназаров ҳам ҳамин тавр. Ин ифтихори мост, зеро ҳарҷое, ки набошанд миллати тоҷикро муаррифӣ мекунанд.

Абдуллоҳи ҚОДИРӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ

Имрӯз ҷавонон бо технологияҳои навтарин кор карда метавонанд ва ҷойҳои кории хубро тавассути сомонаи интернетӣ ва дигар воситаҳо пайдо мекунанд. Аз он маоше, ки фикр мекунанд дар Тоҷикистон барояшон қонеъкунанда нест, сарфи назар намоянд ва барои даромади хуб гирифтан ба кишварҳои пешрафта сафар мекунанд. Раванди муҳоҷират ҳам осори мусбат ва ҳам манфӣ дорад. Осори мусбат ин аст, ки муҳоҷират боиси рушди иқтисоди кишвар мегардад. Агар таҷрибаи Туркияро мисол орем, ҳудуди 5 миллион нафар аҳолии ин кишвар дар Олмону Аврупо сукунат доштанд ва беҳтарин идеяву андешаҳоро омада дар кишвари худ амалӣ карда истодаанд. Аз ҳисоби пули муҳоҷирон дар дохили кишвар иншооти зиёд қомат рост мекунад, иқтисодиёт рушд меёбад, корхонаҳои зиёд ба фаъолият оғоз менамоянд. Агар чанде онҳо шаҳрвандии дигар кишварро қабул кунанд ҳам, дар оянда метавонанд сармояи худро ба ватани аслии худ ворид намоянд ва дар рушди ин ё он бахш саҳм гиранд. Паҳлӯи манфиаш ин аст, ки дурӣ аз хонаводаву оила сабаби бемеҳрӣ миёни фарзандону волидайн ва коста гардидани ахлоқ миёни хонавода мегардад. Аз тарафи дигар чӣ қадар шаҳрвандони мо ба хориҷ раванд, шояд бо худ сармояҳояшонро гирифта мераванд, ки ин осори манфӣ мегузорад. Вале муҳоҷират як раванди ногузир дар ҷаҳони муосир аст. Имрӯз на фақат тоҷикон муҳоҷир шуда, аз кишвар мераванд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)