Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:09

Табодули амвол миёни Тоҷикистону Полша 2 миллиону 647 ҳазор долларро ташкил додааст

29 июн 2011, 09:57

«Рӯзи дарҳои кушоди Полша».Таҳти чунин унвон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ семинари вижа баргузор гардид.

Дар ин ҳамойиш шиносоӣ бо вазъи иқтисодии Полша, ҳамкории сафорати Полша ба соҳибкорони ин минтақа, роҳҳои асосии рушди тиҷорат ва дурнамои ҳамкориҳои  иқтисодии Полша бо Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Ба иттиллои маркази матбуотии палатаи савдо ва саноати кишвар, дар семинари мазкур Стшалковски Славомир, машваратчии аршади сафири Полша дар Тоҷикистон, Азиз Гиёев, муовини раиси ВМКБ, Файз Занҷирбеков, сардори раёсати палатаи савдо ва саноат дар ВМКБ ширкат намуданд.      Маврид ба ёдоварист, тибқи омори расмӣ муносибатҳои дипломатии Полша ба Тоҷикистон аз соли 1992 оғоз гардида, гардиши мол миёни ин ду кишвар дар 5 моҳи ахири соли равон 2 миллиону 647 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Тоҷикистон асосан  бо давлати Полша дар бахшҳои энергетика, саноати кӯҳканӣ, кишоварзӣ, саноати сабук ва туризм ҳамкорӣ дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!