Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:50

Ташвиши Ҷ. Нуралиев, бепарвоии С. Наҷмиддинов

27 июл 2012, 03:41

Дар 6 моҳаи соли ҷорӣ қарзхи хориҷии Тоҷикистон ба 2 миллиарду 127 миллион доллар расидааст, ки ин ҳудуди 30 дар сади маҷмӯи маҳсулоти дохили (ММД) -ро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молия ҳаҷми қарз дар 6 моҳ каме афзоиш ёфтааст, ки ин ҳам бошад аз ҳисоби аз худ намудани қарзҳои ҷамъшаванда ба маблағи 49,7 миллион доллар ба вуҷуд омадааст.

Қарзи давлатии Тоҷикистон сол то сол рӯ ба афзоиш аст ва бархе аз коршиносон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки меъёри қарз 25 дар сад аст ва ба 30 % расидани қарзи хориҷӣ маънои дар марзи хатар қарор доштани кишварро дорад. Ин дар ҳолест, ки дар нишасти нимсолаи соли 2011 вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов бо баёни ин ки қарзи хориҷӣ ба маблағи 2 миллиарду 75 млн. доллар афзоиш ёфтааст, таъкид карда буд, ки ин ҳеч нигароние надорад. Акнун дар соли ҷорӣ ба гуфтаи Ҷамолиддин Нуралиев ҳаҷми қарзи хориҷӣ боз ҳам зиёдтар шудааст. Соли гузашта Хазинаи байналмиллалии асъор хабар дода буд, ки дар давоми се соли оянда қарзи берунии Тоҷикистон ду баробар афзоиш хоҳад ёфт ва ҳоло суоле ба миён меояд, ки оё дар давоми ин се  сол ҳаҷми ММД низ ду баробар афзоиш меёбад ва ба 100 миллиард сомонӣ ё ба андозаи 20 миллиард доллар баробар мешавад? Дар хусуси ба 20 млрд. доллар расидани ҳаҷми ММД дар давоми се сол хеле шубҳа дорам ва агар ба ин мизон баробар нашавад, пас қарзи хориҷӣ остонаи хатарро ба маротиб убур мекунад. Дар ин сурат ҳам Сафаралӣ Наҷмиддинов ҷои нигаронӣ надоштани қарзи хориҷиро исрор мекарда бошад?

Бо ин вуҷуд, ки масъулин қарзи хориҷиро ба 30 дар сади ММД баробар медонанд ва ҳаҷми ММД дар соли 2012 ба андозаи 35 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, аммо иддае аз таҳлилгарон чунин мешуморанд, ки ин қарзҳо танҳо қарзҳои давлатиянд. танҳо қарзҳои давлатианд. Таҳлилгари масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён бар ин назар аст, ки ба ҷуз қарзҳои давлатӣ боз қарзҳои ғайридавлатӣ ҳастанд. Соли гузашта аз рӯи ҳисоби Хазинаи байналмиллалии асъор қарзҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон беш аз 50 дар сади ММД-и кишварро ташкил мекард, ки дар ин сурат афзоиши қарзҳо барои Тоҷикистон нигаронии зиёд хоҳад дошт.

Амрико ҳудуди 400 триллион доллар қарздор аст ва ба 200 дар сади ММД баробар аст. Бо он вуҷуде, ки то чанд соли ахир ин қарзҳо нодида гирифта мешуд, вале дар ду соли ахир ИМА ҳамчун "кишвари қарзҳо" шинохта шудааст ва дар ташвиш афтодааст, ки чӣ тавр баргардонад? Аммо ҳар вақте дар бораи қарзи хориҷӣ сухан мерафт, масъулини ҳукумат мисол меоварданд, ки қарзи дигар давлатҳо, аз ҷумла Амрико ба маротиб зиёд аст, аммо изҳори нигаронӣ намекунанд.  

Қарзгирӣ ҳам ҳунар аст?!

Чунин ба назар мерасад, ки қарз гирифтанро ҳоло бархе масъулин ҳунар медонанд, ки ҳар кас тавонаду аз дасташ ояд, қарз гирад. Соли гузашта собиқ раиси Бонки миллӣ ва вазири феълии рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода дар як нишаст гуфта буд, ки раванди қарзгирӣ дар ҷаҳони муосир хеле роиҷ аст ва кор бурда тавонистан аз ин имконият аз ҳунари ҳар кас вобаста аст ва бояд Тоҷикистон аз ин шонс хуб истифода барад.
Вале коршиносон бар ин назаранд, ки кадом давлате қарзи хориҷии камтар дорад, вазъи иқтисодияш устувортар ба назар мерасад. Масалан, қарзи давлатии Чин 17 дар сади ММД-ро ташкил медиҳад ва устувории иқтисодияш эътимодноктар аст.

Баъди таҳлили раванди қарзгирии Тоҷикистон дар соли гузашта Хазинаи байналмиллалии асъор изҳори норозигӣ карда, ба ҳукумати Тоҷикистон маслиҳат дода буд, ки бештар аз кӯмакҳои бебозгашту грантҳо истифода кунад. Ҳоло ба гуфтаи Ҷамолиддин Нуралиев аз рӯи сиёсати қарзӣ ҳамаи қарзҳои гирифташуда бояд ба меъёри имтиёзҳои муайяншудаи стратегии давлат ҷавобгӯ бошад. Масалан, Бонки Аврупоии Рушд асосан қарз медиҳад, вале бо назардошти стратегияи қарзгирӣ Тоҷикистон ҳангоми имзои қарордодҳо кӯшиш мекунад то 50 дар сади маблағҳоро дар шакли грант ҷалб намояд. Тибқи иттилои муовини аввали вазири молия дар нимсолаи якуми соли 2012 ҳаҷми умумии маблағҳои аз худгардида дар лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ 499, 2 миллион сомонӣ, аз ҷумла, қарз 225,3 млн. сомонӣ, грант 261 млн. сомонӣ ва ҳиссаи ҳукумати ҷумҳурӣ 13 млн. сомониро ташкил додааст. Дар ин 6 моҳ 4 созишномаи грантӣ ба маблағи 221 млн. сомонӣ оид ба лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ ба имзо расонида шудааст. Айни ҳол ба имзо расонидани 8 созишномаи грантии дигар ба маблағи умумии 610 миллион сомонӣ (127 млн. доллар) ба нақша гирифта шудааст.      

Қарзҳое, ки Тоҷикистон мегирад асосан дар бахши энергетика, хизматрасониҳои коммуналӣ, тандурустӣ, роҳ ва кишоварзӣ мебошад. Аммо ба гуфтаи Ҷамолиддин Нуралиев дар асоси 8 созишномаи грантӣ бештари ин маблағҳо дар шакли грант ҷалб мешаванд. Масалан, аз рӯи барномаи қарзу грант барои мудирияти сиёсати андозӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 15 млн. доллар бояд созишномабаста шавад. Дар бахши тандурустӣ 15 млн. доллар грант бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ бояд ҷудо гардад. Дар бахши хизматрасониҳои коммуналӣ 13 млн.доллар бо Бонки Аврупоии рушд дар шакли қарзу грант созишнома шудааст. Дар бахши кишоварзӣ бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ 30 миллион доллар бояд ҷудо гардад. Дар бахши таҷдиди роҳҳо Бонки Аврупоии рушд 35 млн. доллар қарз медиҳад, ки ҳудуди 7 миллиони он кӯмаки техникӣ ба ҳисоб меравад ва ин лоиҳаи таҷдиди роҳи Душанбе-Турсунода аст, ки бо Бонки Осиёии рушд якҷоя аст ва ин бонк барои таҷдиди роҳи Турсунзода 155 миллион медиҳад, ки аз он 30 миллионаш саҳми давлат аст ва маблағҳои грантии ин лоиҳа 80 %-ро ташкил медиҳанд.

Доктори улуми иқтисодӣ Табаралӣ Ғаниев бар ин назар аст, ки дар солҳои охир муҳити сармоягузории стратегии муҳлати зиёддошта маъмул гаштааст ва вобаста аз рушди соҳа ин ё он давлат қарз мегирад. Дар Тоҷикистон барои бахши роҳсозӣ, кишоварзӣ ва бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна қарз мегиранд. Ба хотири он ки ин иншоотҳо дар оянда судовар аст ва маблағгузорӣ вобаста аз суди он сурат мегирад. Бо назардошти он ки суръати соҳибкорӣ тез аст, давлатҳо ҳар чӣ бештар мехоҳанд суд ба даст оранд. Вале ба андешаи ин коршинос дар ҳар як кор андозаву асосноккунии мақсадҳо бояд вуҷуд дошта бошад. Ҳамон маблағҳои қарзие, ки ба мақсадҳои стратегӣ гирифта шуда буд, бояд ба ҳамин мақсад истифода гардад. Дар қоидаи иқтисодӣ як фаҳмише ҳаст, яъне он лоиҳае маблағгузорӣ карда мешавад, ки аз ҳисоби он на танҳо баргардонидани қарз, балки боз ғанӣ гардонидани буҷаи давлат таъмин гардад.
Аммо дар ҳамин ҳол ба андешаи ин коршинос ҳар як қарзу грант ё кӯмаки бебозгашт мақсаду ҳадаферо пайгирӣ мекунад ва метавонад ба вазъи сиёсиву иқтисодии давлат таъсир расонад ва ин таъсир ҳар гуна хоҳад буд.

Бемақсад касе як дирҳам қарз намедиҳад

Ҳамчунин яке аз масъалаҳои муҳим ин то куҷо ба таври шаффоф истифода шудани қарзу грантҳо мебошад. Барои шаҳрвандон маълумоти дақиқ пешниҳод намешавад, ки маблағҳои қарзӣ ё грант чӣ хел сарф мешавад ва ба куҷо меравад. Аз гирифтани қарзҳо бохабаранд, аммо тақсимшавиву сарфи он номаълум аст. Дар ин сурат масъалаи чӣ тавр баргардонидани қарзхо ба вуҷуд меояд. Аз сӯи дигар вақте Тоҷикистон бештар дар шакли грант пул мегирад ва грант ин кӯмаки бебозгашт аст ва он бояд назорат дошта бошад, ки чӣ тавр истифода мешаваду ба куҷо меравад. Вагарна, метавонад ба кисаи шахсони алоҳида раваду касе огоҳӣ наёбад.  

Табаралӣ Ғаниев дар масъалаи гирифтани қарзу грантҳо чунин ибрози андеша намуд: "Хусусияти сиёсати молӣ ин аст, ки касе бидуни мақсаде ба дигаре як дирҳам намедиҳад. Ба ин хотир вақте қарз медиҳанд, шарту шароити худро пеш мегузорад ва на дар ҳама ҳолат ба манфиати Тоҷикистон аст. Ин ё ба хатари иқтисодӣ боис мегардад ё умуман ба сохтори давлатдорӣ таъсири манфӣ мерасонад. Лекин агар сохтори додани грантҳоро баррасӣ кунем, маълум мешавад, ки қариб аз нисф зиёди ин грантҳо боз бармегардад ба иҷрокунандагони лоиҳаҳо, ки асосан хориҷиҳо мебошанд. Дуввум, грантҳо бештар барои навовариву ихтироъҳо ва корҳои илмӣ ҷудо мешавад, ки ин эҷоду ихтироъро дар маҷмӯъ гӯё харида мегиранд. Дар умум судоварии ин грантҳо хеле ночиз аст ва дар баъзе ҳолат ба манфиати Тоҷикистон ҳам нест. Дар баробари иҷро кардани ин грантҳо онҳо чӣ қадар ҳадафҳои холису нохолиси худро амалӣ месозанд. Аз ҷараёни додани грантҳо барои рушди баъзе соҳаҳо бохабарем, ки конфронсҳо мегузаронанд ва ҳатман саволҳои зиёдеро дар варақ навишта мегузоранд ва мо бо дасти худ маълумоти муҳимро навишта ба онҳо медиҳем. Дар ҷамъбасти нишастҳо ҳудудан ба сад савол ҷавоб дода мешавад, ки ин як натиҷаи хеле мусбӣ дар корҳои илмии дигар давлатҳо аст. Тасаввур кунед, ки дар як конфронс 20 ё 40 олими тоҷикро даъват кунанд ва ҳар кадоми онҳо ба саволҳои муайян ҷавоб диҳанд, ин иттилооти зеҳнӣ ҳаст ва хеле  арзиши баланди илмӣ дорад, чӣ қадар маълумот ба даст меояд? Ин як усули омӯзиши рушди иқтисодии ҷаҳон аст, ки давлатҳои пешрафтаи дунё ба таври пинҳонӣ аз имкониятҳои Тоҷикистон бархурдор мегарданд, ки агар бевосита ба даст овардан хоҳанд хеле хароҷоти зиёдро талаб мекунад".       

Тоҷикистон ба баргардонидани қарзҳояш шурӯъ кард

Соли гузашта лоиҳаи инвеститсионии таҷдиди марҳилаи аввали роҳи автомобилгарди "Душанбе-Қулма", қитъаи "Душанбе-Данғара" ба муҳокимаи Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда, ба тасвиб расида буд. Ин лоиҳа аз ҷониби Сафаралӣ Наҷмиддинов бидуни имзо ба парлумон пешниҳод шуда буд ва сару садоеро дар ҷомеа ба вуҷуд овард ва масъалаи шаффофияти баргардонидани қарзро раиси Парлумон Шукурҷон Зуҳуров мавриди баррасӣ қарор дода, ба вазири молия гуфта буд, ки ҳар сол барои бозгардонидани қарзи хориҷӣ бояд 40-50 миллион доллар пайдо кунад. Ва ҳамчунин ҳушдор дода буд, ки дигар бо санадҳи бидуни имзо ба Парлумон наояд. Ҳоло аз рӯи маълумоти Вазорати молия хизматрасонӣ ва пардохти қарзи берунаи Тоҷикистон бо назардошти қарзи Хазинаи байналмиллалии асъор ва қарзҳои кафолатноки ҳукуматӣ дар 6 моҳ 49,5 млн. доллар, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосӣ 34.2 млн доллар ва пардохти фоизҳо 15 млн. долларро ташкил додааст. Яъне, қарзи хориҷӣ аз ҳисоби пардохти ин маблағ камтар шудааст.

Ҳоло маблағи буҷети Тоҷикистон беш аз 10 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки ба 2 миллиарду 80 миллион доллар баробар аст. Қарзи хориҷӣ феълан 2 миллиарду 127 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз буҷети давлатӣ бештар аст. Ҳаҷми ММД дар соли 2012 35 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки қарзи хориҷӣ тақрибан ба 30 дар сади он баробар аст. Ба гуфтаи таҳлилгарон қарзи давлатӣ аз 40 дар сади ММД гузарад, кишвар муфлис дониста мешавад. Доктори улуми иқтисодӣ Табаралӣ Ғаниев чунин мешуморад, ки қарз гирифтани кишварҳо ин аз нокифоягии маблағ дар ин ё он соҳа мебошад. Вале раванди ҷаҳони имрӯза давлатҳоро маҷбур мекунад, ки барои дар сари вақт анҷом додани ин ё он барнома қарз гиранд. Агар баҳраварӣ аз қарз имкон диҳад, яъне ҳам қарзро баргардонанд ва ҳам ба рушди иқтисодӣ ноил гарданд, ин хуб аст. Вале таҷриба нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон баҳраварӣ аз қарзҳо чандон хуб пеш намеравад ва замони иҷрои барномаҳо ба таъхир меафтад. Чуноне, ки ин ҳолат дар соҳаи кишоварзӣ рух дода буд ва бахши пахтапарварӣ ба қарз фурӯ рафта буд, ки дар натиҷа қисми ин қарзҳо бахшида шуд.   

Исфандиёр Халлилӣ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!