Бахшҳо
28 июл 2012 04:14Сӯҳбати рӯз

"РАВЗАНАИ ЯГОНА" тиҷоратро осон мекунад

Чанд соли пеш мавзӯи таъсиси "Равзанаи ягона" оид ба расмиёти воридотиву содиротӣ дар Тоҷикистон ба миён омада буд ва дар ин самт кор оғоз шуда ва аз соли ҷорӣ Иттиҳоди Аврупо барои роҳандозӣ кардани ин система дар кишвари мо дастгирии молиро шурӯъ кард. Барои дарёфти маълумоти бештаре дар мавриди пешбурди кор дар ин самт бо атташеи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва менеҷери лоиҳаи "Равзанаи ягона" Борис Филипов сӯҳбате анҷом додем, ки манзури хонанда мегардад.

Озодагон: Мегуфтед, ки ҷорӣ кардани системаи "Равзанаи ягона" чӣ медиҳад ва чаро бояд Тоҷикистон онро роҳандозӣ кунад?

Борис Филипов: Ҳадаф аз роҳандозии "Равзанаи ягона" ин сода кардани тиҷорат аст. Зеро айни замон масъалаи содироту воридот ва интиқол вақти зиёд тӯл мекашад ва ба афроди содиркунандаву воридкунандаи молу маҳсулот фурсати тӯлонӣ лозим меояд то ҳама ҳуҷҷатҳои заруриро ба даст оранд. Ба ғайр аз маълумотномаи гумрукӣ соҳибкорон ва шахсони алоқаманд ба содироту воридот ба Хадамоти гумрук якчанд навъи гувоҳнома (сертификат)- ву иҷозатномаро бояд дастрас кунанд. Феълан ин ниҳоят проблемаи ҷиддӣ барои рушди тиҷорат дар Тоҷикистон аст. Аз ин нуктаи назар, ки система нодуруст таъсис ёфтааст ва фаъолияти он низ хуб ба роҳ монда нашудааст ва соҳибкорон вақти зиёди худро дар ҳуҷҷатгузорӣ сарф мекунанд.

Озодагон: Бартарии "Равзанаи ягона" аз системаи кӯҳна дар чист?

Борис Филипов: Кишварҳое ҳастанд, ки тамоми ин ҳуҷҷатҳо дар он ҷо дар давоми чанд соат омода мешаванд, аммо дар Тоҷикистон барои анҷоми чунин амалиёт ҳафтаҳо лозим аст. Ин ба рушди тиҷорати хориҷӣ халал мерасонад ва бесабаб нест, ки тибқи баҳогузории созмони байналмиллалии рушди тиҷорат дар миёни 183 кишвари дунё Тоҷикистон аз рӯи пешбурди тиҷорат тақрибан дар мақоми 177-ум қарор дорад. Ин нишондиҳанда хеле манфӣ аст ва нишон медиҳад, ки дар ин бахш проблемаи хеле ҷиддӣ вуҷуд дорад ва барои ҳалли он пешниҳод шудааст, ки бояд системаи "Равзанаи ягона" роҳандозӣ шавад. Ин система дар бисёр кишварҳо ҷорӣ шудааст ва фаъолияти босамар дорад. Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷорӣ кардани ин система барномарезӣ кард ва аз Иттиҳоди Аврупо хоҳиш кард, ки барои роҳандозии он кӯмак кунад. Зеро барои роҳандозии ин система базаи техникии муайяне лозим аст. Пеш аз ҳама барои дастрас кардани дастгоҳҳои зарурӣ ба монанди серверҳо, компютерҳо, дастгоҳҳои коммуникатсионӣ ва ғайра. Доир ба ин масъала ҳукумат чанд сол аст, ки дар ҳамкорӣ бо ширкати GIZ кор карда истодааст, якчанд ҳуҷҷатҳо омода шуда буданд, корхонаи воҳиди давлатии Маркази "Равзанаи ягона" дар назди Хадамоти гумрук таъсис ёфта буд, ки лоиҳаи мо низ ин системаро дар он ҷо роҳандозӣ мекунад. Дар маҷмӯъ, бояд ҳуҷҷатгузорӣ кам карда шавад ва раванди расмиёти воридоту содирот коҳиш дода шавад. Зеро таҳқиқот нишон медиҳад, ки як рӯз кам кардани ҳуҷҷатгузориву барасмиятдарорӣ маънои як фоиз зиёд кардани содироти кишварро дорад. Яъне, агар содироти Тоҷикистон ба таври мисол 1 миллиард долларро ташкил диҳад, дар сурати ҷорӣ шудани ин система содирот боз 10 миллион доллари дигар зиёд мешавад. Вале мо умедворем, ки мӯҳлати ҳуҷҷатгузорӣ хеле кам мешавад. Алҳол муҳлати барасмиётдарорӣ як ҳафтаро дар бар мегирад ва аз рӯи таҳлилҳои пешакии мо баъди роҳандозӣ шудани "Равзанаи ягона" дар марҳилаи аввал мӯҳлати барасмиётдарорӣ на беш аз 3 рӯзро дар бар хоҳад гирифт. Аз ин на танҳо содиркунандагону воридкунандагон, балки тамоми шаҳрвандон бурд хоҳанд кард. Зеро маҳсулот зиёд мешавад ва дар ин сурат нархи он ҳам арзон хоҳад шуд. Кам шудани ҳуҷҷатгузориҳо ҳам боиси коҳиш ёфтани хароҷот мегардад, ки ин ҳам ба арзонии нархҳо сабаб мегардад. Аз рӯи маълумоти намояндаи Созмони милали муттаҳид оид ба масоили иҷтимоиву иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором дар ҳоли ҳозир бисёре аз кишварҳои Осиёи шарқиву ҷанубӣ системаи "Равзанаи ягона"-ро ба шаклҳои гуногун ҷорӣ карда истодаанд. Дар баъзе кишварҳо, аз ҷумла Сингапур, Таиланд ва Флиппин ин система ҷорӣ шудааст ва фаъолияти он назаррас аст. Дар Қирғизистон низ чунин барнома вуҷуд дорад ва болои он кор карда истодаанд, ки ба наздикӣ фаъолияташро оғоз хоҳад кард. Дар Қазоқистон ҳам чунин барнома вуҷуд дорад. Гуфтанӣ ҳастам, ки дар Тоҷикистон сари вақт ба ин масъала таваҷҷӯҳ зоҳир шуд ва ман умедворам, ки дар охирҳои моҳи октябри соли оянда система пурра ба фаъолият оғоз хоҳад кард.

Озодагон: Шумо дар бораи роҳандозии "Равзанаи ягона" дар кишварҳои Осиё сӯҳбат кардед. Мегуфтед, ки кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо оё бо чунин система сару кор доранд ва чӣ натиҷае ба даст омадааст?

Борис Филипов: Дар баъзе кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо чунин система роҳандозӣ шудааст. Аз ҷумла, то ҷое медонам, дар Шветсия ва Австрия чунин система фаъолият дорад ва натиҷааш низ хеле мусбат аст. Ба он хотир, ки вақти зиёдро талаб намекунад ва ҳамзамон боиси коҳиш ёфтани амалҳои коррупсионӣ мегардад. Зеро фаъолияти система чунин ба роҳ монда шудааст, ки робитаву алоқаи соҳибкор бо мансабдоре, ки ҳуҷҷатгузорӣ мекунад, хеле маҳдуд аст.   

Озодагон: Вазорату идораҳои Тоҷикистон то куҷо барои ҷорӣ кардани ин система омодаанд ва дар байни онҳо дар робита ба роҳандозии "Равзанаи ягона" ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад?

Борис Филипов: Чӣ хеле гуфтам, GIZ дар ин масъала бо ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон 3-4 сол пеш корро оғоз карда буд. То имрӯз корҳои муайяне анҷом шудааст. Тамоми намояндагони ин ниҳодҳо дар кори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ширкат доранд. Баъзе таҳлилҳо дар мавзӯи раванди тиҷорат дар ин ниҳодҳо анҷом шуда буд ва аллакай пешниҳодҳое ҳам ҳаст, ки чӣ хел метавон корро беҳтару хубтар ба роҳ монд. GIZ муайян кард, ки якчанд бандҳои нодаркоре ҳаст ва онҳо бояд ҳазф шаванд. Масалан, барои як гувоҳнома гирифтан соҳибкор бо 4-5 кас вохурданаш лозим меояд ва дар охир як нафар тасмим мегирад. Бартараф кардани ҳамин гуна иқдомҳои нолозим дар дохили ниҳодҳо худ бисёр мушкилотро ҳал мекунад. Мо умедворем, ки ин камбудиҳо дар дохили ниҳодҳо то замони ба фаъолият оғоз кардани "Равзанаи ягона" ислоҳ мегардад. Мо мехоҳем, ки вақти вохуриву ҳуҷҷатгузорӣ на танҳо байни соҳибкор ва мансабдор кам шавад, балки дар дохили ҳар як ниҳод ҳам вақт беҳуда сарф нагардад. Ба ғайр аз ин ҳоло раванди ҳамоҳангсозии ҳуҷҷатҳо идома дорад. Ба он хотир, ки ҳеч мумкин нест агар дар як ниҳод оид ба як намуди фаъолият як иҷозатнома дода шавад ва дар ниҳоди дигар оид ба ҳамин навъи фаъолият иҷозатнома формати дигар дошта бошад. Дар ин ҳолат бояд дар ҳамаи ниҳодҳои шомили барнома як навъ иҷозатнома барои як намуди фаъолият дода шавад. Дар маҷмӯъ ҳамдигарфаҳмӣ байни ниҳодҳо вуҷуд дорад, ҳамаи онҳо муҳимияти лоиҳаро дарк мекунанд. Президенти Тоҷикистон низ ҳангоми баромад дар назди Парламент аз муҳимияти таъсиси ҳукумати электронӣ гуфта гузашт ва ин система худ як бахши муҳими ҳукумати электронӣ аст. Фикр мекунам, ки ҳамаи мансабдорон муҳимияти ин мавзӯъро хуб мефаҳманд ва дар иҷрои кори худ масъулиятро эҳсос мекунанд. Азбаски роҳандозии ин барнома хеле душвор аст, мо ба ҳамкории танготанг бо тамоми ин ниҳодҳо умед мебандем.

Озодагон: Теъдоди ҳуҷҷатҳои барасмиятдарорӣ то чӣ андоза кам мешавад ва натиҷаи он шуморо қаноатманд карда метавонад?

Борис Филипов: Ба ростӣ, аз ҷараёни кор дар ин самт чандон қаноатманд нестам. Зеро ин лоиҳа дар доираи созишномаи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии молӣ имзо шудааст. Дар он ҷо барои роҳандозии ин лоиҳа шартҳои муайяне ҳаст, ки яке аз онҳо коҳиш додани теъдоди ҳуҷҷатҳо ба андозаи 50 дар сад мебошад. Ба ҳисоби мо 10 то чунин ҳуҷҷатҳо мавҷуданд, ки боқӣ мондани танҳо 5 тои онҳоро зарур мешуморем. Аз рӯи маълумоти охире, ки мо дорем, баъди тағйирот ворид кардан дар Кодекси гумрук танҳо як ҳуҷҷат кам карда шудааст. Мо исрор меварзем то 4 ҳуҷҷати дигар низ кам карда шавад. Зеро агар воқеан мехоҳем, ки раванди амалиёти барасмиятдарорӣ сода гардад, бояд дар бораи коҳиши теъдоди ҳуҷҷатҳо низ фикр кунем. Масалан, дар Тоҷикистон барои хариду фурӯш шартнома талаб карда мешавад, ки одатан дар дигар кишварҳо чунин талабот вуҷуд надорад.
Озодагон: Ҳоло кор дар самти роҳандозии "Равзанаи ягона" чӣ тавр пеш меравад? Чӣ корҳо анҷом шудааст ва кадом корҳо нотамом боқӣ мондааст?
Борис Филипов: Лоиҳаи мо аз 12-уми июни соли 2012 оғоз шуд. Коршиносони мо аллакай дар корхонаи таъсисёфтаи назди Хадамоти гумрук кор бурда истодаанд. Ҳоло мо интизори нақшаи корӣ ва пешниҳоди пешбурди кор ҳастем. Бисёр корҳоро ҳоло анҷом додан зарур аст. Системаро бояд ҷорӣ кард ва онро санҷид, ки чӣ гуна кор мекунад. Дастгоҳҳоро бояд насб кард ва салоҳияти ҳар як ниҳодро ҳудудан тақсим намуд.

Озодагон: Оё то соли оянда имкони роҳандозии ин система вуҷуд дорад?


Борис Филипов: Мо ҳамаи имкониятҳоро истифода мебарем то моҳи октябри соли оянда система пурра ба фаъолият оғоз кунад. Агар ҳамаи ниҳодҳо дар амалӣ гаштани он мусоидат кунанд, бе ҳеч шаку шубҳа метавонем пурра корҳоро ба сомон расонем ва системаро ҷорӣ кунем. Дар ҳоли ҳозир баъзе номуайяниҳо дар чаҳорчӯбаи қонунугузории "Равзанаи ягона" вуҷуд дорад, ки дар доираи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ яке аз гурӯҳҳои корӣ дар ин самт фаъолият дорад. Баъзе корҳо бояд ба сомон расанд, аз ҷумла дар ҳуҷҷат ва имзои электронӣ тағйирот ворид кардан лозим аст. Мо умед дорем, ки ин тағйиру иловаҳо то моҳи сентябр баррасӣ мешаванд ва лоиҳа ба Парлумон пешниҳод мегардад, то иловаҳо сари вақт баррасӣ ва қабул шаванд.   
Озодагон: Дар назди Кумитаи андоз низ "Равзанаи ягона" таъсис ёфтааст. Ин ду равзана як барномаанд ё аз ҳамдигар фарқ мекунанд?
Борис Филипов: Ҳарчанд "Равзанаи ягона"-и дар назди Кумитаи андоз фаъолияткунанда низ бо мусоидати Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ шудааст, вале бо "Равзанаи ягона" оид ба расмиёти воридотию содиротӣ фарқ мекунад ва инҳо барномаҳои алоҳидаанд. "Равзанаи ягона"-и назди Кумитаи андоз танҳо барои ба қайдгирии корхонаҳо пешбинӣ шудааст. Ба ҳар ҳол миёни ин ду барнома алоқамандӣ вуҷуд дорад ва метавон баъзе маълумот оид ба фаъолияти соҳибкориро аз он ҷо дарёфт кард.   

Озодагон: Ин система метавонад ба мисли "Равзанаи ягона"-и Сингапур фаъолият кунад? Фаъолияти ин система ба кори "Равзанаи ягона"-и кадом кишвар монандӣ хоҳад дошт?

Борис Филипов: Дар Сингапур ин системаро давоми 30 солаҳо сохта мавриди истифода қарор доданд. "Равзанаи ягона"-и Сингапур дар сатҳи хеле баланд қарор дорад. Интизор набояд шуд, ки "Равзанаи ягона" дар Тоҷикистон аз оғози кор ба мисли "Равзанаи ягона"-и Сингапур кор хоҳад кард. Аммо агар мо вақти ҳуҷҷатгузориҳоро аз оғоз то ба 3 рӯз кам кунем, ин муваффақияти бузурге хоҳад буд. Аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои роҳандозӣ 2 миллион евро кӯмаки молӣ дар шакли грант ҷудо шудааст ва ҳамзамон, мо умед мебандем, ки баъди ба кор оғоз кардани система аз ҷониби коршиносони мо, ҳукумат барои беҳтар шудани фаъолияти он дар оянда мусоидат хоҳад кард.

Исфандиёр Халилӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)