Бахшҳо
28 июл 2012 04:37Ҷавонон ва варзиш

ХАР ВА СИЁСАТ

Ҳайвоне, ки  дар сад  соли пеш чун як нақлиёти муфид барои кашондани мусофирон ва ҳамлу нақли молу ашё аз як минтақа ба минтақаи дигар ба мардум хизмат мекард, хар буд. Ҳанӯз ҳам дар шароити кӯҳии Тоҷикистон ин ҳайвон баҳри мардум як воситаи зарурӣ ба шумор рафта, барои ҷамъоварии ҳезум, алаф ва барои кашонидани об низ хизмат мекунад.Хуллас, самти хидматрасонии хар "гуногун" аст. Вале дар бештари маврид хар чун як "дипломат" рафтор мекунад. Шумо мутаваҷҷеҳ нашудед? Акнун таваҷҷӯҳ кунед!

ХАР ВА РОҲ

Дар зиндагӣ вақте дар бораи ягон шахсияти алоҳида ҳарф мезанем, агар муваффақ аст, ҳатман аз роҳу равиш ва услуби корияш мегӯем. Таҳлил мекунем, ки чаро муваффақ шудааст? Аз кадом роҳу усулҳо истифода намудааст?
Нақши дипломатҳо мисли аробакаше аст, ки метавонанд "бор"-ро то нуқтаи лозимӣ безарар расонанд, ё баръакс чаппааш кунанд. Дар байни ҳайвонҳо низ як услубу қоидаи хоси "дипломатӣ" мавҷуд аст, ки онҳо аз он доира берун баромада наметавонанд. Зеро аз он қоидаҳо берун баромадан барояшон ё марг, ё душвориҳои зиёдеро пеш меорад. Масалан, барои он ки як хар борро бе нуқс ба ҷое расонад, аввал онро хуб муҷаҳҳаз мекунанд. Барои он бештари пайроҳаҳои кӯҳӣ ва ҳамвориҳоро нишон медиҳанд. Хар ҳамеша як роҳ, як равиш ва як услуб дорад.
Биёед як таваҷҷӯҳ кунем, ки харҳо то куҷо миёни ҳайвонҳои дигар дар "дипломатия" муваффақанд. Бори моро дар ин шароите, ки ба онҳо эҳтиёҷ камтар аст, то куҷо бурда мерасонанд…

ХАР ВА ЛИБОС

Гуфтем, ки барои интиқоли ҳезум алаф... дар деҳот асосан аз хар истифода мебаранд.  Ҳангоми анҷоми ингуна корҳо харҳоро хубтар муҷаҳҳаз мекунанд. Ба онҳо полон зада, пордуми мустаҳкам мебанданд то ин ки дар нимароҳ бораш чаппа нашавад. Дар дипломатия низ қоидаҳои махсуси либоспӯшӣ мавҷуд аст, ки як дипломат наметавонад аз он сарфи назар кунад. Хару асп ягона ҳайвонҳое ҳастанд, ки ба онҳо зин зада савор шудан осонтар аст. Як инсон метавонад даҳҳо харро полон пӯшонида, бе душворӣ онҳоро идора намояд.
Гарчанде баъзеҳо барои харошон аз гулдӯзиву қолинҳо либоси зебо омода мекунанд, аммо ин ҳеч гоҳ харро аз будаш зиёд нишон намедиҳад. Зеро хар дар ҳама гунна пӯшиш хар аст, он наметавонад махлуқи дигаре бошад…

ХАР ВА ҚАНОАТ

Харҳо дар ҳама гуна шароит "қаноат"-ро пеша мекунанд. Барои онҳо газу обу барқ… муҳим нест. Масалан, онро дар ҷои бе алаф, бе об ва офтоби сӯзон бандед, сарашро хам карда меистад ва ҳеч кӯшиши аз онҷо раҳо ёфтанро намекунад. Харҳо ба соҳибонашон хеле "содиқ" ва бо "эҳтироманд", зеро дар ҳар қадам аз онҳо калтак хӯрдаанд. Вақте дипломатия ба бунбаст рубарӯ мешавад, айнан чунин ҳолат ба мушоҳида мерасад. Инро як навъ фишори сиёсӣ унвон кардан мумкин.
Бо вуҷуди он ки хар вазифаҳои доимиашро содиқона иҷро мекунад, аммо бештари маврид зулм мебинад. Зеро ихтиёраш, ки дар худаш нест, маҷбур қаноатро пеша мекунад. Аммо дар шароити феълӣ қаноат наметавонад як рукни муҳими дипломатия бошад…

ХАР ВА НОМУС

Хару номус ду вожаи ба ҳам зид мебошанд. Масалан, агар якчанд харро  ба  ягон чарогоҳ баред, сарро хам карда ба чаридан медароянд, ҳамин ки гов ё аспе пайдо шавад, оҳиста он ҷойро тарк мекунанд. Гарчанде ҳазорсолаҳо бо авлодашон аз ин замин алаф хӯрда бошанд ҳам,  номуси дифоъ аз чарогоҳи худро надоранд. Чунки барои хар обу хоки ватан муқаддас набуду нест. Аммо дипломатияи пешрафтаи инсонӣ дар асри нав интавр нест. Дипломатҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд, то як ваҷаб хоки муқаддаси худро аз даст надиҳанд. Дипломатияи инсонӣ шарафу номуси миллат ва давлати худро дар ҳама шароит дифоъ мекунад. Намегузоранд касе ҳамватани онҳоро таҳқир карда, ба ҳалокат расонаду дар тамоми расонаҳо ба намоиш гузорад. Намегузоранд касе бидуни иҷозат дар бораи онҳо сухан гӯяд.
Аммо дар дипломатияи харона ин чиз аҳмият надорад. Албатта, байни дипломатияи инсонӣ ва дипломатияи харона фарқ аз замин то осмон аст, ки он Номус аст…

ХАР ВА ХИЁНАТ

Агар дар болои хар соҳибаш савор набошад, ё назорат накунад, он ҳатман хиёнат мекунад. Яъне, ё борашро чаппа мекунад, ё алафи дар пушташ бударо мехӯрад, ё дар якҷо меистад. Дипломатҳо ҳам чунин хиёнат мекунанд. Масалан, байни Олмон ва Иттиҳоди шӯравӣ соли 1939 аҳднома дар хусуси ба ҳамдигар ҳуҷум накардан баста шуда буд. Вале Олмон ин аҳдномаро шикасту ба Иттиҳоди шӯравӣ ҳуҷуми ноогоҳона кард. Магар ин хиёнат набуд?! Ҳеч кас наметавонад худаш бо худаш ҷанг ва сулҳ кунад. Сулҳ  ҳатман бо ҷониби муқобил мешавад.

ХАР ВА ИТОАТ

Харҳо бештар итоаткор мешаванд. Албатта итоат ба ҳақиқат не, балки итоат аз зулму ситам. Итоат ба соҳибе, ки ҳамеша пушти онҳо калтак  мезанад. Ҳатто ба нафари бегона низ харҳо итоат мекунанд, агар калтак хуранд. Ин қоидаи аҷиби дипломатияи харҳо, ки ба ҳар нафари ба сарашон калтакбардор итоат мекунанд, ба худиву бегона, ба зӯру нотавон, ба хурду калон ҳам. Одамон ин дипломатияи онҳоро  харигарӣ мегӯянд.

НОЗИ ХАРОНА

Харҳо ҳам гоҳ-гоҳ ноз мекунанд. Аммо аксари ҳолат нози онҳо бар зарари соҳиби худашон аст, на каси дигар. Масалан, агар миёни ду кишвар дар мавриди таъсиси пойгоҳе,  сохтани корхонаҳо баҳс ба вуҷуд ояд, ҳатман кишваре, ки дар он сохтмонҳо сурат мегирад, каме эркагӣ ё ноз мекунад.
Агар дипломатҳо ё мушовирони бақувват, кордон, таҳлилгару донишманд бошанд, аз ин вазъият ба нафъи миллати худ истифода мекунанд. Агар не, ин корҳо бар зарарашон анҷомида, бо иштибоҳи ду-се дипломат як миллати чандмиллионнафара солҳо ҷабри ин иштибоҳро мекашад.
Ин ба он монанд аст, ки баъзан харҳо низ аз бурдани бор худдорӣ мекунанд. Аммо баъди якчанд калтаки обдор ин нозу эркагиро бас мекунанд. Аслан, нози харона то замони хушк шудани як докаи тар аст, мегӯянд!

ХАР ВА НОТТА

Аз ҳама овози гӯшхарош миёни ҳайвонҳое, ки ба инсон ром шудаанд овози хар аст. Хар аз гушнагиву ташнагӣ ва ҷабру зулм не, гоҳ-гоҳ беҳуда низ овоз мебарорад. Бештар хари нар бо дидани хари мода овози беҳуда баровадаву сӯяш медавад. Гӯё бо ин амалаш як навъ пайғом ба хари мода мефиристад. Албатта, ин танҳо як рафтори харона ва ба худи он мувофиқ мебошад.
Аммо дар дипломатияи инсонӣ одамон замоне садо баланд мекунанд, ки агар дар муносибатҳои давлатдорӣ ягон халал ворид гардад. Онҳо ба ҳамтоёни худ нотта мефиристанд ва ба онҳо норизоият ё ҳушдори худро мерасонанд. Ва албатта, танҳо овоз ё ноттаи ҷониби қавӣ зуд қабул мегардад. Аммо дипломатҳое. ки таҷриба надоранду сиёсатро намефаҳманд, ноттаашон мисли ҳамон овози хар аст, ки аз деҳаашон берун намеравад.

ХАР ВА АХЛОҚ

Агар инсон бедобӣ кунад, ӯро сарзанишкунон "хар" мегӯянд. Агар беодобияш такрор шавад, мегӯянд "пӯсташ пӯсти хар шудааст". Барои як дипломат доштани пӯсти мисли хар лозим аст, на рафтори харона. Чаро ки бардошти ҳамагуна вазниниҳоро дошта, ба ҳама зарбаҳои сиёсӣ тобовар бошад.

ХАР ВА НАСЛ

Аз зани ғар ғар бирӯяд,
З-он ки устодаш ғар аст.

Шайх Саъдӣ чанд аср пеш чунин таъбир карда буд. Гарчанде аз хар хутик таввалуд мешавад, вале ояндааш хар аст. Харро ҳарчанд омӯзед, тарбия кунед, аммо аз насле, ки аз он ба дунё меояд, одамро  интизор нашавед.
Оқибат гургзода гург шавад,
Гарчӣ бо одамӣ бузург шавад!


ХАР  ВА ОРЗУ

Бечора харак хамеша орзу мекунад мисли асп бошад, аммо орзуяш амалинашаванда аст. Зеро дар дипломатия орзуву ҳавас роиҷ нест. Аммо дар замони мо вазифаи дипломатҳо дар орзуву хайёлпардозиҳошон амалӣ мешаваду халос. Дар орзуҳои осмониашон.
Хари бечора намехохад як умр бори одамонро кашад. Намехоҳад дигар мазлум бошаду бо зӯри калтаки касе роҳ равад. Аммо табиати харона ва ғуломонааш ба ӯ иҷозат намедиҳад, ки озод бошад. Аз зери бори касе гурехтан фақат як орзу ва шиораш асту халос. Зеро харҳо мехоҳанд, намехоҳанд то мурдан бори дигаронро хоҳанд кашид. Вагарна КАЛТАК МЕХӯРАНД!

ТАВҚИ ЗАРРИН ХАМА ДАР ГАРДАНИ ХАР МЕБИНАМ!

Пири хираду тариқат Хоҷа Ҳофизи бузург шояд аз ин ташбеҳи муносибтар наёфтааст, ки тавқи зарринро дар гардани хар дидааст. Мо низ ҳарчанд ҷустуҷӯ кардем, вале натавонистем ташбеҳи муносибтару хубтар аз ташбеҳи Ҳофиз пайдо кунем.
Хар ва дипломатия агарчӣ ду мафҳуми аз ҳам дур  аст, аммо баъзеҳо ин ҳардуро шабеҳи ҳам  меангоранд. Ва дар рӯзгори мо ин шабоҳат гуё бештар ба чашм мерасидааст.

Далер Шарипов
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)