Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:28

«Корманди ҳукумати шаҳр» 89 000 долларро ба яғмо бурд

29 июн 2011, 10:12

Мавлуда Бобошоева, шаҳрванди 41-солаи кишвар бо роҳи фиреб аз сокинони пойтахт маблағи ҳангуфтеро гирифта барнагардондааст.

Аз ВКД ба «Озодагон» гуфтанд, ки дар пайи таҳқиқи аризаи шаҳрванд Бахтиёр Баймонов маълум гардидааст, ки Бобошоева худро корманди ҳукумати шаҳри Душанбе муарифӣ намуда аз боварии шаҳрвандон истифода карда маблағҳои онҳоро аз худ мекардааст. Моҳи  марти соли равон Мавлуда  Бобошоева дар бозори «Корвон», воқеъ дар кӯчаи  Крупский бо роҳи фиреб аз Бахтиёр Баймонов 3500 доллари амрикоӣ гирифта ваъдаи аз ҳисоби ҳукумати   шаҳри Душанбе ба ӯ додани хонаи арзонро кардааст. Ҳамчунин, Бобошоева моҳи ноябри соли 2009-ум аз шаҳрванд  Гулсуной Бутаева,  истиқоматкунандаи кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон, соҳибкори бозори «Корвон», 79 000 доллар ва моҳи апрел аз Лутфия  Ҷоматова, сокини ноҳияи Ҳисор 6 500 доллари амрикоӣ гирифта то ҳанӯз барнагардондааст. Ба иттилои манбаъ, Бобошоева сокини шаҳри  Кӯлоб, кӯчаи  Исмоили Сомонӣ буда дар ягон ҷо кор намекардааст. Қаблан, бо моддаи 247-и қонуни ҷинойӣ суд шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!