Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:57

Ҳикмати «хайр»

28 июл 2012, 05:15

Хайре кун, эй фалону ғанимат шумор умр,З-он пештар, ки бонг барояд: фалон намонд. (Саъдӣ)

Асли калимаи хайр аз забони арабӣ буда, маънои хубӣ, некӣ, нағзиро дорад. Ҳамчунин ба маънои фоида, нафъ, манфиат меояд. Дар ибораи саволии "хайр аст?" як навъ оҳанги пурсиши саломатӣ ё изҳори ғамхорӣ аст: Чи шуд?; корҳо дуруст аст?.
Аз ҷиҳати мазмун ва маъно ин калима маънои кори хайр, нек ва амали савобро дорад. Дар фаҳмиши имрӯза "хайр" амал ё кори ихтиёриест, ки баҳри дастгирӣ ва кӯмаки афроди заъифу нотавон, дардманду бечора, ятиму бекас, бепарастору маъюб умуман аз ҷиҳати моддӣ ниёз дошта, анҷом дода мешавад.
Офариниш -яъне хилқати олами ҳастӣ аз ҷониби Худои азза ва ҷалла ба хайр аст. Ҳама неъматҳо ва ҳама падидаҳо барои инсон ва барои ибрат гирифтани ӯ, андеша кардан ҷиҳати худшиносӣ ва худогоҳӣ аз қудрат ва эъҷози беинтиҳои Парвардигори олам аст. Андешаи солим бо мушоҳидаи нишонаҳои қудрати тавоно ва осори илми фарогири Худо дар офариниш ба ин натиҷаи мантиқӣ мерасад, ки офаридгори ҳама мавҷудоти олам Худои ягона мебошад. Дар ояти 38-уми сураи "ад-Духон" омадааст: "Ва мо халақна-с-самовоти вал арза ва мо байнаҳумо лоъибин"(Мо ин осмонҳову замин ва он чиро миёни онҳост, ба бозича наёфаридаем).  Ояти 16-уми сураи Анбиё  низ  ба ҳамин мазмунаст: "Ва мо халақна-с-самоа вал арза ва мо байнаҳумо лоъибин"(Мо ин осмону замин ва он чиро миёни он дуст, ба бозича наофаридаем).  Сухан рӯи он меравад, ки дар ду сарчашмаи асосии ислом: Қуръони Худо ва суннати Расуллоҳ (с) ҳам мафҳуми "хайр" ба маънои беҳтарин, баргузида, хуб ва нек омадааст. Аввал он чиро таъкид кардан,  шарт ва зарур аст, ки мафҳуми "хайр" дар Қуръон бозгукунандаи яке аз сифатҳои Худованди азза  ва ҷалла  аст. Аз ҷумла  ояти 64-уми сураи Юсуф бо мазмуни "Фаллоҳу хайрун ҳофизан ва ҳува арҳаму-р-роҳимин"(Худо беҳтарин нигаҳдор аст ва ӯст меҳрубонтарини меҳрубонон) ва ё ки  оятҳои  72-уми сураи Муъминун ва 11-уми  сураи Ҷумъа  сифати рузидиҳандагии Худо "Валлоҳу хайру-р-розиқин"(Худо беҳтарин рӯзидиҳанда аст), ояти 57-уми сураи Анъом "Ва ҳува хайрул фосилин"(Ва ӯ беҳтарин доварон аст), оятҳои 87-уми сураи Аъроф ва 109-уми сураи Юнус  мазмуни "Ва ҳува хайрул ҳокимин"(Ва ӯ беҳтарин доварон аст)  доранд.

Қуръони маҷид ҳама кору амали хуб, нек ва ҳасанаро (амалҳои солеҳро) хайр меномад. Масалан ояти 197-уми сураи "ал-Бақара" тақводориро беҳтарин амали хайр ва беҳтарин тӯшаи охират маънидод месозад: "Ва тазавваду фаинна хайра-з-зоди-т-тақво"(Ва тӯша бардоред, ки беҳтарин тӯшаҳо парҳезгорист) ва ё ки ояти 128-уми сураи "Нисо" ба маънии "Ва-с-сулҳу хайрун"(Сулҳ(оштӣ) беҳтар аст). Метавон даҳҳо ояти қуръониро дар шарҳи ин масъала мисол овард. Худованди бузург дар каломи худ мардуми накӯкорро ситоиши зиёд карда, бар ивази он барояшон мартаба ва мақоми арзишмандро дар дунё ва охират ваъда кардааст. Муқаддамтар аз ҳама сухани Худованд рӯи ин масъала инаст, ки "Инналлоҳа маъал муҳсинина"(Худованд ҳамроҳи накӯкорон аст.) ва ё "Иналлоҳа юҳиббул муҳсинина"(Худованд накӯкоронро дӯст медорад.) ва ё ки "Инно ло нузиъу аҷрал муҳсинина"(Ҳар оина мо подоши накӯкоронро зоеъ намекунем) ва ё "Инна раҳматаллоҳи қарибун минал муҳсинина"(Ва раҳмати Худо ба некӯкорон наздик аст.)

Дар Қуръони карим дар ояҳои 177 ва 215 -уми сураи "ал-Бақара"  чунин омадааст: "Некӣ он нест, ки  рӯи худро ба сӯи машриқ ва мағриб кунед, балки некӯкор касест, ки ба Худо ва рӯзи охират ва фариштагон ва китоби Худо ва паёмбарон имон оварад. Ва моли худро  бо он ки дӯсташ дорад, ба хешовандону ятимон ва дармондагону мусофирон ва гадоёну дарбандмондагон бубахшад. Ва намоз бигзораду закот бидиҳад… "
"Эй Паёмбар аз ту мепурсанд, ки чӣ инфоқ кунанд? Бигӯ "Он чи аз моли худ инфоқ мекунед, барои падару модар ва хешовандону ятимон ва мискинону раҳгузарон бошад ва ҳар кори неке, ки кунед, Худо ба он огоҳ аст."
Аз ин ду ояти сареҳи қуръонӣ ва муқаррароти манбаъҳои дигари шариати исломӣ маълум мегардад, ки хайру эҳсон ва садақаи нофила(ғайр аз закот) беҳтар аст пеш аз ҳама ба наздикону хешовандони ниёзманд, аз ҷумла падару модар, ятимону бечорагон, мискинону бенавоён, мусофирон, дар роҳмондагоне, ки аз моли худ ҷудо ва дур мебошанд, гадоён, бардагон ва асирон дода шавад.

Оятҳои  36 ва 37-уми сураи "Нисо" ин мазмун доранд: "Худоро бипарастед ва ҳеч чиз шарики ӯ масозед ва бо падару модар ва хешовандону ятимон ва бенавоёну ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ёру мусоҳибу мусофири роҳгузар ва бардагони худ некӣ кунед. Ҳар оина Худо мутаккабирону фахрфурӯшонро дӯст надорад, онон бухл меварзанд ва мардумро ба бухл вомедоранд ва молеро, ки Худо ба онҳо додаст, пинҳон мекунанд…."
Суннати Расулуллоҳ(с), ки дар асоси дастуроти қуръонӣ бино ёфтааст, саршор аз тарғибу ташвиқи амалҳои  хайр буда,  инсонро ба иҷрои онҳо фаро мехонанд ва ҳамзамон аҷру подошашонро  дар дунё ва охират бозгӯи месозанд. Ҳадисҳои гуҳарбори Паёмбари акрам(с) бо як ҷаззобӣ ва расоӣ, ҳикмати "хайр"-ро барои дарёфти савоб, саъодату хушбахтӣ ва сарфарозии инсон таъкид ва таъйид менамоянд. Суханони пешвои муслимин фақат баҳам овардани калимаҳо барои ҷумласозӣ набуда, фалсафа ва ҳикмати жарферо дар худ ниҳон доранд. Чанд  хадиси шакарафшони беҳтарин баргузидаи Худоро барои тақвияти ин гуфтаҳо мисол меорем:

- Бидонед: бинотарин чашм он аст, ки дар роҳи хайр боз шавад.
- Ҳар кори неке садақа аст.
- Ҳаё сар то ба по хайр аст.
- Накӯкорони дунё накӯкорони охиратанд.
- Беҳтарини шумо касест, шуморо ба кори хайр даъват кунад.
- Дастҳо се гунаанд: гиранда, диҳанда ва нигоҳдоранда. Аз ҳама беҳтар дасти диҳанда аст.
- Саховатманд се аломат дорад: афви бо қудрат, адои закот, дӯст доштани тасаддуқ (садақа)…


Чунин ҳадисҳо зиёданд. Бузургии таълимоти ахлоқии Қуръон ва Суннат дар он аст, ки инсонро ба аҷру савоби амали хайр дар зиндагии баъдимаргӣ низ башорат медиҳанд. Аз ин ҷост, бо назардошти  ин дастуроти арзишманди Қуръону ҳадис ҳар фарди боимону мусулмон ҳатман талоши иҷроиши  ягон кори хайр дар зиндагиии ин ҷаҳонии худ мекунад ва умед ба подошу мукофоти охират дорад.      
Дар афкор ва андешаҳои адабию фарҳангӣ, фалсафию динӣ, ахлоқию зебошиносӣ ва иҷтимоию сиёсии башарӣ аз аҳди қадим то ба инҷониб таърифу тавсиф ва тараннуми мафҳуми "хайр" ҳамчун амали нек ва шарифи инсонӣ беканора аст. Дар осор ва гуфтори мутафаккирони барҷастаи дунё, кам ёфт мешавад, ки сари ин мавзӯъ чизе нагуфта бошанд. Хусусан назму насри классики мо саршор аз тарғибу ташвиқи он аст, ки баҳси густарда ва алоҳидаро мехоҳад. Мо ин ҷо фақат аз нигоҳи фалсафӣ мавзӯъро мухтасар шарҳ доданием.
Ҷаҳонбинӣ ё ҷаҳоншиносӣ ориёӣ нахустмактаби фалсафӣ ва фарҳангию динии тоҷикон аст, ки ҳикмати "Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек"-ро барои худшиносии инсон бунёд гузоштааст ва башарро ба сӯи хайр хондааст. Дар таълимоти Монӣ "Нур холиқи хайр ва зулмот офаридгори шарр" аст. Дар фалсафаи Ҳинди қадим хусусан буддоия ҳашт аркони  асосӣ, пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек, муҷодалаи  нек, нигоҳи нек, таамули нек, касбу кори нек, нек мавҷуд аст.
Мафҳуми асосии таълимоти Конфутси (файлсуф ва мутафаккири Чини қадим)-ро  "жен" (инсонгароӣ) ташкил медиҳад, ки муносибати  одамонро дар ҷамъият  муайян карда, ҳурмату инсонро таъкид месозад ва даъвати асосии он ба хайрхоҳӣ аст.  
Дар афкори фалсафии файласуфони  Юнони бостон ин масъала васеъ инъикос ёфтааст. Масалан намояндаи  мактаби софистии Юнон Протагор(с.490-410 п.м.) гуфтааст: "Инсон ченаки тамоми ашёст". Суқрот андарзи машҳури "Худро бишнос" ба миён гузошт. ӯ шинохти некӣ ва хайрро асоси саъодатмандшавии инсон донистааст.

Арасту (384-322 п.м) дараҷаи хушахлоқии инсонро на сарвату обрӯ, балки сифатҳои зебои нафсоният, ки аз фазилатҳои зерин: мардӣ, саховат, хайр, ҳиммат, азамат, дустӣ манша мегиранд ҳисобида аст. Ба андешаи ӯ саъодати  инсон доштани ахлоқи накукорӣ ва хайр аст. Арасту мегӯяд, ки накӯкорӣ андозаи рафтори инсониро дар  муҳимтарин риштаҳои зиндагӣ  нишон медиҳад: мардӣ нишонаи рафтори шоистаи инсон дар майдони муҳориба, саховат нишонаи муносибати инсон ба сарват, меҳрубонӣ маҳорати рафтори шахсӣ дар маҳфил ва ғайра.
Дар афкору андешаи фалсафии мутафаккирони асримиёнагии тоҷик фалсафа ва ҳикмати мафҳуми "хайр" мавзӯи меҳварӣ ва калидӣ аст. Бузургоне чун А. Фаробӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Насриддини Тусӣ, Муҳаммад Ғазолӣ, Фахридини Розӣ, Абӯҳанифа ва дигарон, ки  аз ҳудудҳои ҷомеашиносии ислом берун нарафтаанд, ҳикмати ин амал ва кори наҷибро барои низоми як ҷомеаи адолатпеша, инсонгаро, маърифатгаро хеле рушану фаҳмо маънидод кардаанд. Адабиёти форс-тоҷик, ки  бо тарғибу ташвиқи ғояҳои башардӯстӣ ва хирадпарварӣ дар  асоси хайру  дод машҳур аст, шоиру нависандае надорад, ки рӯи ин мавзӯъ сухан нагуфта бошад.  

Мо имкони шарҳу эзоҳи ақидаҳои эшонро дар ин навиштаи мухтасар надорем ва фақат ба гунаи мисол гуфтаҳои Шайхурраис Абӯали ибни Синоро аз асараш "Ишорот ва танбеҳот" меорем. Ибни Сино дар мавзӯи рағбати табиӣ ва фаъолияти инсон дар ҷомеа сухан мегӯяд ва дар бораи "хайр" гуфтугӯ мекунад. Ба ақидаи ӯ хайр (эҳсоси лаззатҳои ҳиссӣ,  ақлонӣ, рӯҳонӣ, фаъолияти амалии инсон) эҳсосест, ки барои рӯҳу равони амалии инсон шодмонӣ ва саодат мебахшад. Хайр барои як нафар метавонад ғизои лазиз бошад, барои қисмате эҳсоси бартарӣ бар дигарон (мисол: фазилат ва ҳукумат) барои гурӯҳи дигар расидан ба мартабаҳои орифона. Арзиши ҳақиқии "хайр"-ро холисона будани он, пок аз ғаразҳо буданаш муайян мекунад.
Хайр, хайрия як зуҳуроти нодирест, ки аз шарофату каромати инсон дарак медиҳад. Эҳсоси масъулияти имонӣ ва инсонии як фардест, ки ахлоқ, рафтор ва пиндораш бар пояи гуманизм (инсонгароӣ) устувор гаштааст. Барои ӯ тақдир, сарнавишт ва ҳастии шахс ва афроди ҷомеа арзиш дорад, хурсандӣ ва ғаму андӯҳи онҳоро шарик аст.

Инсоне шахсияташ аз унсурҳои неки фазилати одамӣ, фаросати волову ҳиммати баланд бунёд гардидааст.
Меҳвари андешаҳояшро некию накукорӣ кардан, дасти бечорае гирифтан, хайрхоҳӣ мардум будан ташкил додаст, одамияташ боло рафтааст. Хайру эҳсон, саховат на барояш воситаи худнамоию, риёкорӣ, шӯҳрату қудрат, балки василаи мувозинат (гармония)-и рӯзгору зиндагонӣ аст. Ибни Мискавайҳ ин масъаларо тафсири зебое карда гуфтааст, ки барои ҳар як тоифаи мардум лаззату саъодат вобаста ба таҳсили касбу шуғли дӯстдоштааш гуногун зоҳир мешавад. Масалан барои як майпараст лаззату саъодат истеъмоли доимии шароб, барои варзишгар тамрину машқи ҷисмонии бардавом, барои шаҳватпараст зино, барои олим таҳсили илм, барои саховатманд хайру эҳсон ва ғайра.
Аслан барои хайр маблағ зарур аст, чун сарчашма ҳамаи хайру саховат дорои маҳсуб аст. Лекин суоли матраҳ ин аст, ки як шахси нодору бечора бо вуҷуди дасткутаҳӣ дар замираш доимо орзуи хайру эҳсон карданро мепарварад, чи гуна метавонад, ин нияташро амалӣ созад.
Аввалан ӯ мувазаф нест ё масъулияте дар иҷроиши ин кор надорад, зеро пулу пайсае баҳри амалӣ кардани он надорад. Чунин ашхос аз назари шаръӣ ва ҳуқуқӣ низ барои иҷроиши ин кор масъулияте дар назди хеш ва ҷомеа надоранд. Валекин барои савоби дунявӣ ва охират мешаванд корҳои зиёди хайриявӣ, ки усулан характери  маънавӣ доранд ба сомон расонид аз қабули аёдати бемор, дарахт шинондан, иштирок дар ҳашарҳои ободонии маҳалла, кӯмаки маънавӣ  ба пиронсолон, барҷомондагон, ятимону сағирон, мусофирону дар роҳмондагон,  силаи раҳм бо хешовандону пайвандон, оштӣ додани ду шахси боҳам қаҳрӣ, дилбардорӣ ва тасаллияти шахси азодор, табассум бар рӯи мӯъмин ва ғайраву ҳоказо. Аслан хайр як амали наҷиби ахлоқӣ аст, ки аз кирдори рафтори бошарафонаи инсон ё гурӯҳе дарак медиҳад….

Имрӯз инсоният ва аз ҷумла ҷомиаи мо дарёфт, ки бузургтарин илм  ахлоқ аст, зеро агар  ҳама чиз дар дунё барои камоли инсон бошад, пас шарифтарин илм  ҳам илми ахлоқ аст, ки ҳадафи росташ инсон ва инсонгароӣ мебошад.    
Хайрхоҳӣ, хайрандешӣ, хайрпарварӣ яке аз нишонаҳои худшиносӣ ва ҷомеашиносии инсон аст. Натиҷаи болоравӣ ва камолоти маънавӣ ва ташаккули шахсияти ӯст. Ҳадду нуқтаи баланди хулқу атвори ҳасанаи фард аст, ки сифатҳои ғайриахлоқии ӯро аз қабили бахилӣ ҳирсӣ, беҳимматӣ, тангназарӣ, бешарафию бетарафӣ, худпарастӣ, бераҳмӣ, бешафқатию золимӣ, кибру ғурур ва ғайраро барҳам задаст, аз байн бурдааст, пахш кардааст. Хайр як зуҳуроти эҳсоси инсонгароии шахс аст. Хайр ба маънои васеъ назару амали холис, солиму беғараз нисбати сарнавишти миллату Ватан, башарияту ҷаҳони вуҷуд аст.
Хайру саховат агар дар ҷомеа ҷойгоҳи баланд намедошт, дар хусуси Ҳотами Той садҳо қиссаву ривоят гуфта намешуд. Дар шеъру адаби гузаштаву муосир ин қадар таърифу тавсиф намешуд. Аксари ин гуфтаҳо ва навиштаҳо дар бораи ҳиммати шахсони саховатманд воқеият доранд. Чунончи дар ин мисраъҳо омадааст:

Дар рухи марди сахӣ нури сафост,
З-он, ки дар ҷаннат қарини Мустафост.

Аз назари мо тарғибу ташвиқи маъракаҳои хайрия дар расонаҳои хабарӣ то ҷое  зарур ва муҳим аст, зеро он  шояд воситаи панди  дигарон гардад ва баъзе аз ашхоси доро ва сарватмандро ба таҳрик дарорад ва мӯҷиби ибраташон шавад. Ин мисраъҳои шоир низ баҳри ҳушдории эшон дар ин амали наҷиб аст:

Тавонгар зи дарвеш ғофил мабош,
Ки ӯро ҳақ бувад, бо ту андар маош,
Худо бар ту додаст, ту баҳри Худо
Бидеҳ  то нагардӣ дар охир гадо.

Дар мисраи охир мафҳуми гадо ба маънии маҳрумият аз марҳамати илоҳӣ ва бечорагии охират омадааст. Дар кишвари мо намудҳои гуногуни хайрияҳоро метавон баргузор кард. Ҳоло мӯд шудааст, ки бо ташкили маъракаи издивоҷ ё хатнасур ва рекломи чандин каратаи ӯ дар радиову телевизион хайроти дигар камтар анҷом дода мешаванд. Ман дар ин ҷо зидди он нестам, чунин кор ва амали савоб сурат нагирад, баръакс ҳамеша дуои неки худро аз даргоҳи Илоҳӣ барои чунин афроди саховатманд масъалат дорам. Валек намудҳои дигари хайру сахо аз қабили ёрмандӣ ба шахсони муҳтоҷу ниёзманд, камбизоату нодор, бемору дардманд, ятиму бекас, пиронсолу барҷомонда низ зарур ва муҳим аст. Мардуми сарбаланди мо одати дастҷамона ва якҷоя гузаронидани маъракаҳои гуногуни хайрияро доранд. Ин сирф яке аз унсурҳои фарҳанг, урфу одат, психология, ҷомиашиносӣ ва ҷаҳонбинии ташаккулёфтаи миллати соҳибтамаддун, тамаддунофар ва тамаддуновари мост. Намудҳои хайри моддӣ ва маънавӣ зиёданд, ки баршумории ҳамаи онҳо ва тавзеҳу шарҳашон  дар ҳаҷми  як мақола имкон надорад. Масалан кӯмаки пулӣ расонидан дар чопи як китоби шоир ё нависанда, олимону донишмандон ва аҳли эҷодкори миллат, дасти ёрӣ дароз кардан ба толибилмони камбизоат, бевазанҳои кӯдакдори мӯҳтоҷ, пирони бекасу барҷомонда, ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон, умуман дастгирии қишрҳои дар ҳақиқат ниёзманди ҷомеа, сохтмони боғчаву мактаб,  бунгоҳҳои тиббӣ, роҳҳо, кандани каналу корезҳо,   бунёди корхонаҳои   истеҳсолӣ, ки боиси ба ҷои кор таъмин кардани аҳолӣ мегардад, сохтани пулҳо, манзилҳои истиқоматӣ, ва ғайра амали хайру савоб дар рӯзгори муосири мост.

Муҳимтарин мавзӯи баҳси ин навишта он аст, ки чи тавр метавон дар ботини инсон эҳсоси хайрхоҳиро тарбия кард. Ин масъала ҳам шарҳу тафсири доманадор ва густардаро талаб менамояд. Мӯҳтавои  хулосаи моро иқтибос аз гуфтаҳои пири ҳакимони Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино ташкил медиҳад: "Фарзанди инсон, бара ва гурбача баъд аз таваллуд аз  ҳайси мӯҳтаво ва маъно баробаранд. Ҳам кӯдак, ҳам бара, ҳам гурбача яксон таваллуд мешаванд, бузург мешаванд, менӯшанд, мехӯранд, ҷуфт мешаванд, фарзанд ба дунё меоранд, мемиранд. Дар ин сифат ҳамаи онҳо баробаранд, ҳайвонанд(ҳайвон-яъне ҷондор, растанӣ ва ҳайвоне, ки қобилияти рушду нумӯъ дорад). Фарзанди одам фақат дар сурате аз олами ҳайвонӣ ҷудо шуда, бо сифатҳои инсонӣ рушду камол меёбад, ки парвариш ва тарбият гирад. Маданӣ шудани инсон, сатҳу дараҷаи ин маданият вобаста ба сатҳу дараҷаи он тарбият ва парваришест, ки  ӯ дидааст".

Агар назокату латофат ва асли гуфтаҳои  Ибни Синоро дуруст дарку фаҳм намоем, сухан рӯи арзиш ва ҳикмати тарбия дар рӯзгори инсон меравад, ки дар замиру ботини ӯ кадом майлу рағбатҳо ва ҳавасҳоро бедор месозад ва кадом хислату сифатҳоро парвариш менамояд. Тарбияи эҳсоси хайрхоҳиро дар инсон бояд аз синни хурдсолӣ шурӯъ намуд ва дар даврони балоғат ва камолот онро зина ба  зина такмил бояд дод. Барои ин аз оила то боғчаву мактаб, омӯзишгоҳҳову парваришгоҳҳо, макотиби олӣ, масҷиду мадрасаҳо, ташкилоту идораҳо, гурӯҳҳои меҳнатӣ, мардуми диёру маҳалла, шахсони дорои вазифаҳои масъул умуман ҳар фарди рушанзамире, ки ҳастӣ ва ҳуввияти миллату кишвар барояш азиз мӯътабар аст, масъул ва вазифадор аст. Ин кор масъулияти имонӣ, инсонӣ ва виҷдонии ҳар шахси соҳибандеша ва бохирад аст, аз падару модар, мураббиёну омузгорон, рӯҳониёни мӯътабару пиронсолон, олимону донишмандон ва дигару дигарон. Ба истилоҳи маданиятшиносӣ ва ҷомеашиносии замонавӣ низоми ҷомеа, адолату саодати ҷамъиятиро ҳамин гуна инсонҳое, ки ҳикмати маданиро гирифтаанд, тарбияти маданӣ гирифтаанд, дар замирашон хайру эҳсон манбаи эҳсоси саъодат гардидааст,  таъмин карда метавонанд.  Нуқтаи ҷолиб дар таълимоти "ҳикмати мадани"-ии яке аз файласуфони  забардасти тоҷик Насриддини Тусӣ он аст, ки ҷаҳони кавну макон(аҷроми табиӣ, аҷроми самовӣ, растанӣ, минерал, ҳайвон, одам)-ро дар робитаи гусастанашаванда, ба якдигар мӯҳтоҷ, сабаби камолоти ҳамаи навъҳои ҷаҳони зинда медонад. Айни ҳамин қонунмандӣ дар ҷаҳони одамӣ низ вуҷуд дорад. Инсонҳо бо қудратҳо ва имкониятҳои гуногун ба ҷаҳон меоянд. Оқилтару камақлтар, тавонову заифтар, тезҳушу кундзеҳн, раҳмдилу бераҳм, поктару ифлостар ва ғайра.

Ҷомеаи инсонҳо дар сурате бақо меёбад,  инкишоф меёбад, камол меёбад, ки тамоми рангорангӣ ва гуногунии инсонҳо ислоҳ шаванд, такмил шаванд,  бар асари робитаҳо(муоинат)-и маданӣ ба шакли эътидол оварда шавад. Ин илмро Аҳмади Дониш илми тамаддун ва таъовун номидааст.  Ҳайфо, ки фарҳангу тамаддуни пурарзиши инсоншиносиву ҷаҳоншиносии ин миллати кӯҳанбунёд, ки саршор аз тараннуми ғояҳои хайрхоҳӣ аст, мавриди омӯзиши  ҳаматарафа ва воқеӣ қарор нагирифтааст. Моро дар ин самт мушкилие нест, чун аз Одамушшуаро устод Абӯабдуллоҳи Рудакӣ то Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Мавлоно Абдуррахмони Ҷомӣ, Саъдии Шерозӣ… то ба шуъарои муосирамон ҳамагон ровиёни ин фазилати инсониянд. Ва  ё ки фақат осори гаронарзиши Саъдии Шерозӣ барои талқину ташвиқи шаборӯзии  мо дар ин ҷода кифоят дорад. Валек мушкил дар  низоми маърифати сар сарӣ ва нописандонаи мост. Имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ ва ғарбгароӣ хавфу хатари зиёд ба ахлоқи ҷавонони мо таҳдид дорад, ки яке аз он камарзиш ҳисобидан, нодида гирифтани арзишҳои фаҳангӣ ва суннатии миллати хеш аст. Барои мисол  аксари муйсафедони рӯзгордида ё хазинаи қиссаву ривоят, шеъру достон аз осори ниёгон маҳсуб меёбанд ва даҳҳо ва садҳо мисолу масал ва панду андарзро дар хусуси ҳикмати хайр медонанд ва ё ки ҳамеша  ҷавононро ба риояти одаму одамгарӣ дар асоси ғояҳои башардӯстӣ талқину ташвиқ мекунанд. Шояд таъсири гуфтаҳо ӯ дар ҳадде бошад, ки на аз дасти падару модар, на аз дасти мураббию устод бадар ояд. Ин "хотираи бузург" бояд ҳифз ва эҳтиром карда шавад ва мавриди истифода бошад. Ҳоло аксари маъракаҳои хайриявие, ки бо воситаи радио, хусусан телевизион реклама мегарданд, характери намоишкорӣ доранд ва аз обрӯхоҳӣ ва қудратхоҳии соҳибонашон дарак медиҳанд. Дигар масъалаи ташвишовари бо ном "хайриявӣ" аз номи дигарон, ба хусус ташкилотҳои хориҷӣ ба ҷо овардан ва анҷом додани он мебошад. Баъзе афрод дар ин маърака чунон чоплусӣ мекунанд, ғаши касро ба миён меорад. Худро ҳомӣ ва ҳодии саховатманд нишон доданӣ мешаванд ва соҳиби  хайр  меҳисобанд. Дар назари мардум ва ҷомеа худро  фарди хайрхоҳу инсондӯст муаррифӣ карданӣ мешаванд. Вале, дареғ ин ҳама намоишкорӣ на танҳо обрӯ ва иззати ин тоифаро мерезонад, балки муҷиби хиҷолат ва шармандагиашон дар дунё ва қиёмат аст.

Ахлоқ дар ҷахони имрӯза, аз ҷумла дар Тоҷикистон ба масъалаи умда ва доғи рӯз табдил ёфтааст. Бар асари зудсайри ҷаҳони асри ХХ ва ХХ1, суръати шадиди тарақкии техникӣ, хусусан техникаи навин, техникаи ақлсоз ва ҳассор, ба қолабҳои  маъмулу маъруфи чӣ ғарбӣ ва чӣ шарқӣ осебҳои сахт расонидаанд.
Тарбияи ахлоқӣ ба хусус хайрхоҳӣ, хайрандешӣ, хайргароӣ яке аз ҷараёнҳои арзишманди тарбияти аҷдодии мост. Мақсади ниҳоии ин навъи тарбият парвариши инсони ороста  бо беҳтарин сифатҳои маънавӣ мебошад. Дониши хуб, муоширати хуб, машраби шоистаи зиндагӣ, ки ҳадафи ниҳоии он омода кардани инсон барои ба навъи инсонӣ баҳраи комил гирифтан, аз зебоиҳои зиндагӣ ва дар навбати аввал зебоии манфиатрасонӣ ба халқ аст. Дар ёд дошта бошем, ки бузургони ҷаҳони андеша барои зебоии сухан нагуфтаанд, ки "асли одам барои одамон манфиат расонидан аст".
Солҳои пеш баргузори консерт ва маҳфилҳои дигари хайриявӣ бо иштироки ҳунармандони шуҳратёр ба ҳукми анъана даромада буд, ки ҳоло тақрибан вуҷуд надоранд. Ба гуфти Соиби Табрезӣ:

Ҳеч касе нест, ки дар фикри дили худ бошад,
Умри мардум ҳама дар фикри шикам мегузарад.

Ин корро бояд ҷоннок намуд, то дар зеҳну шуури ҷавонон ҳиссиёти хайрхоҳиро бедор созем. Навишти як асар ё китоби хуби назмию насрӣ, тарғиби барномаҳои мазмуноки ахлоқӣ бо воситаи садову симо, таҳияи филмҳои аҳамияти умумимиллӣ ва умумибашарӣ дошта, намоишҳои театрии ҷолибу судманд дар роҳи ташаккули сохтмони афроди миллат, ки аслан бар дӯши ашхоси эҷодкор аст, заминаи асосии парвариши сифатҳои хайрхоҳӣ, хайршиносӣ ва хайрҷӯии қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад.   
Мардуми соҳибхайрро дар фарҳанги классики мо соҳибназарон (улулабсор) ва ё соҳибхирадон(улулалбоб)  низ мегӯянд, ки аслан  ибораҳои Қуръониянд. Ҳикмати офариниши як соҳибхирад, соҳибназар он аст, ки ӯ барои равшан кардани роҳи қавму миллаташ офарида мешавад.
Азбаски бунёди ҷаҳон бар хайр аст, маърифат яке аз хайрҳои зеботарин аст.  Маърифат танҳо роҳест, ки инсонро ба лаззатҳои маьнавӣ мебарад. Маърифатгароӣ, тарғиби маърифат дар тамоми таърихи миллати мо ҳамеша рӯи кор, муҳим ва фаъол будааст ва ҳаст. Маърифати воқеии арзишҳои ҳастии ҳуввияти инсон сарчашмаи ҳама хайрхоҳии фард аст.

Мирзоҳусайни Бадалипур, устоди факултаи фалсафаи ДМТ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!