Бахшҳо
28 июл 2012 06:29Гузориш

Нахуствазири ҷадиди Миср.Технократ ва чеҳраи ноошно

Муҳамад Мурсӣ, президенти Миср чанд рӯз қабл Ҳишом Қандилро ба унвони нахуствазири ҷадиди кишвар эълом кард.

Ба навиштаи хабаргузории Форс Ҳишом хатмкардаи риштаи муҳандисии обёрӣ ва заҳкашӣ аст ва ба ғайр аз вазири манобеи обӣ, дар давлат пас аз инқилоби Миср, мақоми қобили таваҷҷӯҳе надошта аст.
Маврид ба тазаккур аст, ки Ҳишом Қандилро дар ибтидо ва пеш аз ҳар чиз бояд ба унвони вазири манобеи обии Миср муаррифӣ кард, ки дар давлат пас аз инқилоби 25 январи Миср ва ба таври мушаххас аз 12 июли 2011  то чанд рӯзи пеш машғул ба кор буд.
Ҳишом Қандил пеш аз интихобот ба мақоми нахуствазири Миср ва пас аз хатми таҳсил дар соли 1984, дар риштаи обёрӣ ва заҳкашӣ низ дар ин вазоратхона машғул ба фаъолият буд.

Қандил дипломи коршиносии худ дар риштаи муҳандисиро дар соли 1984 аз Миср гирифт ва санади коршиносии аршади худро дар соли 1988 дар риштаи обёрӣ ва заҳкашӣ аз донишгоҳи Ютои иёлати Каролинои ҷанубии Амрико ва ҳамчунин шаҳодатномаи доктории худ дар ҳамин риштаро дар соли 1993 аз донишгоҳи Нурси ҳамин иёлат дарёфт кард. Пас аз он Қандил ба маркази таҳқиқоти миллии оби Миср узв шуд, то соли 2002  ба дараҷаи устодӣ дар ин маркази таҳқиқотӣ даст ёбад ва дар соли 1995 низ муваффақ шуд, нишони дараҷаи дуи миллиро ба даст оварад.
Тайи солҳои 1999 то соли 2005 ба унвони мудири дафтари манобеи обӣ ва заҳкашӣ дар доираи оби Нил машғул ба кор буд ва дар нишастҳои кишварҳои ҳавзаи руди Нил ба унвони намояндаи Миср мушорикат дошт.

Вай ҳамчунин дар таъсиси маҷлиси Африқойии об мушорикат дошт ва дар бисёре аз нишастҳо ва гирдиҳамоиҳои кишварҳои Африқоӣ дар бораи манобеи обӣ ва рушд ва тавсиаи ин манобеъ дар кишварҳои мухталифи Африқо, ҳузур дошт.
Қандил мақомҳои зиёдеро низ дар тӯли ин муддат ишғол кард, ки аз ҷумлаи онҳо узвият дар банки тавсиаи Африқо буд ва тарҳҳои обии бисёреро дар бисёре аз кишварҳои африқоӣ, монанди  Эфиопия, Судон, Тонзониё, Замбиё, Мозамбик ва Моловӣ ба иҷро гузошта аст.
Қандилро бояд аз ҷумлаи техкнократҳои Миср хонд, ки гуфта шуда на қабл аз инқилоб ва на баъд аз он ба ҳеч ҷарёни сиёсӣ ҳамроҳ набуда ва дар он узвият надошта аст.

Манбаъ: Хабаргузории Форс

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)