Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:42

Девонаев: Проблемаҳо буданд, ҳастанд ва мемонанд…

2 август 2012, 04:50

Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз интиқоли муҳоҷирони ноболиғ ба Федератсияи Русия изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки аксари шаҳрвандони кишвар фарзандонашонро дар айёми мактабхонӣ ба муҳоҷират мефиристанд ва дар натиҷа ба мушкилиҳои зиёде мувоҷеҳ мегарданд.

Ба қавли номбурда, давоми 6 моҳи ахир 29 ҳазор ноболиғ аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд. Ин дар ҳоле, ки соли гузашта ин рақам 50 ҳазорро ташкил медод: "Ҳастанд нафароне, ки фарзандони мактабхони худро ба муҳоҷират мефиристанд. Онҳо фарзандони худро ба Русия мефиристанд, аммо фикр намекунанд, ки он соҳиби ягон касб ҳаст ё не, ягон забонро медонад ё не…".

Сафиалло Девонаев мегӯяд, феълан рақобат дар бозори меҳнат пуршиддат гардидааст ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳоҳиш мекунад, то волидайн фарзандонро пеш аз фиристодан ба муҳоҷирати меҳнатӣ касбу кор ва забон омӯзонанд, ки норасоии чунин омилҳо яке аз сабабҳои асосии ба мушкилот гирифтор шудани муҳоҷирон гардидааст. Ба қавли намояндагони Хадамоти муҳоҷират яке аз мушкилоти дигари муҳоҷирони тоҷик- ин сари вақт напардохтани музди меҳнати онҳо аз ҷониби корфармо, соҳибокорон ва миёнаравҳо буда, вобаста ба ин масъала арзу шикоятҳо низ миёни муҳоҷирон вуҷуд дорад. Дар нимсолаи аввали ҳамин сол ба намояндагии Хадамоти муҳоҷират  дар Русия беш аз 1 ҳазор муроҷиат бо арзу шикоятҳо ворид гардидааст, ки аз ин 843- адад тариқи шифоҳӣ ва 292-то дар шакли хаттӣ ирсол гардидааст. Масъулини хадамоти мазкур иброз медоранд, ки чунин арзу шикоятҳо ва муроҷиатҳо дар хусуси бедарак гум шудани шаҳрвандони тоҷик, интиқоли ҷасади муҳоҷирон ба Ватан, оиди иҷозатномаи корӣ гирифтани муҳоҷирон, гирифтани шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан, оид ба барқарор намудани ҳуҷҷатҳои гумшуда ва дигар масъалаҳои будубоши шаҳрвандони кишвар мебошанд: " Сабаби асосии напардохтани музди меҳнати муҳоҷир аз ҷониби корфармо ин аст, ки худи муҳоҷирон  ҳуқуқҳои худро намедонанд". Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, барои ҳалли ин гуна мушкилиҳо аз як ҷиҳат огоҳии бештари муҳоҷирон, сатҳи забондонӣ ва касбияти онҳо, аз тарафи дигар ҳамкории муассири  Хадамоти муҳоҷират бо ниҳодҳои марбут, аз ҷумла дар хусуси танзими сафари ноболиғон ба муҳоҷират ва аз таълим дур намондани онҳо бо Вазорати маорифи кишвар ва дар ҳалии дигар проблемаҳои мавҷуд бо диаспораҳои тоҷик дар Русия лозим аст.

Шарифа Усмонова, сардори Раёсати робита бо ҳамватанони бурунмарзии Хадамоти муҳоҷират дар як мизи гирд иброз намуд, ки дар Русия 79 диаспора фаъолият мекунад, вале аз онҳо танҳо 30 тояш бо Хадамоти муҳоҷират робита доранд, ки ин ҳам мушкилӣ эҷод мекунад. Вале Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷират дар нишасти матбуотияш ин гуфтаҳоро инкор намуда, қайд кард, ки дар Русия 80 диаспораи тоҷик буда, хадамот бо ҳамаи онҳо ҳамкорӣ дорад: "Не, 80 то аст бо ҳамамааш ҳамкорӣ дорем, ман ҳам дар Русия 4 сол кор кардаам. Ман ҳам 4 сол дар Русия муҳоҷир будам, проблемаҳо  ҳаст, буд ва мемонанд, ҳамаи онҳоро (диаспораҳоро) мешиносам…". Номбурда таъкид намуд, проблемаҳо зиёданд ва онҳо низ кор карда истодаанд: "Масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ин танҳо масъалаи Хадамоти муҳоҷират нест инро дар якҷоягӣ ҳал хоҳем кард. Барои мо мутахассиси бештар лозим, афсус, ки дар мо мутахассис кам аст". Вақте гуфтаҳои ин ду масъули баландпояи Хадамоти муҳоҷират дар робита бо ҳамкориҳояшон бо диаспораҳои тоҷик мутобиқат намекунаду яке бар акси гуфтаҳои дигар мегӯяд, ин масъала каме шубҳанок менамояд.

Иззат Амон, раҳбари Созмони иттиҳоди ҷавонони точик дар Русия ба "Озодагон" гуфт, мутаассифона дар ҳоли ҳозир хамкории  Хадамоти муҳоҷиратро ҷамоатҳои тоҷики муқими Русия, ё ҳамон диаспораҳо  наметавонанд мусбат арзёбӣ кунанд: "Дуруст аст, ки баъзе ҳамкориҳо вуҷуд доранд, вале дар сатҳи хеле поин. Имкони баланд бардоштани сатҳи ин хамкориҳо зиёд аст. Барои ин танҳо хоҳиши сиёсӣ лозим. Хадамоти муҳоҷират низ  ниҳоде мебошад, ки соле қабл  таъсис ёфт. Шояд  аз имконоти зиёд бархурдор набошад. Созмони иттиҳоди ҷавонони точик дар Русия, ки  бештар аз 7 ҳазор фаъол дорад, ҳеч ҳамкорие бо намояндагии хадамот  дар Русия надорад. Кӯшиши чандкаратаи мо барои ҳамкорӣ бенатиҷа анҷом ёфт".
Номбурда мегӯяд, гузашта аз ин фаъолияти намояндагии ин хадамот дар Русия назаррас набуда, бисёриҳо ҳатто намедонанд, ки чунин хадамот вуҷуд дорад: "Бубинед омори расмии Хадамоти муҳоҷирати Русия мегӯяд 500 000 нафар  муҳоҷири тоҷик танҳо дар Маскав ва вилояти Маскав кору фаъолият мекунанд. Агар ин тавр аст, пас дар 6 моҳ ирсоли беш аз 1000 ариза ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия чӣ маънӣ дорад? Бисёриҳо, ки  ба хотири ҳалли мушкил ба ин ниҳод муроҷиат мекунанду кӯмак намеёбанд, дигарбора муроҷиат намекунанд. Худи хадамот аз назари қонун мушкилӣ дорад. Гумон мекунам ҳатто ниҳодҳои марбутаи Русия намояндагии ин ниҳоди Тоҷикистонро ба расмият намешиносанд". Ба андешаи раҳбари Созмони иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия барои ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ноболиғон Вазорати маориф, болотар аз ин ҳукумати Тоҷикистонро мебояд барномаҳои мушаххасеро дар даст дошта бошанд, ки мутаассифона имрӯз чунин барномаҳо ба назар намерасад.

Бархе аз коршиносон афзоиши раванди муҳоҷирони ноболиғро ба хориҷи кишвар нигаронкунанда унвон намуда, мегӯянд дар сурати пеши роҳи инро нагирифтан ин омил боз ҳам пайомадҳои нохубе хоҳад дошт. Масъалаи дигаре, ки Сафиалло Девонаев дар ин ҳамоиш дар посух ба пурсиши хабарнигорон равшанӣ андохт, ин аз вазифа сабукдуш намудани Бахтиёр Сатторӣ, корманди намояндагии Хадамоти мазкур дар Русия мебошад. Аз рӯи баъзе маълумотҳо Бахтиёр Сатториро ҳангоми бемор буданаш дар беморхона аз вазифа озод намудаанд. Сардори Хадамоти муҳоҷират ин хабарро тасдиқ намуда иброз дошт, ки Бахтиёр бисёр бачаи хуб, коргари хуб аст: "Вале, агар интизом набошад кор намешавад-ку, роҳбари намояндагии хадамот дар Русия фаъолияти як солаашро ҷамъбаст карда пешниҳод кардааст, ки дидем дар кор нест. Мегӯянд фарзанд азиз асту одобаш аз вай азизтар, хайр, дидем нашуд, гирифтем озодаш кардем. Мо ӯро бекор намемонем, ҳоло дар намояндагии "Тоҷикхориҷакор"  дар Русия фаъолият дорад".

Албатта бо кор таъмин шудани як ҳамватан дар хориҷ амри хубест, вале аз як сӯ ба қавле огоҳ шудани ҳама аз кашокаши дохили хонаи Хадамоти муҳоҷирату намояндагияш дар Русия ва аз сӯи дигар огоҳи надоштани аксарият аз фаъолият ва ҳатто мавҷудияти ин ташкилоту намояндагияш метавонад нишони заъфи низоми корӣ дар ин ниҳод арзёбӣ гардад.

Алишер Зарифӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!