Бахшҳо
02 авг 2012 05:02Гузориш

Амниятро дар Бадахшон чӣ гуна метавон барқарор кард?

Барои суботу оромӣ дар Бадахшон ҳама асосоҳо мавҷуданд. Ҳам мардуми сарбаланди Бадахшон ва ҳам фарзандони Бадахшон ҳастанд, ки дар тамоми шохаҳои ҳукумат кор мекунанд.

Алим ШЕРЗАМОНОВ, раиси ҲУСД дар ВМКБ

Сабабҳои ин воқеаҳо ниҳоят чуқуртар аз онанд, ки ба назар мерасанд. Аввалан ин ки эътимод байни минтақаҳои ҷудогона дар Тоҷикистон нест ва ин таърихи дуру дароз дорад. Агар гӯем, ки миллат дар Тоҷикистон ҳанӯз ташаккул наёфтааст хато намекунем. Давраи собиқ шӯравӣ роҳбарияти Ҳизби коммунист асосан намояндагони шимоли ҷумҳурӣ буданд ва чун он давлати тоталитарӣ буд, тамоми масоил аз марказ ҳал мешуд ва захираҳои аз марказ ҷудомешударо тақсим мекарданд. Албатта ин захоир нобаробар тақсим мешуданд ва ин ҳолат боиси норозигии дигар манотиқ мешуд. Дар охирҳои солҳои 80 ва аввали солҳои 90 дар тамоми қаламрави Иттиҳоди шӯрави азнавтақсимкунии ин захираҳо шурӯъ шуд. Дар вақти кӯтоҳ дар тамоми қисматҳои империя давлатҳои тозаистиқлол бо роҳҳои мухталиф ба ин раванд шомил шудан гирифтанд. Тоҷикистон ба коми ҷанги шахрвандӣ кашида шуд ва чун қисмати меросии ба мо расида ночиз буд, ин ҷанг дар Тоҷикистон фавқуллода бераҳмона буд. "Ғолибон"-и ҷанг тарафи муқобилро бераҳмона ба қатл мерасонданд ва дар муҳосираҳои тӯлонии иқтисодӣ қарор медоданд. Бадахшон низ ҳамчун як ҷониби тарафи даргир илова бар "мағлуб" шудан аз натиҷаҳои ин ҷанг хисороти ҷиддии моливу руҳӣ гирифт.

Бо ба даст омадани истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ умед ба адолат ва ивази қонунии ҳокимият-воситаи тақсимоти захираҳои бе ин ҳам маҳдуд пайдо шуд, вале воқеаҳои минбаъда нишон доданд, ки ин орзӯҳо ҷомаи амал напӯшиданд ва қисмати калони ҷомеа на фақат ба ин захираҳо даст наёфтанд, балки аз ҳаёти сиёсии давлат низ дар канор монданд. Дар ин миён интихоботҳои ҳамаи сатҳҳо бо тақаллуб гузаронида мешаванд ва ин ризоияти миллиро халалдор месозад. Яке аз сабабҳои нооромиҳои охир дар Бадахшон низ маҳз масъалаи ҳокимият  аст. Режими ҳозира дар арафаи интихоботи президентии дар пешистода ба мақсади кафолати бештари дар сари қудрат мондани худ роҳи зӯровариро пеш гирифта барои саркӯб кардани ҳамаи манбаъҳои муқовимат кӯшиш карда истодааст. Воқеаҳои Кӯлоб, Тавилдара, Рашт ва Бадахшон маҳз ба ин рабт дорад ва агар дар Бадахшон "амалиёти махсус" муваффақ меанҷомид, рейтинги сиёсии ҳукумат меафзуд. Барои минбаъд такрор нашудани чунин воқеаҳо бояд пеш аз ҳама волоияти қонун ва пеш аз ҳама баробарӣ дар назди қонун таъмин карда шавад. Қадами аввал дар ин роҳ ин гузаронидани интихоботҳои шаффоф ва одилонаи ҳамаи сатҳҳои ҳокимияти давлатӣ, агар лозим шавад, интихоботҳои пеш аз мӯҳлат, таъмини таҷзияи воқеии ҳокимияти давлатӣ, ғайримуттамарказонии назарраси ҳокимияти иҷроия метавонанд амну суботи ҷумҳуриро таъмин кунад. Яке аз рукнҳои муҳими таъмини сулҳу субот ва пешравӣ дар соҳаи иқтисод ва иҷтимоъ дар Бадахшон ин риоя намудани ҳуқуқи конститутсионни он ҳамчун вилояти мухтор мебошад. Имрӯз кор ба дараҷае расидааст, ки ҳукумати Бадахшон пурра дастнигари мақомоти марказӣ гашта, ҳатто ҳуқуқи ҳал намудани масъалаҳои соддаро надорад. Ҳукумати марказӣ садди ворид шудани сармоя аз хориҷи кишвар ба Бадахшон мебошад, ки ин фактро ҳатто собик раиси вилоят ошкоро эътироф намуд. Муфлисшавӣ мардуми Помирро маҷбур сохтааст, ки қисмати зиёди аҳолии қобили меҳнат ба Русия "фирор" намоянд. Бояд ҳассосияти фарҳангиву мазҳабии мардуми Помир ҳангоми ҳал намудани бисёр масъалаҳо ба назар гирифта шавад ва танҳо бо ин роҳ метавон сулҳу суботро дар Бадахшон мустаҳкам намуд ва мардум худро ҳамчун шаҳрвандони комилҳуқуқи Тоҷикистон ҳисоб хоҳад намуд.

Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, сиёсатшинос

Ягона роҳе, ки дар ҳоли ҳозир вуҷуд дорад, муколамаву гуфтугӯ миёни ҳамаи тарафҳои даргир бо назардошти манфиати ҷомеаи маҳаллӣ, пеш аз ҳама аҳолии шаҳри Хоруғ мебошад.  Пешниҳоди ҳукумат дар мавриди хотима додани низоъ оҳанги қатъӣ дорад ва аз ҷониби дигар бо шубҳа қабул карда мешавад. Маълум аст, ки роҳи ҷустуҷуи созиш бояд оғоз шавад ва танҳо бо ин роҳ ором кардани вазъ имкон дорад. Яъне, ҳар ду ҷонибҳо бояд ҳамдигарро бишнаванд ва ба як созише оянд, ки ба манфиати ҳар ду тараф бошад. Ман фикр мекунам, ки беҳтарин роҳи ҳалли масъала ин баргаштан ба ҳамон вазъияти пеш аз ҷанг аст, яъне он вақте, ки қушунҳои низомӣ дар вилоят набуданд ва танҳо мақомоти маҳаллӣ чӣ тавре буд, дар ҳамин шакл боқӣ монанд. Яъне намояндгони Вазорати дифоъ ва Кумитаи амният то андозае дар он ҷо бошанд, вале он қушунҳое, ки ҳозир дар вилоят ҳастанд бояд бароварда шаванд. Фикр мекунам, ки муайян кардани тарафҳои низоъ дар ҳоли ҳозир хеле душвор аст. Фақат баъд аз ду-се моҳи оромӣ, дар натиҷаи баррасиҳо ҳам аз тарафи давлат ва ҳам аз тарафи ҷомеаи маҳалливу коршиносон ба ягон хулоса омадан мумкин аст.

Фаридун МАҲМАДАЛИЕВ, сухангӯи Вазорати мудофиа

Ҳар ду ҷониб, ҷониби ҳукумат ва ҷонибе, ки имрӯз ғайриқонунӣ мусаллаҳанд, ба созиш расанд ва он талаботе, ки ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки бояд яроқу аслиҳа супорида шавад, дастгирӣ карда шавад, фикр мекунам вазъият мисли пештара ором мешавад. Зеро ҳозир як гурӯҳе, ки ғайриқонунӣ мусаллаҳ аст, хоҳу нохоҳ ба амнияту субот дар ҷомеа хавфу хатар дорад. Барои ҳамин суботи минтақа пеш аз ҳама супоридани яроқу аслиҳа, созиш кардан ва умуман ба ҳаёти осоишта баргаштани ҳамон ашхос аст.

Ҳуринисо ҒАФФОРОВА, раҳбари созмони "Оштии миллӣ"

Масоили  Бадахшон пеш аз ин ки чунин даргириҳо ба амал наомада буд, бояд дар доираи қонун бо қочоқбарон ҳал карда мешуд. Ҳол он ки авзои кишварро нооромӣ фаро гирифтааст, алакай хуни аҳолии осоишта рехтааст, бояд аз таҷрибаи МУКОЛАМАИ МИЛЛӣ бо иштироки тамоми шахсиятҳои арзандаи кишвар, ҳизбҳои сиёсӣ, ҷомеъаи шаҳрвандӣ, намояндагон ва уламои дин аз ҳама равияҳои Ислом бо сохторҳои давлатӣ ва қудратӣ сурат бигирад. Гарчанде, ки вазъияти Бадахшон гӯиё ба эътидол омадааст, аммо рахнаи нобоварӣ ва эътимодсозӣ миёни давлат ва шаҳрвандони кишвар зери суол аст. Бо адолатона захираҳои кадрӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бояд барои шарқи Тоҷикистон, хусусан Рашту Бадахшон ба робар тақсим карда шавад. Ҳукумат ба як эътлофи нави сулҳофаринӣ ниёз дорад.

Маҳмадулло АСАДУЛЛОЕВ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ

Корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷарён дорад ва чанд ғайраткор ҳам ба супоридани силоҳҳои худ шурӯъ кардаанд. Бинобарин вазъият дар он ҷо мӯътадил аст. Ҳамон гурӯҳҳо алакай супоридани яроқошона оғоз карданду чанд рӯз мешавад, ки силоҳҳои худро таслим мекунанд. Дар кул вазъият ором аст ва бозору дигар маконҳо ҳама кор мекунанду ҳеч камбудие нест ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум ҷарён дорад.    

Сайидиброҳими НАЗАР, раиси шӯъбаи таблиғотии ҲНИТ

Боиси афсӯс аст, ки вазъи Бадахшонро ба ин ҳолат овардем. Дар Бадахшон чанд мушкил ҷой дорад. Аввалаш ин ки куштори генерал Абдуло Назаровро маҳкум карданд, ки албатта кушандагони он ҷинояткоранд ва бо роҳи тафтишоту роҳҳои маъмулӣ онҳо бояд дастгир ва ба муҷозот кашида мешуданд. Ин дигар ҷои баҳс надорад ва мо баҳс намекунем, ки генерал Абдуло Назаров чи кора буд. Ин ки чаро кушта шуд, баҳси ҷудост, вале ба ҳар ҳол омилони қатли ӯ бояд муҳокима шаванд. Дар ин ҷо бурдани артиш ҳам аслан зарурат надошт. Намедонам, ки ба чи сабаб артишро ба он ҷо буданду ҷанг шуд. Шуруъ шудани ҷанг барои он нафароне, ки дар ин ҷиноят даст доштанд, имкониятро васеътар мекунад ва онҳо дар ин гиру дор пинҳон мешаванду сару садо роҳ меандозанд ва ҳар коре мекунанд. Ба назари ман ин оташбасе, ки эълон шудааст, мебояд бар равон бошад ва дар ин оташбас як гурӯҳҳои мардумӣ муташакил аз мардуми Бадахшон ва мардуми ин тараф бошад то дар зимни ин оташбас ҳам он тарафро ором кунад ва ҳам оҳиста - оҳиста артишро аз он ҷо берун кунад. Масалан будани қувваҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва амниятиҳо барои дастгирии ҷинояткорон мушкили ҳамаҷоҳост. Вале қабл аз ҳама ҳукумат бояд ба мардуми Бадахшон итминон диҳад он нерӯҳое, ки мемонанд, ба онҳо кор надошта бошанд. Бояд итминони мардуми Бадахшонро ба даст оваранд то онҳо барои дастгирии ҷинояткорон кумак кунанд. Аз ин рӯ давом ёфтани оташбас ва ташкили як гурӯҳи мардумӣ ба ҳар шакле, ки набошад, инчунин ба тадриҷ берӯн кардани қувваҳои зиёдатӣ аз он ҷо ва ёфтани ҷинояткорон вазъро беҳбуд мебахшад. Ман куштори раиси ҲНИТ Сабзалӣ Маҳмадризоев дар минтақаи Бадахшонро ҷинояти сангин меҳисобам. Вақте ӯ дар митинг иштирок кард, суҳбаташ оромона буду низомӣ ҳам набуд, аммо бо вуҷуди ин ӯро дастгир карда ба таври ваҳшиёна куштанд. Имрӯз аз тамоми нерӯҳои қудратии ҳукумат дархост дорем, ки он ҷинояткорон ёфта шаванд ва ҳукумат барои ин кор бояд тамоми қудраташро сафарбар кунад то тамғаи ҷинояткорӣ на ба артиш балки ба ҳамон ҷинояткорон дода шавад. Ҳамон тавре мо мегӯем, ки мардуми Бадахшон ҷиноякор нестанд ва чанд ҷиноякоранд, ки генерал Назаровро куштаанд, мо наметавонем онҳоро гуноҳкор кунем. Онҳо мардуми хубе ҳастанд. Мо намехоҳем гӯем, ки артишу амнияти дохилии мо ҷинояткор аст, вале мехоҳем кушандагони Сабзалӣ пайдо шаванд то онҳоро шиносем. Ин корро ҳукумат бояд анҷом диҳад, зеро барои обрӯву ояндаи артиши мо хеле муҳим аст. Ман аз ҳама бештар эҷоди боварӣ ва эътимодро ҳам барои оромии Бадахшон ва ҳам барои ояндаи кишвар муҳим медонам. Агар чунин кунем, ба як ҷое мерасем. Вале дар ҳолати акс баъди чанд вақт кор аз даст меравад ва нерӯҳои дигаре дахолат мекунанду кор ба ҷое мерасад, ки дигар ҳеч коре карда наметавонем ва бозӣ аз дасти ҳукумату мардум мебарояд. Пас сари вақт аст то ин оташбас бо ташкили як гурӯҳи бо обрӯву бо салоҳият идома ёбад, на ин ки чанд то балегӯро ҷамъ кунанд ва мансабдорон шарт нестанд. Нафароне лозиманд, ки ҳам дар Бадахшон ва ҳам дар ин ҷо обрӯ доранд. Онҳо бояд тавонанд фазои эътимодро эҷод ва артишро берун кунанд ва нерӯҳое, ки барои дастгирии ҷинояткорон лозиманд, бигзор бошанд. Силоҳ бар замин гузоштан кори хубест, аммо вақте фазо пур аз беэътимодист, касе силоҳашро ба замин намегузорад. Фазое бояд эҷод гардад то мардуме, ки гуноҳе накардаанд, вақте силоҳашонро ба замин мегузоранд, ба онҳо коре нагиранд. Вақте фард медонад, ки силоҳашро бигзорад, кушта мешавад, абадо ин корро намекунад. Авф ҳам бояд тавре бошад, ки тараф ба он эътимод кунад.

Исмоил ТАЛБАКОВ, вакили Парлумон

Барои суботу оромӣ дар Бадахшон ҳама асосоҳо мавҷуданд. Ҳам мардуми сарбаланди Бадахшон ва ҳам фарзандони Бадахшон ҳастанд, ки дар тамоми шохаҳои ҳукумат кор мекунанд. Барои ба ин ҳадаф расидан бояд ҳамаи амалиётҳоро дар доираи ҳуқуқӣ гузаронид ва онҳое, ки ҷиноят содир кардаанд, ба тариқи қонунӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ва бо истифодаи гуфтушунид байни мақомотҳои дахлдор, ки ба ин кор дахолати бевосита доранд, метавон ин масъаларо ҳал кард. Барои гузаронидани гуфтушунидҳо асоси воқеӣ ҳаст ва дар асоси гуфтушуниди ду тарафаи тарафҳое, ки дар ин воқеа даст доранд ва низ гузаронидани корҳои омӯзишӣ ин масъала ҳал хоҳад гашт. Ҷиноятҳо бояд дар доираи қонун ҳал карда шаванд ва набояд ба паҳн гардидани ҳар гуна овозаҳо дар байни мардум роҳ дод. Дар оғози ин руйдодҳо ҲКТ изҳорнома паҳн намуд ва аз ҳамаи ташкилоҳо хост то дар доираи ҳамин изҳорнома амал намоянд.  
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)