Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:38

Шариф Раҳимзода: 35 фоизи аҳолии Тоҷикистонро синфи миёна ташкил медиҳад?!

2 август 2012, 06:49

Синфи миёна дар Тоҷикистон 35 фоиз аст, ки 19 фоизи он ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯянд, сатҳи камбизоатӣ бошад, пештар 82% буду ҳоло ба 42% баробар аст. Ин нуктаро Шариф Раҳимзода вазири рушди иқтисод ва савдо дар як нишасти хабарӣ баён намуд. Аммо то куҷо ин омор бо воқеият рост меояд?

Корхона аз кор меафтад, ММД рушд мекунад?!

Дар нишасти хабарие, ки дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор шуд,   Шариф Раҳимзода вазири рушди иқтисод ва савдо аз сатҳи рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ ибрози нигаронӣ намуду гуфт, ки сатҳи рушди иқтисоди ҷаҳонӣ нисбат ба порсол кам аст. Чунончи дар Чин, ки аз кишварҳои такондиҳандаи рушди иқтисодист, сатҳи рушд 9,2% буд ва имсол 8,2% пешбинӣ шуда дар ин 6 моҳ ҳам дар квартали якум 7,6% ва дар квартали дуввум 7,8% буд. Ҳар қадар сатҳи рушд кам шавад, талабот ҳам кам мегардад ва чи қадаре, ки талабот кам гардад, ҳамон қадар истеҳсолотро хоҳанд ё нахоҳанд кам мекунанд. Ҳар рӯз рейтинги бонкҳои Аврупо дорад поён меравад, мушкил агар дар Юнон буд, имрӯз дар Испания низ ҳаст ва алакай соири мамолики Аврупо ҳам ба мушкил бархурд кардани худро баён мекунанд. Барои кишварҳои ҷаҳон пастрафти пешорӯ хеле сангин хоҳад шуд, чун солҳои қабл дар вақти бархурдан ба бӯҳрон ҳукуматҳо барои дастгирии иқтисодиёт маблағи муаян доштанд, аммо имрӯз он маблағҳоро истифода бурданд. Ба қавли Шариф Раҳимзода агар имрӯз Тоҷикистон ба самти пастравӣ равад, дигар ҳукуматҳо ҳам ташкилоту корхонаҳоро дастгирӣ карда наметавонанд. Бинобарин ҳангоми муаян намудани самтҳои рушди иқтисодиёт бояд ҳамаи инро ба инобат гирифт: "кӯшиш мекунем, то дар муносибатҳоямон бо кишварҳои хориҷӣ асосан ба ворид кардани сармоя ва дигар кумакҳое, ки ба рушд равона шудаанд, такя намоем. Зеро мехоҳем, ки маблағгузориҳо дар истеҳсолот, омӯзиш ва таёр кардани кормандон ва дар он самтҳоие шавад, ки ба мо имконият медиҳад то худ пурра ба низоме ворид шавем, ки дар такяи комил ба имкониятҳо, қобилиятҳо ва идроку дониши худ тавонем худамонро таъмин намоем. Ба наздикӣ Русия ҳам узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии тиҷорат мешавад ва дигар ба мо нархи сузишвориро бо нархи феълӣ, ки арзон ҳам нест, дода наметавонад, пас набояд аз онҳо вобаста буд ва роҳҳҳои алтернативии дигареро пайдо намудан зарур аст".

Дар 6 моҳи аввали соли 2012 ҳиссаи яке аз қисмҳои ММД яъне истеҳсоли молҳо аз  хидматрасониҳову андозҳо зиёдтар баромадааст. Пештар агар ҳисссаи хидматрасонӣ 51,1% буд, имсол 49,4 шудааст ва ҳиссаи истеҳсоли молҳо зиёд гаштааст. Вале новобаста аз рушди ММД, дар давоми нимсолаи якуми соли 2012 зиёда аз 15 фоизи корхонаҳои ҷумҳурӣ пурра аз фаъолият бозмонданд, ки ин боиси ба маблағи 700 млн. сомонӣ кам истеҳсол гардидани маҳсулоти саноатӣ дар ҳамин давра гаштааст. Аммо чаро ин корхонаҳо аз фаъолият боз монданд?

Ба гуфтаи Шариф Раҳимзода инҳо корхонаҳоеанд, ки аз даврони советӣ бозмондаанду технологияҳояшон кӯҳна шудааст ва ба хотири хароҷоти зиёди нақлиётӣ шарикони иқтисодии онҳо дар кишварҳои дигар аз ҷумла Русияву Қазоқистон аз байн рафтанд. Ин корхонаҳо то тавони охиронашон кор карданду кӯҳна шуданд, вале ҳамчун корхона дар руйхат ҳастанд. Монанди ҳамин корхонаи химиявии Ёвон пусида шудаву рехтааст ва борҳо тоҷирони хориҷӣ аз он боздид карданду гуфтанд, ки беҳтар аст то ин корхона дубора дар як макони дигар сохта шавад. Зеро ба кор даровардани он ҳазинаҳои зиёдеро талаб менамояд. Дар ин самт таҳлилҳо ҷарён доранд ва корхонаҳое, ки оянда надоранд, ҳудудашон ба дигарон дода хоҳад шуд то корхонаҳои лозима ташкил гарданд. Чун корхонаҳои пештара хеле бузурганду гектари зиёдро мегиранд. Ва имрӯз ҳамон намуди маҳсулотро бо  технологияҳои нав дар якҷои хурд бо теъдоди ками коргарон истеҳсол кардан имкон дорад. Инак корхонаи "Азот" ҳам ба сабаби нарасидани газ аз кор мондааст. Чунин корхонаҳо ҳастанду бо сабабҳои гуногун кор намекунанд, дар якҷо корхонаҳои нав ҳам пайдо мешаванду чун истеҳсоли маҳсулаташон муфид нест, аз байн мераванд.                           

Ҳамчунин Шариф Раҳмизода манотиқи озоди иқтисодиро яке аз умедҳои асосӣ барои кишвар унвон карда мегӯяд, ки аз ин манотиқ умедвории зиёд дорад ва бояд барои рушди инфрасохтори онҳо маблағгузорӣ шавад, зеро гирди онро маҳкам кардан лозим ва низ обу барқ ҳам бояд гузаронида шавад. Шароиет фароҳам бояд кард то корхонае, ки меояд, тавонад фавран корро оғоз намояд. Вале инҳо нишон медиҳад, ки МОИ - Тоҷикистон ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод дар хусуси ҳолу аҳволи МОИ - и Тоҷикистон гуфт, "дар МОИ - и Суғд 18 субъект ба қайд гирифта шудаанду аз онҳо 8 тояшон ба истеҳсолот машғуланд ва дар ин минтақа дар ҳамкорӣ бо як ширкати туркӣ таи ин 6 моҳ дар ҳаҷми 200 млн. сомонӣ мол истеҳсол шудааст. Дар МОИ - Панҷ бошад, ҳануз инфрасохтори аввалия он инкишоф наёфтааст ва дар МОИ - Ишқошиму Данғара нақшаи генералӣ ҷарён дорад.                  

Ҳиссиёти миллӣ барои молҳое, ки аслан вуҷуд надоранд!

Шариф Раҳимзода дар хусуси болову поинравии қурби асъори миллӣ мегӯяд, ки   соли 2009 бӯҳрон шуду қурби миллӣ 27% суқут кард ва интизори болоравии нархҳо то 30 фоиз мерафт, аммо нархҳо ҳамагӣ 5% афзоиш ёфт. Имрӯз таи 6 моҳ қурби пули миллӣ усувор аст, вале нархҳо 2,5% коҳиш ёфтааст. Аз ҳама бадтар дар моҳи июн нархҳо дар бозор дар ҳоли болоравист, қурби пули миллӣ ҳам боло меравад, аммо доллар поин. Чунончи аввали моҳ 4,90 буд, аммо ҳоло 4,80 - 4,82 аст.
Буҷети Тоҷикистон иҷтимоисту 51 фоизи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ меравад, вале ин раванд то ба кай довом хоҳад кард? Шариф Раҳимзода мегӯяд, "ин маблағҳо то он вақт ба ин соҳаҳо меравад, ки масоили иҷтимоиро нисбатан ҳал намекунем, вале вақте дар мо фарҳанги андозсупорӣ пайдо шуду буҷет пурқувват гашт, дигар 51% неву 30% барои ҳалли масоили иҷтимоӣ кофист ва 70 фоизи буҷет метавонад ба рушди истеҳсолот ва ҷойҳои нави корӣ равона шавад".

Ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, авоил ҳама ба бозор часпида буданд ва ҳар касе, ки пул медошт, ба хариду фурӯш дар бозор машғул мешуд. Дар як самалёт 50 тоҷир мерафтанду ҳамагӣ 100 - 200 килоӣ бор меоварданд. Зеро он ҳангом даромаднокии бозор баланд буд. Вале ин даромаднокӣ оҳиста - оҳиста кам гардиду мардум ба истеҳсолот рӯ овард. Он тоҷироне, ки дар як самалёт 50 нафар мерафтанд, ҳоло дигар як тилифон мекунанду борро барояшон тавассути қатор  меоваранд ва ба истилоҳ "челочний бизинес" аз байн рафт. Ҳамин зиёдшавии истеҳсоли молҳо дар ММД нишонаи он аст, ки бозор дигар бозори пештра нест ва ба савдои интернетӣ гузаштааст: "кам - кам дигар ба он бозор ҳам намеравем ва дар хона чизҳои заруриро бо воситаи интернет супориш медиҳем. Дар интернет ҳар намуди маҳсулот бо нархашон мавҷуд аст, ба тавре, ки бо воситаи интернет ҳатто аз ресторан хурок супориш медиҳанд. Ин ҳам бозор аст, мунтаҳо бозори интернетӣ. Чизи аз ҳама муҳим барои мо ин аст, ки истеҳсолоти ватанӣ беш аз пеш зинда шаваду овардани баъзе маҳсулот мутаваққиф гардад. Агар хоҳиши дастгирии истеҳсолоти худӣ бошад, бояд мо як ҳиссиёти миллӣ дошта бошем ва аввал молҳое, ки дар дохил тавлид мешавад, онҳо харида шаванд на молҳои хориҷӣ. Чун бо ин роҳ истеҳсолкунандаи дохилӣ дастгирӣ меёбад. Баъзан ба хотири  ҳиссёти миллӣ ва ҳимояи манофеъи миллӣ аз ин ки чизи хориҷӣ ҳаҷму сифаташ баландтар аст, бояд даст кашид!

Синфи миёнаи Тоҷикистон киҳоянд?

Ба гуфтаи Шариф Раҳимзода вазири рушди иқтисод ва савдо, аз соли 2006 ба ин сӯ стратегияи кам кардани сатҳи камбизоатӣ дунбол мешавад ва низ соири стратегияҳои миллии рушд пайгирӣ мегардад. Мақсади имрӯза ҳам омӯзишу дастгирии синфи миёна мебошад. Чун бо дастгирии синфи поинӣ, ки аз сатҳи синфи миёна мувофиқан поинтар аст, кушиш мешавад то шароит муҳаё гашта онҳо ҳарчи зудтар ба боло бароянд. Дар давоми стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии аввала ва дуввумӣ ҳукумат муваффақ гашт сатҳи фақрро аз 81% ба 42% расонад ва дар доираи стратегияи нав ҳам мубориза барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ идома дорад, вале дар кул бояд шароитро барои аз ин вазъ баромадани мардум фароҳам намуд.
Инчунин сатҳи камбизоатӣ дар соли 2011 нисбат ба соли 1999 наздики 2 маротиба коҳиш ёфта, тадриҷан шумораи камбизоатон кам мегардад ва аз рӯи ҳисобҳо раванди мазкур дар солҳои минбаъда идома ёфта, соли 2012 қарор аст то ин нишондиҳанда наздики 39 фоизро ташкил диҳад.
Дар ҳамин маврид иқтисоддон Константин Бондаренко мӯътақид аст, ки усулу равишҳои муаян кардан ҳар 4 сол тағир меёбад ва сатҳи камбизоатӣ чунин ҳисоб мешавад, ки ҳар шахс дар як рӯз 1 ё 2 доллар даромад дорад, агар 2 долларӣ ҳисоб гардад, ба 42% мерасад, вале агар 2,5 долларӣ ҳисоб шавад, ба 45% баробар мегардад: "ҳисоб кардани ин аз усулу равишҳо вобаста аст. Дар кул 42% сатҳи камбизоатӣ дуруст аст, зеро сатҳи зиндагии шаҳрвандони тоҷик аз дидгоҳи аврупоӣ кам аст ва аз тарафи онҳо 60% мешавад. Чун стандарти зиндагии аврупо аз стандарти зиндагии Тоҷикистон фарқ мекунад".                              

Аммо профессор Муним Ҳасанов, ки дар ин бора таҳқиқоти фаровоне бурдааст, тамоман назари дигаре дорад. Номбурда мегӯяд:
"Дар ин ҷо нозукӣ ҷой дорад. Сатҳи камбизоатие, ки Бонки ҷаҳонӣ муаяйн кардааст, умуман 3 ҳудуд дорад. Ҳудуди поинӣ: 1,8 доллар барои аъзои як хоҷагӣ дар як шабонарӯз. Он шахсе камбизоати "мутлақ" ҳисоб мешавад, ки дар як шабонарӯз даромадаш аз 1,8 доллар камтар бошад. Ҳудуди дуввумӣ ин 2,5 доллар аст, ки ин хоҷагӣ "нисбатан" камбизоат ба ҳисоб меравад. Як аъзои хоҷагӣ агар дар як шабонарӯз аз 2,5 доллар камтар даромад дошта бошад, нисбатан камбизоат аст. Шохиси ниҳоӣ ин 4,3 доллар аст, ин табақаи камбизоат ҳисоб карда мешавад. Он 83 фоизи соли 2000 бо назардошти 1,8 доллар ҳисоб шудааст. Ин 42% сатҳи камбизоатӣ ҳа бо дар назар дошти 2,5 доллар дар як рӯз мебошад. Он нишондодҳои пештара, ки дар стратегияи якуму дввуму севвуми кам кардани сатҳи камбизоатӣ омадааст, бо назардошти 1,8 доллар буд".
Тибқи ҳисобҳои пешакии Бонки ҷаҳонӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар соли ҷорӣ табақаи миёнаи аҳолии ҷумҳурӣ 35 фоизро ташкил хоҳад дод, ки аз ҷумла 19 фоизи он ҷавобгӯи меъёрҳои сатҳи ҷаҳониянд.

Шариф Раҳимзода вазири рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, ки синфи миёна ба ду қисм тақсим мешавад, синфи миёнаи устувор яъне онҳое, ки худро боло кашидаанду бизнесашонро доранду ҳамакнун пеш мераванд ва қисми дуввум онҳоеанд, ки худро боло кашидаанд, аммо ҳануз ҳам устувор нестанду ҳар лаҳза имкони суқуташон вуҷуд дорад.
Дар ҳамин маврид Умед Давлатзод муовини вазири рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, ки таҳқиқот ҷиҳати муаян намудани қишри миёна идома дораду барои ҳамин ҳануз мушаххас нест, ки ба синфи миёна кадом гурӯҳи аҳолӣ дохил мешаванд: "бо такя ба сатҳи зиндагии аҳолӣ аз рӯи таҳлили Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2009 маълум шуд, ки ҳисоб кардани табақаи миёна дар ҳар давлат гуногун аст. Масалан дар Қазоқистон аз рӯи доштани як хонаи муҷаҳҳаз, мошини сатҳи "bussiness class" ва доштани як миқдор пасандоз дар суратҳисоб ин синфро муаян мекунанд. Усули баҳодиҳӣ меъёри ҷаҳониву маҳаллӣ дорад ва меъёри маҳаллии он аз сатҳи нархҳову анъанаҳои роиҷ дар ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад. Вале дар Тоҷикистон синфи миёна аз рӯи "талаботҳои ҷумҳурӣ" 35 фоизро ташкил мекунад, чун 40 дарсади аҳолӣ камбизоат буда 28 дарасади дигар табақаи осебпазир мебошанд ва метавонанд ҳар лаҳза дар домани фақр афтанд ва ё метавонанд табақаи миёнаи аҳолиро ташкил диҳанд ва 19 фоизи ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ онҳоеанд, ки дар баробари худкифо будан як миқдор пасандоз дар бонк доранду даромадашон тамоми хароҷоти зарурияшонро мепӯшонад ва ҳамроҳи ин фирмаи шахсӣ ва як манбаи иловагии даромадро доро мебошанд, ки ҳар моҳ барои онҳо як даромади муаянеро меоварад. Ин ҳисобҳо пешакиянд, вале фикр мекунем дар доираи стратегияи навбатӣ як таҳқиқоти фарохе барои баҳодиҳӣ дар ин хусус гузаронида хоҳад шуд".

Оё табақаи миёнаро метавон аз рӯи ҳаҷми даромади пулӣ ҳисоб кард? Умед Давлатзод мегӯяд, ки то имрӯз услубиёти миллӣ барои баҳодиҳӣ ба синфи миёна ошкор нагаштааст. Зеро ҷуз сатҳи даромад, худмуаянкунӣ ҳам ҳаст, ки оё инсон худро ҳамчун табақаи миёнаи аҳолӣ мешиносад ё на ва тафаккураш ҷавобгӯи ин табақа ҳаст ё на. Шахсе сатҳи даромадаш зиёд буда вале тафаккураш қашшоқ мебошаду худро қашшоқ меҳисобад. Ба ҳамин хотир инак мушахассан наметавон ҷавоб дод шахсе, ки то як сатҳи муаяни даромадро дорост, ба ин гурӯҳ дохил мешавад. Ин ҳануз муқаррар нест ва шояд то анҷоми стратегияи миёнамӯҳлат ин масъала ошкор ва пешниҳод мегардад.

Ҳоло, ки омори синфи миёна дар Тоҷикистон тахминист, ин 35 ва ба вижа он 19 фоизе, ки ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯянд, аз рӯи кадом меъёрҳои ҷумҳурӣ, ки муовини вазири рушди иқтисод Умед Давлатзод гуфт, пайдо шудаанд?
Профессор Муним Ҳасанов мегӯяд меъёри ягонае, ки табақаи аҳолиро ба миёнаҳол тақсим кунад, вуҷуд надорад. Ҳатто ҳамин сабади истеъмолии ҳар минтақа дар дохили як кишвар ҳам фарқ мекунад. Бинобарин меъёру стандартҳои ягона барои баҳодиҳӣ вуҷуд надорад ва ин тақсимоте, ки аҳолиро ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд, ҳеч асоси илмие надорад!

Сиёвуш Қосимзода


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!