Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:12

Умед Давлатзод: "Инсоне ҳаст, ки дороияш ҷавобгӯи синфи миёна , аммо тафаккураш қашшоқ аст"

3 август 2012, 04:56

Аз рӯи ҳисоби пешакии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ соли 2012 синфи миёнаи аҳолӣ дар кишвар 35 фоизро ташкил хоҳад дод, ки 19 дар сади он ҷавобгӯи меъёри ҷаҳонӣ мебошад. Ин нуктаро муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод зимни як нишасти хабарӣ изҳор дошт.

Ба гуфтаи Умед Давлатзод 35 фоизро ташкил додани синфи миёна ҳисоби пешакӣ аст ва дар ин самт ҳанӯз ягон тадқиқоти фарох гузаронида нашудааст. Аммо ин ҳисоб бо такя ба таҳқиқ ва баҳодиҳии сатҳи зиндагии аҳолӣ, ки Бонки ҷаҳонӣ дар якҷоягӣ бо Оҷонси омор дар соли 2009 анҷом дода буд, сурат гирифтааст. ӯ мегӯяд, ки онҳо то имрӯз фақат кӯшиш кардаанд сафи камбизоатҳоро коҳиш диҳанд, вале ин як тарафи кор будааст.
-Мо намедонистем, он камбизоате, ки аз домани фақр раҳоӣ ёфт ба кадом гурӯҳ шомил мешавад. Ба ҳамин хотир дар стратегияи навбатӣ мо пеш аз ҳама коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва дастгирии табақаи миёнаи аҳолиро, ки ҳамчун табақаи миёнаи барои рушди босуботи иқтисоди кишвар ҳавасманд ва корофар аст, пешбинӣ кардем, афзуд ӯ.

28 %-и аҳолӣ табақаи осебпазиранд

Меъёри муайянкунандаи синфи миёнаи аҳолӣ дар ҳар кишвар ба таври гуногун ҳисоб карда мешавад ва то имрӯз коршиносон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ҷомеаи Тоҷикистон ба ду синфи ба ҳам хеле мутафовит ва аз ҳам хеле дур: синфи ниҳоят доро ва қашшоқ ҷудо шудааст ва ин шикофи табақотӣ боиси осебпазирии аҳолӣ ва то андозае бесуботӣ дар кишвар мегардад. Аммо имрӯз, ки аз рӯи ҳисоби пешакӣ табақаи миёна дар Тоҷикистон 35 дар садро ташкил додаст, саволе ба миён меояд, ки ин меъёр чӣ гуна муайян карда шудааст?

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бар ин назар аст, ки синфи миёнаро бо услуби ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ ҳисоб мекунанд. Яъне, вобаста ба он нархҳое, ки дар ҷумҳурӣ арзи вуҷуд дорад ва он анъаноту суннатҳое, ки дар кишвар роиҷ гардидааст. Вай дар шарҳи ин нукта гуфт:
-Аз рӯи ҳамин ҳисоб мо тахмин задем, ки табақаи миёнаи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ 35 % -ро ташкил хоҳад дод. Ба хотири он ки 40 дар сади аҳолии мо дар домани фақр аст, 28 дар сад табақаи осебпазиранд ва онҳо метавонанд ҳар лаҳза ба домани фақр афтанд ё баръакс метавонанд табақаи миёнаи аҳолиро ташкил диҳанд. Ва он 19 фоизе, ки аз миёни 35 фоизи синфи миёна ҷавобгӯи меъёри ҷаҳониянд, аз ҷумлаи он  табақаи миёнаи аҳолиянд, ки дар баробари худкифо будан, даромади онҳо хароҷотҳои зарурияшонро мепӯшонад ва боз як миқдор пасандоз дар суратҳисобҳои бонкӣ доранд ё худ ширкати хусусӣ ва ё манбаи даромаде доранд, ки ҳар моҳ барояшон даромади иловагӣ меорад. Ин ҳисоб-китобҳо пешакӣ аст ва мо фикр мекунем, ки дар доираи стратегияи навбатӣ як таҳқиқоти фарохе анҷом хоҳад шуд.

Меъёри синфи миёна: мансаб, даромад ё касб?

Аммо дар ҳамин ҳол ба андешаи коршиносон дар Тоҷикистон ҳанӯз меъёри миллии ҳисоби синфи миёна вуҷуд надорад ва ин боис шуда, ки то ҳанӯз омори мушаххасе дар ин маврид пешниҳод намешавад. Шоҳназар Шоисматуллоев, мудири шӯъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон бар ин назар аст, ки дар кишвар ҳанӯз фарқ миёни синфи миёна ва оливу нодор калон аст. Вай изҳор дошт, ки табақаҳои иҷтимоиро аз рӯи меъёрҳои гуногун ба гурӯҳҳо тақсим мекунанд. Аз рӯи даромади шахсӣ, аз рӯи мансаб, аз рӯи машғулият дар ягон соҳа, мавқеъ ва ғайра. Ба гуфтаи ӯ ҳанӯз солҳои 1980 фарқ миёни гурӯҳҳои аҳолӣ аз рӯи даромад  нисбатан камтар эҳсос мешуд. Фарқ миёни табақаҳои доро ва камбизоат аз 5 то 7 % -ро ташкил медод. Аммо дар солҳои ахир дар ҷомеаи Тоҷикистон ин тафовут ба ҳадди бештаре афзуда, фарқ миёни синфи то андозае доро ва то ҳадде нодори аҳолӣ то 20 маротиба зиёд шудааст.

Аз рӯи тадқиқотҳои сотсиологӣ, ки аз соли 1995 дар Тоҷикистон гузаронида мешавад, сохтори иҷтимоии кишвар ба бахши хусусӣ иваз шуд ва дар табақабандии аҳолӣ низ дигаргунӣ ба амал омад. Ба қавли Шоҳназар Шоисматуллоев инҳо пеш аз ҳама синфи олии иҷтимоӣ-элита, ки даромад ва сатҳи зиндагии онҳо аз дигар гурӯҳи мардум ба кулли фарқ мекунад ва синфи дигаррро шартан синфи миёна гуфтан мумкин аст, ки дар бахши соҳибкории хурду миёна фаъолият доранд, ба сифати менеҷери ширкатҳои ватаниву хориҷӣ кор мекунанд ва ё қисман мутахассисони касбии соҳаҳои гуногунро, ки бомуваффақият ба шароити нави иқтисодӣ мутобиқ шудаанд, ба ин гурӯҳ шомил кардан мумкин аст. Яъне инҳо нисбатан одамони аз ҷиҳати моддӣ таъмин мебошанд. Синфи сеюмро захираи зеҳнӣ ҳам меноманд, ки аз ҳама гурӯҳи зиёди аҳолиро дар бар мегирад ва дар ин қатор аз академикҳо сар карда, ҳамаи ихтисосмандони иҷтимоиро дар бар мегирад, ки онҳо то андозае дар маҳдудияти моддӣ қарор доранд. Ин гурӯҳ аз ҷамъи зиёиҳо, хизматнишондодагони илм, муаллимон, духтурон, техникҳо, муҳандисон сар карда, то теъдоди зиёди қисми аҳолии меҳнатиро ташкил медиҳанд. Сатҳи даромади ин гуӯҳи аҳолӣ тақрибан 2 маротиба аз синфи миёна пасттар аст. Гурӯҳи чорумро табақаи поёнӣ мегӯянд, ки он дар худ намояндаҳои бетахассусу бемаълумотро бо пасттарин нишондиҳандаи даромад дар бар мегирад. Гурӯҳи панҷумро синфи иҷтимоии фасодзада ном бурдан мумкин аст, ки он аз ҷинояткорон, одамони шикастарӯҳ ва ноумед, овораҳо, бехонаву дар ва майпарастон  иборат аст.

Ин дар ҳолест, ки дар Қазоқистон меъёри синфи миёна аллакай муайян шудааст ва ба гуфтаи Умед Давлатзод дар Қазоқистон мафҳуми "Набор джентельмена" ҳаст, ки номгӯи маҳсулоти ба табақаи миёнаи аҳолӣ хосро дар бар мегирад. Масалан, доштани як манзили истиқоматӣ бо тамоми шароит, доштани як автомобили бизнес-класс ва як миқдор пасандоз дар суратҳисобҳо меъёри синфи миёна дониста мешавад.
Ба андешаи сиёсатшинос Сӯҳроб Шарифов меъёри синфи миёнаро дар ҳар кишвар ҳар хел баҳо медиҳанд ва фарқи синфи миёнаи Русияву Амрикову Аврупо хеле ҷиддӣ аст. Масалан, дар Амрико моҳонаи синфи миёна аз 3 ҳазор то 100 ҳазор доллар муайян шудааст. Яъне синфи миёнаи олӣ, миёнаи миёна ва миёнаи паст вуҷуд дорад. Дар Русия ва Қазоқистон ба таври дигар ва дар Тоҷикистон махфӣ аст. Ба қавли ин коршинос барои он махфист, ки маоши муайяншуда ба ягон меъёрҳои байналмиллалӣ рост намеояд ва суоле пеш меояд, ки оё мо синфи миёна дорем? Лекин вай чунин мешуморад, ки аз дигар тараф ҷиддӣ назар афканем ва тақсимбандии табақаҳои аҳолиро таҳлил кунем, мебинем, ки синфи миёна ҳаст. Синфи миёнаи кӯҳна ва синфи миёнаи нав. Дар гузашта онҳое, ки ба истеҳсолот машғул буданд, ба синфи миёна дохил мешуданд. Имрӯз синфи миёна дигар шудааст. Синфи миёнаи нав пайдо шудааст, ки онҳо иборат аз менеҷерҳо, сиёсатшиносон, олимон, духтурон, муаллимон ва ғайра мебошанд.
Ҳоло суоли навбатӣ ин аст, ки оё дар ҳисоби пешакии Бонки ҷаҳонӣ ва Оҷонси омор муайян шудааст, ки синфи миёна дорои чӣ қадар маблағ бояд бошад ва ё моҳонаи ӯ чанд сомониро ташкил медиҳад?

Услуби миллии ҳисоби синфи миёна пайдо нашудааст

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод мегӯяд, ки ҳанӯз синфи миёнаро аз рӯи чӣ қадар даромад ё моҳона доштан муайян накардааанд ва ҳоло таҳқиқот идома дорад. Ба хотири он муайян нашудааст, ки ҳанӯз услуби миллии ҳисоби синфи миёнаро пайдо накардаанд. Аммо ба қавли ӯ ба ғайр аз сатҳи даромад боз як ҳисоби дигар ҳаст ва онро ба итилоҳ "худмуайянкунӣ" меноманд. Вай бо таъкид ба ин нукта илова кард:
-Ин мафҳум чунин маъно дорад, ки инсон худро ҳамчун табақаи миёнаи аҳолӣ мешиносад ё не? Тафаккури ӯ ҷавобгӯи ҳамин табақаи миёна ҳаст ё не? Шахсе ҳаст, ки даромади ӯ шояд зиёдтар бошад, лекин тафаккури ӯ қашшоқ аст ва ӯ худро қашшоқ ҳисоб мекунад. Ба ҳамин хотир ҳозир ҷавоб додани он ки шахс чӣ қадар маблағ дошта бошад шомили синфи миёна мешавад, мушаххас нест. Фикр мекунем, ки то анҷоми стратегияи навбатӣ ин хусусият низ мушаххас хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносон тафовути зиёд миёни синфи камбизоат ва дорои ҷомеаи Тоҷикистонро нигаронкунанда арзёбӣ мекунанд ва таъкид бар он доранд, ки барои субботу устуворӣ дар оянда бояд заминаи ташашккули синфи миёна дар кишвар фароҳам карда шавад. Ҳамчунин бо ишора ба афзоиши сатҳи таваррум, ки боло бурдани маош дар ин сурат дар зиндагии мардум ҳеч дигаргуние нахоҳад овард ва таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, ки ба коҳиши сармоягузорӣ сабаб мегардад, чунин хулоса кардан мумкин аст, ки чораандешиҳое ба монанди боло бурдани моҳонаву маош натиҷаи дилхоҳе нахоҳад дод. Ба ҳамин хотир ташаккул ёфтани синфи миёнаи устувор дар Тоҷикистон ғайриимкон аст, то замоне, ки саноат рушд накунад ва синфи миёнаи корие, ки даромади кофӣ дошта бошад, пайдо нашавад.

Исфандиёр Халилӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!