Бахшҳо
03 авг 2012 05:25Сиёсат

Бадахшон: Эътироз - вазъият = марг?

Ахиран, пас аз гузашти 4 рӯз аз куштори Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Бадахшон ва узви раёсати олии ин ҳизб раҳбарияти ҲНИТ дар Душанбе вокуниш нишон доданд. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ рӯзи 30-юми июли соли 2012 ҳангоми баргузории нишасти матбуотӣ аз масъулин даъват намуд, то ҷинояткоронро пайдо кунанд. Номбурда иллати ба зудӣ мавқеъгирӣ накардани ҳизбро дар робита ба қатли раҳбари бахши бадахшонии ҲНИТ ва адами иттилои саҳеҳе роҷеъ ба марги марҳум С. Мамадризоев арзёбӣ намуд.

Гуфта мешавад, Сабзалӣ Мамадризоев, таърихи 23-юми июл дар маркази шаҳри Хоруғ дар эътирози мардумӣ аз вазъи ногувори иқтисодии кишвар шадидан интиқод намуд. Дар баромади худ марҳум С. Мамадризоев бештар аз равнди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ва бе падар бузург шудани кӯдакон интиқод намуда, ба ҳукумат барои ба вуҷуд овардани чунин вазъият ташаккур ҳам гуфта буд.

"Мардум аз дохил ва хориҷи кишвар хушҳол ҳастанд, ки ин ҷо гирдиҳамоӣ мешавад. Дар ҳар кишвари демократӣ эътирози мардум як падидаи маъмулист, аммо на дар Тоҷикистон. Агар дар Тоҷикистон дар баробари ҳизби ҳоким ҳизби дигаре фаъол шавад, онро дарҳол душман эълон мекунанд. Ин бо иштибоҳи худи шумост, ки ба як ҳизб овоз додаед. Тамоми макотиб ва бемористонҳои Тоҷикистон дар ҳолати бад қарор доранд. Ин ҳам бо айби мост, ки ин гуна вакилони мардумиро интихоб кардем. Агар дар Русия падару модаре фарзанди худро шаппотӣ бизанад, давлат аз кӯдак ҳимоя мекунад. Аммо дар Тоҷикистон касеро парвои кӯдак нест, зеро волидайн ба Русия барои кор мераванд. Ин на танҳо мушкили Бадахшон, ин мушкили тамоми манотиқи Тоҷикистон аст. Кӣ фикри мардумро мекунад? Ташаккур бар ҳукумат, ки чунин шароитро бароямон фароҳам овардааст.Э ин хел ҳукумат боз дар куҷост?", суол мекунад марҳум С. Мамадризоев дар баромади эътирозии худ.

Сомонаи www.nahzat.tj  бо такя ба манбаъи худ дар Хоруғ менависад, ки рӯзе баъд аз ин суханронӣ Сабзали Мамадризоевро мақомоти интизомӣ боздошта, ба қароргоҳи мавсум ба "Қалъа" бурдаанд. Дар боздоштгоҳ С. Мамадризоев мавриди лату кӯб қарор гирифта, баъдан ба бадани ӯ як тирдон тир холи шудааст. Ҷасади раҳбари бахши вилоятии ҲНИТ дар Бадахшон баъд аз ду рӯз, 26-07-2012 аз миёни зуболаҳо (мусор) аз ҷониби пайвандонаш пайдо гардидааст.
Маврид ба зикр аст, Сабзалӣ Мамадризоев соли 1980 дар шаҳри Хоруғ таваллуд шуда, соли 2011 факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғро хатм кардааст. Мавсум аз соли 2011 раҳбарии шӯъбаи ҲНИТ дар ВМКБро бар ӯҳда дошта, ҳамзамон узви Раёсати олии ин ҳизб будааст.
Ҷаноби Кабирӣ дар идома гуфт, ки агар куштори як генерал барои ҷомеа сангин аст, қатли сиёсатмадор низ камтар аз он нест. Раҳбарияти ҲНИТ кушта шудани Сабзалӣ Мамадризоевро шадидан маҳкум карда, бовар дорад, ки мақомоти давлатии Тоҷикистон ба ҷинояти мазкур ҷиддӣ муносибат хоҳанд кард.

Нагузорем, ки қазияи дохилӣ ба минтақаӣ табдил ёбад

Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи кунунии Бадахшон Мухиддин Кабирӣ пешниҳод дошт, ки оташбас бояд бе мӯҳлат эълон карда шавад. Ба бовари раҳбарияти ҲНИТ дар сурати идома ёфтани низоъ дар Бадахшон ба эҳтимоли зиёд нерӯҳои хориҷӣ низ метавонанд ҳамроҳ шаванд. Дар сурати ворид гардидани доираҳои берунӣ ба ин қазия он вазъият метавонад ба манфиати ҷаҳонии гурӯҳҳои хориҷӣ ҳали худро пайдо кунад. Ҷаноби Кабирӣ бо нигаронӣ гуфт, ки ҳукуматро лозим аст, то ҳарчи зудтар ва бо роҳи мусолиҳаомез қазияро бартараф намояд.
ҲНИТ  аз давлати Тоҷикистон даъват намуд, то ҳарчи зудтар алоқа бо Бадахшонро барқарор намоянд. Маҳдуд будани алоқа ҳангоми баргузории амалиётро мақомот бо далелҳо метавонанд исбот намуд. Аммо, маҳдуд будани иртиботот дар сурати ба ҳолати қаблӣ баргаштани зиндагии мардуми Бадахшон метавонад ба таври манфӣ маънидод  гардад.

Маблағи 1 рӯзи ифтор барои бадахшониҳо

ҲНИТ хостори ҳарчи зудтар боз гардидани роҳҳои расонидани ёрӣ ба мардуми Бадахшон шуд. Дар робита Муҳиддин Кабирӣ, аз ҷонибдорон ва аъзои ҳизбаш даъват кард, ки дар чунин вазъият аз бародарон ва хоҳарони бадахшонӣ фаромӯш накарда, то ҳадди имкон ба мардуми азиятдидаи Бадахшон ёрӣ расонанд. Раҳбари ҲНИТ аз аъзоёни ҳизбаш даъват кард, ки ҳадди ақал маблағи 1 рӯзаи ифтори худро барои мардуми Бадахшон ҷамъоварӣ намоянд.

Хабарнигорон набояд ба иштибоҳи соли 1992 роҳ бидиҳанд

Раҳбари ҲНИТ зимни суханронӣ аз нақши хабарнигорон дар инъикоси ҳаводиси Бадахшон низ ёдовар шуд. Вай изҳори умед кард, ки хабарнигорон аз пахши хабарҳои тасдиқ нашуда ва дар пояи овоза ба даст омада худдорӣ кунанд. Дар идома ҷаноби Кабирӣ аз воқеаҳои солҳои 1992 мисол овард. Дар нишаст аз расонаҳо даъват шуд, ки эҳсоси масъулият карда, аз баррасӣ ва мунташири якҷонибаи хабарҳо худдорӣ кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки ин дуввумин вокуниши ҲНИТ дар робита ба қазияи Бадахшон аст. Баёнияи нахустини ҲНИТ рӯзи шоми 24-уми июл, баъди пахши изҳороти ҲУСДТ мунташир гардид.

Эътирози ҷомеаи байналмилалӣ аз вазъи Хоруғ

Ҳамзамон дар баробари аҳзоби сиёсии Тоҷикистон як қатор созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷ низ аз амалиёти низомӣ дар Хоруғ изҳори нигаронӣ карданд. ИМА, Иттиҳодияи Аврупо, Чин, Русия, СММ, САҲА ва Дидбонгоҳи ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) ҳали қонунии қазияи мазкурро аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд. Стив Свердлов, муҳақиқи вазъи Осиёи Марказии Дидбонгоҳи ҳуқуқи башар изҳори умед кардааст, ки аз ин ба баъд ҳарду ҷониби даргир аз осеби мардуми осоишта худдорӣ хоҳанд кард. Николай Бордюҷа, дабири кулли СПАД гуфтааст, ки ин созмони ҳарбӣ ба вазъи Тоҷикистн дахолат нахоҳад кард. Ба бовари номбурда нерӯҳои низомии Тоҷикистон худ тавони бартараф кардани қазияи Бадахшони Кӯҳиро доранд. Бояд гуфт, ки ин мавқеъгирии ҷаноби Бордюҷа дар ҷавоб ба пешниҳоди Александр Лукашенко буд. Раиси ҷумҳури Белорус аз дабири кулли СПАД даъват намуд, то ба ин созмон ба ҳаводиси дохилии Тоҷикистон аксуламал нишон бидиҳад. Ҳамзамон сомонаи Би-Би-Си бо такя ба Шоҳвалиуллоҳ Адиб, волии Бадахшони Афғонистон менависад, ки дар ҷумҳурии ҳамсоя мақомот як фармондеҳи маҳаллиро бо ҷурми даст доштан ба ноамниҳои Бадахшони Тоҷикистон боздошт ва ба Кобул интиқол медиҳанд.

Эътирози занони Хоруғ

Тибқи иттилои охирин беш аз 100 зан дар маҳаллаи "УПД"-и шаҳри Хоруғ ҷамъ омада аз нерӯҳои давлатӣ хостаанд, ки аз маҳали зисташон берун раванд. Ба бовари занони ҷамъшуда вуҷуди низомиён дар Хоруғ ба зиндагии осоиштаи онҳо монеа эҷод мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки субҳи рӯзи 31-уми июл Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшон низ дар мулоқоти фаъолони шаҳри Хоруғ бо ҳузури вазири дифоъи Тоҷикистон аз нерӯҳои гурӯҳи таъиноти махсус изҳори нигаронӣ карда буд. Дар мулоқоти мазкур Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон эълон дошт, ки қарор аст раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сафаре ба Бадахшон  анҷом бидиҳад. Аммо тавре маълум гардид, ин сафар танҳо охирҳои моҳи август, ҳангоми ҷашни 80 солагии маркази вилояти Бадахшон сурат хоҳад гирифт, на замони қаблтар аз он…

Ҳумайрои Бахтиёр
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)