Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:44

Довуд-уғлӯ дар бӯҳрони Сурия ба дунболи чист?

9 август 2012, 05:54

Ҷурсол Токин, муовини раиси ҳизби ҷумҳурихоҳи Миллат    пешбинӣ кардааст, ки Довуд-уғлӯ аз мансабаш барканор хоҳад шуд, зеро Туркияро вориди моҷарои Сурия кард...

Як нависандаи араб навишт: вазири хориҷаи Туркия, ки нахуствазирро низ маҷбур ба мудохила дар бӯҳрони Сурия карда бо муваффақият дар тарҳи барандозӣ ба дунболи соҳиб шудани мансаби нахуствазирии Туркия аст.
Ба гузориши "Форс", Ҳуснӣ Маҳлӣ, таҳлилгари сайти "Алинтиқод" дар мақолае ба гиреҳ хӯрдани сарнавишти сиёсии Аҳмад Довуд-уғлӯ-вазири хориҷаи Туркия ба бӯҳрони Сурия ишора карда ва менависад: ба назар мерасад, ки суқути ҳукумати Сурия, роҳро барои нахуствазирии Довуд-уғлӯ боз мекунад, аммо моҷаро назарияпардози сиёсати хориҷии Туркияро ба вижа пас аз интишори ахборе мабнӣ бар эҳтимоли барканории вай аз саҳна хориҷ хоҳад сохт.
Ин таҳлилгар дар идома менависад: Ҷурсол Токин-муовини раиси ҳизби ҷумҳурихоҳи Миллат, ки аз аҳзоби мухолифи давлати ҳокими Туркия аст, пешбинӣ карда, ки Довуд-уғлӯ аз мансабаш барканор хоҳад шуд, зеро Туркияро вориди моҷарои Сурия карда ва Ардуғон талош мекунад ӯро канор бизанад.

Довуд-уғлӯ тарроҳи сиёсати Туркия дар баробари Либӣ ва Сурия аст

Довуд-уғлӯ муддатест аз сӯи аҳзоби мухолиф ва бисёре аз таҳлилгарони расонаӣ, мавриди интиқоди шадид қарор гирифта, зеро ба назари онҳо вай бо ҳамроҳ кардани нахуствазир бо худ, сиёсати Туркия дар баробари Сурияро тарроҳӣ карда ва масъулияти шикасти шармандавори сиёсати Туркия дар мавриди Сурия ва кули минтақа ба ӯҳдаи ӯст. Бисёре аз мунтақидон ба мавзеи Туркия дар баробари Либӣ истинод мекунанд ва мегӯянд: нахуствазир дар ибтидо мухолифи сарсахти дахолати НАТО ва Ғарб буд ва изҳор дошт, ки Туркия башиддат дар баробари ин амр меистад, аммо як ҳафта баъд аз мавзеи худ ақибнишинӣ кард ва иллат ҳам тамоси телефонии Ҳилари Клинтон бо Довуд-уғлӯ буд, ки тавонист ба гунае вазири хориҷаи Туркияро бо ваъдаи манфиати бузург барои Туркия ва ҳизби Адолату тавсиа, бо мавзеи Вашингтон ҳамроҳ созад.

Дурӯғи бузурги Қатар ва Арабистон дар мавриди авзои Сурия

Пас аз ин тамос, Анқара ба суръат урдугоҳҳои паноҳандагони Сурия ва аносири артиши Сурияро, ки ҳанӯз ҳатто як нафар аз онҳо ҳам ба Туркия нагурехта буданд доир кард. Муҳимтарин иқдоми ногаҳонии Туркия дар ҳамон оғози бӯҳрон, ин буд, ки ба опозисияи Сурия иҷоза дод нахустин конфронси худро дар шаҳри Анталия баргузор кунад. Ҳангоме, ки Қатару Арабистон ҳам мустақиман даргири бӯҳрони Сурия шуданд, дахолати Туркия дар умури ин кишвар ҳам оғоз шуд ва мушаххас шуд, ки қатариҳо ва саудиҳо аз ҳамон ибтидо дар мавриди ҷузъиёти авзои дохилии Сурия ва муҳосиботи марбут ба суқути ҳукумати ин кишвар, ба Довуд-уғлӯ дурӯғ гуфтаанд.

Пулҳои Қатару Арабистон, Туркияро вориди бозии Сурия кард

Довуд-уғлӯ муштоқона ин дурӯғҳоро пазируфт ва таҳти таъсири дурӯғҳои мухолифони сурӣ ҳозир дар Туркия, дар ҳамаи суханони худ эълом кард, ки Башор Асад ҳади аксар зарфи се моҳ суқут мекунад, бе он ки мутаваҷҷеҳи ин ҳақиқат бошад, ки бисёре аз мухолифон бо кишварҳои ғарбӣ дар иртиботанд ва бо ҳадафи даргир кардани Туркия дар моҷаро, аз сӯи ғарб мавриди истифода қарор гирифтаанд. Арабистону Қатар дар заминаи вуруди Туркия ба бӯҳрони Сурия, нақши муҳиме бозӣ карданд ва чароғи сабзи Амрико, ки моил буд Туркияро ба хотири доштани марзҳои тулонӣ бо Сурия дар хатти муқаддами ҷанг алайҳи ин кишвар қарор диҳад, кумакҳои азими молии худро дар ихтиёри Туркия қарор доданд. Илова бар ин Туркия барои эъзоми ҷангҷӯ ва аслиҳа ба Сурия, мавқеияти бисёр беҳтаре нисбат ба кишварҳои арабии ҳаммарз бо Сурия дорад зеро Туркия кишваре ғайри арабӣ ва дорои равобити стратегӣ бо Сурия аст ва акнун душмани шумораи як ва сарсахти ҳукумати алавии Сурия аст, ғофил аз ин ки ҳамакнун 20млн алавӣ дар Туркия зиндагӣ мекунанд.

Раиси порлумони Туркия: дар бӯҳрони Сурия ба доми кишварҳои дигар афтодем

Ин таҳаввулот кофӣ буд то Туркияро ҳар чи бештар вориди ҳамаи ҷанбаҳои амниятиву сиёсӣ ва ҳатто мазҳабӣ-қавмии Сурия кунад то ҷойе, ки паёмадҳои бӯҳрони курдҳои Сурия ором-ором домани Туркияро ҳам гирифт. Ҷамил Шишок-раиси порлумони Туркия дар ин маврид мегӯяд:"Дигарон моро бод карданд ва он гоҳ дар мавзӯи Сурия, танҳо гузоштанд." Ин бадон маъно нест, ки Довуд-уғлӯ ба суханони раиси порлумон қонеъ шуда бошад, балки алорағми ақибнишинии ғарб, мавзӯи хасмонаи худ алайҳи Сурияро идома дод. Дар ҳамин ҳол Қатар ва Арабистон низ пас аз ошкор шудани дурӯғҳояшон барои масъулони турк, аз Туркия фосила гирифтанд ва тамосҳои андаки амири Қатар бо Ардуғон ва ахиран малик Абдулло, нишонаи ҳамин амр аст. Бо ин ҳама Довуд-уғлӯ аз мавзеи худ дар баробари Сурия ақиб нанишастааст, зеро мӯътақид аст дар роҳи ҳақ ва дуруст қарор дорад ва ба ҳамин далел ба интиқодоти дохилӣ алайҳи худ аҳамият намедиҳад, ин дар ҳоле аст, ки тамомии интиқодоти матраҳшуда нишон медиҳад, ки умуми муҳосиботи тактикӣ ва роҳбурдии Довуд-уғлӯ дар мавзӯи Сурия аз ҳамон оғоз иштибоҳ будааст.

Иттилооти Туркия, Қатар ва Арабистон дар бораи авзои Сурия сатҳӣ аст

Туркия ва кишварҳои арабӣ, аз доштани коршиносони хибра дар масоили Сурия маҳруманд ва ба ҳамин сабаб ҳама таҳлилҳои онҳо дар мавриди воқеиятҳои Сурия сатҳӣ буда ва аз чаҳорчуби ахбору мақолоти расонаҳои ғарбӣ ё гузоришҳои иттилоотии Амрико ва Исроил фаротар намеравад. Ин иттилоот бо ҳаҷме анбӯҳ дар ихтиёри расонаҳои Туркия қарор мегирад ва бештари иттиллоти онҳо дар бораи Сурия, баргирифта аз таблиғоти шабакаи "Алҷазира", "Аларабия" ва сойтҳои вобаста ба опозисиюни Сурия аст.

Агар Ардуғон ба иштибоғи Уғлӯ пай барад, уро барканор мекунад

Муҳимтарин суол дар ҳоли ҳозир дар арсаи сиёсат ва расонаҳои Туркия ин аст, ки Ардуғон то чи вақт бори гарони сиёсати вазири хориҷаашро, ки ҳазинаҳои сангини амниятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, равонӣ ва стратегӣ дар бар дошта, ба дӯш хоҳад кашид? Бархе иттилоот ҳикоятгар аз тасаллути Довуд-уғлӯ бар наздикони Ардуғон аст ва онҳо наметавонанд ҳақиқати авзои Сурияро ошкоро ба нахуствазир мунтақил кунанд, ки агар чунин кунанд Довуд-уғлӯ ва корномаи академики ӯ , ки барои муҳосиботи сиёсии оянда нигаронааш мавриди сӯистифодаи вай қарор гирифта, тавассути Ардуғон аз саҳна ҳазф хоҳанд шуд.

Уғлӯ ба дунболи мансаби нахуствазирӣ аст

Бархе эҳтимол медиҳанд, ки агар Ардуғон дар тобистони соли 2014 раиси Ҷумҳур шавад Довуд-уғлӯ нахуствазири ҷадиди Туркия хоҳад шуд, аммо ба шарти ин ки бо таҳаммули ҳазинаҳои вайронии ҳама минтақа, шоистагии сиёсии худро аз тариқи барандозии ҳукумати Сурия ба исбот бирасонад. Дуруст аст, ки мувафаққияти Уғлӯ дар ин амр бастагӣ ба вайронии густурда ва ҳазинаҳои сангин барои Туркия, Сурия ва минтақа аст аммо танҳо чизе, ки барои вай аҳамият дорад ин аст, ки амрикоиҳо ӯро Кесенҷери Ховари Миёна мунтаҳо бо кулоҳи қирмизи усмонӣ ва ситораҳои обӣ, ном ниҳодаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!