Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:35

IRS қиммати нархномаҳои роҳро боз ҳам боло мебарад

29 июн 2011, 10:54

Ширкати   IRS  нархномаи тарофаҳояшро боз ҳам боло мебарад.

Тавре  ба хабаргузории «Озодагон» менеҷери минтақавии ширкати Иноватив Роунд Соулнешнз ё худ  IRS дар вилояти   Мирзоалӣ Мансуров иттилоъ дод, аз километри 128 то ба 169-и шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе, ки дар ихтиёри  ин ширкат 41 километри он аст ва аз минтақаи Майхура то деҳаи Кумари ноҳияи Айнӣ  дар маҷмӯъ 112 км-ро дар бар мегирад, нархномаи тарофаҳо сар аз аввали моҳи июл дар нуқтаҳои ҷамоварикунандаи маблағ дар ноҳияи Шаҳристон ва ҳам минтақаи Майхура боло хоҳанд рафт.
То ин замон чунин масофаи роҳ дар тавозуни  вазорати нақлиёт қарор дошт, аммо аз ин ба баъд масъулияти тармиму таъмири ин ҷода ба ширкати IRS вогузор карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, нархномаи нав  барои нуқтаи ҷамъоварикунандаи маблағ барои ширкат дар ноҳияи Шаҳристон, чунин пешбинӣ карда шудааст:
Категорияи якум 14 сомониву 80 дирам-  аз аввали моҳи июл  23 сомонӣ,
Категорияи дуюм 44 сомонӣ - аз аввали моҳи июл 69 сомонӣ,
Категорияи сеюм 111 сомонӣ - аз аввали моҳи июл  172 сомониву 50 дирам.  
Категорияи чорум, ки то ин муддат 139 сомониро дар назар дошт -  сар аз аввали моҳи июл 216 сомониву 20 дирам муқаррар карда хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!