Бахшҳо
10 авг 2012 03:22Сиёсат

Бадахшон нигини Тоҷикистон аст, на минтақаи бархӯрди қудратҳо

Корвони қатори кӯмаки башардустона рӯзи 2 август ба тарафи Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон раҳсипор шуд. Беш аз 82 мошини боркаши тамғаи "Камаз" барои собиқадорони меҳнат ва иштирокчиёни ҶБВ ва оилаҳои камбизоат аз Душанбе маводи ғизоӣ бурд. Эъломи оташбас ва боз чунин як хабари хуш мардуми кишварро, ки аз нооромиҳои тайи ҳафтаи ахир дар шарқи ҷумҳурӣӣ сахт нигарон буданд, каме осуда кард ва ба қавле шӯълаи умеди оромиро баргардонд. Худо кунад, ки оромӣ ва сулҳу салоҳи бемӯҳлат бошад…

Бояд гуфт, ҳафтаи ахири моҳи июл (шурӯъ аз 21-07-2012) сархати кулли расонаҳои чопӣ ва электронии дунёро ҳаводиси маркази вилояти Бадахшон- шаҳри Хоруғ ба худ касб карда буд ва дар чандин  шаҳрҳои дунё мардум алайҳи ҷангу хунрезӣ дар ин минтақа ба майдонҳо рехта, шиорпартоӣ мекарданд. Ҷанг дар ҳама ҷо боиси нигаронии мардум ва харобии он кишвар аст, ки ҳеч ҷойи баҳс нест. Аммо суоли матраҳ он аст, ки аз чунин нооромиҳо кӣ бештар манфиат мебарад? Худи миллат, ҳукумат ё дигар кишварҳо?

Пӯшида нест, ки дар ҳама нооромиҳо сараввал ҳамон кишваре хисорот мебинад, ки даргирӣ дар дохили он аст. Нооромии Хоруғ ҳам хисороти зиёде ба иқтисодиёти бе ин ҳам фалаҷи кишвар ворид кард. Аллакай хисороти воридаро коршиносон аз 600 ҳазор то як миллион сомонӣ  ва аз он бештар арзёбӣ мекунанд. Илова бар ин кушта шудани миқдори номушаххаси инсонҳо, бозгӯйи он аст, ки ин ҳама бар зарари Тоҷикистон буд.
Нооромӣ ба манфиати ҳеч кишваре нест, вале ҳар кишвари султаҷӯ метавонад аз он ба нафъи худ истифода кунад. Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, ки ноором кардани вазъи Тоҷикистон ба нафъи ягон қудрате нест: "Қаблан ҳаминро бояд зикр кард, ки ҳама нооромиҳое, ки дар Бадахшон ё дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон сар мезанад ба манфиати ҳеч кишваре нест. Ҳеч касе нооромиро дар шароити феълӣ дар минтақа, ки имрӯз ба ҳам печида аст, намехоҳад. Ҳатто қудратҳои ҷаҳонӣ намехоҳанд, ки нооромие ба вуҷуд биёяд. Ин як паҳлӯи масъала аст, аммо корҳое ҳастанд дар дохили як кишвар ва ё минтақа, ки  раванди таҳаввулоти онҳо, ҳатман дар тасмимгириҳои қудратҳо ва ё доираҳои бузурги ҷаҳонӣ наметавонад бетаъсир монад. Маҳз ҳамин гуна таҳаввулоти хурд ё бузург таваҷҷӯҳро бештар мекунад ва ҳар як доираи бозигар мехоҳад аз ин манфиат касб кунад. Танҳо дар заминаи манфиат ин гуна таҳаввулотҳои ночиз густариш пайдо мекунанд ва метавонанд ҳатто ба як нооромии дароз бибаранд. Ин аст, ки мегӯям  ҳеч кас манфиате дар нооромӣ надорад, вале бо сар задани чунин қазияҳои хурд манфиатхоҳиҳо маҷбур месозанд, ки дар ин ҷо дахолат шавад, таъсир гузошта шавад ва ба манфиати худаш чизеро дарёфт кунад".

Қудратҳо ва қазияи Бадахшон

Бадахшони Кӯҳӣ бузургтарин вилояти Тоҷикистон (беш аз 56 фисади қаламрави кишвар) аст, ки бо се кишвари хориҷӣ- Чин, Афғонистон ва Қирғистон марзи муштарак дорад. Ва ба назари коршиносон дар ин шабу рӯз аз дидгоҳи иқтисодӣ нодортарин минтақаи кишвар низ ВМКБ  ба шумор меравад. Даромади асосии мардум имрӯз аз муҳоҷирати корӣ аст. Агарчӣ ин минтақа аз сарватҳои зеризаминӣ ғанӣ аст, вале то ба ҳол ин сарватҳо дар ҷигари кӯҳсору дили замин нуҳуфтаанд, ки диққати қудратҳоро ба худ ҷалб мекунад. Дар 35 километрии байни Тоҷикистон ва Афғонистон Покистон қарор дорад, ки ба назари коршиносон то ба доғтарин нуқтаи дунё - Вазиристон "як даст додан" аст.    
Имрӯз ҳам агарчӣ аз он Бадахшон қисмати андаке дар Тоҷикистон аст, аҳамияти стротегии худро гум накардааст. Зеро ин нуқтаест, ки дорои маъданҳои ғанӣ аз як тараф ва аз тарафи дигар се кишвари дорои силоҳи ҳаставӣ- Чин, Ҳиндустон, Покистон, ки имрӯз рӯ ба рушданд дар ин минтақа қарор доранд. Ҳамчунин ИМА бо ҷойгир шуданаш дар Афғонистон ва то ҳанӯз таҳти таъсири Русия  будани кишварҳо ОМ  баёнгари он аст, ки ин минтақа метавонад нақши асосиро дар бозиҳои минбаъдаи олам дошта бошад. Ва ҳар кадом бо баҳонае мехоҳад дар ин ҷо пойгоҳи худро барои зери фишор гузоштани ҳамсоякишварҳо дошта бошад.

Ҳанӯз 127 сол қабл аз ин Русия ин минтақаро ба даст овард ва то имрӯз умеди  бозгашту рафтан аз ин сарзаминро надорад. Соли 1885 қӯшунҳои Русияи подшоҳӣ Помири шарқиро тасарруф кард ва тибқи шартномаи байни Русия ва Англия 11 марти ҳамин сол бе ягон маслиҳати мардуми муқимии он ба ду ҳисса тақсим шуда, қисмати чапи соҳили он ба Афғонистон ва паҳлӯи соҳили руди Панҷ ба аморати Бухоро ҳамроҳ шуд, ки асосан таҳти контроли Русия буд.
Ин аст, ки нооромиҳои ахирро бархе аз таҳлилгарон ҳатто нақшаи русӣ номгузорӣ кардаанд, ки то ҳанӯз далели мӯътамаде ба даст наомадааст. Аммо баҳсҳо ва пешниҳодҳои доираҳои коршиносии Русия беш аз як сол аст, ки дар бораи бозгашти сарҳадбонони рус ба Тоҷикистон, масъалаест, ки бояд сиёсатшиносон  ва давлатмардони  тоҷик сари он андеша кунанд…

Чин ҳам бо гирифтани як миқдор хоки Бадахшони Тоҷикистон агарчӣ хомуширо ихтиёр кардаву аз ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли ин қазия пуштибонӣ кардааст, пештар қисмати бештаре аз ин сарзаминро талабгор буд. Шояд бо хароб шудани вазъ даъвои худро сар кунад. Пас нооромӣ ба ҳеч ваҷҳ ба манфиати миллати тоҷик ва ҳукумати Тоҷикистон нест: "Мо аз собиқ медонем, ки дар ҳамин нуқта - Бадахшон қудратҳои ҷаҳонӣ, бо ҳам дар асри гузашта бархӯрди шадид доштанд ва як гуна тақсимбандие шуд. Акунун ҳамин тақсимбандӣ дар қисмате то ба имрӯз ҳифз аст ва дар қисмате дигар дар ҷойи он  қудрати собиқ имрӯз қудрати дигар ворид шудааст. Пас, метавонем бигӯем, ки дар ҳамон фазо имрӯз ҳам бозиҳо вуҷуд доранд. Яке аз қудратҳо ки имрӯз ин минтақаро зери нуфузи худ дорад намехоҳад, ки он зери манфиати дигар қарор бигирад. Ана ҳамин чизҳо хатарнок ҳастанд",- мӯътақид аст ҷаноби Сайфуллозода.

Вазиристон, ҲИӯ ва "Ансоруллоҳ"

Чанде пеш  иттилое паҳн шуда буд, ки як гурӯҳ афроди мусаллаҳ дар атрофи мавзеъи Баҳораки Афғонистон қарор доранд, ки шояд аз ҷангиёни Мулло Амриддин ва ё ҲИУ бошанд. Машқҳои низомии "Ҳифз-2012" дар Бадахшон ҳам ба гуфтаи мақомоти расмӣ, маҳз ба хотири  ҷилавгирӣ аз вуруди ҳамин гурӯҳҳо баргузор шуда буданд.Тавре матбуоти Афғонистон менависад, ин гурӯҳҳо то ҳанӯз дар ҷойгоҳи худ қарор доранд. Ҷониби Қирғизистон низ дар хабаре иброз  дошта буд, ки онҳо мехоҳанд, тавассути Тоҷикистон ба Қирғизистон ва ӯзбакистон сар дароранд.   Коршиносонии масоили сиёсии Русия изҳор доштанд,  ки эҷоди бесуботӣ дар Бадахшони Тоҷикистон сабаби фароҳам кардани шароити муносиб ҷиҳати интиқоли гурӯҳҳои низомӣ аз Афғонистон ба водии Фарғона мебошад. Александр Князев, таҳлилгари  институти шарқшиносии академияи улуми Русия дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабарнигори Форс дар Осиёи Марказӣ гуфта буд, ки аз як моҳ қабл пешбиниҳое дар хусуси эҳтимоли вуруди гурӯҳҳои шибҳи низомӣ аз қаламрави Афғонистон ба Осиёи Марказӣ бо ҳадафи иҷрои амалиётҳои низомӣ сурат гирифта буд.

Тавассути Бадахшон ба водии Фарғона

Аммо он чӣ дар баробари ин нигаронкунанда аст, "нақшаи водии Фарғона" мебошад, ки ҳаргуна задухӯрд ё гирудор дар минтақа номи ин водиро дар расонаҳо меорад.  Зоҳири Давлат, аз таҳлилгарони сиёсии тоҷик бар ин назар аст, ки ҳаводиси имрӯзи Бадахшон ба "роҳкушоии абарқудратҳо" то водии Фарғона иртибот надоранд. Аммо дар сурати оқилона ва созишкорона ҳалли худро наёфтани қазияи Хоруғ, маҳз ҳамин ҳаводис  муқаддимаи "роҳкушоӣ" ба водии Фарғонаи мунтазири таҳаввулоти ҷиддии сиёсӣ хоҳад буд. Зеро дар солҳои ахир водии Фарғона "аҳамияти бузурги роҳбурдӣ" касб намуда, абарқудратҳо ба он "ҳарисона" менигаранд. Агар норозигӣ ба мақомот дар минтақа афзоиш биёбад, роҳи убури нерӯҳои Ҳаракати исломии Туркистон аз Афғонистон ба Бадахшону  Вахиёву Қаротегину Масчои Тоҷикистон ба водии Фарғона ҳамвортар мешавад. Дар ин росто бояд ҳукумат бо тамоми ҷиддият кор намуда, ҳадди ақал мардумро ба ояндаи рӯшан дилгарм намояд.  Вагарна мардуми бекору хаста аз рӯзгори талхро ҳар гурӯҳу қудрате метавонад аз паси худ барад.  Дар иртибот ба масъалаи "Фарғона" Зоҳири Давлат мегӯяд: "Водии Фарғона бо тӯли 170 километр аз шимол ба ҷануб ва 330 километр аз ғарб ба шарқ дар Осиёи марказӣ ҷойгир шуда, дар ин водӣ тахминан 8-9 миллион нафар аҳолӣ ба сар мебарад, ки дар маҷмӯъ 15-20%-и бошандагони ОМ-ро ташкил медиҳад. Дар расонаҳои байналмилалӣ аслан пас аз ҳаводиси 11 сентябри 2001 дар Ню-Йорк машҳур гардид. Ин минтақа ба зудӣ дар як марҳалаи ҳассоси таърихӣ "шӯҳрат" ёфту ба унвони такягоҳи нооромиҳои ояндаи ОМ вирди забонҳо гардид. Дуруст аст, ки бо як чашмандоз ин қазияро рӯшану возеҳ дарк намудан имконпазир нест, аммо воқеияти мураккаби иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар водии Фарғона, минҷумла адами рушди зербинои иқтисодӣ, маҳдудияти захираҳои об ва мушкилоти замин ва бекории оммавӣ  сарчашма ва заминаи таркиши иҷтимоӣ дар ин водӣ ҳастанд. Аз он лиҳоз, ки водии Фарғона дар байни Тоҷикистону ӯзбакистону Қирғизистон "тақсим" шудааст, аз эҳтимоли буруз ва сар задани мухолифатҳои қавмӣ сарфи назар кардан имкон надорад.

Ҳамин, ки "таркиши иҷтимоӣ" дар ин водӣ ба вуҷуд омад, бозори аслиҳа ва саҳнаи худнамоии қудратҳо дар ин минтақаи роҳбурдӣ гарму намоён мегардад. Ҳама медонанд, ки ин водӣ мисли Бадахшон аҳамияти роҳбурдии байналмилалӣ дорад ва ҳама қудратҳо аз ИМА то Чину Русияву Эрон чашм ба он доранд".
Агар дақиқтар бингарем, мебинем, ки тақрибан ҳама заминаҳои як таҳаввулоти ҷиддӣ мисли Бадахшон дар водии Фарғона ҳам "фароҳам" шудааст. Ноадолатии иҷтимоӣ, сатҳи пасти зиндагӣ, хастагӣ аз бетаваҷҷуҳии ҳокимияти марказӣ, саркӯб шудани эътирозҳои оммавӣ ва монанди инҳо.
Ба гуфтаи Зоҳири Давлат, дар кӯтоҳмуддат оромиву амниятро дар ин водӣ чашмдор будан танҳо орзуву ҳавас боқӣ мемонад: "Гурӯҳакҳои кланӣ-сиёсии зодагони Фарғона дар се кишвари ҳамсоя дар ду даҳаи ахир аз "иқтидори сиёсӣ" маҳрум шудаву бо сароҳат гуфтан намешавад, ки онҳо ҳамагӣ дигар аз сиёсат канор рафтаанд. Онҳо ҳатман бо фаро расидани фурсат ба майдон бармегарданд. Ин ҳама авомил водии Фарғонаро "ором" намегузорад ва стратегҳои кишварҳои пешрафта инро чандин сол пеш омӯхтаву мунтазири лаҳзаи "даркорӣ" ҷиҳати истифодаи "хирадмандона" аз он  ба манфиатҳои хешанд. Ҳатто баъзан ҳушдорҳо мерасад, ки "инқилобҳои исломӣ" маҳз аз водии Фарғона сар мезананд. Ин ҳама аз аҳамияти стратегӣ доштани ин водӣ дарак медиҳад."
Ин таҳлилгар далели дорои аҳамияти роҳбурдӣ доштани водии Фарғонаро ингуна шарҳ медиҳад: "Агар ин тавр нест, пас чаро зуд-зуд аз водии Фарғона ёд мешавад? Агар ба таърихчаи начандон дури водӣ назар афканем, задухӯрдҳои миёни тоҷикону қирғизҳо дар тӯли солҳои мутамодӣ дар марзҳои Исфараву Бодканд, сарбардориҳои туркҳои месхетӣ дар соли 1989, бедодгариҳои узбаку қирғиз дар соли 1990 ва 2010, ҳамлаи сарҳанги фронти халқӣ Маҳмуд Худойбердиев ба Хуҷанд дар соли 1998, амалиёти размандагони Ҷумъаи Намангонӣ дар Бодканд соли 1999 ва монанди инҳо баёнгари "майдони амалиёти стратегӣ" ва сарпулу такягоҳ ё ба истилоҳи имрӯза "платсдарм"-и ҳаводиси оянда будани водии Фарғона мебошад".

Чӣ бояд кард?

Дар таърихи тақсимоти нави олам манофеъи абарқудратҳо боз як бори дигар   бо ҳам бархурд доштанд. "Баҳори араб" Русияро аз шарикони стротегӣ ва бозори фурӯши силоҳ танг кард. Имрӯзҳо атрофи Сурия кашокашиҳои сиёсӣ байни Русия Чин, Эрон аз як тараф ва Амрикову ҳампаймононаш аз тарафи дигар идома дорад, ки ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Бадахшон низ, ки як нуктаи стротегии муҳим аст ва  бо идома ёфтани чунин нооромиҳо имкон дорад ба як нуқтаи доғи кашмакашии байни қудратҳо табдил ёбад. Дар он замон  контрол мумкин аст аз дасти ҳукумати марказии Тоҷикистон берун шаваду ба як минтақаи ноором ва бозори нави фурӯши силоҳ ва маводи мухаддир табдил ёбад…

Аз ин лиҳоз ҳукумати Тоҷикистонро мебояд ба умеди иҷрои амру фармонҳои низомӣ ва амалкарди мақомоти таъиншудаву номасъулиятшинос нагардида, сарнавишти ин марзу бумро ба дасти худ бигирад бо мардуми бумӣ бештар кор кунад.Сатҳи пасти зиндагӣ, мизони баланди бекорӣ, дараҷаи аз ҳама баландтарини муҳоҷират, эътирозҳои пайдарпайи мардумӣ, инфрасохтори хароб, коммуникатсияи номукаммал, роҳҳои хароб, аз ҷумлаи омилҳоеанд, ки набзи минтақаро барои ҳамеша номӯътадил нигоҳ медорад. Сокинони вилоят аз он ки чанд соли ахир ҳеч гуна пешравӣ эҳсос намешавад ва корхонаи нави саноатӣ бунёд намегардад, нигаронӣ доранд, онҳо аз ин ки ҷояшон ҳамоно тайи "сояи дарахт"-у  зиндагиашон аз пули фарзанди муҳоҷиру дарбадарашон ҳаст, хаста шудаанд. Инро бояд Ҳукумат бидонад ва амал кунад, то Бадахшон барои ҳамеша нигини Тоҷикистон бошад, на минтақаи бесуботиву нооромӣ   

Аъзамшоҳ ҚУҚАНШОҲ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)