Бахшҳо
10 авг 2012 04:21Иҷтимоӣ

Чаро дар олимпиадаҳои байналмилалӣ бештар хонандагони литсейҳои муштараки кишвар ширкат карда баранда мешаванд, на толибилмони мактабҳои маъмулӣ?

Чанд рӯз қабл дастаи мунтахаби мактаббачагони Тоҷикистон аз шаҳри Вашингтони ИМА бо дастоварди олӣ баргаштанд. Онҳо дар ин сабқат аз фанни кимиё соҳиби як медали тилло ва ду биринҷӣ гаштанд. Зимнан, дар олимпиадаи мазкур 4 нафар толибилм, аз литсейҳои тоҷикию туркии кишвар ва гимназия-интернати русию тоҷикии "Ҳотам  ва ПВ" Тоҷикистонро намояндагӣ карданд. Аммо ин дафъа ҳам мисли солҳои қабл, миёни иштирокчиёну ғолибони олимпиадаи байналмилалӣ толибилмони макотиби миёнаи Тоҷикистон ҳузур надоштанд. Аз ин рӯ Озодагон аз масъулину коршиносони соҳа ин ҳафта пурсид:

Ҳамза НАВРӯЗОВ, сармутахассиси Раёсати таҳсилоти умумӣ ва томактабии Вазорати маориф

Барои мо ҳам муаммо аст, ки чаро бисёртар аз литсейҳо, ба хусус литсейи туркиву тоҷикӣ дар озмунҳо бештар ширкат мекунанду ҷойҳои намоёнро сазовор мешаванд? Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳамин муассисаҳо тарзи таълими дуруст хубтар ба роҳ монда шудааст. Фарогирии дониш ва барномаҳои таълимӣ бо назардошти талаботу меъёрҳои байналмиллалӣ роҳандозӣ мешавад. Бори дигар исбот мекунад, ки мактабҳои миёна ҳанӯз дар сатҳи зарурӣ тарзи таълим, яъне бархурдории талабаҳоро аз донишҳои замонавӣ дуруст ба роҳ намондаанд. Агар дар солҳои охир баъзан ба иштибоҳу саҳлангориҳо роҳ дода мешуд, солҳои охир ин чиз аз байн рафтааст. Аз як ҷиҳат ба имкониятҳои молии литсейҳои туркиву тоҷикӣ бартарӣ медиҳанд. Дар ҳақиқат онҳо бо пул таҳсил мекунанд ва дар мактаби миёна бепул мехонанд. Лекин паҳлӯи дигари масъала ин аст, ки дар литсейҳои туркиву тоҷикӣ талабаҳо иловатан дарс мехонанд. Ба ғайр аз барномаҳои таълимие, ки то нисфи рӯз аст, боз дарсҳои иловагӣ бурда мешавад. Лекин аз чӣ сабаб бошад дар мактабҳо ҳамин усули таълим ба роҳ монда нашудааст ё аз ин сарфи назар мекунанд. Албатта, дар шаҳрҳо чунин мушкил ба назар мерасад, ки аксари мактабҳо дар ду баст мегузарад ва имкони гузаштани дарсҳои иловагӣ вуҷуд надорад. Вале дар тамоми ҷумҳурӣ ин хел нест-ку! Ба назари ман ҳамчун мутахассис сифати таълим нақши асосиро мебозад. Ин пинҳон нест, ки имрӯз дар ҳама мактабҳои миёна маблағ ҷамъ мекунанд, агарчанде, ки борҳо гуфтаем, ин амал ғайриқонунист. То дарсҳои иловагии қонунӣ бурда нашавад, маблағ ҷамъ кардан мумкин нест, лекин маблағ мегиранд. Вале чаро вобаста ба маблағе, ки мегиранд, имрӯз сатҳи дониши талабаҳо ба талабот ҷавобгӯ нест? Ва яке аз нишонаҳояш ин аст, ки онҳо дар олимпиадаҳо иштирок намекунанд.       

Мусо АСОЗОДА, коршинос

Омилҳои пеш аз ҳама иқтисодӣ дар ин ҷо ҷой дорад. Инчунин ҷалби ҳар чи бештари омӯзгорони таҷрибадор ва аз ҳама бештар ин талаботҳое, ки дар мактабҳои туркӣ - тоҷикӣ вуҷуд доранд, мутаасифона на дар ҳама мактабҳои ҳамагонӣ ин талаботро истифода бурдан мумкин аст. Дарвоқеъ имкониятҳои мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе вобаста ба омода намудани кадрҳо хеле баланд аст. Бо назардошти он ки дар Тоҷикистон мактабҳои ба монанди туркӣ - тоҷикӣ, литсейҳои махсуси барои бачаҳои лаёқатманд ва дигар литсейҳову мактабҳои алоҳидаи шахсиву хусусӣ вуҷуд доранд, имкониятҳояшон ба хотири он васеътар аст, ки бисёре аз муаллимони қобилияти баланди донишдиҳӣ дошта ба ин мактабҳо мераванд. Чун дар ин мактабҳо маош нисбат ба мактабҳои буҷавӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ хеле баланд аст. Мо бояд аз дастовардҳое, ки дорем, даст накашида ин дастовардҳоро боло барем. Аз моҳи сентябри соли ҷорӣ низ маоши муаллимон 60% боло меравад ва ин  такони ҷиддӣ мешавад то муаллимони мактабҳои миёна кӯшишу ғайрат карда, талош кунанд, ки бештар хонандагонеро тарбия намоянд, ки онҳо дорандаи медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ шаванд.

Сафват БУРҲОНОВ, журналист

Дар солҳое, ки мо ҷангу ҷанҷол карда будем, ҳамачиро аз даст додем ва инак муаллими мактабҳои тоҷикӣ он пулеро намегирад, ки бо он пул дарс додани бачаҳои мо арзиш дошта бошад. Бо ин ҳамин қадар кор мекунад. Моҳонае, ки муаллими литсейи туркӣ мегирад, мувофиқи ҳамон моҳона ба бачаҳо дониш медиҳад. Ин ҷои хафа шудан надорад, ки литсейҳои туркӣ медал мегиранд. Сабаби дигар ин аст, ки дар ин литсейҳои туркӣ одамони таъмин мехонанд ва онҳо имконият доранд то ба бачаҳояшон дониш диҳанд. Дар тамоми дунё чунин аст, ки дар мактабҳову донишгоҳҳои тахассусиву хусусӣ, ки нафарони сарватманд мехонанд, дар ин ҷоҳо дониш зиёдтар аст. Дар ин ҷо имконияти молии муаллиму талаби литсей зиёд аст. Мактабҳои оддии мо аслан рақобатпазир нестанд. Мо одат дорем, вақте, ки як одам пайдо мешаваду ҷоеро обод мекунад, ҳатман лозим аст то он одамро аз он ҷо пеш карда ба дигар ҷо мебарем. Маорифи мо мурда буду тамоман маориф надоштем. Вале Абдуҷаббор Раҳмонов чӣ хеле шуд, ки маорифро зинда кард. Ҳамаи журналистон муқобилаш меистанд ҷуз ман. Имрӯз мо фаҳмидем, ки Абдуҷаббор Раҳмонов бояд 10 соли дигар вазири маориф мебуд. Вазорати маориф ҷои Абдуҷаббор Раҳмонов буд. Барои чӣ дар мо кадреро, ки кор карда метавонад, мегирем ва ҷояш кадри дигареро мегузорем. ӯ кор мекунад, намекунад, номаълум. Бо аз кор рафтани Абдуҷаббор Раҳмонов маорифи мо 10 соли дигар қафо рафт. Абдуҷаббор Раҳмонов ҳақорат мекарду мегуфт, ки хонед. Аммо имрӯз мориф дар хоби ноз рафтааст.

Шариф МУЛЛОЕВ, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия

Мушкилотро аслан дар маош мебинам. Дар ҷомеаи кунунӣ ҳама айбро бар сари муаллим бор намудаанд. Маоши ночиз, талаботи беасос, ба корҳои дигар маҷбуркунӣ ва ғайра. Тобистони дароз муаллим ба таъмири дарсхона машғул аст. Ҳоло як чизи дигар расм шудааст, ки агар пеш аз рухсатӣ дарсхона таъмир надошта бошад, маоши рухсатӣ намедиҳанд. Пас худ қазоват кунед, муаллим дар фикри саводнок кардани шогирдон мешавад? Масъалаи дигар зиёд шудани омӯзгорони ҷавони бесавод аз ҳисоби хатмкунандагони макотиби олӣ аст. Синфхонаҳо озоду тоза ва барҳаво, лекин савияи дониш паст аст. Аз ин ҷиҳат тайёр намудани наврасони босавод аз сафи хонандагон бо чунин вазъ номумкин аст. Воқеан имрӯз бо як устоди мактаби умумӣ сӯҳбат намудам, ӯ мегӯяд дарди худамонро танҳо ба худамон мегӯем. Боқӣ мутассидиён парвое надоранд.

Зафар МИРЗОЁН, донишманд

Аз нигоҳи ман системаи устувори маорифе, ки лозим аст, ҳанӯз ба вуҷуд наомадааст. Зеро аксари муҳассилини макотиби миёна, ки баъди хатми мактаб ба донишгоҳ дохил мешаванд, хоҳиши муаллим шуданро надоранд. Чунки ҳанӯз бо вуҷуди боло бурдани маош муаллим наметавонад зиндагии худро таъмин кунад. Ҳанӯз ҳам муаллим дар таъмини оила мустақил не, балки вобаста аст. Муаллим ба корҳои ғайриихтисоси худ машғул аст. Маҷбур аст, ки 4-5 соат дарс диҳад ва боз рафта ба ягон кори дигар даст занад. Маро албатта бубахшанд, сад дар сад дар назар надорам, аммо дар мактабҳои миёна аксаран он нафароне ба ҳайси муаллим кор мекуннд, ки нахуст дониши зарурӣ надоранд ва сониян касби муаллимиро ихтиёр кардани онҳо аз самими дил нест. Имрӯз шароити зиндагӣ бештари мардҳоро маҷбур кардааст, ки аз касби муаллимӣ даст кашанд ва ба хориҷа барои кор раванд ё ба тиҷорату корҳои дигар банд шаванд ва ҳоло асосан занҳо дар мактабҳо муаллимӣ мекунанд. Ин аз як ҷиҳат хуб бошад ҳам, лекин хатари зиёд дар пай дорад. Хатари зиёд ин аст, ки вақте писарбачаро 6 соат танҳо зан дарс медиҳад, ин нодуруст аст. Чунки шеваи рафтору гуфтору амали занонаро ба худ касб мекунад. Зеро одатан наврасон тақлид ба устоди худ мекунанд. Мо инро аллакай аз таронахонии ҳофизони охири асри 20 ва ибтидои асри 21 эҳсос мекунем, ки рафтори ҷавонон то андозае занона шудааст. Яъне, ман гуфтаниям, ки дар литсейҳои тоҷикиву туркӣ бештар муаллимони босавод, нафароне, ки ҳам компютерро хуб мефаҳманду ҳам забони англисиро хуб баладанд ва метавонанд барои наврасони тоҷик намуна бошанд, дарс медиҳанд. Аммо дар мактабҳои миёна шояд ҳудуди 40 дар сади муаллимон шоистаи унвони муаллимӣ нестанд. Чунки муаллим бояд донишманд бояд бошад ва бо талаба кор карда тавонад. Баъзеҳо чунин мешуморанд, ки ба воситаи интернет ва комютер метавон ҷаҳони маънавии худро баланд бардошт, бисёр иштибоҳи бузург мекунанд. Бидуни мутолиаи китоб ҳеч кас наметавонад ба як мартабаи баланди дониш бирасад. Ин баҳона аст, ки фалонӣ ба компютер майл дорад, бинобар ин китоб намехонад. Ҳамин ошуфтагӣ ва номукаммалии дониш дар ҷомеаи мо аз китоб нахондан аст. Мо ҳатто китобҳои ангуштшумор дорем. Он ҷомеае, ки китоб намехонад, наметавонад як ҷомеаи фарҳангӣ бошад. Боре аз 15 нафар, ки тоза ба донишгоҳ дохил шуда буданд, пурсидам, ки кадоме аз шумо чӣ китобе мутолиа кардаед, маълум шуд, ки ягон нафараш китоб нахондааст. Мо хеле кам китоб чоп мекунем ва кам таблиғ мекунем. Лекин дар литсейҳои туркиву тоҷикӣ муаллиму устодон шахсони китобхондаанд. Дар синфхонаҳои литсейҳои тоҷикиву туркӣ, ба хусус дар ҳуҷраҳои кимиёву физика шароит муҳайёст ва муҷаҳҳаз бо тамоми аёниятҳое, ки зарур аст. Дар мактабҳои миёнаи мо дар замони шӯравӣ то андозае буд, лекин имрӯз бо ҳамон аёниятҳои зурурӣ таъмин нестанд. Масалан, вақте як наврас ба таҳқиқот машғул мешавад ва мехоҳад ягон маводи кимиёӣ ҳосил кунад, дар амал ҳеч шароите барояш муҳайё нест. Аммо барои анҷоми чунин амалҳо дар литсейҳои туркиву тоҷикӣ ташхисгоҳ (лабаратория) ба тамоми шароит вуҷуд дорад. Ин ҳам аз мушкилоти асосии муҳассилини мактабҳои миёна ба ҳисоб меравад. Дигар ин ки аксари муаллимони мо маҳорати муаллимӣ надоранд. Яке аз ошуфтагиҳои бисёр риққатовар, ки ба пешравии мо монеа мешавад, ин надонистани забони адабӣ аз ҷониби муаллимон мебошад. Шогирди чунин муаллим андешаи худро баён карда наметавонад, чунки ӯ забони адабии тоҷикиро балад нест ва забони адабии тоҷикие, ки дар Тоҷикистони мо роиҷ аст наметавонад бори сангини илмро бикашад. Мо истилоҳоти зарурии кимиёвӣ, физиткӣ ва ғайраро надорем. Яъне, ҳанӯз забони илмӣ надорем. Аммо мо имконоте дорем, ки ҳамаи ин истилоҳотро аз бародарони эронӣ истифода кунем. Лекин ин корро ҳам намекунем, чунки андешаҳои форсигурезӣ дар байни мардум вуҷуд дорад.

Маҳмудхон ШОЕВ, сухангӯи Вазорати маориф

Сафар ва иштирок дар озмунҳои байналмилалӣ аксаран аз ҳисоби ҳамон муассисаҳои таълимист. Ва мутаасифона на ҳамаи муассисаҳои таълимӣ имконияти сафарбар намудани хонандагони худро ба ин гуна чорабиниҳо доранд. Литсейҳои туркӣ имконияти молиявияшон бештар асту аксаран падару модари ин хонандагон фарзандонашонро аз ҳисоби худ равона мекунанд.       

Қурбон ҚУРБОНОВ, менеҷер оид ба таълим дар литсей-интенати президентӣ

Мусобиқаи байналмиллалаие, ки хонаи муаллимони шаҳри Екатеринбурги Русия ташкил кардааст, наврасони 190 кишвари дунё дар он ширкат меварзанд. Ин се давраро дар бар мегирад ва марҳилаи ниҳоияш аз рӯи хоҳиши талабаҳо ва пардохти роҳкиро аз ҷониби волидайн сурат мегирад. Ин олимпиада ихтиёрӣ аст ва бисёр падару модарон, ки шароити молияшон ҳаст фарзандонашонро дастгирӣ мекунанд то дар озмун рафта ширкат кунад. Лекин касоне, ки имконият надоранд бештар ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ таваҷҷӯҳ мекунанд. Дар Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҳаст, ки се давраро дар бар мегирад. Ин давраи ноҳивӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад. Хонандагони литсейи президентӣ соли ҷорӣ 14 медал аз даври шаҳрӣ ва 6 медал аз даври ҷумҳуриявӣ гирифтанд. Ба ақидаи ман бартарии литсейҳои туркиву тоҷикӣ дар он аст, ки онҳо наврасони яккачинро тариқи озмун қабул мекунанд ва бештар дар олимпиадаҳои фосилавӣ ширкат меварзанд, аз ин рӯ шумораи барандаҳояшон дар олимпиадаҳо меафзояд. Ба ғайр аз ин литсейҳои тоҷикиву туркӣ имрӯз дар ихтиёрашон маблағ доранд ва имконияти хонандахои ғолибро ба олимпиадаҳои фосилавӣ бурда оварданро доранд. Мактабҳои мо ҳам агар соҳиби маблағ шаванд, метавонанд хонандаҳои худро ба озмунҳо баранд. Масалан, мо ҳамин сол тавонистем аз ҳисоби буҷети литсей хонандагони худро ба ду давраи озмун ба Қазоқистон фиристем.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)