Бахшҳо
10 авг 2012 05:26Сӯҳбати рӯз

Абдуллоҳи Муҳаққиқ: Олимони мо ба ном олиманд

Аз масоили ҳассосе, ки ҳамеша сару садои зиёдеро дар ҷомеа барпо кардааст, ин муносибати давлат бо дин аст. Мешавад гуфт, ба ин тарзи рафтор баҳоҳои мухталиф дода мешавад ва аз сӯи дигар набуди як назари воҳид байни уламои диниву дунявӣ дар Тоҷикистон ин масъаларо ҳассостар кардааст. Атрофи ин ва паҳлӯҳои дигари масъала хабарнигори Озодагон бо Абдуллоҳи Муҳаққиқ, донишманди улуми исломӣ мусоҳиба  анҷом дод.


Давлат ба нафъи дин кор мекунад!

- Оё муносибати давлат бо дин шуморо қонеъ мегардонад, ба вижа вақте давлат  машғули ҷузъитарин корҳо, минҷумла дарозиву кӯтоҳии риши диндорон, манъи сатру ҳиҷоб дар донишгоҳҳо, таъину ҷобаҷогузории имомхатибон ва ғайра аст?

-Тибқи қонунгузории ҶТ ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудоанду давлат аслан дар корҳои диндорӣ дахолат намекунад, балки дар инҷо худи ин ташкилотҳо аз ҷумла Шӯрои уламо бисёр заъифанд. Тибқи ҳамон салоҳиятҳое, ки бар дӯши онҳост, вазифаҳои диндории шаҳрвандонро, ки бояд дар маврид баррасӣ кунанд, намекунанд.Барои ҳамин дар байни мардум нофаҳмиҳо дида мешавад, ки гӯё давлат ба корҳои диндорон дахолат дораду мавқеъи онҳоро танг кардааст. Аммо аслан ин тавр нест. Зеро дар ҳар як давлат ҳатто дар давлатҳои исломӣ муносибати дин бо давлат ба танзим дароварда мешавад. Дар ҷумҳурии исломии Эрон андоза ва шакли гузоштани риш муайян шудааст. Чун дар Тоҷикистон сохти давлат демократист, дар ин ҷо ҳеч мафкураи динӣ ба ҳайси мафкураи давлатӣ пазируфта намешавад. Барои ҳамин ҳамаи динҳо озоданд, ки фаъолият кунанд. Аз ин рӯ то имрӯз аз ҷониби давлат ягон қонуне мушаххас нашудааст, ки аз пӯшидани либоси шаръӣ пешгирӣ шавад ва ё ришҳои шахсони мусалмон тарошида шавад. Шояд баъзе нафарон ин корро анҷом диҳанд, ки худи онҳо гуноҳкоранд. Вале шахсе, ки мавриди ингуна бозпурсӣ қарор дода мешавад, бояд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунад, ки намекунад. Дар матбуот надидем, ягон шаҳрванд эътироз кунад, ки маро ба хотири доштани риш ҷазо доданд. Ҳоло давлат то ҷое гузоштааст, ки мусалмонон аз ҳуқуқҳои динии худ дифоъ кунанд. Масалан имрӯз дар Тоҷикистон масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ зиёда аз 5 ҳазоранду рӯзҳои ҷумъа дар ин ҷойҳо озодона 5 вақт намоз хонда мешавад. Аммо ин ки намозгузориро то синни 18 манъ кардаанд, ин масъалаи дигар аст. Инро худи эҷодкунандагони қонун, Кумитаи дин ва Шӯрои уламо бояд ҷавоб диҳанд.Президент дар як суханронияш гуфт, ки ҳеч кас ҳуқуқи маънавӣ надорад, то арзишҳои миллиро аз арзишҳои динӣ ҷудо кунад, магар душманони миллат. Пас, вақте арзишҳои миллиро аз арзишҳои динӣ ҷудо карда намешавад, онҳо дар якҷоягӣ ҷузъи унсурҳои ҷудонопазири фарҳанги миллиянд аз ҷумла таълимот ва арзишҳои мазҳаби ҳанафӣ. Ба далели ҳамин ҷудонашавандагӣ бояд инҳо дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ мавриди бозомузӣ қарор бигиранд. Зеро ин ба манфиъати миллат ва таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҳифзи истиқлоляти миллист.

Бузургии истиқлолият ҳам ҳамин аст, ки бояд арзишҳои ахлоқии ҷамъиятии худро ҳифз намоем. Дар ҳоли ҳозир, дар муқобили таълими бегона танҳо таълимоти мазҳаби ҳанафӣ метавонад, ки аз арзишҳои фарҳанги миллӣ дифоъ кунад. Барои ҳамин вазифаи Вазорати фарҳангу маъориф дар якҷоягӣ бо Шӯрои уламо ин аст, ки дар раванди омехташавии фарҳангҳо покии забони тоҷикӣ ва арзишҳои мазҳаби ҳанафиро ҳифз кунанд. Агар инҳо барномарезӣ накунанд, шояд дар оянда барои бисёре аз фарзандони миллат мафҳуми фарҳангу арзиши миллӣ бегона шавад. Дар ғарб фарҳангу арзиши миллӣ гуфтанӣ вуҷуд надораду дар онҷо фақат ба хотири қонеъ кардани нафси амора кӯшиш карда мешавад. Худи мафҳуми никоҳ ҳам аз лиҳози ҳуқукиву шариъатӣ бисёр дар худи Тоҷикистон машрӯъият дорад на дар ғарб. Давлат имрӯз шароитро фароҳам овардааст, вале худи мусалмонон фарҳанги солими Худошиносӣ ва исломӣ надоранд. Худи Шӯрои уламо ё Донишкадаи исломӣ ҳам натавонистаанд як муҳити солими исломӣ ба вуҷуд биёваранд, то аз арзишҳои миллӣ дифоъ кунанд. Худи давлат мавқеъашро нисбати ҷараёнҳои салафия ва гурӯҳҳои тундгарои "Ансоруллоҳ" ва ё "Ҳизб-ут-таҳрир" муайян кард. Вале Шӯрои уламо то ҳол мавқеъи худро муайян накардааст, ҳол он ки ин кори ин шӯрост. Шӯрои уламо, ки аҳли суннату валҷамоъат аст, ҳамчун як ташкилоти ҷамъиятӣ бояд худ фатво содир кунаду мавқеъи мазҳабияшро муайян созад. Зимнан, либосҳои сатриро ҳам мамнӯъ эълон накардаанд. Худи Вазорати маъориф намунаҳои либосҳои миллиро нишон додааст, аммо мутаасифона, дар мактабҳои шаҳр ҳеч кас либоси миллӣ намепӯшад ва ҳама миниюбкаҳои танг, ки аз нигоҳи саломатӣ зарар дораду метавонад дар раванди камолоти духтарон таъсири манфӣ расонад.Дар ин ҷо муаллимон ва устодони мӯҳтарам бояд дар мактабҳо дарсҳои тарбиявиро ҷорӣ намоянд то духтарон бештар либосҳои миллӣ пӯшанд.Ин камбудиро бояд дар ҷаҳонбинии худи муслимин ҷуст. Зеро дар навъҳои либоспӯшие, ки дар донишгоҳҳо дидем, либоси тоҷикӣ ҳам ҳаст,ки онро намепӯшанд.Имрӯз мавъизаҳо ҳам хеле тундгароёна баён мешаванду чеҳратарошиҳои воъизон дида мешавад, ки ба хотири Худо нест. Дар куҷо дар мавъизаҳо садои мусиқӣ буд, ҳоло мусиқиҳое, ки аслан ба ислом иртиботе надоранд,дар амри маъруфу таълимоти Қуръон гузоштаанд.

- Вале бисёреҳо мегӯянд, ки иқдомоти анҷомдодаи давлат дахолат дар кори диндорон аст. Шумо ба ин чӣ мегӯед?

- Давлат ба хотири таъмини бехатарӣ ва ҳуқуқи дигар шаҳрвандон маҷбур аст қонун барорад. Демократия ҳамин аст, ки инсон пойбанди қонун бошаду дар доираи қонун фаъолият кунад. Дар дин иҷборият несту бояд ҳуқуқи як нафареро, ки шомили дини ислом нест, эътироф намоем, ки ин аз ҷониби мусалмонон кам дида мешавад. Зеро онҳо аз хурдӣ таълим нагирифтаанд. Барои хамин зарурати роҳандозии фанҳои исломӣ дар мактабҳои ҳамагонӣ ҳамин аст. Имрӯз ҳатто уламову донишмандон ва профессорону докторҳои илмии мо аз шаш ҳазор мегузаранду ҳеч барномаи таълимие омода накардаанд. Ин аст ҷанбаҳои заъифе, ки бояд донишмандон ба он таваҷҷӯҳ кунанд. Чаро дар хориҷи кишвар исломро меомӯзанду мо намеомӯзем? Президент дар Конфронси исломӣ сароҳатан гуфт, ки терроризму экстремизм маҳсули таълимоти ислом нест. Пас, вақте таълимоти ислом манбаъи хушунату терроризм нест, чаро масъулин аз он метарсанд? Набояд тарсид ва ба он бояд бо чашми равшану қалби пок нигарист. Дар ҳоли ҳозир ҳамин боз будани дари масоҷид ба шарофати истиқлолият аст. Мегӯянд, ки чаро азонро бо баландгӯ манъ карданд, хуб имрӯз ҷудо аз ин ки 97 фоизи мардум мусалмонанд, зиёда аз 85 ташкилотҳои динии ғайри исломӣ фаъолият мекунанд.Онҳо ҳам мехоҳанд, ки чун Душанбе демократисту дар он азон пахш мешавад,зангӯлаҳои худашонро гузоранд. Агар пахши азонро бо баландгӯяк маҳдуд намекарданд, бояд ба онҳо ҳам иҷоза медоданд, ки зангӯлаҳои худро бигзоранд, ки дар ин ҳолат дигар раҳатро гум мекардӣ, зеро ҳар 5 дақиқа садои зангула буд. Дар мо ҳар масҷиде азони худро медиҳад ва байни масоҷиди мо иртиботе вуҷуд надорад, ҳол он ки ин бояд ба танзим дароварда шавад. Ин маҳдудият дар шароити ҳозира хуб аст.

- Масоили диниро кӣ бояд ба танзим дарорад,Кумитаи дин ё Шӯрои уламо?

- Ин кори худи Шӯрои уламост.

- Пас чаро ба танзим дароварда наметавонад, ихтиёроташ кам асту дар тасмимгирӣ мустақил нест ва ё Шӯрои уламо асири сиёсатҳои болост?

- Ин чиз ба боло намерасад. Шӯрои уламо салоҳиятҳои бисёр хубе дорад, ки онҳоро истифода намебарад.

- Наметавонад, ё намебарад?

- Намебарад, ки ин аз сабаби ноӯҳдабароист.Агар тавонад, дигар зарурат ба дахолати Кумитаи дин ва ё қонунгузори дигаре намемонад. Имрӯз аз истиқлолияти кишвар 20 сол сипарӣ мешавад. Дар ин 20 сол ягон барнома ё китоби таълимие навишта нашудааст.Чаро гузаштагони мо садҳо ҳазор китоб навиштанд, имоми Аъзам форс ва тоҷики тирмизисту дар олам афроди зиёде аз ӯ пайравӣ мекунанд, ки ин ифтихори миллти тоҷик аст. Ин аст иллат, ки донишмандони мо дар хобанд ё бедоранд? Бинед то вақте фаъолияти салафия баста нашуд, Шӯрои уламо бо раҳбарии Амонуллоҳи Неъматзода, домулло Хикматуллоҳ, мулло Маъруф ва мулло Ҳайдар аз Кӯлоб дар муқобили бемазҳабии салафӣ муқобилияти илмӣ нишон дод. Вале воъизони маъруфу ширинсухан дар ҳолати бетарафӣ буданду мунтазир буданд, ки  ҳарчи зудтар салафиҳо минбарро бигиранд. Вале то ҳол Шӯрои уламо мақеъи худро муайян накардааст.

Пешвоёни дин бояд муттаҳид бошанд!

- Байни Шӯрои уламову бародарони Тӯраҷонзода ва соири уламои кишвари мо як инсиҷому назм ва иттиҳоде дида намешаваду назарҳо дар ихтилоф бо якдигаранд?

- Ин масъала то ҳоло барои худи ман норавшан боқӣ мондааст.Вале ба ҳар ҳол Тӯраҷонзодаҳо ва Шӯрои уламо масоили эҷодшударо бояд бо таҳаммулпазирӣ дар доираи худ ҳал мекарданду онро дар сатҳи баланд намеоварданд.

- Пас чаро ин қазия то "сатҳи боло" баланд бардошта шуд?

- Хуб, ин аз заъифиву камтаҷрубагии масъулини ин соҳа шаҳодат медиҳад.Хуб мешуд мо ваҳдати миллии худро, ки бо рехтани хуни ҳазорон нафар аз ҳар ду тараф ба даст омад, ҳифз кунем.Инсон метавонад гузашт кунаду омода шавад, зеро вақте онҳо пешвои исломанд, набояд дар ин сатҳ бархӯрд мекарданд. Чун ҳам аз беруну ҳам аз дохил душманон ба мо механданд. Ин чиз ба манфиъати миллату кишвар нест. Худи бародарони бадахшони мо исмоилимазҳабанд. Аз нигоҳи территорӣ беш аз 50 фоизи қаламрави кишвар ба Бадахшон таалуқ дорад, табиист ва мо бояд дар як муҳити бародариву ҳамсоягии хуб зиндагӣ кунем. Нақшаи асосии душманон ҷудоӣ андохтан байни миллат ва мазоҳиб аст. Шӯрои уламо набояд зиракӣ ва муносибатҳои ҳасанаи худро аз даст диҳад. Дар Шӯрои уламо намояндагони исмоилиҳо, ки бародарони мо дар Бадахшонанд, бояд даъват карда шаванд. Кӣ медонад, ки онҳо дар кадом сатҳанду дар кадом вазъ парвариш меёбанд. Уламои исломӣ бояд масъулиятро ҳис карда саҳми худро дар сулҳу суботи кишвар гузоранд ва иҷоза надаҳанд, ки дигар гурӯҳҳои иртиҷоъӣ дар либоси дин худро нишон диҳанд. Дар ҳамин сойтҳои интернетӣ даҳҳо сойтҳои бо номи ислом, ки муттаъалиқ ба салафиён аст, боз шудаанд. Дар ин ҷо ягон омили мазҳаби ҳанафӣ муқовимат намекунаду намегӯянд, ки ин андешаҳои шумо зидди исломист. Онҳо ҳазорон донишҷӯро дар дохилу хориҷ ворид кардаанд. Дар ойинномаи ҳамин Донишкадаи исломӣ бояд таълимот дар асоси мазҳаби ҳанафӣ навишта шавад то донишҷӯёни ин донишгоҳ тибқи таълимоти ҳанафӣ таҳсилро хатм кунанд. Дар ин донишгоҳ бояд шӯъбаҳои диншиносии насронӣ ва дигар динҳо бошанд, то онҳо тавонанд дар муқобили донишманди салибӣ аз худ дифоъ кунанд. Аммо ин чиз дида намешавад.

- Ба гуфти шумо дар Донишкадаи исломӣ таълимот дар асоси арзишҳои ҳанафӣ сурат намегирад?

- Намедонам, вале пешниҳод мекунам дар ойинномаашон дохил кунанд. Агар то ҳол набошад, инро бояд ислоҳ кунанд. Кумитаи дин низ бояд ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ кунад. Зеро мазҳаби ҳанафиро аз арзишҳои миллӣ ҷудо карда намешавад. Масъалаи дигар ин аст, ки чаро дар мактабҳои таҳсили ҳамагонӣ таълимоти дин ба роҳ монда нашудааст. Маърифати исломӣ ягона фанне буд, ки онро аз ҷадвали тадрис бардоштанд ва иллати он ҳам норавшан аст.Барои ҳамин фанни маърифати исломӣ бояд дар макотиби ҳамагонӣ роҳандозӣ гардад. Зеро имрӯз дониши донишҷуёни Донишкадаи исломӣ ҷавобгӯи меъёрҳои байналхалқӣ нестанду дар рақобати илмӣ нотавон. Донишкадаи исломӣ бояд ба ба ин чиз таваҷҷӯҳ дошта бошад. Зеро имрӯз дар динҳо садҳо ҷарёнҳои динӣ ҳастанд, ки мусалмонони мо аз он хабаре надоранд. Масалан, дар бораи ҷарёни ҷамъият, ҷисмият, ҷарёни динии зоҳирия ва дар дохили худи Ансоруллоҳ ва ҷарёни салафия кисту чисту аз куҷо пайдо шуд ва муассисаш кист. Ё Ҳизб-ут-таҳрир, ки даъвои барқароркунии хилофат дорад. Дар ин бора мардуми мусалмон ҳатто устодони донишкада  маълумоте надоранд.

Шӯрои уламо мавқеъгирӣ намекунад

- Ба ростӣ агар кадрҳои Шӯрои уламо ва ба талабот ҷавобгӯ нестанд, пас чаро кадрҳои бо таҷриба ҷалб намешаванд?

-Шӯрои уламо кадрҳои хуб дорад ба мисоли домулло Ҳикматуллоҳ, домулло Маъруф ва дигарон. Ин аз роҳбарият ва таҷрибаи коргузорӣ вобастагӣ дорад, ки ӯ бояд тамоми усулу воситаро истифода барад, то онҳо шароити иҷтимоиву иқтисодӣ муҳайё кунанду аз маърифати фарҳангӣ истифода баранд. Агар Шӯрои уламо дорем, пас чаро Ҳоҷӣ Мирзо аз пеши худ фатво медиҳад. Ҳар фатвое, ки мешавад, воъиз бояд кори худро кунад. Воъизӣ нишонаи олимӣ нест. Зеро ӯ як мавъизагар асту фикри худро баён менамояд. Аммо дар масоили шаръиву фатво бояд Шӯрои уламои фатвои исломӣ фатво диҳаду мавқеъи маҳзаби ҳанафиро муайян кунад, ки ин чиз дида намешавад. Интиқоди ман ҳам аз Шӯрои уламо ҳамин аст, ки ин шӯро салоҳиятҳои худро дуруст истифода намебарад. Ҳол он ки давлат ин Шӯроро ҳамчун ниҳоди ҷамъиятӣ ба расмият шинохтааст. Ин саволро бояд аз худи онҳо пурсид, ки чаро Шӯрои уламо ва дигар донишмандони исломшинос ҳамкории зич надоранду дар як моҳ як ҷаласаи илмӣ намегузаронанд. Имрӯз дар пешгирии омилҳои иртиҷоъиву экстремистӣ пеш аз ҳама саҳми рӯзноманигорон бузург аст ва ман ташаккур мекунам, ки новобаста аз он ки онҳо сирф исломшинос нестанду дар Шӯрои исломӣ кор намекунанд, вале барои амнияту сулҳу суботи кишвар тавассути маводҳои таҳлилии худ саҳм мегузоранд, пеши роҳи бисёре аз ҳаракатҳои иртиҷоъиро низ гирифтаанд. Аммо чаро як намояндаи исломӣ ин корро намекунанд? Ақаллан онҳо ба андозаи як рӯзноманигоре, ки новобаста дар кадом рӯзнома фаъолият мекунад, агар пеши инро мегирифтанд, мо аз ин нофаҳмиҳову мушкилот озод мегардидем. Дар бозорҳо гаштану гуфтани ин ки ришатро гиру сатратро парто, ба ҷое намерасем. Мо бояд муносибати худро бо дин муайян кунем. Агар он ҷавон худ манфиъати ришу либосро аз лиҳози шаръӣ бифаҳмад, ҳаргиз ӯ ришашро жӯлида намегузорад. Акнун моҳи Рамазон асту инсон бояд бо тақво бошад то ҳамчун инсони комил дар ҷамъият манфиъатрасон гардад.Тавре паёмбар мегӯяд: "беҳтарин мӯъмин он аст, ки ба бародари худ манфиъатарсон бошад". Аммо ҳоло чунин нест, рӯзҳои ҷумъа ҳазорон ҷавон аз бозор ба масҷид мераванд, вале агар дар сари роҳаш истӣ, садҳо дашномат медиҳад. Вақте ӯ ба масҷид меравад, бояд аз рафтору кирдораш намояндагони дигар адён ибрат гиранд,вале вақте ба рафтори як шахс нигоҳ мекунем, мегӯем, ки агар ислом ҳамин бошад, ман аз баҳраш гузаштам.

- Хуб чаро диндории мо забонисту фарҳанги диндории мардум коҳиш ёфтааст ва роҳи боло бурдани он чист?

- Барои шинохти фарҳанги исломӣ, ки ба манфиъати ҷомеаи демократии мост, аз хурдӣ навҷавононро новобаста аз ин ки онҳо фардо чи мешаванд, бояд аз таълимоти ислом бархурдор намуд. Чун роҳи дигаре нест. Тибқи маълумотҳои ғайрирасмӣ  35 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон гирифтори СПИД ҳастанду дар 2 моҳи охир 400 нафари дигар гирифтори он гардиданд. Дар кишваре, ки 97% мусалмонанд, тамоми ақшори ҷомеа бояд аз маърифати исломӣ бархӯрдор бошанд, зеро онҳо бо мардуми мусалмон сару кор мегиранд. Вақте як корманд бо як шаҳрванд дидор мекунад, бояд донад, ки ӯ ба кадом дин таъаллуқ дорад.

Мусулмониамон ҳам дурӯғ аст…

- Моҳи Рамазон аст, қабл аз оғози ин моҳ ҳар сол садо баланд мешавад, ки нархҳо паст мегарданд, вале акси онро мо мебинем, чаро?

- Порсол аз ҳисоби ҳукумат ба бозорҳои Душанбе 1 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд то нархи маводи ғизоӣ аз ҷумла гӯшт арзон карда шавад. Вале мутаасифона ин чиз дида нашуд ва директори бозори Саховатро барои он ки пулро дар ҷои дигар сарф карда буд, боздошт карданд. Вақте давлати демократӣ ғамхорӣ карда пул ҷудо мекунаду ин тавр мешавад, як мусалмоне, ки ахлоқ дорад, ин тавр намекунад. Агар мусалмониямон ҳақиқӣ мебуд, дигар ниёзе ба баровардани қонун намемонд. Агар давлат ин муносибатҳоро таҳти контрол нагирад, фитнаи бузурге эҷод хоҳад шуд. Мо дар арзи як моҳ баҳсу мунозираҳои уламои салафиёнро дидем, ки гиребони садҳо уламои исломро дариданд. Ҳоло ҳам дар баҳсҳои интернетӣ ҷавононе, ки аз Мисру Мадина, аз вилояти Суғд ва Душанбе бо номҳои мустаъор менависанд, баъзе аз бузургону нобиғагони классики моро кофир эълон мекунанд, ин раванд хеле хатарнок аст

-  Ба андешаи шумо баргардонидани донишҷӯёне, ки дар донишогоҳҳои исломии мамолики хориҷӣ таҳсил мекарданд, кори дуруст буд?

- Он ҷавонон дар марказҳое таълим гирифтанд, ки аз унсурҳои тундгароӣ иборат буд. Мактабҳои исломии хайрия, ки аз тарафи салафиҳо идора мешаванд, хеле зиёданд ва ҷавонони тоҷик ба ин мактабҳо дохил шуданд. Ин як иқдоми хуб буд. Аммо агар дар Тоҷикистон ва ё Донишкадаи исломӣ муҳити фарҳанги исломиро мустақар мекардем, ин ҷавонон ба хориҷ намерафтанд. Зеро он шароити иқтисодиеро, ки дар онҷо доштанд, дар ин ҷо надоштанд. Ахиран дар "Наҷот" яке аз кормандони ҲНИТ Ҷалолуддин як мақола навишт. ? аз шароити донишҷуёни донишгоҳи исломии Эрон ва Арабистон дидан карду гуфт, ки он донишҷуёне, ки дар донишкадаҳои исломии Арабистон мехонданд, нисбат ба дигарон беҳтар зиндагӣ доранд, соҳиби хонаву мошини шахсӣ буданд. Агар дар дохил шароит фароҳам бошад, онҳо 1000 - 2000$ ҳазина карда ба хориҷа намераванд.Унсурҳои ҳанафӣ барои он касет, ки аз ватанаш дифоъ мекунад. Барои ҳамин Вазорати маорифу фарҳангва Шӯрои уламо бояд дар якҷоягӣ барномаҳои хуби таълимӣ омода созанд то дигар онҳо ба хориҷа нараванд, зеро мо бояд истеҳсолкунандаи фарҳанги исломӣ бошем, на ин ки аз дигар ҷоҳо онро ворид кунем.Бояд маркази солим дошта бошем, ки шогирдони мо дар он ҷо устод бошанд. Намояндагони дигар давлатҳо бояд инҳоро ба далели он ки дар сатҳи баланди илмиву фарҳангӣ таълим медиҳанд, дар ҳисобҳояшон маблағ гузаронанд, то онҳо рафта дар он кишварҳо таълим диҳанд. Худи мо вақте як докторро аз Ҷопон меоварем, пешакӣ дар ҳисобаш маблағ мегузаронем ва ӯ меояду табобати худро тамом карда бо маблағи мо боз мегардад. Бигзор имрӯз хатмкардагони Донишкадаи исломиро аз хориҷ даъват кунанд. Инак ҳатто бачаҳои тоҷик рафта дар мактабҳои Чеченистон дарс медиҳанд,агарчи дар он ҷо гурӯҳҳое дар муқобили ҳанафиҳо ҷанг мекунанд. Аз ин рӯ бояд дар ин ҷо як робитаи ҳасанаи хуб бошад, маркази исломӣ ва Шӯрои уламо қавӣ нестанд, агар мебуданд ҳазорон донишҷӯ тарбия мекарданд. Ҳоло, ки истиқлолият ба мо шароит додаст, бояд ин мушкилро бартараф намоем. Фақат хондану амал кардан лозим аст.   Мо бояд барои ҳифзи ваҳдати миллӣ ва ояндаи фарзандони худ корҳое анҷом диҳем.

"Созмонҳои хориҷӣ ҳадафҳои сиёсӣ доранд"

- Давлати мо демократист, аммо оё ин далел мешвад то созмонҳои зиёди хориҷӣ дар кишвар фаъолият кунанд, вуҷуди сомонҳои фирқаҳои гуногун хатаре надорад?

- Худи Шӯрои уламо агар қавӣ бошад, ба ин сомонаҳои хориҷӣ, ки ҳадафҳои сиёсии худро доранд, дигар ҷое намемонад. Агар дар мазраъаи киштзори худ пиёз бикорем, аммо онро сари вақт тоза накунем, дар  он ҷо гиёҳҳое мерӯянд, ки ба саломатии пиёзи мо хатар доранд. Имрӯз марказҳои мо бисёр заъифанду он гиёҳҳои бегона яъне созмонҳои хориҷӣ фаъоланд. "Деҳқон" имрӯз нисбати кишти худ бепарвост. Вале ин ҳатман бояд зери контрол гирифта шавад. Тамоми масоили муносибати давлат бо динро ташкилотҳои хориҷӣ матраҳ мекунанд. Онҳое, ки дар он ҷойҳо фаъолият мекунанд, ба дин ҳеч рабте надоранду маълумотҳои гуногунро дурӯғу рост пешниҳод менамоянд. Аммо чаро Шӯрои уламову донишмандони ватанӣ ин корро намекунанд? Ҳамин ташкилотҳои таҳлилии динӣ тоза консепсияи сиёсати давлат дар соҳаи динро пешниҳод карданд, вале чаро худи мутахассисони ватанӣ наменависанд,оё мо донишманд надорем? Пас ин докторҳову донишмандоне, ки имрӯз дар кишвар аз худашон ҳар кӣ метарошанд, кӣ ҳастанду чӣ манфиъате барои мо доранд? Чаро доктор ҳастанд? Иллат ҳамин аст. Бояд дар баробари он марокизи таҳлилилии хориҷӣ, марказҳои таҳлилилии дохилӣ пурқувват бошанд. Барои як масълаи сатр бинед, ки чи қадар чеҳраи давлатро дар назди хориҷиён сиёҳ карданд. Демократия ҳаст, бигзор либосро озод диҳанд, вале назорати ӯ бошад. Имрӯз тоҷирони мо аз хориҷа бе дар назар дошти фарҳанги миллии кишвар либосҳоеро ворид мекунанд, ки ҳеч таносубе бо фарҳанги миллии мо надоранд. Мо бо ягон кишвари ғарбӣ, ки дини ғайр дошта бошад ҳамсоя нестем, кишварҳои гирду атрофи мо аксарашон мардуми мусалмонанд.  

"Олимони мо як сӯзан ҳам ихтироъ накардаанд"!

- Дар кишвар байни уламои фарҳангиву динии мо иттифоқи назар нест, фарҳангиёни мо арзишҳои миллӣ мегӯянд, аммо уламои динии мо арзишҳои динӣ, байни ин ду арзиш чӣ ҳаст?

-Ин якҷонибанигарӣ ва таъсири тафаккури шахшудаи давраи шӯравист, инро "кӯри ланг" мегӯянд. Тафаккурест, ки бардошти дидгоҳи солим надорад. Донишмандони фарҳангии мо, зиёиёне, ки худро равшанфикр мегиранд. Ҳоло шуурро низ бояд аз доираи шуури танг ва тафаккури ланг берун барояд. Уламои исломӣ ҳам аз доираи таъассуби динӣ бояд берун шаванд. Инҳо ба хотири ҳифзи истиқлолият, посдории арзишҳои миллист. Бо дигар ҷумҳуриҳову кишварҳо инҳо бояд якҷоя фаъолият кунанду якдигарро ислоҳ намоянд.Камбдии асосӣ ҳамин аст, ки имрӯз донишмандону зиёиёне, ки худро як қишри пешрафтаи ҷомеа меҳисобанд, аз арзишҳои исломӣ нафрат доранду нафратзадаанд ва аз он мегӯрезанд. Ин ҳам бахотири дарк накардани воқеияти таърихист. Бубинед, ки донишмандони гузаштаи мо дар соҳаи ҳандаса, риёзиёт, тиб, ислом ва таърих, ҳамаашон уламои исломӣ буданд. Ҳамаашон исломро медонистанд ва беҳтарин шеърҳову асарҳоро офариданд ва то  имрӯз, ки асри 21 аст, ягон донишманд намедонад. Имрӯз донишмандони фарҳангии мо, он устодони бузурге, ки рутбаи докторӣ доранд, чизе аз нигоҳи дунявият офаридаанд? Ягон техника ихтироъ кардаанд, як сӯзан ҳам ихтироъ кардагӣ нестанд. Имрӯз онҳо аз ҳисоби давлат аз 2000 то 4,5 ҳазор сомонӣ маош мегиранд, вале дар соҳаи илмҳои дақиқ, ситорашиносӣ, фазошиносӣ, чизе доранд ё надоранд? Ягон техникаи ихтироъ карда ҳам надоранд. Дар соҳаи тиб ягон навъи табобати технологиро ихтироъ карданӣ нестанд. Пас чаро мо ҳамаи иллатро дар сари уламои исломӣ мезанем?

Мазҳаби ҳанафӣ функсияи худро иҷро карда истодааст. Ҳамон ҳамкориҳои муштарак байни уламои исломӣ ва уламои имрӯзае, ки худро зиёӣ ё пешқадам мегӯянд, дида намешавад. Ман асару китобҳояшонро мехонам, ҳеч чизи наве надоранд. Имрӯз асаре, ки дар пояи асари Носири Хисрав бошад, ба чашм намерасад. Ҳамин нависандагонро бинед,ягон шеъре, ки имрӯз аз ҷониби шуъарои Тоҷикистон дар замони муъосир навишта шудааст, дар пояи шеъри ғазали Ҳофизу Саъдӣ нест. Айб аст, ки инҳоро қиёс намоем. Агар шеъри Ҳофиз ё сурудаи Ҷалолиддини Балхӣ моҳияти гумонистиву умумибашарӣ дошта бошад, шеърҳои имрӯза дилхоҳаш, ки набошад, моҳияти умумибашарӣ надоранду як моҳияти минтақавӣ доранд. Масалан, шеъри Бозор Собирро аз Душанбе берун касе намехонад. Фақат моҳияти минтақавӣ дораду маҳдуданд. Шоирони пешу шеърҳои пеш моҳияти сирф гуманистӣ дошт ва вай дар доираи ислом маҳдуд нест. Ҳофиз мегӯяд, ки "дарахти дустӣ биншон, ки коми дил ба бор орад, ниҳоли душманӣ бар кан, ки ранҷи бешумор дорад". Ин шеърро ҳам ғарбӣ мехонаду ҳам шарқӣ ва ҳам русу немис. Ва ё рубоиҳои Хайёмро бинед. Аммо шеърҳое, ки имрӯз менависанд, "ёр дар таги тут, ман дар тори тут, лабта те, лабта бхурум", ин ҳо ҳам тарғибгари унсурҳое ҳастанд, ки моҳияти умумбашарӣ надоранд. Шеърҳое, ки имрӯз ҳофизону ситораҳо мехонанд, бисёр харобанд. Ё ҳамин шеъри нав, ки репаш мегӯянд. Кадом халқи тоҷик реп дошт? Ин чизест, ки умуман ба ахлоқи ҷомеаи тоҷик бегона аст.Имрӯз, ки муҳити солими фарҳангӣ нест, инҳо ворид шуда истодаанд. Ба ҳамин хотир масъулини Вазорати фарҳанг дар соҳаи мусиқӣ бояд хонандагонро дар рӯҳияи шеърфаҳмиву ахлоқи ҷомеа тарбия намоянд. Зеро ҳамин унсурҳоянд, ки ахлоқи ҷомеаро коста мегардонанд. Уламои исломӣ, ки фарзанди миллати тоҷиканд ва он донишмандоне, ки имрӯз худро қишри пеш қадаму дорои рутбаҳои илмӣ мегиранд, инҳо бояд ба пешвози онҳо бираванд ва дар маҳфилҳояшон нишаста хато бошад, ислоҳ кунанд. Агар ҳам пешқадам бошанд, аз онҳо чизҳои хубро бигиранд. Ҳамин 70 - 80 соли замони шӯравӣ, ки тамоми донишмандон бо шиори атеизм зидди дини ислом мубориза мебурданд, барояшон дарси ибрат намешавад. Ҳамаи он муборизаҳову куштаҳояшон барбод рафтанд. Ҳазорон ҷавон дар зери идеологияи бехудоӣ ба камол расиду аз арзишҳои фарҳанги миллӣ бехабар монданду бо ҳамон аҳвол фавтиданд. Хуб бояд ин ба зиёиёну донишмандони мо сабақ шавад.  

-Гуфтаниед, ки зиёиёни фарҳангии мо дар муқобили чизҳое, ки аз ғарб ба роҳатӣ ба кишвари мо омадаанд ба монанди реп, вазоифи худро иҷро накарданду мубориза набурданд ва беназмии соҳаи фарҳангамон низ ба ҳамин хотир аст?

-Онҳо иллати инро имрӯз дар давраи ҷаҳонишавӣ мебинанд, ки аслан ин хато аст. Онҳое, ки инро дар дигар омилҳо мебинанд ба монанди давраи воридшавиву омехташавии маданияту урфу одатҳои мардумӣ бо ҳамдигар, инҳо асосе надорад. Ҳамин Туркаманистонро бинед, кишварест, ки сардафтари адабиёти классикӣ ва  маданияташон аз худи форсҳо гирифтааст. Пойтахти ин кишвар ҳам на Ашқобод, балки Ишқобод ном дорад, шаҳри Марӣ маркази тамаддуни фарҳанги тоҷикӣ буд,   ҳоло ҳам онҳо тавонистанд, аносури миллияшонронигоҳ доранд. Ва агар аз мавзӯъ дур наравем, имрӯз агар Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Дӯстмурод Алӣ, сарояндаҳои беҳтарине, ки дорои ахлоқ буданд, агар шеъру тарона бихонанд, имрӯз мардум дар он доира ба камол мерасанд ва репи ғарбӣ дигар ворид намешаваду шеъри тоҷикӣ "бибӯсаму бихӯрам" дигар намемонад. Дар киноҳои воридшуда аз ғарб, ҳазорон қитъаҳое ҳастанд, ки фақат қатлу кушторро нишон медиҳанд.Ин киноҳо дар худи Амрико нишон дода намешаванд. Кинои тоҷик низ имрӯз мелангад ва мутаасифона қаҳрамононаш ҳама масхарабозанду ягон киное, ки дархӯри ахлоқи солим бошад надорем. Мегӯӣ, ки актёрҳоро аз беморхонаи рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ овардаанд. Ҳамаашон ҳамин гуна нақшҳоро бозӣ мекунанд. Ин санъат нест ва санъату маданияти тоҷик хеле баланд аст. Аз ҳамин "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ мешавад садҳо сериалҳои дунболадор эҷод кунанд, ки ин ҳам мутаасифона дида намешавад. Шеърҳои ситораҳои эстрадаи тоҷикро бинед, ки чи мехонанд. Дар байнашон кам шеъре ёфта мешавад, ки дорои маънӣ ва ахлоқи шарқиёна бошад. Худаш сароянда, нависанда, ба танзим дароварандаи шеър, дигар ман намедонам, кӣ аст шоир, кӣ аст шеърнавис ва кист шеърхон. Барои ҳамин масъулини Вазорати фарҳанг дар соҳаи санъат бояд инро ба инобат гиранд. Дар Донишкадаи санъат факултети махсуси санъатшиносӣ ҳаст то донишҷуёнро дар рӯҳияи шеършиносӣ хуб тарбия намояд. Тибқи Конститутсия онҳо дар байни мардум вазифадоранд, ки дар доираи ахлоқи ҳамида шеърҳоеро тарғиб кунанд, ки дорои ахлоқ бошаду дар камолоти инсон таъсири мусбат расонад ва на таъсири манфӣ. Шеърҳое, ки дар реп ҳастанд, ҳеч кадомашон таъсири мусбат надоранд. Як нафареро дар як нашрияи хиёбонии Душанбе таъриф карданду навиштанд, ки сарояндаи реп асту 20 арӯс дорад. Ба маънии ин ҳарф таваҷҷӯҳ кунед, сураташро ҳам чоп кардандлу гуфтанд, ки ӯ 20 арӯс дораду кадомашонро мегирад? Вақте як сароянда 20 арӯс дораду бо 20 нафар рафту омад дораду бо онҳо наздикӣ дорад, ин чӣ маънӣ дорад? Дар куҷо шеъри Рудакиву Фирдавсиву Абдураҳмони Ҷомиву Аҳмади Дониш таблиғи фаҳш дошт? Мутаасифона, шеърҳое, ки таблиғи фаҳш доранд, имрӯз барои баъзе нафарон ба ифтихори миллӣ табдил шудаанд. Бегонашваӣ аз арзишҳои миллӣ дар қолаби шеър, дар либоспӯшӣ, дар тафаккур ва муносибат бо арзишҳои ҷамъиятӣ низ хатар дорад. Ин ҳам як навъи тундгароиву таъассуб аст. Пеши ин роҳро ҳам бояд гиранд. Ҳозир тамоми иллати камбудиро ба сари диндорон мезананд, ки хуб нест.

"Даври шӯравӣ баҳонае беш нест"!

- Зиёиёну фарҳангиёни мо мегӯянд, ки мо аз замони шӯравӣ убур кардем, ҷанг буду 20 сол барои парвариши фарҳанги мардум замони зиёде нест, бештар аз шӯравӣ мегӯянд?

- Ин далелу ҳуҷҷаташон аслан бунёду асос надорад. Агар онҳо ғамхори миллиту кишвар бошанд, ин унсурҳову монеъаҳоро паси сар мекунанд. Зеро имрӯз барои онҳо тамоми шароит ҳаст. Як насрониву бутпараст барои ҳифзи манофеъи худ дар Афғонистон хидмат мекунанду шабро шаб намегӯянд, миллионҳо доллар ба кишварашон зарар мерасаду сарбозоншонро барои бехатарии давлатҳои худ, ки садҳо ҳазор км дуртар аст, аз даст медиҳанд. Имрӯз онҳо то ин ҷо омадаву аз хатарҳо пешгирӣ мекунанд, аммо чаро фарҳангиёни мо ин чизҳоро фикр намекунанд. Даврони шӯравӣ ҷуз баҳона чизи дигаре нест. Дар давраи шӯравӣ ҳам сиёсати шӯравӣ нодуруст буд. Зеро онҳо таблиғгари системаи атеизми ҷанговар шуданд. Ҳазорон диссертатсияҳои илмӣ навиштанд, ки инсон аз маймун пайдо шудааст. Ҳазорон корҳои эксприментӣ гузарониданд, ки ҳеч маймун одам нашуд, аммо чандин инсонҳо маймун шуданд. Донишманд он аст, ки ба манфиъати миллату инсоният кор мекунаду чизи илмиро ба манфиъати ҷамъият матраҳ менамояд. Мутаасифона инҳо олим нестанд, балки ба ном олиманд. Куҷост кашфиёти илмияшон? Чаро Сино, Аҳмади Дониш дар давраи зулмот офтобу маҳтобро пешбинӣ мекард, имрӯз аз тоҷик чунин нест. Як хурдсоли амрикоӣ фалон ситораро кашф кард, дар мо на ситорашинос ҳасту на хокшинос. Гиёҳшиносиро ҳам дуруст ба роҳ намондаанд. Ҳеч кадом аз ин донишмандон китоби "Шифо"-ро  ҳатто "Алқонун" - ро нахондаанд. Синоро ҳам намешиносанд. Вақти он расида то донишмандони мо бо донишмандони исломӣ якҷоя шаванду бо онҳо дар маҷлисҳо баҳсҳои илмӣ намоянд. Чандин бор аз тарафи Маркази исломшиносии президент чунин пешниҳодҳо шуду донишмандони зиёӣ бо донишмандони рӯҳоният дар якҷоягӣ баҳсу мунозира карданд, ки бисёр хуб буд.Зеро як диндор ва як табиъатшинос назари худро баён мекунанду ниҳоят ба мувофиқае меоянд. Чаро аз ин баҳсҳо меҳаросем? Шӯрои уламо дар як моҳ 2 маротиба тамоми донишмандонро ҷамъ кунад, чун вақте онҳо якҷо шуданд, тамоми ғаразҳо гум мешавад. Раиси Шӯрои уламо бояд дар ин ҷо масъулияти ҷиддӣ ҳис кунад.

- Шонсеро мебинед то байни донишмандони диниву фарҳангии мо гуфтугӯ шакл мегираду мушкилот ҳалли худро меёбад?

- 100% боварӣ дорам, ки инҳо ниёз ба муколамаҳои илмӣ доранд, дар ҳолати ғайр шикаст хоҳанд хурд. Донишмандони фарҳангие, ки худро зиёӣ мегиранд ва он уламои суннатӣ низ дар ҷомеа эътибор пайдо нахоҳанд кард. Ва гурӯҳе сари қудрат хоҳад омад, ки ҳар дуи инҳоро пушти по мезанад. Дер ё зуд муҳити фарҳангиро донишмандони бегона мегиранд, чӣ тавре, ки имрӯз ташкилотҳои хориҷӣ муносибати давлату динро таҳлил менамоянду дар хориҷа пешниҳод мекунанд. Аммо уламои тоҷик дар канор мондаанд. Дар байни зиёиён нерӯҳо ҳастанд, танҳо як яке аз онҳо бояд пешқадам шавад. Имрӯз мо чи медонем, ки чи қадар чашмҳо ба ганҷинаҳову табиъати Тоҷикистон духта шудааст.

"Арзишҳои миллиро аз арзишҳои динӣ наметавон ҷудо кард"

- Ҷуз дар майдони дин ва фарҳанг дар майдони сиёсат ҳам ягонагие нест, инҳо метавонанд заминаҳои ҷангро фароҳам оваранд?

- Инҳо заминаҳои ҷудоиро фароҳам карда роҳро барои вуруди гурӯҳҳои тундгаро омода мекунанд, чаро қисмати аъзами салафия дар Русияву Қазоқистон фаъолият  доранд, чун қисмати Русия ва Қазоқистон қаблан мусалмон буданд, вале имрӯз аз таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ному нишоне дар онҳо нест. Онҳо дигар таълимоти мазҳабиро фарқ намекунанд, ки ӯ ҳанафист ва ё рофизӣ балки ҳамчун ислом меҳисобанд. Гурӯҳҳои гуногуни иртиҷоиро вақте онҳо меоянд, танҳо мазҳаби ҳанафӣ шинохта метавонад. Ин ҷо кормандони фарҳанг бисёр озоданд, ҳол он ки онҳо бояд ҷавоб гӯянд. Донишмандони исломии дар ҳаёт баъди 10 -15 соли дигар ҳамашон аз байни мераванд, зеро синну солшон гузаштааст. Аз ин рӯ бояд донишмандоне тарбия кард то дар муқобили тундгароён муқобила карда тавонанд. Дар мо ин чиз нест.

- Иддае бар ин назаранд, ки беҳтар аст ҷавонон бештар ба таълимоти фарҳангӣ ҷалб шаванд то ба маорифи динӣ ва аввал бояд маълумоти дунявиву фарҳангӣ гиранд на маълумоти динӣ, оё воқеан бо ҷазб шудани ҷавонон ба донишҳои динӣ, онҳо аз донишҳои дунявӣ бебаҳра мемонанд?

- Дунявият дар ислом ба муқобили дин нест, балки ба маънои таъмини баробарҳуқуқӣ барои тамоми адён аст. Бинобарин касе ҳуқуқ надорад то истилоҳи дунявиятро ба муқобили ислом истифода барад ва ин корашон зидди Конститутсия мебошад. Онҳое, ки фарҳанги миллӣ мегӯянд, агар ҳамин фарҳанги миллиро аз арзишҳои исломӣ ҷудо намоем, ҳеч чизаш боқӣ намемонад. Агар ба сарчашмаҳои гузаштаамон муроҷиъат кунему онро фарҳанги миллӣ гӯем, онҳо кадомҳоянд? Тамоми манбаъҳои фарҳангии мо манобеъи сирф исломиянд ва аз он ҷои гурез нест. Кулли "Маснавии маънавӣ" аз ояти Қуръон гирифта шудааст, худи "Шоҳнома" ҳам ишора ба сарчашмаҳои таърихи исломанд. Эҷодиёти Носири Хирав аз ислом гирифта шудааст. "Чор унсур" ҳам мутаалиқ ба фарҳанги исломист. Китобҳои шайх Аттор, Ҷалолиддини Румӣ, "Гулистон"-и Саъдӣ ҳама таълимоти исломанд. Ин як нав шикастани қомати фарҳанги миллист ва агар касе чунин идеология дошта бошад, хато мекунад.

Мусоҳибаи Сиёвуш Қосимзода
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)