Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:10

Тоҷикистон кай аз сафи кишварҳои африқоӣ мебарояд?

10 август 2012, 06:19

ММД-и Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4% афзоиш ёфт. Ин нишондод дар нимсолаи аввали соли гузашта 6,9 фоизро ташкил дода буд, яъне дар давраи ҳисоботӣ зиёдшавии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 банди фоизиро ташкил додааст. Аммо дар баробари 7% рушд кардани ММД оё метавон гуфт, ки сатҳи зиндагии мардум ҳам беҳтар шудааст?

Рушди ММД нишонаи болоравии зиндагии мардум нест  

Аммо новобаста аз он ки дар ин шаш моҳ ММД 7,4% рушд кардааст, чаро зиндагии аҳолӣ беҳтар нашудааст, зеро бо афзоиши ММД шумораи одамон ҳам афзоиш меёбад. Дар ҳамин Амрико соли 2011 ММД 1,7% буд, ки нисбат ба соли 2010, 2,8% боло рафтааст. Дар Амрико ва дигар кишварҳо ММД танҳо чанд фоиз боло мераваду зиндагии мардум беҳтар мешавад, аммо дар Тоҷикистон ММД 7% боло рафтааст, пас зиндагии мардум чӣ?  

На ҳама вақт болоравии ММД маънои беҳтар шудани некӯаҳволии мардумро дорад.  Профессор Муним Ҳасанов мегӯяд, Тоҷикистону Туркаманистонро бо якдигар муқоиса кардем ва ба ин натиҷа расидем, ки соли 1989 ММД ба як нафар дар Тоҷикистон нисбат ба Туркаманистон 2,4% камтар будааст. Вале нишондиҳандаҳои сифатии зиндагӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Умри занон 3,4 ва мардон 4,9 сол нисбат ба Туркаманистон зиёдтар буд. Ҳол он ки ММД - и Тоҷикистон 2,4% камтар аз ин кишвар буд. Фавти кудакон 26,6%, фавти модарон 41,9%, касалии сил 24,5% ва сатҳи таҳсилоти базавӣ 2,9% аз Туркаманистон камтар буд: "ин нишондиҳандаҳое, ки то соли 2009 дорем, нишон медиҳад, ки на ҳама вақт зиёд шудани ММД ба ҳар нафар маънои баланд шудани сатҳи зиндагии мардумро дорад. Словенияро бо 27 кишваридунё қиёс намудем, ММД ба ҳар нафар дар Словения нисбати Тоҷикистон 50,5%, нисбати Қирғизистон 32,7%, нисбати Малдовӣ 22,7%, ӯзбакистон 14,1%, Гурҷистон 2,5%, Сербия 2,2%, Туркаманистон 2,7%, Албания 6,8%, Македония 5,8%, Русия 4,5% ва нисбат ба Чехия 1,7% зиёд буд. Ва нишондиҳандаҳои сифатии ин кишвар бештар буд. Дар Қазоқистон давомнокии умри занон нисбати Словения 2,9 сол камтар аст. Нисбати Қирғизистон 2,1 сол, Русия 7,6%, Украина 7,4%, Тоҷикистон 7% ва нисбати Озарбойҷон 6,2% давомнокии умри занон дар Словения камтар аст. Хулоса на ҳама вақт болоравии ММД маънои беҳтар шудани некуаҳволии мардумро дорад".                              

Доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев ин гуфтаҳоро тақвият бахшида мегӯяд, ки ба нишондиҳандаи ММД тайи солҳои ахир аз нигоҳи ташкилотҳои байналмилалӣ онқадар баҳои мусбӣ дода намешавад ва нишондиҳандаи болоравии ММД ҳанӯз шохиси болоравии сатҳи зиндагии мардум нест: "дар сохтори ММД агар молҳои ҳарбӣ афзоиш ёбад, ин ба сатҳи зиндагии мардум таъсир расонида наметавонад. Дар дохили ММД агар ба тақсимоти буҷет дар ҳифзи иҷтимоӣ диққати ҷиддӣ дода бошанд, дар ин ҳолат сатҳи зиндагии мардум баланд мегардад. Вале агар набошад, иттифоқе намеафтад". Ба қавли номбурда ин нишондиҳанда дар солҳои ахир моҳияти дуввум дараҷа касб кардааст, ки барои ҳамин ташкилотҳои байналхалқӣ дигар шохисҳоро минҷумла сатҳи саводнокии мардум, сатҳи шуғлии мардум, доимияти қурби пул ва боло нарафтани нархҳо ва сатҳи саломатии мардум шохисҳоеанд, ки дараҷаи зиндагияшонро муаян мекунанд. Бинобарин аз рӯи як нишондиҳанда муаян кардани сатҳи зиндагии мардум ноқис асту пурра нест".                      
Оё ин 5 нишондиҳандаи муайянкунандаи дараҷаи зиндагии мардум яъне сатҳи саводнокии мардум, сатҳи шуғлии мардум, доимияти қурби пул ва боло нарафтани нархҳо ва сатҳи саломатии мардум дар Тоҷикистон дар кадом сатҳ қарор дорад?

Тибқи омор шумораи расмии бекорон дар Тоҷикистон дар моҳи январ 54,8 ҳазор нафарро ташкил дод, ки ин нишондод дар моҳи майи соли 2012 ба 57,1 ҳазор нафар расидааст.  Вақте ММД афзоиш ёфтааст, дар натиҷаи он ҷойҳои нави корӣ падид омада сатҳи бекорӣ коҳиш меёбад. Аммо чаро дар мо баръакс аст?  
Коршиноси масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён мӯътақид аст, ба  омори расмие, ки бекорииро 57 ҳазор нишон медиҳад наметавон эътимод кард, зеро беш аз 2,5 млн. аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар ватан нестанду дар хориҷа машғули фаъолиятанд ва дар кишвар нафароне ҳастанд, ки аз буҷети давлат моҳона мегиранд ва саҳми бхши хусусӣ дар ин ҷо хеле кам аст: "бинобарин аз 6,9% ба 7,4% расидани ММД маънои онро надорад, ки мардум бо кор таъмин шудаанд. Балки баракс новобаста аз рушди ММД сол то сол бекорӣ дар Тоҷикистон зиёд мешавад ва ин маънои онро дорад, ки ба афроди шоғил дар кишвар талабот нест. Зеро кадрҳои баландихтисосамон ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Дигар аҳолии шоғили кишвар дар Русия кор мекунанду ба мамлакат пул ворид менамоянд ва шояд аз ҳисоби онҳо иқтисод рушд карда бошад, вале ин дуруғи маҳз аст. Рушди иқтисод аз пешрафти саноат ва хидматрасонӣ ба мардум ба даст меояд. Ҳукумати мо ҳама сола нархи колоҳоро дар бозор гирифта нисбт ба соли қаблӣ тарҳ мекунаду болоравии нрхҳоро рушди иқтисоди меҳисобад, ки ин аслан дуруғ асту мардумро фиреб мекунанд! Чун имкон надорд, ки рушди иқтисоди Тоҷикитсон др нимсол 7,4% шуда бошад. Ин танҳо аз ҳисоби боло бурдани нархҳо дар бозори дохилӣ дуруст аст. Чун нархи молҳо ба ҳамин дараҷа боло рафтааст, ки ҳамин болоравии нрхҳоро ҳукумат рушди иқтисод нишон медиҳад".

Зулфиқори Исмоилиён дар хусуси 5 шохиси муайянкунандаи рушди иқтисод мегӯяд: "Сатҳи саводнокӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир мерасонад. Мо ҳам мардуми тандуруту солим надорем ва ҳам қувваи корие, ки имрӯз дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ харидор дошта бошад. Ба ҳамин хотир аст, ки қувваи кории мо дар Русияву дигар кишварҳо ба корҳои сиёҳ машғул асту ингуна корҳо тахассусеро талаб наменамоянд. Дар Тоҷикистон ба мардум хидматрасоние расонида намешавад. Бинед, ки роҳҳо валангоранд. Нақлиёт ҳам мардумро қонеъ намекунанд. Фақат хизматрасонии бонкӣ дорем, ки дар он ҷо нафақахурон пулҳояшонро мегиранду бонкҳо ҳам қарз медиҳанд. Дигар чи хизматрасоние дорем ҷуз ресторану ошхона. Дар Тоҷикистон одам намедонад, ки вақти бекорияшро дар куҷо гузаронад. Маконҳои истироҳатие нест то дар он ҷо истироҳат кунад. Дар соҳаи алоқа наметавон дар як рӯз дар хонаи худ телефону интернету дигар хизматрасониҳоро гузаронид. Ин корро ҳеч як аз ширкатҳои Тоҷикистон анҷом дода наметавонанд. Хизматрасонӣ ба мардум дар сатҳи поин аст ва инро президент ҳам порсол гуфт, чи тавр шумо хизматрасонӣ мекунед, ки хизматрасониятон 3,4% ро ташкил медиҳад. Қурби пул аз бозори ҷаҳонӣ вобастааст ва онро нигоҳ дошта наметавонем ва Бонки миллии Тоҷикистон дар ин байн долларро ба бозор ворид мекунад то қурби сомониро нигоҳ дорад. Ин кори хуб нест, дар ҳолати қатъ шудан, он пуле, ки мардум доранд ба коғази бемасраф табдил меёбанд. Пули тоҷикиро долларҳои муҳоҷирон низ нигоҳ медоранд".

Ба гуфтаи номбурда сатҳи саводнокии мардум дар Тоҷикистон каме аз сифр болотар аст. Зеро  кадрҳое, ки тарбия меёбанд, ҳеч кадомашон талаботро қонеъ гардонида наметавонанд. Албатта онҳое, ки дар Русияву дигар кишварҳо таҳсил карда бошанд, савод доранд. Вале онҳое, ки донишгоҳҳои кишварро хатм мекунанд аслан савод надоранд ва наметавонанд мустақилона кор кунанд. Ин ҳам ба хотири паст будани сатҳи таълим дар донишгоҳҳост.                                                                         

Ба соҳаи хизмат ниёзе надорем!

Ба 7,4% рушди ММД ҳиссаи истеҳсоли молҳо 2,6%, хизматрасонӣ 3,7% ва ҷамъоварии андозҳои ғайримустақим 1,1 фоизро ташкил медиҳад. Ва ҳаҷми ММД - и номиналӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 13824,2 млн. сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2666 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Чунончи дар моҳҳои январ - июни соли ҷорӣ дар сохтори ММД истеҳсоли молҳо 35,6 фоиз нисбат ба 33,7 фоизи соли гузашта, мутаносибан хизматрасонӣ 49,4 фоиз нисбат ба 51,1 фоиз ва андозҳо 15,0 фоиз нисбат ба 15,2 фоиз мебошад. Дар ин ҷо ҳиссаи яке аз қисмҳои ММД, ки истеҳсоли молҳост аз хизматрасониҳову андозҳо зиёдтар баромадааст. Пештар агар ҳисссаи хизматрасонӣ 51,1% буд, имсол 49,4 шудааст ва ҳиссаи истеҳсоли молҳо зиёд гаштааст. Дар истеҳсоли молҳо афзоиш ба андозаи 1,9 банди фоизӣ аз ҳисоби зиёдшавии ҳиссаи кишоварзӣ ба андозаи 0,4 банди фоизӣ ба вуҷуд омадааст.      

Оё воқеан афзоиши истеҳсоли молҳо дар ММД нишонаи хубест вақте, ки дар Амрико зиёда аз 77,5% ММД - ро соҳаи хизмат ташкил дода 70 фоизи аҳолии ин кишар дар ин соҳа шуғл доранд ва низ 85% кадрҳои баландихтисос дар инҷо макон доранд. 50 дарсади сохтори содироти Амрикоро маҳсулоти тайёри саноатӣ ишғол менамояд. Аммо дар Тоҷикистон бештари содирот ва истеҳсоли молҳо дар ММД ба молҳои коркарднашудаи соҳаи саноат ва ашёҳои хоми хоҷагии қишлоқ рост меояд. Инчунин ҳамин молҳои истеҳсолии кишоварзиву саноатии мо ҳам нақше дар бозори ҷаҳонӣ надоранд ва даромади зиёдеро насиби Тоҷикистон намеоваранд.

Дар ММД - Олмон ҳам саноат 23,3%, хизмат 63,5% (аз ҷумла ба сектори молиявӣ 26,3%), сохтмон 3,4% ва хоҷагии қишлоқ 0,8% мебошад. Дар ММД - и Ҷопон соҳаи хизмат 62%, саноат ва сохтмон 36%, хоҷагии қишлоқ 2% - ро ишғол менамояд. Дар ММД - и Чин ҳиссаи саноат 53%, соҳаи хизмат 33%, хоҷагии қишлоқ 14% ро ташкил медиҳад. Дар сохтори ММД - и Шветсия бошад, маҳсулоти саноатӣ 29%, соҳаи хизмат 69% ва хоҷагии қишлоқ 2% ро ташкил медиҳад. Дар ММД - Дания соҳаи хизмат 71%, саноат 26% ва хоҷагии қишлоқ 3% ро ташкил медиҳад. Дар сохтори ММД - и Нурвегия соҳаи хизмат 55%, саноат ва сохмон 43% ва хоҷагии қишлоқ 2% ро ташкил менамояд. Ба ММД - и Финландия низ соҳаи хизмат 62% ва хоҷагии қишлоқ 34% рост меояд.    
Профессор Муним Ҳасанов бар ин назар аст, ки зиёд кардани нақши ин ё он соҳа дар сохтори ММД  ҳоло вазифаи аввалиндараҷа нест ва дар ҷамъбастӣ соли 2011 аз рӯи маҳсулоти саноатӣ Тоҷикистон ба 60 фоизи соли 1990 расид. Собит шуда, ки агар заминаи иқтисодӣ фароҳам бошад, рушди 3% кифоя аст. Вале аз онҷое, ки истеҳсоли молҳо дар ММД - и кишвар кам аст, беҳтар аст то дар ММД - и истеҳсоли молҳо зиёд гардад: "Мо агар ширу ғалла истеҳсол мекунем, шикамамон сер намегардад, бинобарин барои воридоти маводи хурока аз хориҷа арз сарф менамоем. Ҳисоб кардем, кишваре, ки 70 фоизи хурокаро барои худаш таъмин намекунад, ин мамлакат амнияти ғизоияшро таъмин карда наметавонад".        
Рушди ММД нишонаи болоравии зиндагии мардум нест  
Аммо новобаста аз он ки дар ин шаш моҳ ММД 7,4% рушд кардааст, чаро зиндагии аҳолӣ беҳтар нашудааст, зеро бо афзоиши ММД шумораи одамон ҳам афзоиш меёбад. Дар ҳамин Амрико соли 2011 ММД 1,7% буд, ки нисбат ба соли 2010, 2,8% боло рафтааст. Дар Амрико ва дигар кишварҳо ММД танҳо чанд фоиз боло мераваду зиндагии мардум беҳтар мешавад, аммо дар Тоҷикистон ММД 7% боло рафтааст, пас зиндагии мардум чӣ?  

На ҳама вақт болоравии ММД маънои беҳтар шудани некӯаҳволии мардумро дорад.  Профессор Муним Ҳасанов мегӯяд, Тоҷикистону Туркаманистонро бо якдигар муқоиса кардем ва ба ин натиҷа расидем, ки соли 1989 ММД ба як нафар дар Тоҷикистон нисбат ба Туркаманистон 2,4% камтар будааст. Вале нишондиҳандаҳои сифатии зиндагӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Умри занон 3,4 ва мардон 4,9 сол нисбат ба Туркаманистон зиёдтар буд. Ҳол он ки ММД - и Тоҷикистон 2,4% камтар аз ин кишвар буд. Фавти кудакон 26,6%, фавти модарон 41,9%, касалии сил 24,5% ва сатҳи таҳсилоти базавӣ 2,9% аз Туркаманистон камтар буд: "ин нишондиҳандаҳое, ки то соли 2009 дорем, нишон медиҳад, ки на ҳама вақт зиёд шудани ММД ба ҳар нафар маънои баланд шудани сатҳи зиндагии мардумро дорад. Словенияро бо 27 кишваридунё қиёс намудем, ММД ба ҳар нафар дар Словения нисбати Тоҷикистон 50,5%, нисбати Қирғизистон 32,7%, нисбати Малдовӣ 22,7%, ӯзбакистон 14,1%, Гурҷистон 2,5%, Сербия 2,2%, Туркаманистон 2,7%, Албания 6,8%, Македония 5,8%, Русия 4,5% ва нисбат ба Чехия 1,7% зиёд буд. Ва нишондиҳандаҳои сифатии ин кишвар бештар буд. Дар Қазоқистон давомнокии умри занон нисбати Словения 2,9 сол камтар аст. Нисбати Қирғизистон 2,1 сол, Русия 7,6%, Украина 7,4%, Тоҷикистон 7% ва нисбати Озарбойҷон 6,2% давомнокии умри занон дар Словения камтар аст. Хулоса на ҳама вақт болоравии ММД маънои беҳтар шудани некуаҳволии мардумро дорад".                              

Доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев ин гуфтаҳоро тақвият бахшида мегӯяд, ки ба нишондиҳандаи ММД тайи солҳои ахир аз нигоҳи ташкилотҳои байналмилалӣ онқадар баҳои мусбӣ дода намешавад ва нишондиҳандаи болоравии ММД ҳанӯз шохиси болоравии сатҳи зиндагии мардум нест: "дар сохтори ММД агар молҳои ҳарбӣ афзоиш ёбад, ин ба сатҳи зиндагии мардум таъсир расонида наметавонад. Дар дохили ММД агар ба тақсимоти буҷет дар ҳифзи иҷтимоӣ диққати ҷиддӣ дода бошанд, дар ин ҳолат сатҳи зиндагии мардум баланд мегардад. Вале агар набошад, иттифоқе намеафтад". Ба қавли номбурда ин нишондиҳанда дар солҳои ахир моҳияти дуввум дараҷа касб кардааст, ки барои ҳамин ташкилотҳои байналхалқӣ дигар шохисҳоро минҷумла сатҳи саводнокии мардум, сатҳи шуғлии мардум, доимияти қурби пул ва боло нарафтани нархҳо ва сатҳи саломатии мардум шохисҳоеанд, ки дараҷаи зиндагияшонро муаян мекунанд. Бинобарин аз рӯи як нишондиҳанда муаян кардани сатҳи зиндагии мардум ноқис асту пурра нест".                      
Оё ин 5 нишондиҳандаи муайянкунандаи дараҷаи зиндагии мардум яъне сатҳи саводнокии мардум, сатҳи шуғлии мардум, доимияти қурби пул ва боло нарафтани нархҳо ва сатҳи саломатии мардум дар Тоҷикистон дар кадом сатҳ қарор дорад?

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!