Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:43

Муруре бар достони Фаластин ва рӯзи Қудс

14 август 2012, 09:19

Ҳазорон сол пеш гурӯҳе аз Канъониён аз ҷазираи Ал-араб ба сарзамини Фаластин кӯч карданд ва шаҳреро бо номи "Юбус" бунёд ниҳоданд, баъдҳо ин ном ба Урсолем, яъне сулҳ ва дустӣ тағйири ном ёфт.

Дарвоқеъ Урсолем ҳамон Уршалим дар забони ибрӣ аст, ки имрӯз ба шахри Қудс тааллуқ мегирад. Бар асоси санадҳои таърихӣ ин шаҳр дар тӯли таърих  17 бор мавриди ҳамла ва муҳосира қарор гирифт ва борҳо бо хок яксон шуд. Аз лиҳози моликият низ шаҳри Урсолем, Қудс ё Уршалим 15 аср дар ихтиёри Юбусиён, ё ҳамон Канъониён, 14 аср дар тасаллути Бани Исроил, чанд  аср дар дасти эрониён, 2 аср дар ҳокимияти Юнон ва 4 аср таҳти ҳукумати румиён идора гардид. Аз ин рӯ равшан аст, ки бунёни Қудс  ва ободии сарзаминҳои Фаластин, аз Канъониён  нашъат гирифта аст ва ҳофизаи таърих ҷое ҷуз 4 қарн барои бани Исроил боқӣ намегузорад. Аз сӯи дигар аҳдномаи муслимин низ ин моҷароро тасдик мекунад, ки яҳудиён дар он даврон хамчун сокинони расмии Уршалим шинохта намешуданд ва аз онон номе ба миён наёмада аст. Пас аз ифтитоҳи мусолиматомези Уршалим ба дасти мусалмонон, номи он ба Байтулмуқаддас  тағйир ёфт. Аз он пас, аз соли 15 ҳиҷрии қамарӣ  то соли 1337 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ бо 1917 мелодӣ,  ҷуз дар муддати як аср, ҳамвора Байтул муқаддас дар доираи сарзаминҳои исломӣ таъриф мегардад.

Саҳюнист

Саҳюн дар забони ибрӣ ба маънои офтобгир аст; ҳамчунин номи кӯҳе дар ҷануби ғарби Байтулмуқаддас мебошад. Куҳи Сайҳун  бар асоси бархе гуфтаҳо  зодгоҳҳо ва оромгоҳи Довуди паёмбар ва ҷойгоҳи ҳукумати Сулаймони набӣ буд.
Албатта, ин ном гоҳе ба номи шаҳри баргузида, шаҳри муқаддас  низ ба кор меравад. Аммо дар ҳар ҳол Сайҳун ишора ба яке аз ормонҳои яҳуд  мебошад ва рамзи раҳоӣ аз зулм ва ташкили ҳукумати мустақили яҳудиён ва фармонравоӣ бар ҷаҳон аст. Аз ин рӯ яҳудиён худро фарзандони Саҳюн медонанд.
Аммо саҳюнисм ё саҳюнгарой ҷунбише аст, ки хоҳони муҳоҷират ва бозгашти яҳудиён ба сарзамини  Фаластин ва ташкили давлати яҳуд аст. Саҳюнисм, навъе миллигароии ифротӣ аст,ки дигар нажодҳоро хору паст мешуморад ва дар паи дастёбӣ ба қудрат аст. Ин ҳаракат дар нимаи дуюми асри 19 мелодӣ  дар Аврупо по ба арсаи вуҷуд гузошт; аммо вожаи саҳюнисм нахустин бор тавасути Теодор  Ҳертзел ба кор рафт ва сипас Наҳом Соколо дар китоби "Таърихи саҳюнисм" аз он сухан гуфт.

Ғолибан саҳюнисмро ба ду гароиши сиёсӣ ва фарҳангӣ тақсим менамоянд. Саҳюнисми сиёсӣ дар нимаи дуюми асри нуздаҳум рушд кард ва бозгашти яҳудиён ба Фаластин ва эҷоди кишвари Исроилро хостор буд. Аммо саҳюнисми фарҳангӣ, ки дорои қудрати бештаре буд, бо муҳоҷирати яҳудиён ба Фаластин ва таъсиси ҳукумати ҷадид мухолифат намуд. Дар ҳар ҳол, саҳюнисмро ба вижа дар гиройши сиёсии он наметавон маҳсули мустақил ва мустақими андешмандони яҳудӣ донист, балки онро метавон посухе ба рақобатҳои истеъморӣ ва қудратҳои аврупоӣ ба шумор овард.
Ҳар чанд аз дидгоҳи дигар наметавон ангезаҳои мазҳабии салибиюни шикаст хӯрдаи дирӯз ва пирӯзмандонаи имрӯзро низ аз назар дур дошт.

Дар айни ҳол, метавон тақсимбандии дигареро низ мулоҳиза намуд ва он саҳюнисми динӣ ва ғайри динӣ аст. Саҳюнисми динӣ, андешае аст, ки эътиқод дорад бозгашт ба сарзамини  ваъдашуда дар замоне, ки парвардигор мушаххас намуд ва ба шевае, ки у таъйн карда аст, рух хоҳад дод ва ин рухдоди башарӣ нест. Пайравони ин андеша гурӯҳе аз яҳудиён ё ҳамон саҳюнистҳои фарҳангӣ ва идаъе аз масеҳиёни охарулзамонгаро мебошанд, ки эътиқод ба зуҳури муҷаддади Масеҳ дар сарзамини Фаластин доранд. Дар баробари ин идда, касоне низ бо такя бар далелҳои таърихӣ, сиёсӣ ва илмӣ дар талошанд, то ба масуан додани  яҳудиён машруъият бахшанд. Албатта, ҳамин гурӯҳ низ агарчи аз далелҳои ғайри динӣ баҳра мебаранд, аммо гӯйиш ва адабиёти динӣ доранд ва пуштибони бархе руҳониёни яҳудӣ низ бархурдоранд, ҳарчанд дар зоти хеш бештар бар миллияти яҳуд такя карда ва аз мазҳаб дурӣ меҷуянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!