Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:46

Дар садамаҳои нақлиётӣ ду нафар ҷони худро аз даст додаанд

29 июн 2011, 11:01

Бар асари ду садамаи нақлиётӣ ду нафар ҷони худро аз даст доданд.

Тавре Қудратулло Шоев, бозраси шӯъбаи ташвиқот ва тарғиботи БДА ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, санаи 28-уми июн автомашинаи тамғаи «МУСО»  таҳти идораи Ашӯров Абдулатиф   аснои  ҳаракат дар рустои деҳаи «Хоҷахон»-и ҷамоати «Калининобод» аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада  мошинро чаппа мекунад, ки дар натиҷа мусофири дохили он Бунёд Неъматови 24 -сола ба ҳалокат мерасад.   
Ба ҳамин монанд, дар ноҳияи Рӯдакӣ ронандаи автамашинаи тамғаи «ЗИЛ 5511»    Шокирҷон Камолов, зимни ҳаракат дар ҳудуди деҳаи «Ҷавонон» пиёдагарди ноболиғ Курбонбег Саломови 11 -соларо зер мекунад, ки дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ба иттилои манбаъ шабонарӯзи гузашта дар саросари ҷумҳрӣ 7 садамаи нақлиётӣ ба вуқуъ пайваста, 2 нафар ҷони худро аз даст дода, 6 тани дигар ҷароҳотҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхонаҳо интиқол дода шуданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!