Бахшҳо
14 авг 2012 10:07Гузориш

Касеро парвои ин соҳаи сердаромад нест

Навоҳии кӯҳистони ҷумҳурӣ қодиранд, ки на фақат аз дотатсияи ҳукумати марказӣ берун раванд,балки имкон доранд буҷаи онро ғанӣ гардонанд. Аммо ҳамагон интизоранд, ки кай шахси аввали ҳукумат ба ин мушкил расидагӣ мекунад ва ба эшон вазифа медиҳад, ки ин корро ба сомон расонед

Маврид ба тазаккур аст, ки ин гуна мавзеъҳои диққатҷалбкунанда дар ҷумҳурии мо зиёданд. Масъулинро танҳо зарур аст, ки масъулияти бештарро бар дӯш гирифта, барои рушди минтақа хизмат намоянд. Аммо мутаасифона дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадаст, ки ягон масъул ва вазифадор наметавонад ва ё намехоҳад аз пеши худ ташаббус нишон дода, ягон кореро барои нафъи ҷомеа ба анҷом расонад. Ё бовар ба худ надоранд ва ё аз чизе ҳарос мекунанд. Ҳамагӣ интизори онанд, ки кай шахси аввали ҳукумат ба ин мушкил расидагӣ мекунад ва ба эшон вазифа медиҳад, ки ин корро ба сомон расонед.Бо гузашти беш аз 20 соли соҳибистиқлолӣ, дар мақомоти маҳаллӣ нест нафаре, ки пешниҳоде ва ё иқдоме барои рушду тараққиёти минтақа карда  бошад. Вагарна барои баромадан аз мушкили коммуникатсионӣ, баланд бардоштани иқтисодиёти минтақа, таъмини ҷойҳои корӣ ва сатҳи беҳтари зиндагонии мардум роҳҳо зиёданд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар сӯҳбатҳову вохӯриҳои алоҳида мутахассисони гуногун фикру ақида ва идеяҳои ҷолиб баён менамоянд, аммо барои амалӣ кардани онҳо ё вақт нест ва ё ҳавсала.
Акнун бармегардем ба масъалаи рушди ҷаҳонгардӣ ва ё ҳамон сайру саёҳат ва рушду нумӯъи навоҳии кӯҳистон. Бо истифода аз тарғиби интернетӣ ва шабакаҳои тафреҳӣ ба боварӣ метавон гуфт, ки табиати Тоҷикистон сайёҳони хориҷиро ҳатман ба худ мекашад.   Аммо боз ҳам масъулони тоҷик, ба хусус дар ҳамон кӯҳистон  ҳеч вақт дар фикри ин соҳаи сердаромад набуданду нестанд. Аниқтараш, парвои онро надоранд.  

Ҳанӯз аввали солҳои 2000-ум президент Эмомалӣ Раҳмон эълон карда буд, ки  баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ ба хусус дар минтақаи кӯҳсори кишвар, роҳҳои ҳар чӣ тезтар ҷалб намудани сайёҳони хориҷиро бояд ба роҳ монд. Баъди ин пешниҳоди райисиҷумҳур як муддате аввал кор дар ин самт ҷоннок гардид. Тақрибан дар ҳамаи навоҳии ҷавобгӯ ва ё мувофиқ ба сайёҳӣ гурӯҳҳои махсуси корӣ ташкил ёфта, вазъи ин соҳаро баррасӣ менамуданд. Ҳатто ба мавзеъҳои мушкилгузар ҳам масолеҳи сохтмонӣ кашонда, сохтмони иншоотро ба роҳ мемонданд. Ноҳияҳои Балҷувону Мӯъминобод, ки воқеан ҳам минтақаҳои барои сайёҳӣ қулай ба ҳисоб мераванд, бо амру супориши президент ва ҳукумати ҷумҳурӣ солҳои 2007 ва 2008-ум дар ин маврид корҳои назаррасеро ба анҷом мерасонданд. Аз назари аввал ба назар мерасид, ки дар ҳақиқат масъулини соҳаи туризми кишвар аз иқдоми райисиҷумҳур пуштибонӣ карданианду дар кӯтоҳтарин муддат  дар мавзеъҳои сайёҳӣ хобгоҳу фароғатгоҳҳо бунёд кардаву соҳаро рушд медиҳанд. Дар мавзеъҳои зебоманзару афсонавии Чилдухтарон дар Муъминобод ва Сари Хосори Балҷувон, ки назарфиребанду ҳамзамон даҳҳо намуди ҳайвоноти шикорбоб парвариш меёбанд, бо иқдоми соҳибкорони хусусӣ якчанд бинои хобгоҳ бунёд ёфтанд. Бо ибтикори раиси собиқи ноҳияи Балҷувон Бек Қурбонов табиати дилфиреби Сари Хосор бо олами набототаш ва олами набототу ҳайвоноти он наворбардорӣ шуда, ҳамзамон бо ташаббуси он кас дар хориҷа тарғиб мешуд. Он замон собиқ раҳбари ноҳия мегуфт, ки бо истифода аз ҳамин наворҳо тавонистаанд, якчанд гурӯҳи сайёҳони аврупоиву амрикоиро ба ноҳия бивоаранд.

Нақшаҳои ноамалишуда  

Ҳанӯз чор сол пеш Қурбонов гуфта буд, ки «ҳангоми як сафари корӣ дар Амрико соли 2007-ум бо намояндагони давлатҳои гуногун дар сӯҳбат будам. Вақте аз табиати Тоҷикистон барои эшон қиссаҳо кардам ва наворҳои видеоиро нишон додам, хориҷиён   ҳайрон монданд. Беихтиёр ҳаваси кишвари мо мекарданд. Баъзеашон мегуфтанд, ки барои кушодани самти туризм бо давлати Тоҷикистон миёнаравӣ хоҳанд кард». Ҳамон солҳо дар мавзеи Сари Хосор сохтмони хобгоҳ барои сайёҳон оғоз гардида буд. Инчунин, самтҳои ҳаракати сайёҳон дар мавзеҳои ҳайвонҳои шикоршаванда тартиб дода шуд. Аммо як сол баъд раиси ноҳияро аз кор гирифтанду дигар нақшаи бунёди  соҳаи туризм дар Балҷувон ҳам аз ёдҳо фаромӯш шуд…

Ба ҳамин монанд, манзараи дигаре, ки метавонад сайёҳони хориҷиро ҷалб намояд, ин мавзеи Чилдухтарон дар ноҳияи Мӯъминобод мебошад. Воқеан, дар ин маврид ҳам президент  ҳанӯз чанд сол қабл ба масъулин барои ривоҷ додани соҳа ва  ҷалби сайёҳони хориҷӣ супориш дода буд. Бино ба қавли сардори муассисаи ҷангали ноҳияи Мӯъминобод Ҷумъа Муродов, бо ибтикори як соҳибкори маҳаллӣ чанд сол пеш миёни кӯҳҳои сарбафалак ва барфпӯши Чилдухтарон як осоишгоҳи махсус бо номи «Чилдухтарон» барои 200 ҷой бунёд ёфт. Аммо бо кадом сабабе аз ёдҳо фаромӯш гашт ва  кор дар ин самт  низ ба якборагӣ қатъ гардид: «Вагарна, дар ин мавзеъ минтақаҳое ҳастанд, ки ҳар бинандаро дар ҳайрат меорад. Кӯҳҳои осмонбӯси тақрибан ҳамасола пурбарф, чиҳил адад кӯҳи бо «устогӣ»-и махсуси табиат эҷодшуда, ки шабеҳи духтаронанд, назари бинандаро мерабоянд. Гузашта аз ин, ин ҷо ҳайвони ваҳшӣ аз қабили хирсу гург, рӯбоҳу шағол, баъзан ҳатто паланг, оҳуву нахчир ва архару бузҳои даштӣ, инчунин кабку мурғони даштӣ ва дигар паррандагон зиёданд, ки воситаи асосии ҷалби сайёҳони шикорчӣ буда метавонанд. Чашмаҳои сардоби кӯҳӣ, шаршараҳои моҳирона сохташудаи табиат назири беназиреанд, ки низ таваҷҷӯҳи сайёҳонро ба худ мекашанд»,- меафзояд Муродов.

Мутаасифона, ҳамаи инро масъулин то ҳанӯз натавонистаанд пешниҳоди сайёҳону хоҳишмандон намоянд ва туризмро рушд бидиҳанд. Дар бораи тарғибу реклама ҳоҷати гап ҳам нест. Ин дар ҳолест, ки дар назди ҳукумати ҷумҳурӣ ниҳоди махсус оид ба саёҳат фаъол аст ва шояд дар шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо садҳо корманди маошгир дошта бошад. Саволи матраҳ ин аст, ки ҳамин маошгирон барои кадом фаъолияташон моҳона мегирифта бошанд? Ва умуман, чаро барои пешрафти соҳаи туризм касеро дар чумҳурӣ парвое нест?!... Ман намедонам, шояд шумо медонед?

Аслиддин Достиев
















Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)