Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:54

Курдҳо соҳиби давлат мешаванд?

15 август 2012, 04:30

Баъд аз тағйири режим дар Сурия курдҳои Туркия мутмаъинан фурсати таърихӣ барои эҷоди ҳадди аққал як иёлат таҳти тасаллути худро ба даст хоҳанд овард. Посух ба ин ҳаққи сиёсӣ, ки аз матолиби курдҳои мухолифи давлати Aнкaрa аст, Туркияро бо масъалаи буғранҷе рӯ ба рӯ хоҳад кард.

Як рӯзномаи Англия бо ишора ба талоши Туркия  барои тағйири режими Сурия навиштааст, ки  суқути Башор Асад Туркияро бо кобуси ҷудоиталабони курдҳо мувоҷеҳ хоҳад кард. Тибқи гузориши “Форс” ба нақл аз рӯзномаи  “Файннашол Таймз”, Туркия ки яке аз пойгоҳҳои аслии шуришиёни мухолифи Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия аст  мумкин аст дар ин таҳаввулот бештар аз он чи ки ба даст меоварад аз даст бидаҳад.Бар асоси ин гузориш ҳеч кишваре  дар минтақа ба андозаиТуркия бо тағйири режими Сурия  дучори чолиш нахоҳад шуд.

Яке аз натойҷи ошкори даврони баьд аз Асад барои туркҳо эьлони мавҷудияти курдҳо дар марзҳои ҷанубии ин кишвар аст. Туркия солҳо талош мекунад таҳдиди курдҳои дохили алайҳи давлати Анкараро коҳиш диҳад аммо дар ин замина муваффақиятҳои чандоне касб накарда аст. Ин таҳдид акнун бо бӯҳрони Сурия ба саросари марзҳои ҷанубӣ ва шарқии Туркия кашида шудааст. Файннашол Таймз ҳамчунон навишт, ки воқеьияти асоси инҷост; дар тӯли моҳи гузашта ҳамалоти мухолифони Сурия дар Димишқ ва Ҳалаб афзойш ёфтааст ва ҳукумати Башор Асад маҷбур шудааст ағлаби неруҳои низомии худро аз марзҳои шумоли шарқии худ бо Туркия фаро бихонад. Курдҳои Сурия низ бо истифода аз ин халаъ парчами Курдистонро дар ҳамаи шаҳрҳои худ аз ҷумла шаҳри бузурги "Комишли" ба иҳтизоз даровардаанд.

Бар асоси ин гузориш, курдҳои Сурия бо кӯмаки ҳизби иттиҳоди демокрaт ва Шӯрои милии курдҳо ин минтақаро таҳти ҳукумати худ дароварданд. Шӯрои милии курдҳо чизе беш аз як исм нест, аммо дар муқобили ҳизби иттиҳоди демокрaт решаҳои амиқе дорад ва бисёр созмонёфта аст ва аз муттаҳидони ҳизби коргарони Курдистон (ПКК) аст. Туркия аз соли 1984 даргири ҷанг бо ПКК аст, аммо пешрафти каме дар муқобила бо онҳо ки дар саросари марзҳои ҷануб ва шарқ ва ҳамчунин дар куҳҳои шумоли Ироқ ҳастанд бадаст оварда аст.
Гуфта мешавад, он чи ки Туркия дар ҳоли ҳозир нaзорагари он аст мустаҳкам шудани мавқеъи ПКК дар шимоли Сурия ва дар ҳоли эҷоди шабаҳи конфедратсияи Курдистон аст. Ин масьала таҳдиди эҷоди як иёлати курдӣ, ки заминаи он дар Туркия вуҷуд дорадро дар марзҳои ҷануби шарқии ин кишвар ба вуҷуд оварда аст.

Бар асоси ин гузориш, курдҳо дар Туркия, Сурия ,Ироқ ва Эрон пароканда ҳастанд ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Туркия яке аз бозандаҳои аслии даврони баъд аз усмонӣ ва ҷанги ҷаҳонии аввал аст, парокандагии курдҳо ҳосили шикасти усмонӣ дар ҷанги ҷаҳонӣ ва тарсими марзҳои ҷуғрофиёи тавассути аврупоиҳо аст. Баъд аз тағйири режим дар Сурия курдҳои Туркия мутмаъинан фурсати таърихӣ барои эҷоди ҳаддиаққал як иёлат таҳти тасаллути худро ба даст хоҳад овард.
Ба навиштаи Файннашол Таймз,  посух ба ин ҳаққи сиёсӣ, ки аз матолиби курдҳои мухолифи давлати Aнкaрa аст, Туркияро бо масъалаи буғрунҷи рӯ ба рӯ хоҳад кард.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!