Бахшҳо
15 авг 2012 05:48Гузориш

Мизоҷони Мовароуннаҳр: «Иҷозат диҳанд, мо худамон месозем»

Агар Охунов гунаҳкор аст, бигузор дар назди қонун ҷавоб диҳад, вале масъулин бояд иҷозат диҳанд, то объектҳои сохтмонии ширкати ӯ корро идома диҳанду мизоҷон бар ивази маблағи додаашон соҳиби хона гарданд…

 

Мизоҷони ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр», ки аксариаташонро занон ташкил медод, дар ин бора зимни сӯҳбат бо хабарнигори Озодагон иброз доштанд. Ҳамзамон, шикояти касатсионӣ аз болои қазияи Ҷӯрабек Охунов, роҳбари собиқи ширкати «Мовароуннаҳр», ки мебоист  рӯзи 14-уми август дар Додгоҳи олӣ мавриди баррасӣ қарор мегирифт, ба рӯзи 4-уми сентябр ба таъхир гузошта шуд. Масъулини додгоҳ сабаби  мавқуф гузоштани мурофиаи мазкурро ба васеъ будани парванда ва омода набудан рабт доданд. Вале ҷабрдидаҳо ба таъхир гузоштани мурофиаи додгоҳиро шунидан замон асабонӣ гардида, иброз намуданд, ки чунин ба таъхиргузориҳо бори аввал нест: «Барои мо маълум нест,ки чаро абъектҳои ширкатро «ҳабс» карданд? Мо метарсем, ки пуламонро дигар гирифта наметавонему соҳиби хона ҳам намешавем. Иҷозат диҳанд, мо худ сохтмони биноҳоро идома медиҳем».

Аснои омода кардани ин мавод ба идораи Озодагон муроҷиати мизоҷони  ширкати «Мовароуннаҳр» расид. Ин санад унвонии  Додгоҳи олӣ ирсол гардида, мизоҷон  дар  чорчӯби қонун  дида  баромадани  қазияро дархост кардаанд. Дар муроҷатномаи онҳо гуфта шудааст, ки вақте мизоҷон барои ҳалли мушкилоташон ба Прокуратураи генералӣ рафтанд, аз ин ниҳод ба мизоҷон мегӯянд, ки «Ба мо  муроҷиат  накунед. Мо  биноҳоятонро  ба  фурӯш  мондем. Агар  хоҳиши сохтан  дошта бошед, рафта  биноҳоятонро харида созед». Дар идомаи номаи мизоҷон мехонем, ки дар зеҳнамон як саволе пайдо шуд, ки чӣ гуна як инсон барои соҳиби хона шудан қаблан нисфи маблағро  пешпардохт кардаасту боз барои соҳиби он шудан дубора онро харида сохтмонашро идома медиҳад?

Ин масъала  ва паҳлӯҳои дигари он миёни мизоҷон низ чандон равшан набуд ва бо таваҷҷӯҳ ба ин дар муроҷиатномаи худ ишора намудаанд, ки биноҳое,  ки аз пули  худамон сохтаем аз кӣ харем, ки биноҳои  моро  соҳиб шудааст.  Ва болотар аз ин  аз  фурӯши  биноҳои  мо кӣ  манфиатдор  аст?: « Мо тамоми  ҳуҷҷатҳои  заруриро  ба  муфаттиш- Пӯлодов Умед  ирсол кардем  ва панҷ моҳ  аст,  ки ягон  хонаро  хуҷҷатгузорӣ  накардем.  Вақте пурсон  шудем,  ӯ қайд  кард,  ки  ба  суд  ирсол  кардам. Аз суд пурсон  шудем, ӯ дар ҷавоб  ба  мо гуфт,  ки  оиди  ин масъала  ба  мо чизе  ирсол  накардаанд. Бинобар ин мо  ба  қабули  ҷонишини  Прокурори  генералӣ  Ҳабибулло  Воҳидов  рафта аз ӯ  хоҳиш  кардем, ки  масъалаи  қабули алоҳидаи  моро  пеши  роҳбари  Прокуратураи   генералӣ ташкил  кунад.  Аммо мутаасифона аз  ӯ низ  дар давоми  як ҳафта ҷавоб  нагирифта ба  қабули  ҷонишини дигар  Гулматшоев рафта арзи ҳол кардем.Бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд  масъала  ҳалли  худро  наёфт».

Овозаи ба фурӯш гузоштани биноҳои ширкати «Мовароуннаҳр» мизоҷони ин ширкатро   сахт дар ташвиш гузоштааст. Тибқи қарори суд ҳамаи  биноҳо  дар «ҳабс»  буда, дар  ҳукми суд  оиди  руёнидани  зарар аз  ҳисоби  фурўши  онҳо  дарҷ  гардидааст, ки боиси нигаронист. Мизоҷон аз он нигаронанд, ки биноҳое, ки кайҳо онҳо як қисмти арзишашро пардохт намудааанд, боз зимни ба фурӯш гузоштан кадом сарватманде соҳиби он биноҳо мегардад.

Даъвои мизоҷон ва адвокат

Дар ҳамин ҳол, Машраб ном як мизоҷи ширкати «Мовароуннаҳр» ба Озодагон гуфт, маблағе, ки 3 сол қабл пардохт намуда буд, агар аз ҳисоби фурӯши биноҳои ширкат онро ба ӯ ҳамчун ҷабрдида гуфта баргардонанд, ин як ноадолатист: «Зеро 3 сол пеш Тоҷикистонро бӯҳрони иқтисодӣ фаро гирфта буду хона хеле арзон шуда буд. Ман барои духонагӣ, ки нархаша 25 ҳазор доллар гуфтанд, 10 ҳазораша пешпардохт намудам, ки агар 5 -тои дигар илова мекардам, имкони  як хонаи якҳуҷрагӣ харидан буд, вале имрӯз намешавад, 10 ҳазори 3 сол қабл дигар буду имрӯза дигар аст».

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеаи Ҷӯрабек Охунов иброз медорад, ки борҳо зимни мурофиаҳои додгоҳии ин қазия масъалаи ба фурӯш намондани биноҳоро ба миён гузоштааст, вале ин масъала ҳал нашуд: « Ман ҳам намедонам, мо дар вақти баррасии суд ин масъаларо сад бор бардоштем, аммо ҳеч кас хал накард».

Ҷабрдидагон, ки беш аз 100 нафар  дар назди бинои Додгоҳи олӣ ҷамъ омада буданд аз тасмими таъхир дар баррасии шикояти касатсионии қазия изҳори нигаронӣ намуда, таъкид карданд, ки агар кор ҳамин хел рафтан гирад, ба президенти кишвар шикоят мебаранд. Яке аз ҷабрдидаҳо, ки ҳудуди 90 ҳазор долларро ба ширкати «Мовароуннаҳр» барои гирифтани хона пардохт кардааст, дар сӯҳбат ба мо гуфт, мақсад аз ин ҷо омаданаш ин аст, ки ин навбат қазияи мазкур тарзе ҳал шавад, ки ба нафъи мардум  бошад.

Ёдрас менамоем, Ҷӯрабек Охунов, раҳбари ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» моҳи октябри соли 2010 боздошт шуда, мурофиаи додгоҳии ӯ моҳи августи соли 2011 дар Додгоҳи олии Тоҷикистон оғоз ёфт. Ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ, тиҷорати ғайриқонунӣ ва бо роҳи фиреб азхуд кардани маблағҳои мизоҷон дастгир шуда буд. Ҳукми номбурда аз сӯи Додгоҳи олӣ эълом шуд ва тибқи он Охунов ба 14 соли зиндон ва мусодираи молу мулк маҳкум гардид. Зимнан, аз  се як ҳиссаи ин мӯҳлат мувофиқи Қонуни афв кам гардида, замони адои ҷазои айбдоршуда аз таърихи бозошти ӯ, яъне ноябри соли 2010 ҳисоб карда шуд ва Охунов аз рӯи ин санад 7 солу 8 моҳ дар зиндон ба сар хоҳад бурд.

Алишер Зарифӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)