Бахшҳо
15 авг 2012 10:18Фарҳангу адаб

Рӯзи ҷаҳонии Қудс

Ҳангоме дар ҳар маҳфиле сухан атрофи Фаластини ишғолӣ ва тахрибу берун кардани мардуми мусулмон аз хонаҳояшон мечархад, хоҳ нохоҳ ҳар мусулмонро бе тафовут намегузорад. Зеро ин сарзамин яке аз маконҳои муқаддаси мусулмонон аст, ки тайи садсолаи ахир ҷавлонгаҳи қудратҳо шудаву сокинони асосии ин сарзамин-мардуми фаластинӣ дар зери зулму шиканҷаву истеъмор қарор доранд. 

Ин аст, ки ҳамасола дар аксар кишварҳои мусулмоннишин ва доираҳои дифоъ аз ҳуқуқҳои инсонӣ, ҷумъаи ахири моҳи шарифи Рамазонро ҳамчун "Рӯзи ҷаҳонии Қудс" номгузорӣ карда, нишастҳо ба ҷонибдории Фаластини ишғолӣ, алайҳи режими Исроил шиорпартоӣ мекунанд.

Байтулмуқадас нахустин қиблаи муслимин

Нахустин чизе, ки бо шунидани ин номҳо дар зеҳни мусулмони бедор пайдо мешавад ин аст, ки Қудс ё Байтулмуқаддас нахустин қиблаи мусулмонон будааст. Паёмбари акрам ва асҳоби киром аз замони фарз шудани намоз дар шаби Меъроҷ, ки он ҳам тавассути ҳамин шаҳр сурат гирифта буд, ба тарафи ин шаҳр намоз мегузоштанд. Муддати се сол дар Макка ва як солу чаҳор моҳ дар Мадина ба ҷониби Байтулмуқаддас намози худро гузоштаанд.
Баъди нузули ояи 150 сураи Бақара барои мусулмонон ҷониби Каъба хондани намоз фарз шуд ва онҳо ба ин тараф рӯй оварданд. Аммо бо ҳама ин Қудси шариф бузургӣ ва мақоми хоссеро дар дини Ислом дорад. Байтулмуқаддас саввумин макони муқаддаси мусулмонҳо баъд аз Макка ва Мадина ба шумор меравад. Ҳамчунин дар ҳадиси дигар низ шукӯҳи онро таъкид карда: "Бори сафар баста намешавад магар барои се масҷид, Масҷидул-ҳаром, масҷиди Ақсо ва масҷиди ман". Ҳамчунин гузоштани намоз дар ин масҷид савоби бузургеро ба худ дорад…

Тавре зикр шуд Меъроҷи Расули акрам Муҳаммад (с) ҳам тавассути ҳамин шаҳр сурат гирифт, ки ин ҳам яке аз бузургиҳои ин маконро дар назди офаридгор нишон медиҳад. Далели ин гуфтаҳо сураи Исроъ аст, ки мефармояд: "Пок аст он Худое, ки бандаи худро шабе аз Масҷидул-ҳаром ба Масҷидул-Ақсо, ки атрофашро баракат додаем, бурд то оёти худро ба ӯ бинамоем."(Исроъ ояти 1.)
Ин аст, ки барои мусулмонон Қудс дар баробари Маккаи муаззама ва Мадинаи мунаввара аз мақоми хело волое бархурдор аст, ки дигар ҳеч куҷое наметавонад ин мақомро дошта бошад. Ва ин гуфтаҳои пайғамбар замоне буданд, ки Байтулмуқаддас ҳанӯз ба хилофати исломӣ напайваста буд ва танҳо дар замони хилофати Умар бини Хаттоб (р) ҳамроҳ шуд.

Шарти масеҳиён пайвастани Қудс бе яҳудиён

Соли 638 милод вақте ин сарзамин  фатҳ шуд, Сафронюс-усқуфи (епископ)бузурги Қудс шарт гузошт, ки калидҳои шаҳрро ҷуз ба халифа ба касе намедиҳад. Ин буд ки халифа Умари одил аз Мадина ба ин шаҳр омаду калидҳои шаҳрро гирифта ба аҳолии масеҳии он аҳдномаеро имзо гузошт, ки он бо номи "Аҳдномаи Умарӣ"машҳур аст. Тибқи қарордоде, ки байни масеҳиён ва мусалмонон баста шуд, масеҳиён дар иҷрои умури динии худ озод буданд, вале шарт гузоштанд, яҳудиён ҳаққи дохил шудан ба Қудсро набояд дошта бошанд: "Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим… Ин кафолати бехатарии бандаи Худо Умар аст барои мардуми Байтулмуқаддас… Кафолати комили бехатарии ҷону молу калисову салибҳо, беморҳову дигар мардуми он. Калисоҳои шумо муҳофизат хоҳанд шуд ва ягон мусалмоне онҳоро хароб нахоҳад кард ва ягон чизе низ аз он баргирифта нахоҳад шуд ва масеҳиҳоро касе барои динашон таҳқир ва таҳдид нахоҳад кард ва бар ҳеч кадоме аз онҳо зараре нахоҳад расид ва ҳеч яҳудие бо онҳо дар Байтулмуқаддас набояд зиндагӣ кунад… Ин санад дар соли 25 ҳиҷрӣ навишта шудааст. Дар ин шартнома шоҳиданд: Холид ибни Валид, Абдурраҳмон ибни Авф, Амр ибни Ос ва Музовия ибни Суфиён".

Ҳамин тариқ дар тӯли бештар аз сездаҳ қарн ин сарзамин дар зери парчами ислом барҷо буду бо масеҳиён ва дигар адён ҳамзистии осудае доштанд, агар замони ҳамлаи салибиёнро низ ба хотир биёварем, ки муддате хунрезиҳо карданду ахиран бо зарби ҳамлаи Салоҳидди Аюбӣ бори дигар ин макон ба дасти соҳибони аслияш баргашт ва ҳамин тавр, Қудси Шариф дар дасти сулолаҳои мухталифи мусулмонон боқӣ монд, то  ки соли 1917 аз ҷониби англисҳо ишғол шуд.
Аммо имрӯз дар ин макони муқаддаси муслимин кишваре наве бо номи Исроил ташкил шудаву даъвои соҳиби асосии ин сарзаминро дорад. Оё ин ҳақиқат дорад? Зеро дар баъзе аз доираҳои коршиносӣ бархе аз коршиносон ин идаъоро низ доранд, ки Байтулмуқаддас  ватани мардуми яҳудист ва онҳо аз ҳама бештар ҳаққ дар ин сарзаминро доранд.

Қудс ҳеч гоҳ ватани яҳудиён набудааст

Мардуми яҳуд, ки ҳазрати Иброҳим пайғамбарро падарбузурги худ медонанд (агарчи ӯ на танҳо падарбузурги яҳудҳост) ва даъво доранд, ки ӯ нахустин шуда ба ин сарзамин омадааст. Агар ба рӯзгори ин паямбари Худо назар кунем ӯ худ аз Бобул ва ё Ироқи кунунӣ ба ин сарзамин омадааст, ки он замон дар ин ҷо қавмҳои арабӣ сукунат доштанд. Баъдан қавми яҳуд ба Миср ҳиҷрат кард ва тибқи ривоёти таърихӣ беш аз 400 сол то замони ҳазрати Мӯсо дар он ҷо зистаанд. Худи Мӯсо (а) низ на дар Байтулмуқаддас,  балки дар атрофи он зистааст. Танҳо дар замони Довуд ва Сулаймон чанд муддате як давлате доштаанд, ки он ҳам дар натиҷаи ҷангҳои байни яҳудӣ дар ҳам пошиду ин сарзаминро нахуст импертури Рум ва баъдан Форсҳо пурра забт кардаву дар он дигар нишоне аз давлати яҳудӣ пайдо набудааст. Тавре муҳаққиқин мегӯянд давлатдории яҳудӣ на бештар аз чорсад будаасту бас, дигар ҳама вақт ин сарзаминро ину он имперотурӣ ишғол мекардааст. Беш аз 13 қарн ин минтақа марбути хилофатҳои исломӣ будааст, аммо имрӯз соҳибони аслии Қудс дар банди истеъмор қарор гирифтаанд.
Ҳол он, ки ин иддаъои саҳюнистҳову тарафдоронашон ягон асоси воқеӣ надорад ва агар дошта бошад чаро онҳо даъвои Мисрро намекунанд, ки он ҷо тӯлонитар зистаанд? Ин баҳсест алоҳида ва суоли матраҳ ин аст ки яҳудиён чи гуна тавонистанд ин сарзаминро моли худ созанд ва ки кӯмак кард?

Нақшаи давлатсозии Яҳудиён

Яҳудиён дар авохири қарни 19 дар пайи таъсиси давлате шуданд, ки ҳатто дар чанд гӯшаи дунё ҳам пешниҳодҳо шуданд. Нахуст дар Африқо, қисмати Испания, Аргентина ва чанд қисмати дигари дунё, низ пешниҳод шуда буд, вале натавонистанд тамоми қавми яҳудро ба он ҷо ҷамъ биоваранд. Аммо Тиодор Ҳертзел яке аз пешвоёни ҳаракати саҳюнистии яҳуд нақшаи бозгашт ба Фаластинро пешниҳод кард ва онро ҷомаи мазҳабӣ пӯшонд, ки ин тамоми яҳудиёни оламро ба таҳрик даровард. Худи ӯ ин пешниҳодро бо миёнаравии чанде аз пешвоёни рӯҳонии масеҳӣ ва дигар чеҳраҳои намоёни сиёсиву динӣ ба Абдулҳамид, халифаи вақти Усмонӣ карданд, ки тавре омадааст ӯ дар посух ба ин пешниҳод Ҳертзел чунин посух медиҳад: "Ба ӯ насиҳат мекунам, ки ин фикрро аз зеҳнаш дур кунад. Наметавонам ҳатто як ваҷаб аз хоки Фаластинро бифурӯшам. Чаро ки мулки ман нест, балки аз они уммати Ислом аст. Миллатам бо ҷонфишонӣ ва додани хунҳои зиёд ин императориро ба даст овардаанд ва бо хуни худ низ онро тақвият карданд ва ҳамчунон бо хуни худ аз он муҳофизат мекунем ва ба аҳаде иҷоза намедиҳем, ки онро ғасб кунад. Яҳудиён миллионҳояшонро назди худ нигаҳ доранд ва дар сурате, ки хилофати усмонӣ таҷзия шуд, бидуни пардохти чизе Фаластинро ба даст меоваранд, аммо ин императорӣ магар аз рӯйи аҷсоди мо таҷзия шавад. Ҳаргиз ба ҳар ҳадафу ғаразе, ки бошад, иҷоза нахоҳем дод, ки сарзаминҳои исломӣ тикка-тикка шаванд…". Аммо сарзаминҳои исломӣ тика-тика шуд. Урупо бо сарварии "султони давр"-Англия, тавонист ин императориро ба ҳам бишканад ва Фаластинро соли 1917 тасарруф кунад, ки он ба бозгашти оммавии яҳудиён ба ин сарзамин бунёд ниҳод. Англия то соли 1947 тавонист заминҳои зиёдеро ба муҳоҷирини яҳудӣ  фурӯхта, худ баъди муқовиматҳои пай дар пайи мардуми Фаластин ин минтақаро тарк кард, вале барои муддати тулонӣ як устухонеро дар гулӯи мусулмонон - Исроилро бунёдгузорӣ кард, ки солҳост барои ҳама кишварҳои Ховари Миёна мушкилиест ҳал ношуданӣ..

Қатъномаи  181 СММ дар бораи тақсими Фаластин

Дар таърихи 29 ноябри соли 1947 маҷмаи умумии СММ Қатъномаи 181 мабнӣ бар тақсими Фаластин ба ду давлати арабӣ ва яҳудиро тасвиб кард. Ин қатънома бо мувофиқати аз се ду ҳиссаи аъзои СММ ва ҳамчунин фишори Амрико ва ҳимояти Русия ба тасвиб расид. Бар асоси он 54 дарсад заминҳои Фаластин ба муҳоҷирони яҳуд дода шуд, ки ақалияти аҳолиро ташкил медоданд.  Ин қатънома ба назари таҳлилгарон баёнгари зулми ошкоре аст, ки дар ҳаққи мардуми Фаластин раво дошта шуд, зеро он бе иҷозати мардуми бумии ин сарзамин ба тасвиб расид ва зидди ҳама усулҳои ҳуқуқи башарист.
Ҳар як миллат дар таъйини сарнавишти худ озод аст, вале СММ аз миллати Фаластин, ки ин масъала дар иртиботи мустақим бо сарнавишташ буд, ҳеҷ назаре нахост...  

"Ҷанги шашрӯза" ва ишғоли Фаластин

Баъди соли 1967, ки дар таърих бо номи "ҷанги шашрӯза" машҳур аст, сартосари Фаластин аз ҷониби Исроил бо кӯмаки Амрико ва ҳампаймононаш ишғол шудаву инак беш аз ним қарн аст, ки ин сарзамиин таҳти тасарруфи Исроил қарор дорад ва соҳибони аслии Фаластинро имрӯз аз хонаҳояшон берун мекунанду дар заминҳои онон барои яҳудиён хонаҳо месозанд. Борҳо мардуми Фаластин ба по бархостанд, борҳо талаби хоки худ кардаанд, вале ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамеша бар ин қазия чашм мепӯшад. Махсусан ИМА, ки худро пуштибони демократия ва озодии ҳуқуқҳои башар медонад, ҳама таҷовузу забткориҳои режими саҳюнистиро нодида мегирад.

Ҳатто бо истифода аз ҳаққи ВЕТО борҳост дар ҳалли ин қазия аз Исроил пуштибонӣ мекунад. Байтулмуқаддас ё Қудси шариф боз аз дасти мусулмонон раҳо гаштаву Исроил даъво дорад, ки он на пойтахти Фаластин, балки аз Исроил хоҳад буд. Ҳатто барои аз байн бурдани ёдгориҳои таърихии мусулмонон ва ба хусус масҷиди Ақсо фаъолиятҳое низ бурда мешавад. Исроил бо баҳонаи пайдо кардани ёдгориҳои  таърихии хеш ва сохтани кадом шаҳраки сайёҳии зеризаминие дар зери пояҳои ин масҷид машғули кандан аст. Бо аз байн бурдани ин ёдгориҳои таърихӣ мехоҳад Қудс пойтахти Фаластин ва саввумин муқаддасоти мусалмононро низ аз байн бибараду ин шаҳри муқаддасро низ исроилӣ кунад.  

Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки Исроил бо гирифтани тамоми хоки Фаластин иктифо нахоҳад кард. Зеро онҳо даъво доранд, ки байни ду дарё- Нил ва Даҷла кишваре бояд бо номи Исроил бошад. Ҳатто рангҳои кабуди ду тарафи парчами ин кишварро ҳамин гуна тафсир мекунанд…
Фаластин  имрӯз ҳам гирифтори мушкилот аст. Ҳоло мардуми он қисмати андаки сарзамини худро соҳиб аст, ки он ҳам дар инзивоъи доимӣ аз тарафи Исроил ва ҳампаймононаш қарор дорад. Ғазза тайи чандин дафъа зери бомбҳои ҷангандаҳои Исроил харобу валангор гашта. Ҳазорон тифлу барнои фаластинӣ бегуноҳ кушта ва ҳазорони дигар хонахаробу дарбадаранд.  Беш аз 5 миллион сокини ин кишвар дар муҳоҷират ба сар мебаранд. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ агарчӣ гоҳ-гоҳ садо баланд мекунад, вале дар ҳалли қазияи Фаластин ва бештари вақт хомӯшанд.

Имрӯзи Фаластин ва ояндаи он

Мардуми Фаластин тавонистаанд ин ҳама сахтиҳоро тоқат кунанд ва боз ҳам даст ба   муқовимату инқилобҳо бизананд, ки вожаи Интифоза- ҷунбишҳои сартосарии мардумӣ, истилоҳест маҳз аз Фаластин шурӯъ шуда, ки дар ин бора гуфтанду хоҷати такрор нест. Қиём бар зидди таҷовузгарон дар ин сарзамин лаҳзае қатъ нагашта. Ҳаракати муқовимати Исломӣ (ҲАМОС), "Ҷиҳод" ва даҳҳо гурӯҳи дигаранд, ки дар муқобили истеъмор дар набарданд. Аммо ҷомеъаи ҷаҳонӣ бештар хомӯш, ки хамӯш, ҳатто аксар кишварҳои арабӣ низ ё бо Исроил дар як ҷабха буданд ва ё бетарафу бепарвоянд нисбати ин қазия. Танҳо чанд кишвари мусулмонӣ ва бархе аз ташкилотҳо дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Уврупо гоҳе ба пуштибонӣ аз Фаластину мардумаш садо мебароранд, ки дар муқобили Амрико ва ҳампаймононаш камтаъсир аст. Кишварҳо мусалмони ба ҷуз аз Эрон ва баъдан Туркия дигар ҳама бепарвоянд. Чаро?

Табдили ҳукуматҳо чи медиҳад

Миср ягона кишварест ки бо қисмати Ғазза ҳамсарҳад аст, вале дар замони режими Муборак ҳама роҳҳоро бар мардуми Ғазза баста буд ва ҳатто роҳҳои зеризаминӣ сохтаи онҳоро тахриб мекард. Бо суқути ин режими пуштибони Исроил гузаргоҳи байни ду кишвар кушода шудааст ва инзивои беш аз 45 солаи ин гӯшаи Фаластин ахиран поён ёфта, аммо "Баҳори араб" оё ба манфиати Фаластин аст ё хайр?
Бархе таҳлилгарон ба ин назаранд, ки ба сари қудрат омадани ихвониён дар Миср ба нафъи мардум Фаластин аст. Боз шудани гузаргоҳи байни ду минтақа ва расонидани озуқаву маводи зарурии зист вазъи мардуми Ғаззаро беҳтар карда аст. Бо пурра ба даст гирифтани ҳукуматҳо дар Тунис, Либия, Яман ва ба хусус Миср, ки дар байни кишварҳои араб нақши меҳварӣ дорад, метавонад Фаластин истиқлолияти худро пурра ба даст бигирад ва Байтумуқаддасро бозпас гардонад. Исроил  заминҳои ишғолиро агар пурра ҳам бозпас надиҳад маҷбур хоҳад шуд, ки бисёре аз пешниҳодҳои мардуми Фаластинро қабул кунад. Зеро дар минтақа пуштибони дигаре чун пештара надорад ва бозингарони асосӣ дар Шарқи Наздик на Исроил, балки дигар кишварҳо хоҳанд буд. Талаби мардуми Фаластин бозпас рафтани Исроил то ба сарҳади  1967 мебошад, ки дар ҳоли ҳозир иҷрои он хеле сангин аст. Дигар ин баргардонидани Қудc аст ба мусулмонон. Зеро ин сарзамин хоси як фаластиниҳо не, бал ватани ҳама уммати ислом аст ва пуштибонӣ аз Фаластин пуштибонӣ аз муқаддасоти динии хеш аст.  

"Рӯзи ҷаҳонии Қудс", ки бо пешниҳоди бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон пазируфта шуду чандин сол аст таҷлил мегардад, як намодест аз ваҳдати тамоми мусалмонон дар пуштибонӣ аз мардуми мустазъафи Фаластин.
Ин рӯзро дар аксари кишварҳои дунё қайд мекунанд. Банда дар Маскав ҳам шоҳиди баргузории чунин рӯз дар масҷиди марказии муфтиёти Русия будам, ки бо ибтикори муфтӣ Равил Айнуддинов баргузор мешавад. Аммо дар Тоҷикистон боре дар ягон масҷид дар ин маврид ҳарфе намезананд. Танҳо дар маркази ҲНИТ ва якчанд масҷиди доираҳои кӯчак аз ин рӯз ва аз Фаластину Қудси муборак мешунавему бас. Чаро? Магар Қудс фaқат ба ҳамин доираи мусулмонҳо тааллуқ дораду бас? Ё ..
Дуо бояд кард, ки мардуми Фаластин тавонанд дар хонаҳои хеш дар канори зану фарзандони хеш ором бошанду ҳар кадом тавонад дар Масҷидул-Ақсо, ки як намози он баробар ба 500 намоз аст, намоз бигузоранд ва ҳар мусулмоне аз он макони муқаддас дидан кунад…

Аъзамшоҳ ҚУҚАНШОҲ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)