Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 11:03

Вақте адолат ламс карда мешавад

16 август 2012, 05:15

Чанд сол ба ин сӯй аст, ки дар маросими қабули довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳо ҳамеша аз набудани адолат, ба маънии хиёнат кардан ба ҳаққи довталабон, сӯҳбатҳо зиёд аст. Ҳатто ин пиндор характери расмӣ гирифтааст. Кормандони Оҷонсии мубориза алайҳи фасоди молӣ ва кумитаи амният ҳам дар ин маросим "фаъол" мешаванду чанд муаллимеро дастгир мекунад ва бо ин ба вуҷуди фасод ва набуди адолат машруъият (легетимность) мебахшанд. Шояд ин мавзӯъ як мавз?и бебаҳс бошад ва атрофи он суханбозиву услуббозӣ кардан натиҷа надиҳад. Вале. Чи вале? Факт барои андеша ва исбот вуҷуд дорад!

(Чанд сухан дар ҳошияи вуҷуди адолат дар кори кумиссиюни пазириши ДМТ)

Ҳарчанд ман ба онҳое, ки вуҷуди адолатро дар донишгоҳҳо комилан инкор мекарданд розӣ набудам, аммо маросими қабули довталабон дар имсол маро бори дигар мутмаин сохт, ки агар инсонҳо бихоҳанд, метавонанд, ки адолатро дар ҷузъиёти низом фаъол ва ҳатто таъмин намоянд. Масалан чанд сол ба ин сӯ тамоми довталабони Донишгоҳи тиббӣ дигар медонанд, ки агар дониш ва омодагии дуруст дошта бошанд, бидуни кадом ришва ва додани маблағҳои ҳангуфт донишҷуйи ин даргоҳи муқаддас мешаванд.  Ҳамин гуна шакл гирифтани кор ва вуҷуди адолатро ман имсол зимни иштироки мустақим дар ҷараёни кори комиссиюни пазириши ДМТ мушоҳида намудам. Гап сари он аст, ки солиёни пеш агар адолат дар давру бари кори комиссияи қабули донишгоҳҳо дида мешуд, ҳамакнун имсол дар кори комиссияи қабули ДМТ он на танҳо мушоҳида мешавад, балки ламс ҳам мешавад. Ман худ шоҳиди он ҳастам, ки чи гуна довталабон ва падару модарони онҳо вақте адолатро ба унвони як арзиши бисёр калидӣ ва усулии ҷомеаи демократӣ ламс мекарданд ва аз вуҷуди он шодӣ мекарданд.

Вақте мушоҳида мекунед, ки мардум адолатро мебинанд, ламс мекунанд ва дар вуҷуди он орзуву умедҳои рафта ва зинда шудани эътимодро барои сохтмони оянда тасаввур менамоянд, хеле аз кор аст. Зеро дар ҳама гуна ҷомеае, ки эътимод шикастааст ва ё шикаста мешавад, ҳеч кадом пешрафт ба вуҷуд намеояд. Шумо тасаввур мекунед, ки мардуми ба камол расида вақте адолатро ламс мекунанду бо он бозӣ мекунанд, ин манзара шабеҳи бозии кӯдакон аст, ки бо бозичаҳо бозӣ мекунанду хурсанд мешаванд. Чи қадар бозичаи зебо ва эътимодбахш будааст ин адолат. Ман бисёр мехостам, ки тамоми мардуми тоҷик бо ин бозичаи зебо бозӣ кунанду хурсанд шаванд.  

Албатта пурсиши онҳое, ки ин матлабро мехонанд, ин мешавад, ки меъёри адолат дар кори имсолаи кумисиюни пазириши ДМТ чӣ будааст, ки мо инқадар дар атрофаш суҳбат мекунем. Ва акнун посух. Дар ДМТ чанд муаллими соҳибмактаб ҳастанд, ки довталабонро ба таври хеле ҷиддӣ ба имтиҳоноти қабул омода мекунанд. Ин гуна муаллимҳо ҳам дар факултети ҳуқуқ, ҳам факултетҳои иқтисодӣ ва ҳам факултетҳои рӯзноманигориву филология ҳастанд. Агар шогирдони мактабҳои ин гуна муаллимон гузаранд, ҳама медонанд, ки адолат ҳаст. Имсол тавре ман мушоҳида кардам шогирдони мактабҳои ин гуна муаллимон ҳама муваффақ шуданд.  Ҳоло гап фақат дар бораи имтиҳоноти гуруҳҳои буҷавӣ меравад. Ба ҷуз ин ман зимни қабули ҳуҷҷатҳо чанд нафареро медонистам, ки савод ва омодагии хуб доштанд. Назорат кардам то бубинам, ки чунинҳо донишҷӯ мешаванд. Дар воқеъ онҳо донишҷ? шуданд ва ман ҳам бо хурсандӣ аз будани адолат дасти онҳоро фишурдаму гуфтам: "Табрик!!!" Чанд нафари дигарро худам омода карда будам, ки онҳо ҳам бе кадом ишкол донишҷӯ шуданд. Ман, ки узви комиссияи пазириши ДМТ будам бо қатъият ҳамаи инро натиҷаи кори ректори ДМТ Ҳаёт Одинаев медонам. Зеро ҷаноби ректор аз аввали кори комиссия мегуфт, ки бояд боадолат буд ва мардумро бовар кунонид, ки ҳанӯз ҳам вожае бо номи адолат вуҷуд дорад.

Суҳбат сари ин аст, ки ҷаноби ректор ба таври қотеъ имтиҳонот ва натиҷагирӣ аз онҳоро назорат кард. Вақте зимни натиҷагир? аз имтиҳоноти тестӣ Ҳ. Одинаев аз сари компутар дур намешуд, то "гургҳои пир" даст ба хиёнат ба ҳаққи мардум назананд, баъзе нафароне, ки солҳои қаблӣ фоидаи зиёди молӣ дида буданд, мегуфтанд: "Ин мардак кори дигар надорад?" "Хонаву дар надорад?", "Аку нав ректор шидаст, худша нишон метия". Мисли ҳамин суханҳо зиёд буданд. Ва саранҷом ин талошҳои ректор натиҷа оварданд, ки он ҳам як натиҷаи арзишманде бо номи адолат.

Вале ҳамаи ин талошҳои ҷаноби ректори барои эҳёи адолат як натиҷаи манфӣ доданд ва медиҳанд. Инро ман бо таҳлили вазъият мегӯям. Онҳое, ҳамасола дар маросими қабули довталабон фоидаи зиёди молӣ медиданд, вақте ба истилоҳ "кислородашон" маҳкам шуд, ба тактикаи нав гузаштанд. Ба эҷод ва роҳандозии як компанияи нави бадномкун? алайҳи шахсият ва амалкардҳои ҷаноби Ҳаёт Одинаев. Ман бо қатъият мег?ям, ки онҳо бо даст додани имконият дар наздиктарин фурсатҳои чунин як компанияи иғво ва тавтеъаро фаъол мекунанд.  Зеро онҳо нафареро мехоҳанд, ки назораташ заъиф бошад ва имконоти хиёнат кардан барояшон фароҳам гардад. Вақте инсон муборизаи адолат ва хиёнатро мебинад, ҳатман эътимодаш барои эҷоди саъодат зиёд мешавад.

Вале  хонандагони азиз набояд ба ин тасаввури ғалат бираванд, ки адолат дар кори комиссияи қабули ДМТ комилан таъмин буд. Зеро дар ин кор механизмҳои гуногуни хиёнат коркард шудаанд, ки ба сифати як систем шакл гирифтаанд. Шикасти ин систем ва барҳам задани ин механизмҳо кори саҳл нест. Бояд ректори муҳтарами ДМТ мушоҳида карда бошад, ки чӣ гуна роҳҳои хиёнат кардан вуҷуд доранд ва дар солҳои оянд ин гуна роҳҳоро барҳам зад. Агар эътимод ба адолат ва адолат ба сифати як меъёри арзиши кору пайкори мо қарор бигирад, умед аст, ки Тоҷикистони обод сохтан имконпазир аст, агар не, боз ҳам не!
Ба ҳар ҳол ба Ҳ. Одинаев барор дар мубориза ва эҳёи адолат ва  инсоф дар ҳамин шароити ноадолатиҳо! Бисёр гуворост, вақте адолат ламс мешавад!!!

Иршод СУЛАЙМОНӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!