Бахшҳо

Истеъфо вожаи фаромӯшшуда

Мӯҳлати ваъдаи раиси вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дар ҳоли ба сар омадан аст. Мантиқан, Қодири Қосим ҳамин шабу рӯз ва хеле дер то ҳафтаи оянда бояд истеъфо равад. Вазъият дар Хоруғ ҳам дорад ба эътидол меояд ва дар пасманзари ин, ҳама гӯшу ҳушанд, ки раиси вилоят кай ва дар чӣ шароите истеъфои худро эълон мекунад. Қодири Қосим ё фарҳанги истеъфои чиновникҳо дар Тоҷикистонро ба шакл медарорад ё мисли даҳҳо вакил, ки қабл аз интихобот ваъдаи зиёд медиҳанду баъдан онро фаромӯш мекунанд, амал мекунад. Варианти дигар ин аст, ки раисҷумҳур бо далели бемасъулиятӣ аз вазифа барканораш кардаву баъди муддати кӯтоҳе симати наверо дар ихтиёраш мегузорад.
Баъди як рӯзи шурӯъи амалиёти низомӣ дар шаҳри Хорӯғ, ки сабаби ҳалокати чанд сокини осоишта гардид, Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшон эълон кард, ки баробари ба эътидол омадани вазъ аз мақомаш канор меравад. Дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал аст, ки як мансабдори сатҳи баланд ваъдаи истеъфо медиҳад. Аммо таҳлилгарон ба иҷрои ин қавл бовар надоранд. Зеро ба гуфтаи онҳо дар Тоҷикистон ҳеч мансабдоре қодир нест бидуни ишорае аз "боло" дар алоҳидагӣ тасмим бигирад, ҳатто агар исми ӯ Қодир бошад. Як ҳамкасбам низ замоне навишта буд, ки "ба истеъфо рафтан аз мансаби давлатӣ дар Тоҷикистон бо хоҳиши шахсӣ хобе беш нест". Бо таваҷҷӯҳ ба ҳамин нукта соҳибназарон муътақиданд, ки Қодири Қосим ба истеъфо намеравад, то он ки ӯро гусел накунанд. Зимнан, ҳолдонҳо тахмин мезананд, ки эҳтимол раиси вилояти Бадахшон зимни чорабиниҳои бахшида ба 80-солагии Хоруғ, ки қарор аст охири моҳи август баргузор шавад, аз сӯи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз мақом барканор шавад. Дар сурати чунин иттифоқ ҳам ҷаноби Қосим бекор нахоҳад монд. Таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳатто агар бо далели нобоварӣ ва ноуҳдабароӣ мансабдоре аз вазифа сабукдӯш гардад, аз тими ҳукумат канор намемонанд. Мисоли рушан хамон Шарифхон Самиев аст, ки барои бемасъулиятӣ аз симати роҳбари ширкати "Барқи тоҷик" барканор шуд, вале ҷилави сарварӣ дар нерӯгоҳи Норакро ба дасташ доданд. Ҳоло бошад, мири шаҳри Қӯрғонтеппа аст…

Ба истеъфо рафтани мансабдорон бо хоҳиши худ баъди нокомиҳо, ноӯҳдабароиҳо ва дигар авомил дар бештари кишварҳо як амри маъмулист. Масалан, раисиҷумҳури Маҷористон Пал Шмит баъди он ба истеъфо рафт, ки ӯро дар асардуздӣ ҳангоми навиштани рисолаи докторияш муттаҳам карданд. Шмит соли 2010 барои панҷ сол барандаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ шуда буд. Карл Теодор су Гуттенберг, вазири дифои Олмон ҳам бо ҳамин ҷурм аз мақом канор рафт. Сарвари як муассисаи маъруфи обтаъминкунии Калифорния бошад, танҳо барои он аз вазифааш истеъфо дод, ки ҳамсояааш навори видеоиеро ба ҳузури ӯ дар интернет гузошт. Дар ин видео дида мешавад, ки мансабдор бо камарбанд ба пушти фарзандаш, ки ҳангоми бозӣ тӯби бейсболро дошта натавонист, чанд маротиба мезанад. Дар Ҷопон вақте як пул фурӯ рафт ва боиси кушта шудани чанд нафар гардид, масъули марбута бо эълони ин ки амнияти мардумро зери хатар гузошт, худро ба дор овехт. Сабаби истеъфои Алгис Кашета, ноиби спикери парлумони Литва нақзи қавоиди ҳаракат дар роҳ шуд. Нозирони роҳ мошини таҳти идораи ӯро дар ҳоле нигоҳ доштанд, ки суръаташ ба 170 км/с мерасид. Кашета ба ҷуз аз истеъфо  ҳамчунин аз тамоми мардуми кишвараш узр хост.

Аммо дар Тоҷикистон мисли бештари кишварҳои пасошӯравӣ фарҳанги истеъфо шакл нагирифтааст. Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамагӣ чанд намунаеро дар хотир дорад. То имрӯз парлумони Тоҷикистон истеъфои ҳамагӣ ду вакилро дар хотир дорад: Бозор Собир (1991) ва марҳум Муҳаммадшариф Ҳимматзода (2009). Аввалӣ "бо шумо зистанам ҳайф гуфт"-а мондати худро партофт, дуюмиро қабули қонун "Дар бораи озодии виҷдон" ба ин кор маҷбур кард.

Раҳматилло Зойиров, роҳбари ҲСДТ бошад, аз симати мушовири раисҷумҳур истеъфо дод.
Зимнан, бархе таҳлилгарон мегӯянд, ҳоло низ бархе мансабдорон омадаанд, ки истеъфо раванд, аммо аз "ғазаби ҳукумат" метарсанд. Онҳо хавф доранд, ки ин амали онҳоро ҳукумат ҳамчун эътироз ба онҳо қабул мекунад.
Матбуот аз ҳодисаҳои зиёде навиштаву ёдрас кард, ки дар чунин ҳолатҳо бояд истеъфо раванд. Масалан, баъди фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМТ) дар моҳи августи соли 2010, ки ба унвони "Фирори аср" қаламдод шуд, интизори истеъфои Хайриддин Абдураҳимов, роҳбари КДАМТ буданд. Аммо фармони барканории ӯро 2-юми сентябри соли 2010 президент имзо кард.
10-уми январи соли равон бо қарори ҳукумати Тоҷикистон генерал Хайриддин Абдураҳимов раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ таъин шуд.

Баъди селхезии моҳи майи соли 20010 дар Кӯлоб, ки ҷони даҳҳо нафарро гирифта, садҳо нафарро бесарпаноҳ кард, интизор мерафт, ки масъулин истеъфо медиҳанд. Дуруст аст, ки офати табииро наметавон пешгӯӣ кард, аммо бо роҳи соҳилмустаҳкамкунӣ имкони ҷилавгирӣ аз ҳалокати шаҳрвандон вуҷуд дошт. Вале касе ба истеъфо нарафт ва касеро ҳам гусел накарданд.
Мушкили муҳоҷират ва ҳамасола афзоиш ёфтани теъдоди шаҳрвандони муздури тоҷик дар хориҷи кишвар аз дигар мавзӯи матраҳ аст. Гуфта мешавад, масъулини ниҳодҳои марбута мебоист кайҳо ба истеъфо мерафтанд.

Ҳамин тур дар масъалаи барқ, нақлиёт низ ба истеъфо рафтани масъулон амре лозим арзёбӣ мешавад.   
Қатъи ҳама намуди алоқаи фазоӣ бо Бадахшон ва дар зимн шарҳи Бег Зуҳуровро низ таҳлилгарон зеби "истеъфо" номиданд. Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикиcтон иллатҳои набудани иртибот бо вилояти мухтори ҷумҳуриро пас аз санаи 23-юми июл ба "тир"-е марбут донист, ки хати асосии нуриро буридааст.
Билохира баъди нокомии паҳлавонҳои тоҷик дар Бозиҳои 30-юми олимпии Лондон низ мавзӯъи истеъфои масъулони зирабт матраҳ гардид. Аз 16 варзишгар танҳо Мавзуна Чориева ба дарёфти нишони биринҷӣ муваффақ шуд. Дар ҳоле, ки дар чор соли қабл дар Пекин намояндаҳои Тоҷикистон ду медал (як нуқрав ва як биринҷӣ) оварда буданд.  

Аммо бо ин ҳама ҳанӯз ҳеч як масъул ҷуръати истеъфо рафтан накардааст. Шояд аз як сӯ меъёрҳои ахлоқӣ ва номусии онҳо ва аз сӯи дигар меъёри роҳбарияшон бо ҳамтоёни онҳо дар дигар кишварҳои ҷаҳон фарқ мекунад. Ё шояд иллат дар таъин шудани онҳо ба мансаб аз сӯи нафари авали кишвар асту мунтазиранд, ки ӯ дар ин маврид чи хоҳад гуфт? Шояд ягон сабаби дигаре ҳаст? Ҳар чи ҳам бошад фарҳанги истеъфо дар кишвари мо ҳанӯз шакл нагирифтааст ва агар Қодири Қосим ба ваъдаи кардааш амал намояду ба истеъфо равад, дар таърихи давлатдории тоҷик  номаш бо ҳарфҳои бузург сабт хоҳад шуд. Вале коршиносон на ба хотири ном, балки бештар ба хотири нон будани талош барои мансабро зикр карда ба истеъфо рафтани ноуҳдабаротарин мансабдори тоҷикро низ аз имкон дур медонанд.  


Абдулазизи ВОСЕЪ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)