Бахшҳо
16 авг 2012 05:41Иҷтимоӣ

Роғунсозон чаро бекор монданд?

Дар робита Струан Стивенсон, вакили парлумони Аврупо аз ҳамтоёни худ даъват дошта буд, то ризоъияти худро барои бунёди "Роғун" бидиҳанд. Зеро ин иншоот аз лиҳози муҳити зист бехатар буда, илова бар ин Тоҷикистон бар ин иншоот ниёз дорад.

5- ҳазор нафар коргар аз "Роғун" ихтисор шудаанд?

Ҳеч коргаре аз сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" ихтисор нашуда, корҳо тибқи тавофуқномаи давлати Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ дар ин иншоот идома дорад. Бино бар инттилои Хайрулло Сафаров, раҳбри ширкати саҳҳомии "Роғун" дар баъзе аз бахшҳои ин пружа корҳои бозсозӣ ва тармим анҷом ёфта, коргарон ба дигар бахши ин нерӯгоҳ мунтақил шуданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳе қабл Струан Стивенсон, вакили парлумони Аврупо дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, ки корҳои тармим ва бозсозӣ дар нерӯгоҳи "Роғун" бо тақозои Бонки Ҷаҳонӣ маҳдуд шуда, бештар аз 5 ҳазор нафар бе ҷои кор монданд. То имрӯз мақомоти дахлдори Тоҷикистон , вазорати энержӣ ва саноати кишвар дар ин маврид мавқеъи худро рӯшан накардааст. Гул Шералӣ, вазири энерживу саноати Тоҷикистон дар як сӯҳбати худ гуфт, ки вазорати мазкур танҳо бо масоили таҳияи аснод машғул буда, ҷузъиёти бештари пружаро шарҳ дода наметавонад.

Гуфта мешавад ҳоло Бонки Ҷаҳонӣ ба бозрасии тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" машғул аст. Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ моҳе қабл аз макони бунёди нерӯгоҳи "Роғун" дидан доштанд. Дар робита Струан Стивенсон, вакили парлумони Аврупо аз ҳамтоёни худ даъват дошта буд, то ризоъияти худро барои бунёди "Роғун" бидиҳанд. Зеро ин иншоот аз лиҳози муҳити зист бехатар буда, илова бар ин Тоҷикистон бар ин иншоот ниёз дорад. Струан Стивенсон таъкид дошт, ки чаро Тоҷикистон наметавонад аз ҳисоби захоири табии худ нерӯгоҳе бунёд созад. Дар ҳамин маврид Нуриддин Шамсов, сафири Тоҷикистон дар Амрико зимни мулоқоти худ бо Йорг Фриден мудири иҷроияи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтон гуфтааст, ки нерӯгоҳи "Роғун" дар рушди иқтисодии Тоҷикистон нақши калидӣ дошта, Душанбе корҳоро тибқи тавофуқнома бо Бонки Ҷаҳонӣ идома хоҳад дод.

Зарурияти баргузории бозрасӣ

Маврид ба зикр аст Бонки Ҷаҳонӣ сармоягузории сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"ро бар ӯҳда дошта, ҳоло барои гузаронидани бозрасӣ машғул аст.
Гуфта мешавад бозрасии мазкур дар пайи фишори пайвастаи кишварҳои поёноб анҷом дода мешавад. Кишварҳои поёноби минтақаи Осиёи Марказӣ, ба хусус Узбакистон бо далели хатарнок будани пружа, борҳо зидди бунёди "Роғун" баромад карданд. Масъулин ва коршиносони узбак дар даъвоҳои худ ба сифати далел аз тарҳи шӯравӣ будани "Роғун" мисол овардааст. Бо ин мазмун мақмоти Узбакистон дар симои нахуствазираш ва гурӯҳи ҳифзи муҳити зисти ин кишвар борҳо ба мақомоти Тоҷикистон дар робита ба қатъи бунёди нерӯгоҳи "Роғун" изҳорот фиристода, дар натиҷа ба ҷомеаи байналмилалӣ муроҷиат карданд.

Бонки Ҷаҳонӣ корҳои санҷиширо ҳадафмандона ба дарозо мекашад?

Маврид ба зикр аст, ки Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон эълон дошта буд, ки натиҷаи ташхиси иншооти "Роғун" дар авваоили соли 2013 аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ эълон хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Гул Шералӣ, вазири энерживу саноати Тоҷикистон соли 2011 дар сӯҳбат ба хабарнигорон изҳор дошт, ки даври аввали фаъолгардонии нерӯгоҳи мазкур на дертар аз соли 2013 сурат хоҳад гирифт.
Бо таваҷҷӯҳ ба кам мондани фурсат барои шурӯъи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" коршиносон мегӯянд, ки Бонки Ҷаҳонӣ ҳадафмандона корҳои бозрасиро ба дарозо мекашад. Дар сурати ғайр мегӯянд таҳлилгарон, ин ниҳоди молиявӣ метавонист коршиносони худро ҳарчи зудтар фиристода аз натичаи бозрасӣ мардумро огоҳ намояд. Дар ҳамин маврид доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ки агар воқеан тақдири минбаъдаи нерӯгоҳи Роғун аз Бонки умумиҷаҳонӣ вобастагӣ медошт,  пас мувофиқи мақсад мебуд, ки тависияиҳои онҳоро мақомоти дахлдлори Тоҷикистон, ба хусус маъмурияти ин иншоот ба инобат бигиранд. Дар акси ҳол эҳтимолияти пайдо шудани мушкилот миёни онҳо ва масъулини иншоот ба вуҷуд хоҳад омад. Ба назари ман агар коргарон дар "Роғун" шуғле дошта бошанд, пас, тамоми кафолати иҷтимоӣ ва иқтисодии онҳо, ки аз қонуггузорӣ бармеояд, бояд таъмин бошад. Ҳоло чунин ба назар мерасад, ки гуиё саривақт пардохт накардани музди меҳнат, маблағи муррахасӣ аз Бонки Ҷаҳонӣ вобаста аст. Табиист, ки раҳбарияти Бонки Ҷаҳонӣ намехоҳад, то танзими муносибаташ бо ҷониби Тоҷикистон масъулияти дигареро бар дӯш бигирад. Азбаски лоиҳаҳо ба дигар шарту шароит мавриди баҳс қарор дорад, бешубҳа маблағгузорӣ ва сармоягузории иншоот аз Тоҷикистон вобастагӣ дорад.

"Бонки Ҷаҳонӣ ҳадафмандона корро ба дарозо намекашад. Ба ин андеша розӣ шуда наметавонам. Зеро ҳалли масъала аз омилҳои дохилӣ, раҳбарияти сиёсӣ ва ҳукумати Тоҷикистон вобастагӣ дорад, на аз масъулини Бонки Ҷаҳонӣ", гуфт Шокирҷон Ҳакимов.
Аммо таҳлилгарон бар ин назар ҳастанд, ки кашол ёфтани масъала аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ танҳо бо иштиҳоди дипломатҳои тоҷик мебошад. Ба бовари онҳо агар воқеан ҳукумати Тоҷикистон дипломатияи касбӣ медошт,  пас бунёди "Роғун" шурӯъ мегардид.

Таблиғи оммавии "Роғун" Иштибоҳ ҳукумати Тоҷикистон буд?

Гурӯҳи дигари коршиносон иллати аслии оғоз нагардидани бунёди нерӯгоҳи "Роғун"-ро дар маъракаи умумӣ ҷумҳуриявии хариди саҳмияи "Роғун" арзёбда, онро иштибоҳи бузурги ҳукумати Тоҷикистон, медонанд.
Маврид ба зикр аст, ки таърихи 06-уми январи соли 2010 бо пешниҳоди расиси ҷумҳур маъракаи омавии  фурӯши саҳмияҳои "Роғун" аз ҷониби вазорати молияи кишвар баргузор гардид. Ин маърака тавассути шабакаҳои телевизон таблиғ карда шуд. Пас аз таблиғ кишвари ҳамсоя, Узбакистон дарҳол ба ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилӣ барои қатъи бунёди нерӯгоҳи "Роғун" муроҷиат кард. Мақомоти Узбакистон иддао доштанд, ки дар сурати бунёди иншооти мазкур он хатари ҷиддие ба кишварҳои поёноб хоҳад расонд. Ҳамин тавр дар як мӯҳлати кӯтоҳ созмонҳои бонуфузе аз қабили Созмони Милали Мутаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Исломӣ ва Бонки рушди Осиё аз ташвиши Узбакистон барои бунёди "Роғун" пуштибонӣ карданд.

Дар робита ба ин Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ки дар сурати фароҳам овардани фазои шаффоф ҳоҷат ба баргузории маъракаи саҳмия фурӯшӣ набуд. Зеро дар Тоҷикистон метавон аз 200 нафар ном бурд, ки онҳо барои харидории миқдори кофии саҳмия қудрат доранд. Вале аз мавҷуд набудани кафолати амнияти шахсӣ ва молиашон даст ба ин кор назаданд. Аммо Ҳикматулло Сайфуллозода, таҳлилгари масоили сиёсӣ бар ин назар аст, ки ҳукумати кишвар аз аввал бохабар буд, ки давлатҳои ҳамсоя ба ҳеч ваҷҳ аз бунёди як неругоҳи пурқудрате дар Тоҷикистон таҳаммул накарда, ҳатман вокуниш нишон медиҳанд.

"Маъракаи фурӯши саҳмияҳои "Роғун" низ ба ҳамин хотир оммавӣ карда шуданд. Яъне, ҳукумат дидаву дониста маблағи мардумро ҷамъ кард. Ҳукумати Тоҷикистон аз аввал ихтилоф бо кишварҳои ҳамсоя дошт", мегӯяд Ҳикматулло Сайфуллозода. Номбурда бар ин назар аст, ки аз сабаби нотавонмандии ҳукумати Тоҷикистон қазия беш аз пеш сиёсӣ гардида, ба таври комил бунёд шудани нерӯгоҳи "Роғун"-ро аз байн бурд.
"Албатта ин маънои онро надорад, ки тарҳи "Роғун" аз баайн меравад. Не, "Роғун" бунёд мешавад, аммо на бо сарбанди баландиаш 335 м ва он тавонмандие, ки ваъда шуда буд", илова намуд Ҳикматулло Сайфуллозода.
Коршиносон мегӯянд, ки агар дар қабл  Русия ба хотири ба даст овардани манфиатҳои сиёсии худ ба Тоҷикистон дар мавриди бунёди нерӯгоҳи "Роғун" ваъдаҳое карда буд. Пас, имрӯз бо ҳамон шакл Бонки Ҷаҳонӣ низ дар сатҳи ҷаҳонӣ паси парда бо Тоҷикистон бозиҳое анҷом медиҳад. Зеро, Бонки Ҷаҳонӣ давоми ин муддат метавонист натиҷаи бозрасии нерӯгоҳи "Роғун"-ро эълон намояд, ё ҳадди ақал раванди ташхисро суръат бубахшад.

Ҳумайрои Бахтиёр
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)