Бахшҳо
16 авг 2012 08:50Иқтисодӣ

Тоҷикистон кишвари маҳрум аз сармоя

Тибқи маълумоти Агентии омор воридоти сармоягузории мустақими хориҷӣ дар давоми 9 моҳи соли 2011, ба 85,0 миллион расид ва дар семоҳаи якуми соли 2012 - 134,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз он74,1 млн. доллар қарзҳои ҷалбнамудаи корхонаву ташкилотҳо ва 60,4 млн. доллар сармоягузории мустақим мебошанд. Ба ростӣ чаро сармоягузориҳои мустақим дар иқтисодиёти Тоҷикистон кам сурат мегирад?

На сармоягузорони ватанӣ фаъоланд на хориҷӣ

Профессор Муним Ҳасанов сабаби ҷалб нагаштани сармояҳои мустақими хориҷиро ба бӯҳрони молиявӣ марбут дониста мӯътақид аст, ки аз соли 2008 ба ин сӯ ҳамин бӯҳрон боис гашт то сармояҳо ҷалб нашаванд. Соли 2011 ҳам нисбат ба соли 2010 камтар сармоя ба Тоҷикистон ворид шуд, он ҳам ба далели диққат ҷалб накунанда будани фазои сармоягузории кишвар.
Дар раванди тендери байналмилалӣ барои ҳуқуқӣ азхудкунии комплекси захираҳои Конимансури Калон аз ҷониби ширкати "ВНР Вilliton" аз иштирок дар тендери мазкур даст кашид ва ин амали ин ширкатро масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ҳамчун ҷараёни татбиқи сиёсати нави фаъолияти ин ширкат, ки тавассути дасткашии он аз амалигардонии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар минтақаи Авро - Осиё таъмин мегардад, маънидод кардаанд.
Тибқи омори расмӣ дар 6 моҳи соли 2012 дар кишвар 233 ҳазору 377адад субъектҳои соҳибкорӣ фаъолият мекунанд. Аммо фаъолияти ин шумораи соҳибкорон ҳам фазои сармоягузориро беҳтар нагардонида аст.                            

Маврид ба зикр аст, ки сармоягузориҳо дар иқтисодиёти Тоҷикистон бештар дар бахши давлатӣ сурат мегирад то хусусӣ. Иқтисоддон Фируз Саидов далели камтар сармоягузорӣ кардани сармоягузорони хориҷиро дар бахши хусусӣ ба хавфи гум кардани сармояҳояшон марбут медонад. Зеро вақте онҳо бо давлат кор мекунанд, давлат ба онҳо кафолат медиҳад, ки сармояи онҳо дар амал дуруст истифода бурда мешавад"аммо дар корхонаҳои шахсӣ чун соҳибкорони мо на ҳама вақт бо дасти ҳалол бо сармоягузорони хориҷӣ кор мекунанду дар бисёре маворид онҳоро дар охири лоиҳа маблағашонро яктарафа мекунанду дуруст истифода намебаранд, ба ҳамин хотир сармояҳо ба бахши хусусӣ ҷалб намешаванд. Сангтудаи 1 ва 2, ки бо сармояи хориҷӣ сохта шуд, бо кафолати давлатӣ кор мекунад ва онҳо хавфи гум кардани маблағҳои худро дар Тоҷикистон камтар доранд". Ба гуфтаи номбурда, дар мавориде давлат кафолати сармояҳои хориҷиро таъмин мекард ва инак он қонунҳое, ки вуҷуд доранд, ба сармоягузорони хориҷӣ бояд бештар имтиёз диҳанд. Агар сармоягузори хориҷӣ дар кишвар ҷойҳои нави корӣ ташкил мекунад, бояд имтиёзи муайян дошта бошад. Дар Тоҷикистон ҳангоми сармоягузорӣ мушкилоти зиёде бо ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ё раёсату шӯъбаҳои ҳукуматӣ ба вуҷуд меояд. Бояд кафолати маблағҳои сармоягузорон дода шавад.

Иқтисоддон Дилишод Муллоев бар ин назар аст, ки бахши хусусӣ дар Тоҷикистон ба қадри лозим ташаккул наёфтаасту заъиф аст, вале бахши хусусии воқеиро дар давлатҳои мутараққии ғарб, ки сармоягузории хориҷӣ дар сектори хусусӣ зиёд аст, метавон мушоҳида кард. Дилишод Муллоев мегӯяд, вақте сармоягузор ба сектори хусусӣ сармоягузорӣ мекунад, бояд кафолатҳои ҳуқуқие, ки дар санадҳо қайд шудааст, ба сармояаш дода шавад. Муайян кардани системаи имтиёзоте, ки сармоягузори хориҷӣ бо дили пур ба бахши хусусӣ сармоягузорӣ кунад, зарур аст.  Бахши хусусии кишвар то андозаи зиёд фоидаи сармоягузорро баргардонида наметавонаду ба қадри лозим фаъол нест. Ин бахш худро ба таври иттилоотӣ муаррифӣ карда наметавонад. Будани суботу муаянӣ дар ҳуқуқ сармояҳоро ба кишвар ҷазб мекунанд. Сармоя бояд ба таври воқеӣ дар Тоҷикистон озод бошад. Бояд бо сармояву сармоядор ҳамчун мавҷуди зинда муносибат кард. Тамоми мавонеъи сунъӣ, ҷуғрофиву ҳуқуқиву сиёсие, ки ҳастанд, онҳоро бо истифода аз мониторинг ҳал кард.

Ба гуфтаи Фирӯз Саидов сабаби дигаре, ки боис шуда то сармояҳои хориҷӣ ба кишвар ворид нашавад, ин ошно набудани сармоягузорон бо зхоири табиъиву меҳнатии кишвар аст. Чун онҳо умуман намедонанд, ки давлати Тоҷикистон вуҷуд дораду дар он дар кадом соҳаҳо метавон саромягузорӣ кард. Аз тарафи ҳукумат, сафоратхонаҳо, вазоратҳо ва корхонаҳои шахсӣ бояд иттилоърасонӣ ва таблиғот сурат гирад. Бояд Тоҷикистонро нишон дод, ки захоири табиъиву қувваҳои кории арзон дорад: "шояд онҳо сармоягузорӣ кардан ҳам хоҳанд, аммо чун дар бораи Тоҷикистон маълумоти пурраву амиқ надорад, аз ин кор мунсариф мешаванд. Ҳамаи инҳо боис мешавад то сармояҳои хориҷӣ ба бахши хусусӣ ворид нашавад. Таблиғи Тоҷикистон дар дигар давлатҳо бояд роҳандозӣ гардад ва худи мо ҳам бояд кишварҳои дигарро омӯзем. Он объектҳое, ки давлатист, масъулияти ҷалби саромоя ба ин объектҳо бар ӯҳдаи давлат аст. Соҳибкорон ҳам беҳтар аст аз хориҷ ба кишвар сармоя ворид намоянд. Зеро агар имтиёз набошд, ҳеч давлате дар давлати дигар кор намекунад. Имтиёзи асосии кишвар ин аст, ки қувваи кории арзон дорад ва ҳамин қобилиятро бояд истифода барад. Чун қувваи кории арзон метавонад қувваи кории арзонро ба кишвар ҷалб намояд".                                                   

Сармояи дохилӣ беҳ аз сармояи хориҷӣ?

Иддае аз иқтисоддонон бар ин боваранд, ки ягон давлат дар асоси сармояи берунӣ рушди устувор пайдо накардааст. Иқтисоддон Дилшод Муллоев мегӯяд, таҷрубаи Ҷопону Малайзияву Туркияро агар гирем, онҳо ин тавр пешрафт накардаанд. Агар рушди устувор дар назар бошад, бояд сармоядори ватаниро бедор карду имтиёзи сармоядори ватанӣ набояд аз сармоягузори хориҷӣ камтар бошад. Бояд ба сармоягузорон итминон дод, ки дар ватан сармоягузорӣ кардан беҳтар аст аз ин ки дар Дубайу Шветсарияву дигар офшорҳо сарф гардад. Сармоядори хориҷиро бояд дар чорчуби стратегияи миллӣ бедор кард. Мо фақат фориғболона сӯҳбат мекунем, ки биёед ҳамин сармоягузорони хориҷиро ҷалб намоем. Таҷрубаи рушди иқтисодии давлатҳо нишон медиҳад, ки дар асоси сармояи хориҷӣ рушдро таъмин кардан мумкин нест. Бояд сармоягузорони ватаниро барои сармоягузорӣ дар бахши хусусӣ бедор намуд. Аз дидгоҳи сармоягузории ҷаҳонӣ низ бозорҳои Тоҷикистон он қадар бозорҳои бузург нестанд. Бояд роҳҳое пайдо кард то сармоядори ватанӣ садҳо млн. долларе, ки дар таги болишт гузоштааст, ба бахши хусусӣ ворид кунад. Ба далели болоравии шуъури мардум, онҳо пулҳояшонро ба бонк намесупоранд, зеро фоизи он ғайришаръист. Сармояҳои шаръиву диниро мебояд истифода бурд. Якчанд дарсади аҳолӣ фаоиз гирифтан намехоҳад, пас барои онҳо бояд шароитро омода кард то ӯ сармояашро супорида дар асоси ҳамон принсипҳое, ки шариъат муаян кардааст, сармояашро истифода барад ва нагузорад сармояаш хоб равад дар асоси ҳамон ҷаҳонбиние, ки вай суд мегирад, бо ин масоил бархурди комил шавад.

Иқтисоддон Фирӯз Саидов ин гуфтаҳоро тақвият бахшида мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир барои Тоҷикистон муҳим ин аст, ки шаҳрвандонаш ба иқтисодиёти мамлакат сармоягузорӣ кунанд ва аз онҷое, ки дар дунё ба вижа дар Аврупо бӯҳрони иқтисодӣ ҷарён дораду таъсирашро ҳам ба Русия расидааст, сармоягузории хориҷӣ нисбатан кам шудааст ва эҳтимолан камшаврии сармоягузориҳои хориҷӣ низ давом ёбад: "дар Русияву Аврупо мушкилоти зиёде ҳаст, ки ба ҳамин хотир онҳо маблағгузориҳои худро ба кишварҳои дар ҳоли тараққӣ кам мекунанд. Зеро худи маблағ мавҷуд нест. Аммо ба ин ҳо нигоҳ накарда метавон сармоягузориҳои дохилиро дар бахши хусусӣ афзоиш дод. Дар оянда асосан бояд сармоягузориҳои дохилии шаҳрвандон афзун гардад. Муҳоҷирони корӣ низ маблағҳои худро ба сармоягузорӣ дар кишвар равон карда истодаанд, ки соли 2010 агар 12% бошад, соли 2011 то 20 дарсади муҳоҷирон гуфтаанд, ки аз 5 як қисми маблағҳояшонро ба сохтану боз кардану сохтани корхона ва коркарди замин равон менамоянд. Ин раванд бояд давом ёбад".                       

Мушкил яке дуто нест

Иқтисоддон Дилишод Муллоев бар ин назар аст, ки сармоягузорӣ кардан дар соҳаи хидматрасонӣ, туристӣ, коммуникатсия , тиллошӯӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо фоидаи зиёд дорад. Сармоягузорӣ дар сохтани нерӯгоҳҳо ба восити пешниҳоди лоиҳаи он ва низ соҳаи озод кардани иҷозатномадиҳӣ барои Тоҷикистон хуб аст: "бахши об ҳам самаранок истифода намешавад, барои ҳамин пешниҳод кардани оби кишвар ба бозорҳои Халиҷи Форс, ки аз камии об ранҷ мебаранд, ба маврид аст. Дар  соҳаи маорифву тандурустӣ ва меҳнат ҳам сармоягузорӣ кардан мазоё дорад. Ин соҳаҳо сармояи лозимаро мепушонанд. Барои касбомузии Муҳоҷирон низ сармоягузорӣ кардан, сармояро падид меоварад. Дар кулл сармоягузорӣ дар соҳаҳое бояд сурат гирад, ки ҳақиқатан дар бозор талабот дораду тахассусро боло мебардорад".

Гуфта мешавад маҳаллҳо ҳам барои рушди устувори кишвар аҳаммияти ҷиддӣ доранд ва бояд ба онҳо аҳаммият дод, зеро сармоягузорӣ наметавонад танҳо маҳдуд ба Душанбеву Кулобу Қурғонтеппаву Хуҷанд бошад. Аз ин рӯ боястӣ сармоягузорӣ дар маҳаллаҳо ҳам ривоҷ ёбад. Ҳар як ноҳияро бояд донист, ки дар асоси чӣ ба пеш меравад ва он ноҳия имконияти муаррифии сармоягузории худро дорад ё на. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ дар ин самт бояд фаъол бошанду барои сармоягузор шароити хубро фароҳам оварада ноҳияро ба вай муаррифӣ карда тавонанд, ки чи имконоте ҳаст. Дар ин сурат ҷойҳои корӣ фароҳам гашта мардуми камтаре ба Русия мераванд. Зеро аз нигоҳи маънавӣ ҳам бароямон гарон тамом шудааст.                                 
Аммо чигуна метавон муҳити сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи мустақимро ба иқтисодиёти мамлакат беҳтар гардонид?

Профессор Муним Ҳасанов мегӯяд, ки барои фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон як чанд меъёрҳо дар назар гирифта шудааст. Чунончи қонунгузории
Тоҷикистон на дар шакли комил бо қавонини байналмилалӣ ва фазои сармоягузорӣ мутобиқат мекунад. Механизмҳои қонунии муносиб барои амнияту ҳифозати зиндагиву саломатии сармоягузорон вуҷуд надорад. Сатҳи хатари бесуботиҳои сиёсиву иҷтимоии мавҷуд дар кишвар ҳамроҳ бо дараҷаи фаъолият, салоҳият, пешбинӣ ва шаффофият аз мақомоти давлатӣ ва дастгоҳҳои идоракунӣ низ таъсири фаровоне дорад. Сатҳи ҳамоҳангиву тақсими қудрат байни шохаҳои давлатӣ инчунин набуди қавонини вижа ва инъитофпазир барои иҷрои фаъолиятҳои сармоягузорӣ ва дараҷаи миёнаи гирифтани даромад дар сармоягузориҳои Тоҷикистон ҳам ҷалби сармояҳои беруниро кам мегардонад. Дараҷаи пасти сармоягузориҳои дохилӣ дар кишвар таъсири зиёде дар ҷалб нагаштани саромягузориҳои мустақими хориҷӣ дорад. Дараҷаи суботи асъори миллӣ дар баробари асъори хориҷиро ҳам барои сармоягузорони хориҷӣ хеле муҳим аст.

Ба гуфтаи профессор Муним Ҳасанов мегӯяд, ки дараҷаи суботи сиёсатҳои молии кишвар, озодии тиҷорат ва ҳуқуқу мушорикати сармоягузорони дохиливу хориҷӣ дар хусусисозии амволи давлатӣ дигар омилест, ки мизони ҷалби сармояро ба кишвар муаян мекунад. Ба қавли номбурда стратегияи иқтисодии давлат нодуруст аст. Зеро иқтисодиёти миллӣ самаранокии поине дорад. Қарзи берунӣ ҳам мавқеъи нодуруст дорад, иттилооти дақиқ ҳам дар хсуси сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ дар дастрас нест. Сохторҳои истеҳсолот ҳам вазъияти номатлубе доранд. Дар соҳаи хидмат ҳам  зерсохторҳо вазъияти номатлуб доранд. Қобилиятҳои инсонӣ ҳам дар кишвар дар ҳадди миёна аст. Системаи ба ҳисобгирии Тоҷикистон низ бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат намекунаду  муносибати ҷомеа ҳам бо сармоягузориҳои хориҷӣ нодуруст аст. Бозорҳо ҳам вазъияти хубе надоранд. Муним Ҳасанов мегӯяд, ки ҳалли ин мушкилот ҷалби сармояҳои мустақими хориҷиро ба кишвар зиёд мегардонад.

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА  
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)