Бахшҳо
16 авг 2012 09:11Гузориш

Моҷарои занбӯр дар Роғун

Саидшо Раҷабов, занбӯрпарвари номӣ ва таҷрибадор аз муносибати сарду монеъаэҷодкуниҳои сунъии масъулини шаҳри Роғун, ҳамчунин  "зӯрӣ"-и чанд сокини маҳаллӣ хаста шуда, ба Озодагон шикоят пеш овард. ӯ аз мо журналистон даъват кард, ки ба мушкили соҳа ва проблемаи рӯ зада таваҷҷӯҳ намоем, то чигили он кушода шавад.  Бо таваҷҷӯҳ ба ин Озодагон хабарнигори худро  ба Роғун фиристод то аз асли воқеъа огаҳӣ пайдо намояд.

Оғоз: Ташриф ба идора

Салом, ман Саидшо хастам ва занбурпарварӣ шуғли асосии ман аст. Худро  чунин муаррифӣ кард, шахсе, ки ба шикоят ба идораи мо чанд рӯз қабл омада буд. Ба суханаш идома дода, афзуд, ки имсол дар Тоҷикистон бисёр соли хуби занбурпарварӣ ва истеҳсоли асал аст. Ман бо ҳамроҳам (коршарикам) Ҳоҷисафар, ки ӯ низ зиёда аз 45 сол занбӯрпарвар аст ва мо ӯро ҳамчун мутахасиси хуби пешаи занбурпарварӣ мешиносем, тасмим гирифтем, ки занбӯрҳои худро ба мавзеи Гули Сурхи шаҳри Роғун, ки барои парвариши занбӯр ва истеҳсоли асал мусоид аст интиқол бидиҳем: " Мо қаблан бо як сокини ин мавзеъ мувофиқа карда будем, ӯ розигӣ дод, ки занбӯрҳоямонро  дар ҳавлияш гузорем. Ҳамин тариқ, аз Файзобод шоми 16-уми июл ба роҳ баромадем. Тахминан нисфишаб ба қаламрави Роғун расидем, аниқтараш дар роҳи деҳаи Ҷавонӣ ҳаракат доштему аз дунё бехабар…".

Дар ҳамин ҳол, бародарон Холовҳо, ки ҳамаи панҷ нафари онҳо низ занбӯрпарваранд, садди роҳи эшон шуда иброз доштанд, ки "ин ҷо территория мо аст, занбӯрҳоятонро ба ин тараф набаред ". Ҳар гуна суханҳои пасту носазо ва баҳонаҳои ночизро пеш оварда, вақти моро гирифта нагузоштанд, ки роҳро идома бидиҳем. Саидшо бо алам мегуфт: "Ҳол он ки яке аз ҳамин бародарон бо номи Зоир, солҳои аввали занбӯрпарварияш, ки  аз нозукиҳои пешаи занбурпарварӣ воқиф набуд ва ҳар чизро, ки намефаҳмид мо ба ӯ кумак мекардем. Ҳатто ӯ як вақт шарики мо буд мо нону намакхӯр будем, вале ӯ имрӯз тамоман бо шеваи дигар бо мо ҳарф зад. Аз баски субҳ дамида истода буд мо дигар имкони аз роҳ гаштанро надоштем ва аз онҳо хоҳиш кардем, ки ба мо монеаъ эҷод накунанд, то субҳ нодамида занбурҳоро ҷо ба ҷо кунем. Ҳар қадар ба онҳо фаҳмонидем, ки мо занбӯрҳои худро дар масофаи 350-400 метр дур аз занбури шумо мегузорем, ба якдигар таъсир намерасонанд. Гуфтем, ки дар ин мавзеъ 50-60 ҳазор оила занбур ва ҳатто зиёда аз ин ҳам занбӯр роҳат ба сар мебаранд, аммо бефоида. "Панҷ бародар якравӣ кардан гирифтанд, вале мо маҷбур будем, ки роҳро идома бидиҳем ва ҳамин хел ҳам кардем".  Раҷабов аз қавли яке аз ин бародарон гуфт: "Хай, ҳоло гузашта раведу мо, ки омадем баъд гап мезанем…Ҳоло мебинед, хай, хай.."

Хуллас, ки ба мавзеъи қаблан тавофуқшуда мерасанд ва қуттиҳои занбӯрдорро поён мекунанд. Дар ҳамин вақт панҷ бародари якрав боз ду нафари дигарро ҳамроҳ гирифта ба сари Саидшо ва шарики ӯ меоянд. Яке аз инҳо худро Роҳатшо Исроилов, раиси ҷамоати деҳоти "Қади об"-и шаҳри Роғун ва дуввумӣ Мӯҳриддин Раҷабов, майори милиса аз ШКД-и шаҳри Роғун муаррифӣ мекунанд.   Саидшо Раҷабов ба ҳарфҳои корманди милиса ишора карда аз номи ӯ гуфт: " Ҳамроҳи мо ба шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳр меравӣ, назди сардори шӯъба. Ман ба онҳо фаҳмонидам, ки бо ин аҳвол ман ба ҳеҷ куҷо рафта наметавонам, зеро занбури зиёд маро газидасту хаставу беҳол ҳастам".  Майор Раҷабов бошад, бо лаҳни тунду дурушт мегӯяд, ки барои мо фарқ надорад, сардор фармон дода аст, ту хоҳӣ нахоҳӣ, ки мо туро бардошта-бардошта мебарем: " Раиси ҷамоат низ суханҳои нозири минтақавиро об дода, ту бояд аз инҷо хезӣ, туро кӣ иҷоза  додаст, ки ба ин ҷо биёӣ ин занбурпарварони мо дар ҳамаи намоишҳои иди асал иштирок мекунанд барои ҳамин шумо бояд аз ин ҷо кӯчед!".
Саидшоҳи занбурпарвар ба эшон гаштаву баргашта мефаҳмонад, ки занбур аслан моли кӯҳ аст ва бояд дар кӯҳ нигоҳ дошта шавад ва бахусус дар ин мавзеъ бояд, ки сари ҳар як қадам як оила занбур гузошта шавад, зеро ҳазорҳо тонна асал дар ин кӯҳу саҳро хушк шуда меравад. Аммо бародарон ва корманди милисаву райиси ҷамоат ба ҳарфи Раҷабов гӯш кардан ҳам нахостанд. Онҳо маҷбуран Саидшоро ба ШКД мебаранд. ӯ бо таасуфу надомат мегӯяд, ки ба майори милиса фаҳмонидам, к ибо ин аҳвол маро барои чӣ ба шӯъба мебаред, расман даъват намоед, дар соати муайяншуда ҳатман меравам. "Аммо бея гон санад ва сабти аснод маро ба ШКД бурданд. Гуфтам, ки маро занбури бисёр газидааст, дар ин ҳолат одам мурданаш мумкин аст. Райиси ҷамоат  бошад писханд зада: Муаллим, ту зурӣ, намемурӣ".  

Аз субҳи рӯзи 17-уми июл то ғуруби офтоб Саидшоро дар як утоқи корӣ нигоҳ доштанд ҳатто дар ягон дафтар ҳам ба қайд нагирифтанд. ? маҷбур мешавад, ки тариқи телефони боварӣ  ба сардори ситоди ВКД муроҷиат кунад. Аммо Мӯҳриддин Раҷабови майор паст наомада мегӯяд, ки "иҷа территорияи  територияи ман аст, даркор шавад сардори штаб омада бахшиш мепурсад".  -
=Баъди намози шом, ҳамин майори милиса ва райиси ҷамоат маро гирифта боз ба деҳаи Ҷавонӣ бурданд. То соати 12:35-и шаб дар ба дари хонаи сокинони ин деҳа гардонданд то мошин пайдо кунанд, ки маро худи ҳамин шаб пеш кунанд аз инҷо. Дар ҳамин нимаи шаб Мирзо гуфтани як ронандаи "КАМАЗ"-ро аз хонаааш ҷеғ зада гуфтанд, ки рафта занбӯрҳои муаллимро бор карда, аз ин ҷо  бар!. Ин одам аҳволи маро дида раҳмаш омаду ба онҳо муроҷиат кард, ки магар фардо рӯз намешавад, ки дар ин нисфи шаб меҳмонро овора карда истодаед.  Ҳамин сухани ӯ таъсир карду раиси ҷамоат дафтару қоғазашро бароварда акт тартиб дод, ки ин кор ба пагоҳ гузошта шавад, ва баъд маро ҷавоб доданд. Албатта, ин кори раиси ҷамоат хело хандаовар аст,-афзуд Саидшо Раҷабов.   

Саидшо Раҷабов ба нақлаш идома карда гуфт, ки пас аз ин ҳодисаҳо мо тасмим гирифтем занбурҳоро аз мавзеи Гули Сурх ба деҳаи Ҷавонӣ барем. Аз рустои Субулоқи Файзобод як мошини боркашро киро карда, роҳро идома доданӣ мешаванд. Аммо боз чӣ мегшӯед, ин панҷ бародар даъвои "марзу бум" карда, эълом доштанд, ки дар ин ҷо (манзур ҳамаи қаламрави Ҷавонӣ ва Гули Сурх)  касе ҳаққи истодан надорад.
-Мо ноилоҷ аз Гули Сурх занбӯрҳоро гирифта ба ноҳияи Ёвон интиқол додем. Шахсан худи ман аз ин кори   райиси ҷамоат ва майори милиса ҳам зарари маънавӣ дидам ва ҳам зарар моддӣ, Ғайр аз ин 40-45 дарсади занбурҳоям талаф ёфт, ягон масъул ва шахси дилсӯз ба додам нарасид,-нақлашро ба анҷом расонид Сайидшо Раҷабов.   

Ҷамоати "Қади об" ва хоби масъулини ҳукумати маҳаллӣ

Бо супориши идора  роҳ ба сӯи Роғун пеш гирифтем. Қабл аз зӯҳри 9-уми август ба  ҷамоати "Қади об" расидем. Дари асосии бинои ҷамоат боз буд, аммо дарҳои дохил ҳама пӯшида. Азбаски бо раиси ҷамоат сӯҳбат карданам зарур буд, то соати 14:45 интизор шудам. Ҳамин вақт як нафар аз дохили бинои ҷамоат мисли одами аз хоб  хестагӣ барин берун баромад. Бо ӯ салому алайк карда гуфтам, ки бародар ба фикрам дарро аз дарун баста хоб карда будед чӣ?
Он кас худро Худойназар Салимов, котиби ҷамоати "Қади об"-и Роғун гуфта бом ан шинос кард. Ман ҳам худро муаррифӣ карда ба ӯ гуфтам, ки бо райиси ҷамоат сӯҳбат кардан мехоҳам. Котиб афзуд, ки мутаасифона, раис имрӯз намешаванд,   хусурашон бандагӣ кардаасту ҷаноза рафтагиянд. Худо раҳматашон кунад он бандаи гузаштагиро, ака раис пагоҳ меоянд, савол кардам ман. Не, фардо маҷлиси ҳукумат аст, ба Роғун равед.

Мо фурсатро ғанимат дониста, роҳи деҳаи Ҷавонӣ ва мавзеи Гули Сурхро пеш гирифтем. Дар деҳаи Ҷавонӣ нахуст ба хонаи Шоҳ Саидхоҷаев, раиси маҳалла  рафта бо ӯ ҳамсӯҳбат шудем. ? мегӯяд, тамоми аҳли деҳа рози буданд, ки занбӯрҳои муаллим (Саидшо Раҷабов дар назар аст- И.Т) дар ҳамин ҷо бошанд. Ҳатто мардум ба худ мегуфтанд, ки бо зиёд шудани оилаҳои занбур дар ин мавзеъ ақаллан нархи асал каме пойин мерафтагист: "Он 5 бародаре, ки дар деҳаи Қалъаи Нав зиндагӣ мекунанду мавзеи Гули Сурхро соҳиб шудаанд ва муаллимро намонданд, ки занбурҳояшро дар ин мавзеъ ҷой кунад ва ӯро бо чӣ роҳу воситаҳо аз ин ҷо пеш карданд. Ман ба муаллим гуфтам, ки ин қадар роҳи дароз омадааст гуё меҳмони мо аст занбурҳояшро гирифта биёрад дар ҳавлии ман гузорад. Вале  як рӯз шунидам, ки ин 5 бародар ба муаллим гуфтанд, ки дар деҳаи Ҷавонӣ ҳам наистаду ин марзро ба паррагӣ тарк кунад. Хело дар тааҷуб афтодам, аз кори ин бародарон, ки ба ҳавлии шахсии ман чи кор дошта бошанд".

Ба қавли раиси маҳалла майор Раҷабов вақте фаҳмидаст, ки Саидшо Раҷабов   ба Вазорати корҳои дохила шикоят бурдааст, филҳол омада аз чанд сокини ин ҷо барои ҳимояи худаш баёнот гирифтааст. Пас аз ин сӯҳбати кӯтоҳ мо ба Гули Сурх роҳ пеш гирифтем, аммо бародаронро дар ҷои корашон пайдо  накардем. Мавзеъе, ки Раҷабов мехост занбурҳояшро ҷо кунад дидан кардем, масофаи он то ҷои занбурҳои бародарон Холовҳо беш аз 500 метрро дар бар мегирифт ва ҳеч мушкилеро занбурҳо бояд эҷод намекарданд.

Хуллас шабро дар рустои Ҷавонӣ рӯз карда, субҳи барвақт ба  назди бинои ҳукумати шаҳри Роғун ҳозир шуда хостем бо Шариф Шарипов, раиси шаҳр ҳамсӯҳбат шуда бидонем, ки оё ӯ аз ин амали ғайриқонунии ду ниҳоди давлатӣ (ҳокимияти маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ) хабар дорад ё хайр….
Аснои сӯҳбат бо раиси шаҳр маълумамон гашт, ки ӯ аз ин кор иттилоъ надорад.   Шарипови раис аз Саидшо Раҷабови занбурпарвар хоҳиш кард, ки каме аз асли воқеаро барояш нақл кунад. Пас аз шунидани арзи занбӯрпарвар райиси Роғун гуфт, ки ҳама чиз дар чорчӯби қонун ҳал мешавад, ин корро низ мо дида мебароем ва дар доираи қонун ҳал мекунем, зеро ҳама чиз як тартибот дорад: "Ин чизе, ки шумо гуфта истодаед, эҳсосоти якҷониба аст, мо аз шунидани як тараф хулоса бароварда наметавонем. Агар шумо зарур донед, мо ҳам раиси ҷамоат ҳам майори милиса  ва ҳам ҳамон бародаронро даъват мекунем".
Пешниҳоди раис мақбуламон афтиду то соати 11 мунтазир шудем, ки ҷаласаи кории ҳукумат ба итмом расад. Аммо пас аз як сӯҳбати кӯтоҳи як ба яки раиси шаҳр бо сардори шӯъбаи корҳои дохила ва муфаттиш додситонии шаҳр, райиси Роғун аз қавли худ гашта, ин сӯҳбатро пурсиши расмӣ эълом намуд. Ва зимнан ҳам баён гашт, ки ширкати мани рӯзноманигор дар ин расмиёт зарурат надорад. Шарипов гуфт, ки баъдан аз натиҷаи ин пурсиш ба шумо иттилои расмӣ хоҳем дод.

Ҳайратовар ин аст, ки дар пурсиши расмӣ ҷониби дигар- бародарон Холовҳо, ки як тарафи асосии баҳси мазкур мебошанд, иштирок андоштанд. Суоли боз ин аст, ки чаро барои пурсиши расмӣ бародарон Холовҳо, ё аққаллан як нафари эшон даъват  нашуданд?
Ҳамин тавр, ман то анҷоми пурсиш дар паси дар интизори иттилои расмӣ будам. Аммо вақте ин сӯҳбат анҷом ёфт, раиси шаҳр ба ман нимназар карда, бо чашмонаш  Саидшо Раҷабовро нишон дода, ишора намуд, ки иттилои расмиро аз ҳамин кас метавонӣ бигирӣ.
Раҷабов танҳо ҳамин қадар гуфт, ки ба назар чунин менамуд, ки инҳо тамоман ба гапи ман аҳамият намедоданд. Раиси шаҳр тавре ҳарф мезад, ки гуё ҳеч гап нашуда бошад. Раиси ҷамоат бошад, ба чашми ман нигоҳ карда рӯирост дурӯғ мегӯяд, ки "Саидшо Раҷабов ба мо гуфта буд, ки мо бо бародарон Холовҳо таҳҷангем". Ин дуруғи маҳз аст, ман борҳо таъкид карда будам, ки яке аз ин бародарон нозукиҳои ин касбро аз мо омӯхтааст, мо як вақт шарик ҳам будем, аммо раиси ҷамоати "Қади об" ба хотири худашро дар назди раиси шаҳр сафед кардан шарм накарда, ҳамин гапҳоро гуфт.

Дар ҳамин ҳол имкон пайдо кардам, ки бо Роҳатшо Исроилов, раиси ҷамоати деҳоти "Қади об" ҳамсӯҳбат шавам. ӯ аснои сӯҳбат бародарон Холовҳоро гунаҳгор дониста изҳор дошт, ки онҳо бевосита дар марзи ҷамоати "Қади об" зиндагӣ мекунанду шифоҳӣ ба муроҷиат карданд, ки як занбӯрпарвар аз ноҳияи Файзобод худсарона занбурҳояшро оварда, дар назди занбӯрҳои мо гузоштааст. Мо мувофиқи салоҳияти худ ҳамроҳи нозири минтақа Мӯҳриддин Раҷабов ба мавзеъе, ки онҳо занбӯрҳояшонро гузошта буданд, рафта бо муаллим Раҷабов ҳамсӯҳбат шудем. Раиси ҷамоат гуфт: "Мо ба Саидшо Раҷабов фаҳмонидем, ки ҳамин шаҳрвандони мо барои дар ҳамин мавзеъ гузоштани занбурҳои шумо норозигӣ доранд. Ба ӯ маслиҳат додем, ки занбурҳояшро ба деҳаи Ҷавонӣ ба хонаи раиси маҳалла ё ба хонаи муовини раиси маҳалла интиқол бидиҳад, вале ӯ гуфт ман танҳоям мошин ва он нафаронеро, ки киро карда будам ҷавоб додам. Боз мо ба ӯ кумак карда мошин кофтем, ки ӯ занбурҳои худро ба дигар ҷо кӯчонад. Мо аз рӯи вазифаи худ шикояти шаҳрвандони ҳудуди ҷамоатро ба назар гирифта мусоидат кардем, ки худи онҳо ба як хулосаи аниқ биёянд, то миёни онҳо ягон муноқишае сар назанад."
Ин дар ҳолест, ки Саидшо Раҷабов гуфтаҳои раиси ҷамоатро рад карда афзуд, ки агар раиси ҷамоат ва майори милиса аз ҳамин занбурпарварҳо ягон манфиат намедиданд барои кӯчонидани ман то соати 12:35-и шаб дар ба дари хонаҳо мошин кофта намегаштанд.

Милисаи "ғайриҳукуматӣ"

Аз Мӯҳриддин Раҷабов, майори милиса  вақте аз пурсиши расмӣ берун мешуд, хоҳиш намудам, ки ба чанд саволи ман ҷавоб диҳад. Вале ӯ даст ба қафаси сина бурда  гуфт: "Ман корманди ҳукуматӣ нестам, ки дар бинои ҳукумат бо шумо сӯҳбат кунам, агар сӯҳбат кардан хоҳӣ шӯъба биё, гап мезанем". Ростӣ, ки аввалин бор мешунавам, ки милиса корманди ҳукумат нест. Магар милиса ғайриҳукуматист?  Кӯтоҳи гап, ба ШКД-и шаҳр ҳозир шудам, то бо майор сӯҳбате дошта бошам. Навбатдор пас аз занги телефонӣ ба ман гуфт, ки сардор ба Мӯҳриддин Раҷабов иҷоза  надодааст, ки бо журналист  сӯҳбат кунад.  
Маврид ба тазаккур аст, ки тайи чанд соли ахир дар Тоҷикистон ба соҳаи   асалпарварӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Хамасола дар маркази шаҳру навоҳии кишвар ва бевосита дар пойтахти ҷумҳурӣ иди асал ҷашн гирифта мешавад.  Президенти кишвар низ дар чанд баромадашон таъкид карданд, ки соҳаи занбурпаварӣ сердаромаду фоидаовар ба саломатӣ аст ва он бояд ба маротиб рушд дода шавад. Аммо масъулини шаҳри Роғун баръакси нишондоди президент Эмомалӣ Раҳмон амал намуданд ва амал менамоянд.  

Саидшо Раҷабов аз рӯи ин масъала ба ду мақоми баландпояи ҳифзи ҳуқуқ-    Вазорати корҳои дохила ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон шикоят бурдааст, вале шикояти ӯ то куҷо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳалли худро меёбад, суоли дигар аст. Агар бархӯрд ба соҳаи муҳим аз сӯи мақомот ба ин шева аст, пас рушди он имкон дорад? Ва агар ҳар сангу харсанг ва чакалаку марзаъҳои кишвар "шахсӣ" шуда бошанд, пас вуҷуди сохторҳои марбутаи ҳукуматӣ барои чист? Агар дар рустои на он қадар дур бародарон бо зӯр "ҳукумат" ронанд, пас кори корафтодагонеро мисли Саидшо Раҷабов кӣ ҳаллу фасл мекунад?    


Ибодуллоҳи ТОИР
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)