Бахшҳо
23 авг 2012 09:29Иҷтимоӣ

Бонги хатар

Дар Тоҷикистон барои пешгирӣ намудани бемории вируси норасоии масунияти одам (БНМО)  ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои гирифторони ин беморӣ лоиҳаи консепсияи баланд бардоштани маълумотнокии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низоми судӣ таҳия гардид.

Лоиҳаи мазкур миёни масъулини Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза алайҳи ВНМО, сил ва вараҷа, Маркази таълимии судяҳо, Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки дар назар аст ояндаи наздик ба парлумони кишвар ирсол гардад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин Мукаррама Бурҳонова, консултанти ташкилоти ҷамъиятии "Имрон" зимни баромадаш дар як нишаст иброз намуд, ки мақсади асосии консепсияи мазкур- баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низоми судӣ буда, пеш аз ҳама барои баланд намудани савияи дониши худи ин ниҳодҳо оид ба ВНМО равона гардидааст: "Мо ҳамчун намояндагони иттиҳодияи ҷамъиятии маркази "Имрон"  бевосита дар таҳияи консепсияи мазкур саҳм гузоштем. Ин консепсия аз ҷониби  мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ, махсусан Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза алайҳи ВНМО сил ва вараҷа, Марказҳои омӯзиши судӣ, Маркази омӯзиши мақомоти прокуратура, Академияи Вазорати корҳои дохила, UNAIDS ва инчунин Созмони байналмилалии меҳнат дастгирӣ  ёфт".

Карим Солиев, муовини аввали Академияи ВКД, қайд намуд, ки то ҳол дар Тоҷикистон дар самти ҳимояи манфиатҳои қонунии шахсони бо бемории ВНМО, тарзи ҳимояи онҳо аз ҷониби ҳимоятгарон ва тарзи муносибат ба онҳо ягон мавод вуҷуд надошт. Номбурда қайд намуд, ки ҳуҷҷате, ки имрӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ин як саҳифаи нав дар самти ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.

Ойниҳол Бобоназарова, раиси ташкилоти ҷамъиятии фонди "Перспектива Плюс" лоиҳаи консепсияи мазкурро саривақтӣ шуморида, иброз дошт, ки бояд тамоми мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ин консепсияро зарур шуморанд: "Ман фикр мекунам барои таҳяи чунин лоиҳа, ки барои Тоҷикистон бисёр зарур аст, ҳатто камтар дер ҳам мондем. Бояд мо сари ин масъала каме пештар фикр мекардем, зеро асосан ҳамон шахсоне, ки бо бемории ВНМО гирифторанд, дар бисёр мавридҳо ҳуқуқи онҳо вайрон карда мешавад. Масалан дар дигар давлатҳо  агар ба ин қабил одамон ҳамчун бемор нигоҳ мекунанд як гуманизм нисбати чунин инсонҳо ҳаст ва ҳаракат мекунанд, ки ба онҳо кӯмак бикунанд, аммо ҷомеаи тоҷик, ки як ҷомеаи суннатӣ аст,  ҳамин гуна менталитет вуҷуд надорад, ки ин ҷо сабабҳои зиёде вуҷуд дорад". Ба андешаи Ойниҳол Бобоназарова дар ин самт  мушкили якум ин аст, ки воситаҳои ахбори давлатӣ ниҳоят кам тарғибот мебаранд, мушкили дуюм- мо муҳоҷирони зиёде дар Русия дорем, ки қисми зиёди онҳо шахсоне ҳастанд, ки онҳо дар ин бора кам маълумот доранд ва вақте ки аз Русия бармегарданд як қисмашон бо ҳамин касал меоянд. Онҳо азбаски дар бораи ВИЧ СПИД маълумоти кофӣ надоранд, ин касалии худро ба зану фарзанди худ  мегузаронанд" : Ман аз тариқи ВАО хондаам, ки ҳатто вақтҳои охир дар беморхонаҳо ба чандин нафарҳо ба воситаи хун ин касалиро гузаронидаанд. Бубинед, ки ҷомеа аз ин чиз хабар надорад, системаи таблиғотии воситаҳои ахбори давлатӣ коре намекунанд,  мо ҳама мебинем, ки факат рақсу бозӣ аст. Хуб мешуд, ки ақалан ҳафтае як маротиба телевизиони тоҷик, воситаҳои ахбори расмӣ, маводҳои таблиғоти пахш мекарданд. Ба нашрияҳои расмӣ аксарият маҷбурӣ обуна карда мешаванд  ва барои онҳо аз инҷо маълумот пайдо кардан осон буд. Мутаасифона барои таблиғот ва гирифтани пеши роҳи ҳамин гунна касалиҳо танҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ кӯшиш мекунад". Раиси ташкилоти ҷамъиятии фонди "Перспектива Плюс" зимни баромадаш дар ҳамоиши мазкур таъкид намуд, ки мушовири давлатии президенти кишвар оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, ки мебоист дар баррасии ин консепсия  ширкат мекард, ҳузур надорад  ва гузашта аз ин намояндагони парлумон низ инҷо ҳузур надоранд. Ойниҳол Бобоназарова илова кард, ки шояд ин консепсия қабул шавад, вале хуб мешуд, намояндае аз миёни депутатҳои мо дар ин ҷо ширкат мекард, баҳсу мунозир менамуд ва фикри ҷомеаи шаҳрвандиро дар парлумон мегуфт: "Аз кумитаи  телевизион ва радио ҳам касе ширкат надорад. Бубинед, ки мо байни худ гап задем, вале ҷомеа аз ин чиз хабар надорад". Бобоназарова мегӯяд, шумораи гирифторони ВИЧ  СПИД рӯз то рӯз афзоиш ёфта истодааст, агар мо пеши роҳи паҳншавии ин бемориро нагирем як эпидемияи ниҳоят сахт шуданаш аз имкон дур нест, ки дар он сурат аллакай дер мешавад.

Масъулини Вазорати тандурустии  Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО  дар байни гурӯҳи осебпазир, ки моддаҳои нашъаоварро бо роҳи тазриқӣ истифода мебаранд, маҳбусон, шахсони рафтори хавфнокдошта, гузаронидани ҷамъбасти назорати эпидемиологӣ дар байни аҳолӣ, расонидани иттилоот, маълумот оиди масъалаҳои ВНМО, гузаронидани машваратҳо ва муоинаи онҳо пурзӯр гардонида шудааст: " Айни ҳол 22 нуқтаи боварӣ дар байни нашъамандони тазриқӣ, 45 нуқтаи боварӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо ва 10 ҳуҷраи дӯстона барои заноне, ки хизматҳои шаҳвонӣ мерасонанд фаъолият доранд". Бино ба иттилои манбаъ, дар масъалаи пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ, Вазорати тандурустӣ тавонист дар ҳамкорӣ бо мақомоту идораҳои алоқаманд вазъи пешгирии бемориҳои  сироятиро мӯътадил нигоҳ дошта, шумораи гирифторони  чунин бемориҳоро ба маротиб коҳиш додааст. Ин дар ҳолест, ки аз рӯи маълумотҳои ғайрирасмӣ 35 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон гирифтори СПИД ҳастанд ва дар 2 моҳи ахир соли равон боз 400 нафари дигар гирифтори ин беморӣ гардидаанд.

Ибодуллоҳи ТОИР
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)