Бахшҳо
23 авг 2012 10:33Иқтисодӣ

Хусусисозӣ Тоҷикистонро тағйир медиҳад?

Муҳимтарин марҳилаи давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ хусусигардонии моликияти давлатист ва ҳарчанд корхонаҳои зиёде аз авоили истиқлолият то кунун хусусӣ шуданд, вале имрӯз аз бештари онҳо ному нишоне боқӣ намондааст. Корхонаҳои бузург ҳам хусусисозӣ намешаванд, ки ҳамин масъала интиқодҳоро барангехтааст, зеро табиист, ки боздеҳии ширкатҳои калон аз иншиотҳои хурд бештар аст. Аммо чаро хусусисозӣ ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон боздеҳи лозимро надорад?

Аз хусусисозӣ таҳаввуле ба вуҷуд наомад

Сиёсати ягонаи ҳукумат дар соҳаи хусусигардонии моликияти давлатӣ аз истиқлолият оғоз гардида то имрӯз идома дорад ва қонуни ?айридавлатикунониву хусусигардонии моликияти давлатӣ барои амалӣ шудани ислоҳоти иқтисодӣ замина гузоштааст ва боз як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки ин равандро ба маҷрои тоза ворид намуданд. Бояд гуфт, ки хусусигардонии моликияти давлатӣ дар ҶТ дар ду марҳила гузаронида шуд. Дар давраи аввал асосан ба хусусигардонии хурд- корхонаҳои соҳаҳои савдо, хӯроки умумӣ, хизмати маишӣ ва воситаҳои нақлиётӣ диққат дода шуд. Аз соли 1991 то инҷониб дар Тоҷикистон 9691 адад иншоотҳои хурд ва 1307 адад корхонаҳои миёнаю калон хусусӣ гардонида шудааст. Аммо ин хусусисозиҳое, ки дар ин 20 сол сурат гирифтааст, иқтисоддононро қонеъ нагардонида аст.

Ба гуфтаи иқтисоддонҳо амалкарди бахши хусусӣ дар бахшҳои вогузор шуда дар маҷмуъ мунҷар ба афзоиши бекорӣ ва коҳиши истеҳсолот шудааст, ки иллати муҳими онҳо ноогоҳии мудирони иқтисодии кишвар аз масъалаи сармоягузорӣ, набуди як намунаи куллӣ ва систематик барои вогузорӣ ва набудани бахши хусусии тавонманд дар кишвар будааст. Инак ҳам нокоромадии корхонаҳои хусусӣ дар кишвар ба вузӯҳ дида мешавад. Чунончӣ танҳо дар чор моҳи соли 2012 аз 920 корхонаи саноатӣ 231 корхона кор накардааст ё аз ҳар 4 корхонаи саноатӣ яке аз фаъолият бозмондааст. Илова бар ин дар давоми нимсолаи якуми соли 2012 зиёда аз 15 фоизи корхонаҳои ҷумҳурӣ пурра аз фаъолият бозмонданд, ки ин боиси ба маблағи 700 млн. сомонӣ кам истеҳсол гардидани маҳсулоти саноатӣ дар ҳамин давра гаштааст. Дар маҷмуъ ба сабабҳои гуногун хусусисозӣ дар Тоҷикистон натавонистааст ончуноне, ки бар рӯи коғаз барномарезӣ шуда буд, муваффақ бошад.

Иқтисоддонон мегӯянд, ки чун аксарияти корхонаҳои хусусишуда бо он зарфияте, ки доштанд кор намекунанд. Ҳам корхонаҳои хурд ва ҳам миёнаву калон. Соҳаи фаъолияти онҳо ҳам тағир ёфтааст. Пештар корхонаҳои таъмири автобусу зил буд, ки имрӯз ба бахшҳои кучактар тақсим шуданд. Он истеҳсолоте, ки қаблан вуҷуд дошт, инак нест ва ба ҳамин хотир намешавад гуфт, ки хусусисозиҳо дар Тоҷикистон муваффақ буд. Гузашта аз ин бисёре аз онҳо ҳам аз фаъолият боз монданд. Хоҷагии моҳидорӣ ва соири корхонаҳои калон буданд, ки нофаъол шуданд ва ҳарчанд баъзе аз шӯъбаҳои онҳо мавҷуданд, вале онҳо бо зарфияти пурра кор намекунанду аз истеҳсолоти замони шӯравӣ фосилаи зиёд доранд. Таҷҳизоти қисме аз ин корхонаҳо ҳам фурӯхта шудааст, ки нишон медиҳад ин корхонаҳо ба нафъи давлат набудаанд. Президент ҳам қаблан гуфта буд он корхонаҳое, ки хусусӣ шудаанду монанди собиқ кор намекунанд, давлат онҳоро бозпас хоҳад гирифт. Чанде аз корхонаҳо ҳам ба хотири заминашон харидорӣ шуданд. Корхонаҳое ҳам буданд, ки баъди вогузорӣ ба бахши хусусӣ дигар кор намекунанд. Дар кулл хусусисозиҳо натиҷаи хубе барои Тоҷикистон набуд.                                      

Раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон Константин Бандаренко ҳам мегӯяд, ки аз соли 1991 бисёр ташкилотҳо хусусӣ шуда буданду новобаста аз ин, бисёр корхонаҳо ҳоло фаъолият намекунанд. Аз ин рӯ наметавон гуфт, ки сектори хусусӣ камсамар мебошад. Баръакс, холо дар мамлакат, танҳо ташкилотҳои хусусӣ буҷаи мамлакатро ғанӣ мегардонанд ва ташкилотҳое, ки давлатиянд, муҳимияти худро дар иқтосидиёт ва буҷа гум кардаанд. Сабаби бозмонии бисёр корхонаҳо, ки дар замони шӯравӣ кор мекарданд, гуногун аст. Қисме аз онҳо бахше аз иқтисодиёти шӯравӣ буданд ва вақте иттиҳод барҳам хурд, маҳсулоти онҳо ба касе лозим нашуд. Дуввум ин ки иттиҳоди шӯравӣ системаи пӯшида буду баъд аз барҳамхурӣ мамблағгузории хориҷӣ пайдо шуд. Гузашта аз ин бисёр ташкилотҳо аз сабаби набудани барқ ва бад будани шароити бурдани тиҷорат дар Тоҷикистон, яъне боҷи давлатӣ, бюроктратия ва коррупсия, бекор монданд.
Иқтисоддон Баҳор Камаров сабаби шикасти вогузории корхонаҳо ба бахши хусусиро ба надоштани таҷруба дар иқтисодиёти бозаргонӣ марбут дониста мегӯяд, ки ҷанги дохилӣ ва бӯҳроне, ки давлатҳои собиқ СССР дар авоили гузариш ба он мувоҷеҳ шуданд, таъсири худро расонида буд.   
Аммо вазифаи асосии хусусигардонӣ имрӯза аз таҷдиди корхонаҳои калон ва миёнаи cоҳаи саноат, нақлиёт, алоқа ва сохтмон иборат аст. Вале ба ростӣ вақте таҷрубаи гузашта номуваффақ буд, оё метавон интизор шуд, ки хусусигардониҳои давраи дуввум ва ё корхонахои хурду калон бо муваффақият ҳамроҳ хоҳад буд? Ҳамин таҷдиди сохтори "Барқи Тоҷик" муваффақиятомез хоҳад буд?

Ба қавли иқтисоддонон "Барқи тоҷик" ба 3 қисм ҷудо шуда яке аз онҳо ба фурӯши барқ, истеҳсол ва ба интиқоли он тақсим мегардад. Шояд тибқи нақшаи давлат ин фоида биёварад, вале ба гуфтаи иқтисоддонон ин ба нафъи гурӯҳҳои наздик ба ҳукумат дар Тоҷикистон аст, ки онҳо мехоҳанд ин корро ба нафъи худ анҷом диҳанд. Ҳадаф аз бозсозии "Барқи тоҷик" агар кам кардани талафоти барқ ва хизматрасонии хуб ба марудм  бошад, роҳи ҳаллаш дигар аст. Аммо роҳи ҳалли ин аслан дар насби ҳисобкунакҳост, ки бо корти рушд кор мекунанд. Агар Тоҷикистон ин корро анҷом диҳад, аз фурӯши барқ миллионҳо сомонӣ метавонад ба даст оварад. Ҳаминак талафоти барқ дар Тоҷикистон аз 40% бештар аст. Ин ширкат 4 ҳазор нозири барқ дорад, ки ҳар кадомашон 600 сомонӣ маош мегиранд. Агар маоши онҳо ба як сол зам шавад, 23 млн. мешавад. Агар бо ин 23 млн. ҳисобкунакҳои электронӣ харидорӣ карда дар хонаҳо насб гардад, беҳтар аст. Зеро онҳо корти эелектронӣ доранду чи тавре, ки ба тилифон маблағ мегузарад, соҳиби хона дар 10 ё 1000 сомонӣ пешакӣ барқ мехарад. Дар ин ҳолат дигар ниёз ба нозири барқ намемонад ва дуздӣ ҳам кам мешавад. Аммо дар ин самт аз сӯи давлат иқдоме мушоҳида намегардад ва танҳо хоҳиши ба 3 қисм ҷудо кардани ин ширкат матраҳ асту мумкин аст бо истифода аз ин ҳолат гурӯҳҳо аз қочоқи барқ истифода баранд. Дар бештари кишварҳо ҳамин равиш истифода мешаваду худ ҳамаи масоил ҳал мегарданд. Бо насби ин ҳисобкунакҳо вазиру одами оддӣ низ як маблағ пардохт мекунанд. Вақте мардум барои телефонҳояшон пул медиҳанд, барои ин ҳам пул хоҳанд дод. Барои ин кор насби дастгоҳҳои нав ҳам лозим нест ва ҳамин дастгоҳҳои пардохти тилифонӣ кофист, ки бо ин равиш тамоми талафоти барқ аз байн меравад.

Иқтисоддон Баҳор Камаров мегӯяд, корхонаҳое, ки имрӯз хусусӣ мешаванд, нисбат ба ширкатҳои замони шӯравӣ аз имкониятҳои бештаре бархурдоранду фаъолияти ин корхонаҳо аз даврони собиқ хеле беҳтар аст: "аз нигоҳи қонунӣ ҷалби сармояҳои хориҷӣ беҳтар шудаасту имконияти рушди субъектҳое, ки хусусигардонида мешаванд, таъминоти ҳуқуқии фаъолияташон аз нигоҳи сулҳу суботу оромӣ имконияти бештар барои фаъолият кардан доранд. Вобаста аз он ки корхона аз ҷониби кӣ хусусӣ гардонида мешвад, бояд таҷрубаву касбияти роҳбари ширкат дар фаъолияти соҳибкорӣ, сатҳи дониши иқтисодиву ҳуқуқуии ӯ ва пеш аз ҳама маълумоти соҳибкории ӯ, фаъолияти ояндаи корхона вобастагии калон дорад. Омилҳои дигаре метавонанд таъсир расонанд, ки ба онҳо пеш аз ҳама ба кадом намуди фаъолият машғул будани корхона ва дар куҷо ҷойгир будани он ва инфрасохторе, ки дар атрофи корхона вуҷуд дорад бастагӣ дорад.
Корхонаи хусусӣ мешудагӣ дар ноҳия ҷойгир аст ё марказ, ин омилҳо ба рушди ояндаи корхона таъсир расонанд. Масалан дар ҳолати ба бозорҳои марказӣ наздик будани он, истеъмолкунандаи маҳсулоташ бештар аз бозорҳои дохилӣ агар бошад ва онҳо дур ҷойгир шуда бошанд, ин алакай ба рақобатпазирии молҳои истеҳсолии онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Нархи маҳсулот низ боло меравад ба хотири нуқтаи ҷойгиршавии корхона ва ба бозорҳои марказӣ овардани маҳсулоташон".

Баҳор Камаров мегӯяд, дар мавсими зимистон корхонаҳои саноатии мо норасоии барқро эҳсос мекунанд ва яке аз сабабҳои дар 1 сол 50% кор накардани корхонаҳои саноатӣ дар зимистону тирамоҳ ба норасоии барқ алоқамандӣ дорад. Чун дар ин давра қувваи барқ ноустувор асту дар баъзе ҳолатҳо имконияти пурра барқ додан ба корхонаи саноатӣ мавҷуд нест. Зеро талаботи технологияи корхонаи саноатӣ чунин аст, ки бояд устувор қувваи барқро қабул ва кор кунад ва дар сурати ноустувор будани қувваи барқ технологияи корхона мумкин аст корношоям гардад. Ин зарари худро вобаста аз ҳаҷми корхона мерасонад, агар корхонаи саноатӣ калон бошад, ҳаҷми зарар ҳам калон мешаваду корхонаи хурд бошад, зарар камтар мегардад. Норасоии қувваи барқ дар баъзе манотиқ то 6 моҳ ба рушди саноат таъсири манфии худро мерасонад.

Иқтисоддонон мӯътақиданд, ки корхонаҳои давлатӣ баъди хусусигардонаданашон аз имтиёзоти давлатӣ маҳрум мегарданд, ки ҳамин боиси муфлисшавии онҳо мегардад. Аз сӯи дигар иҷораи замин ва корхона барои соҳибкорон мушкили дигарест. Зеро идораи давлатӣ чун замин ва иншоот ҳам дар ихтиёри худ дорад, ба чунин мушкилот дучор намешавад. Баъзан барои фаъолияти корхонаҳои хусусӣ биноҳои иловагӣ лозим мешаваду ҳамин ба соҳибкорони инфиродӣ мушкил эҷод менамояд. Аммо давлатиҳо на, чун онҳо имкониятҳо ва сохторҳои зиёд доранд. Корхонаи хусусӣ ин имкониятро надораду дар шароити иқтисоди бозор бо бастани шартнома аз ин ё он бино истифода мебарад.

Ба андешаи иқтисоддон Баҳор Камаров корхонаҳои калон дар Тоҷикистон дар дасти давлат зиёд намондаасту шояд соҳибкорон ҳам барои гирифтани корхонаҳои азим монанди "Барқи тоҷик" ва "Талко"то дараҷаи лозим омода набошанд, ки пурра онҳоро ба ихтиёри худ гиранд. Каме дигар вақт лозим аст то ширкатҳои бузурги Тоҷикистон хусусигардонида шаванд. Чун феълан корхонаи аломиний қувваи барқро дар қиёс бо корхонаи хусусӣ арзонтар дарёфт мекунад ва агар ин ширкат хусусӣ гардад, оё чунин имтиёзе ба он дода мешавад. Зеро фаъолияти ояндаи ин ширкат аз ин вобастагии калон дораду агар баъди хусусигардонии ин корхона ба он имтиёзи калон дода нашавад, маҳсулоти истеҳсолии корхона рақобатпазирии худро аз даст медиҳад.                                               

Хусусисозиҳо шаффоф будаанд?

Ба ростӣ оё хусусисозиҳои аз замони истиқлол то ба имрӯз ба шахсони воҷиди шароит вогузори шуд ва дар асоси рақобат анҷом гирифтааст? Иқтисоддонон мегӯянд, ки муҳимтарин масълаи хусусисозӣ баҳси нархгузорӣ бар рӯи ширкатҳо ва вогузории ин корхонаҳо ба беҳтарин наҳви мумкин аст, аммо ин масъала то ҳол он он гуна, ки шоистаи он аст, мавриди таваҷҷуҳ воқеъ нашудааст. Ҳаргуна иштибоҳ дар нархгузории корхонаҳои давлатӣ оқибатҳои ногувор дорад. Агар корхона бо нархи арзон вогузор шавад, арзиши ширкати давлатӣ кам гашта дороии давлат ба осонӣ аз даст хориҷ мешавад ва агар бештар аз қимати аслӣ, нархгузорӣ шавад, бахши хусусӣ дучори мушкил шуда сабаби суқути ингуна ширкатҳо хоҳад шуд.      

Ба андешаи раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон Константин Бандаренко хусусисозӣ дар Тоҷикистон бесамар ва бо роҳҳои коррупсионӣ ба итмом расид, яъне ба шахсони наздик, ба воситаи пора ва нархи пастшуда нисбати нархи ҳақиқӣ корхонаҳо фурӯхта шуданд. Аз хама методи босамари хусусикунӣ ин фуруш ба воситаи ауксион, бо нархи озод ва қимат аст. Ва дар ҳамин хол ба ҳама, яъне ба хориҷиён ва ҳам ба шаҳрвандон бе ягон маҳдудият ва волоият бояд фурухта шавад. Комиссияи давлатӣ наметавонад нархи ҳақиқии ташкилотро муайян созад, ва аз ин сабаб вай нархи аввалиндараҷа месозаду ба ауксион мегузорад, ҳамин тариқ буҷет камтар маблағ мегирад. Набояд ҳангоми хусусигардонӣ ягон намуд нархи фискалӣ гузошт, зеро он боз ба коррупсия меорад ва ин имконият медиҳад, ки арзиши асосияш кам шуда онро ба пули ночиз харад. Давлат набояд моли хусусиашро аз рӯи ақидаи зараровар ё фоидаовар фурӯшад, балки бо назардошти мақсад ва мароми он ба фурӯш гузорад. Яъне бояд ташкилотҳои соҳаи савдо, хизматрасонӣ ва истеҳсолиро ба хусусигардонӣ фурухт, то ки онҳо бо самар кор кунанд. Давлат бояд танҳо идоракуниро дар соҳаи инфраструктура яъне роҳҳо, барқ ва ғайра нигоҳ дорад.

Константин Бандаренко мегӯяд, мақсади асосии хусусисозӣ ин баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти мамлакат мебошад. Яъне бо ин кор корхонаҳои хусусӣ фоидаи бисёр оварда аз буҷаи мамлакат маблағ талаб намекунанд ва дар ҳамин ҳол дар корхонаҳои давлатӣ баръакс мебошад. Назорат аз болои хусусисозӣ ин функсияи давлат мебошад, лекин дар Тоҷикистон беҳтар аст дар комиссия намояндаҳои ташкилотҳои байналхалқӣ ва бизнес - ассотсиатсияҳо иштирок кунанд то эҳтимоли порагирӣ ё коррупсия кам шавад. Охирон ҳар як корхонаи бузург самараовар фаъолият мекунаду агар он дар ауксиони озод фурухта шаваду ба шахсони худӣ дода шавад, онгоҳ эҳтимолияти барҳамхурияш вуҷуд дорад.
Критерияи асосии хусусигардонӣ равшаннокӣ ба тариқи озмун, дастрасии озоди ҳар як харидор ва нархи аз ҳама баланд мебошаду касоне, ки маблағи бисёр медиҳанду метавонанд идораи корхонаро гиранд, на онноне ки ваъдаи бисёр медиҳанд.

Аз воқеияти хусусисозӣ дур рафтаем

Худи вожаи "хусусисозӣ" нишон аз тағир дар таъодули байни ҳукумату бозор аст, пас оё ҳукумати Тоҷикистон ҳозир мешавад то бо хусусӣ кардани корхонаҳои азими кишвар тарозуро ба нафъи бозор сангинтар кунад. Зимнан ҳадаф аз хусусисозӣ ин афзоиши рақобат ва беҳбуди короӣ дар мудирияту амалиёти муассисоти иқтисодӣ, коҳиши нақши мустақими давлат дар фаъолиятҳои иқтисодӣ ва низ коҳиш додани хароҷоти буҷавии давлат ва ниҳоят тавсеаи бозорҳои сармояи дохилӣ ва дастёбӣ ба сармоя, технология ва манобеъи молии хориҷист. Фароҳамсозии шароит барои ташкили бозори коғазҳои қиматнок низ дигар вазифаи хусусисозист. Аммо иқтисоддонон мӯътақиданд, ки хусусисозӣ дар Тоҷикистон вазоифи худро иҷро накардааст. Чун аслан бозори коғазҳои қиматнок дар кишвар вуҷуд надораду ба бахши хусусӣ ҳам дар ҷалби сармояи хориҷиву дохилӣ ноком будааст.

Дар зимн бисёре аз фаъолиятҳое, ки бахши хусусӣ аз қобилияти зиёде барои ҳузур дар он бархурдор аст, ҳамчунон дар ихтиёри бахши давлатӣ боқӣ мондаанд ва соҳаҳое барои вогузорӣ ба бахши хусусӣ ироа мегарданд, ки ҷудо аз набуди ҷазобият, муштариёни чандоне дар бахш надорад. Ин боис мешвад то бахши хусусӣ дар ҷойгузин шудан баҷои бахши давлатӣ нотавон бошад. Барои як хусусисозии муваффақ ҳадди ақал набояд тавон ва коромадии бахши хусусӣ аз давлат камтар бошад, зеро дар ғайри ин сурат, ҳадафи аслӣ аз хусусисозӣ, ки ҳамон короист, муҳаққақ намешавад.          

Аммо барои он ки хусусисозӣ дар Тоҷикистон натиҷаи хуб диҳад, бояд ба таври ҳамзамон ҳуқуқи моликияти хусусӣ тақвият карда шавад, сохтори ширкатҳо дигаргун гардад, муқаррарот ислоҳ ва камтар шавад, сохтори молӣ ба вижа бозори сармоя ва бозори нерӯи кор ислоҳ гардад. Давлат низ бояд бо ташвиқ ва ҳидоят барои рушди бахши хусусӣ баҳри таҳрики рақобат ва вуруди тавлидкунандагон ба бозор фаъол бошад. Чун монополияи бахши хусусӣ дар сурати қудратманд шудан тақсимоти самараноки манобеъро дар сатҳи ҷомеа дучори ихтилол мекунад ва боиси мегардад то онҳо аз қудрати инҳисории худ ба нафъи манофеъи фардиву гурӯҳӣ истифода кунанд. Бинобарин агар  ширкатҳои хусусишударо дар шароити рақобатӣ қарор дод, короии ширкати инҳисоргаро зиёд гашта короии манобеъу захираҳо кам мегардад. Ба ҳар ҳол рақобат дар раванди хусусисозӣ аҳамияти хоса дорад. Гузашта аз ин эҷоди фазои рақобатӣ муҳимтарин бартарӣ, беҳтарин шохис ва нишонаи ҳаёти низоми иқтисодист. Ва ҳадаф аз хусусисозӣ чизе ҷуз ислоҳи сохтори давлат ва ҳазфи монополия нест. Бинобарин иҷрои хусусисозӣ ба ҳар ҳадафи дигаре ҷуз ин маворид наметавонад иқтисодӣ талаққӣ шавад.

Иқтисоддонон чунин мешуморанд, ки хусусисозии корхонаҳо бояд бо ҳадафҳои стратегӣ ҳамроҳ бошад, зеро бисёре аз хусусисозиҳо ба иллати надоштани ҳадафи стратегии мушаххас ва қобили пайгирӣ аз ҳаракат меистанд ва аз масири аслии худ хориҷ мешаванд. Аҳдофи стратегии хусусисозӣ метавонанд сабаби рушди иқтисодиву иҷтимоиву фарҳангии минтақаву кишвар, ҳазфи монополия ва густариши рақобат, эҷоди шуғл, тавсеъаи фаъолият, коҳиши хароҷоти ҷории ширкатҳо ва кучак кардани андозаи давлатӣ гарданд. Ҳамчунин баъди вогузорӣ низ бояд ба афзоиши судоварӣ ва тақвияти моликияти хусусӣ таваҷҷуҳ гардад. Эҷоди фазои рақобативу амн барои сармоягузориҳои баланд муддат, дастёбӣ ба шеваҳои нави мудирият, дастрасӣ ба сармояву технологияи хориҷӣ ва дар ниҳоят ҳадафҳои тавзеъи сарвату даромад аз муҳимтарин ҳадафҳои хусусисозиянд.

Акнун суоли дигаре пеш меояд, ширкатҳое, ки дар кишвар хусусӣ шуданду мешаванд, чигуна ширкатҳое буданд, бештар ширкатҳои зараровар буданд ва ё миёна? Зеро вогузории корхонаҳои давлатӣ набояд тавре бошад, ки давлат ширкатҳову воҳидҳои варшикастаи худро ба бахши хусусӣ вогузор кунаду ба ин тартиб худро аз дасти корхонаҳои зараровар халос кунад. Хусусисозӣ ба ин равиш умри кутоҳе дорад. Иқтисоддонон мегӯянд, давлат он корхонаҳоеро бештар ба бахши хусусӣ вогузор менамояд, ки самаранокии камтар доранду аз ӯҳдаи идораи онон намебарояд. Аслан дар дунё ширкатҳои хусусӣ нисбат ба давлатӣ беҳтару хубтар кор мекунанд, аммо дар Тоҷикистон ин баръакс асту хусусисозиҳо ба хотири дигар чизҳо сурат мегирад. Чунончи истифодаи корхонаҳои хусусишуда дар истеҳсолот хеле кам дида мешавад.

Имрӯз дар тамоми кишварҳои дунё аз болои фаъолияти бахши хусусӣ назорат бурда мешвад. Аммо дар Тоҷикистон як созмони хусусисозӣ ҳам нест то бевосита ба ин кор машғул шавад. Зеро бояд баъди вогузориҳо ба бахши хусусӣ созмоне бошад то аз болои он корхонаҳо назорат кунад, ки оё манфиъат меоваранд ё на. Дар дигар давлатҳо корхонае агар хусусӣ шуду кор накард, дубора давлат онро харидорӣ менамояду онро худ истифода мебарад.    

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА  
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)