Бахшҳо

Таълимоти таҳаммулпазирӣ оид ба масоили давлатдорӣ баррасӣ гардид

Имрӯз дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф  ҳамоиши вижа доир гардид.

Ин семинар бо ибтикори вазорати маорифи Тоҷикистон  бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ  таҳти унвони «Истиқлолият- таҳкимбахши давлати ҳуқуқбунёд» сурат пазируфт. Тавре ба «Озодагон»  котиби матбуоти вазорати маориф Ноилшо Нуралиев хабар дод, ҳамоиши мазкурро муовини вазири маориф Тоҷинисо Маҳмадова ифтитоҳ бахшида, дар  мавзӯи «Маориф омили пойдории соҳибистиқлолии давлати ҳуқуқбунёд» баромад кард. Сипас устодону олимони муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ дар мавзӯҳои гуногун, аз ҷумла «Рушди қонунгузории миллӣ дар замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аҳамияти хизматрасонии иттилоотӣ дар таъмини амнияти шахсӣ», «Давлати ҳуқуқбунёд ва таҳкими Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Истиқлолият ва асосҳои ҳуқуқии ташаккулёбии он дар Тоҷикистон», «Таҷассуми соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Таълимоти мактаби таҳаммулпазирии ҳанафӣ оид ба масоили давлатдорӣ – заминаи субот дар кишвар ва рушди давлати ҳуқуқбунёд», «Омилҳои рушд ва хадамоти методӣ дар даврони Истиқлолият» ва «Адолати конститутсионӣ дар ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад карданд.
Ҳамчунин вобаста ба ҳар як мавзӯъ музокира доир гардида, иштирокдорони ҳамоиш назару андешаҳояшонро иброз доштанд. Зикр гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо аз манфиат холӣ набуда, метавонанд дар раванди демократикунонии ҷомеа   ва рушду такомули илмҳои ҷомеашиносӣ боз ҳам заминаҳои мусоид фароҳам биёварад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)