Бахшҳо
23 авг 2012 11:02Сиёсат

ФИРЪАВНИ ЗАМОНИ МАН

Эй дил, чӣ кунам, Худо чунин мехоҳад,Неъмат ҳама бар душмани дин мехоҳад.Фиръавни лаъин нишаста бар тахти зарин,Мӯсо зи Худо нони ҷавин мехоҳад.

Асри 21 бо тамоми пешрафту бартариҳояш аз асрҳои гузаштаи таърихи башарӣ кам фарқ доштааст. Зулму истибдод ва манманиҳои сарварони қавму миллатҳои алоҳида дар ҷаҳони имрӯза моро ба ёди таърихи гузашта мебарад. Замоне Мӯсо ва қавмаш бо Фиръавн дар ҳоли мубориза қарор дошт, ки натиҷааш  шикасти Фиръавн ва ҳукумати фиръавнӣ буд. Гарчанде ин қисса аз ҷониби муаллифҳои гуногун дар тӯли таърих иншо шудаву ба хонанда расидааст, аммо ҳама равшанфикрони давр бо Фиръавни замони худ рӯ ба рӯ шудаву бархӯрд доштаанд.
Аммо кам роҳбароне ҳастанд, ки аз ин қиссаи қуръонӣ ибрат гирифта бошанд. Қуръон сароҳатан эълон кардааст, ки ҷасади Фиръавнро, ки як умр бо Мӯсо дар ҳоли мубориза буд, дар дарё ғарқ кардаву солим нигоҳ доштаанд. Чаро ҷасади Фиръавн то ба имрӯз, ки беш аз се ҳазор сол мегузарад, ҳанӯз ҳам солим аст? Чаро ҷасади ӯ  баъди маргаш пӯсида нобуд нашуд?  Чаро Қуръони аъзимушаън ба ин нукта таваҷҷӯҳи хос карда, ки мо ҷасади Фиръавнро аз дарё берун кардаву солим нигаҳ доштем? Ҳамаи ин чароҳо як посух доранд. Чун илми ғайб махсуси Худованд аст ва бо ин илмаш медонист, ки боз дар таърих Фиръавнҳое барои имтиҳони бандаҳо хоҳад омад…
Мо ҳам такя бо ҳамин қиссаи Қуръонӣ омадем то аз фиръавнҳои замони худ барои Шумо хонандаи мӯҳтарам қисса кунем ва бубинем, ки Фиръавнҳои замони мо чӣ фарқе аз Фиръавнҳои замони Мӯсо доштааст!

ЗУЛМ

Аввалин чизе, ки Фиръавни замони моро бо Фиръавни замони Мӯсо дар як саф гузоштаву ба ҳам наздик мекунад - ин зулм аст. Фиръавнҳо аввал зулмро бар худ ва баъдан ба қавми хеш мекунанд. Зулм бар худ, яъне чӣ? Инсон вақте аз амру фармонҳои Худованд даст мекашад, ё бар зидди онҳо иқдом мекунад,  золим аст. Чунин шахс ба нафси хеш зулм кардааст. Вақте инсон ба худ зулмро раво диду золим шуд, ӯ метавонад ин зулмро болои дигарон таҳмил карда, ҳамчун золим бо қавми хеш рафтор кунад. Сарчашмаи зулми Фиръавни замони Мӯсо маҳз ҳақиқатро нашинохтану худро меъёри ҳақ нишон додани ӯ буд. Фиръавнҳои замони мо ҳам ҳамин иддаоро доранд ва дигар равшанфикронро сабаби бадбахтии мардум медонанд.

АДОЛАТ

Дар замони ҳукматдории Фиръавни мисрӣ ҳеч гоҳ адолат риоя намешуд. Ҳамеша фиръавниён ва кормандони  идораи Фиръавн нисбати  мардуми заҳматкаш аз имтиёзҳои зиёде бархурдор буданд. Моли мардумро азони худ карда, одамонро ғуломи хеш медонистанд. Тамоми дороиҳои асосии Миср аз Фиръавн ва хонаводаи ӯ маҳсуб мешуд. Ҳеч кас ҷураъти талаб кардани ҳаққи худро надошт. Дар замони мо низ дар бештари маврид дороиҳои бархе аз мамлакатҳо ба як ҳонавода тааллуқ дорад. Дар ҷаҳони пешрафтаи имрӯз ингуна ҳукуматҳо кам набуданду нестанд. Зиндагии Муаммар Қаззофӣ, Бен Алӣ, Ҳусни Муборак ва ғайра чӣ фарқияте аз зиндагии Фиръавн дошт ё дорад? Тамоми вазифаҳои калидӣ ба як авлод тааллуқ мегирад ва як хонавода метавонад болои як миллат ҳукм ронад. Тавре дар замони Фиръавн тамоми лашкар  хизмати Фиръавн ва ҳукумати ӯро мекарданд. Дар ҳоли ҳозир артиш як хонавода ва ҳукумати авлодиро ҳифз мекунад!

КИБР ВА ХУДХОҲ?

Фиръавн як шахси худхоҳу мутакаббир ва саркаш будааст. Дар қиссаву ривоятҳо аз тахти зарринаш то сару либос ва қасри боҳашаматаш нақл мекунанд. Фиръавн дар баробари худаш дар дунё ҳеч касро тасаввур карда наметавонист. Ҳатто кор то ба ҷое расид, ки худашро Худо эълон кард. Ва мардум ҳам ба ӯ чун Худо муносибат мекарданд. Дар замони мо низ роҳбарони худхоҳу мутакаббир, ки худашонро пешво ва доҳии халқу миллат медонанд, кам нестанд. Бо қасру кушкҳояшон зиндагонии фиръавнона ба сар мебаранд. Худое нахоста агар онҳо худро мисли Фиръавн Худо ё Паёмбар эълон кунанд, аҷаб нест ки тамоми мушовирону вузаро ва аҳли ҳукуматашон ба хотири мансаб, давлат ва молу ҷоҳ аз онҳо итоат кардаву ба онҳо имон биёваранд. Зеро дар замони мо кам нестанд мансабдороне ки дар гӯшаву канори дунё ба хотири як вазифаи бе арзиш аз дину мазҳабашон руй гардонида алайҳи қонунҳои Худо баромад мекунанд. Лозим шавад қонун қабул карда аҳодису ояҳои китоби Қуръонро ғалат дониста, онро дар тарбияи як насл иштибоҳ медонанд.
Фиръавнҳои замони мо ба хотири курсӣ агар даркор бошад ба бут саҷда мекунанд. Инҳо ҳеч фарқе аз Фиръавни замони Мӯсо надоранд!

ТАРС

Фиръавн аз Худо наметарсид, аммо тарс барои аз даст рафтани қудраташро дошт. Фиръавнҳои имрӯза ҳам тарсашон на беномусӣ, на шармандагӣ, на дину мазҳаб, балки тарси аз мансаб рафтан аст. Ба хотири мансабашон як миллатро ба хоку хун мекашанд, ҳозиранд ҳазорҳо нафарро бикушанд, ҳозиранд ба чашми мардум нигариста, дурӯғ бигӯянд ва садҳо амалҳои ғайри башариро анҷом бидиҳанд. Ҳатто омодаанд, ки ба Шайтон имон биоваранд, аз ин ҳеч ҷои тарс надоранд, фақат метарсанд, ки аз қудрат бираванд!

БАҚОИ ҲУКУМАТ

Фиръавн барои идомаи ҳукумронӣ ва бақои ҳукуматаш аз ҳамаи роҳҳо истифода мекард. Вақте  мунаҷимон ба ӯ гуфтанд, ки ба наздикӣ тифле таваллуд хоҳад шуд ва ҳукумати ту ба дасти ӯ ба поён хоҳад расид, Фираъвн зуд қарор баровард ва ҳазорон занро ба хотири таваллуд нашудани он тифл аз дами теғ гузаронд. Аммо тифл таваллуд шуд. Замоне, ки фаҳмид он тифлак таваллуд шудааст,  ҳазорҳо кӯдаки дигарро ба хотири он ки фардо аз ӯ курсияшро кашида нагиранд ба қатл расонид. Имрӯз ҳам баъзе аз роҳбарони кишварҳо фаҳманд, ки фардо мансабашон аз даст мераваду он ба дасти гурӯҳе аз мардум анҷом мешавад, ба қатли омавии мардум шурӯъ мекунанд, болои миллати худ лашкар мекашанд. Аммо новобаста ба ҳамаи корҳои "профилактики"-е, ки Фиръавн барои бақои қудраташ анҷом дод,  Мӯсо таваллуд шуд. Ин ҳамон тифлаке буд, ки Фиръавн  барои ба дунё наомадани ӯ чӣ қадар одамонро ба қатл расонид. Чун хости Худо буд душмани ашадӣ ва мухолифи Фиръавн ба дунё омад. Аз ҳама ҷои ибратбахшаш ин буд, ки Мӯсо дар дарбори Фиръавн ба воя расид. Имрӯз ҳам роҳбарон аз дохили ҳукумати худ аввал зарба мехӯранд. Зеро дар як дарбор ҳама золиму ситамгор нест. Дар онҷо шахсиятҳое ба воя мерасанд, ки "ширинӣ"-и  мансабро мефаҳманд. Баъзан вақт дарк мекунанд, ки падару бобояшон чӣ зулме болои миллат карда истодаанд. Онҳо чун қаҳрамони замони худ бар зиди аҷдоди худ баромад мекунанд ё онҳоро чунин омода мекунанд. Ин ҳикмати аҷиби Худост, ки интиқоми золимро бо дасти золими дигар мегирад, чун дигарон аз ин ибрат гиранд.
Имрӯз ҳама лашкаркашиҳову душмансозиҳо, қатлу тохтутозҳо, ханҷар кашидан болои сари тифлакону ҷавонони миллатҳое, танҳо ва танҳо барои бақои қудрат аст. Онҳое, ки имрӯз ба майдонҳо  мерезанд, ҳақталошӣ  мекунанд, ё шиори нест бод зулму нест бод золимонро бардошта мераванд, назди сарварони худхоҳу мутакаббир, магар террористанд?  Гитлер, Чингиз, Темур, Искандар ва  Маҳмуд, ки дар таърих бо ҷиноятҳои гушношунид даст задаанд, аммо ҳеч гоҳ болои миллати худ тир накушода буданд. Онҳо ин бераҳмиҳоро бар мардуми дигар раво дида, дар миқиёси ҷаҳон миллати худро месохтанд. Аммо баъзе фиръавнҳои имрӯза барои бақои ҳукумати худ бешармона болои миллаташон даст мебардоранд. Албата ин ноҷавонмардист ҳатто болотар аз рафтори фиръавнӣ мебошад.

МӯСО ҲИЗБИ МУХОЛИФИ ФИРЪАВН

Дар замонаш Мӯсо бо қавмаш мисли як ҳизб буд. Сарчашма ва муассиси ин ҳизб Худованд. Ин ҳизб  сарвату мол ва идораву муассиса надошт. Тарафдорони Фиръавн ба маротиб аз тарафдорони Мӯсо  зиёдтар буданд. Дар ихтиёри Фиръавн қавитарин артиши замонаш қарор дошт. Аммо чаро Фиръван бо ин ҳама даъвои Худоӣ, бо ин ҳама  бузургиву ҳашамат аз Мӯсое, ки ҷонибдоронаш чанд одами камбағалу бечора ва нодору бенаво буд, шикаст хӯрд?  Мӯсо на сарват, на яроқ, на кӯшку тахт, на артиш, балки имон дошт. Маҳз имон, боварии қавӣ ва виҷдони поки Мӯсо Фиръавнро шикаст дод. Мӯсо ҳамчун роҳбари як ҳизби мухолиф ҳеч гоҳ дар бораи миллионҳо доллар ё зану фарзанду авлодаш фикр намекард. Шаҳр ба шаҳр, давлат ба давлат истироҳат намекард. ӯ ҳамеша бо ёди Худо ва дар фикри аз байн бурдани беадолатиҳои Фиръавн буд. Мисли ҳизбҳои мухолифи имрӯзаи ҷаҳон танҳо шиору сухан надошт, балки амалгаро буд. ӯ бо  Фиръавн ҳеч гуна шартномаву қарордодро қабул надошт. ӯ қавмашро ҳеч гоҳ ба Фиръавн таслим накард. Албатта, Мӯсо паёмбари Худо буд ва аз ҳар гуна айбу нуқс пок буд. Роҳбарони имрӯзаи ҳизбҳо лоиқи муқоиса бо Мӯсо алайҳисалом нестанд. Аммо, гап  сари он меравад, ки агар ин роҳбарони даъвогар имрӯз даҳ фисад ҷуръати мӯсоёна дошта бошанд, Худованд кайҳо боз инҳоро бо Фиръавнҳои замони худ пирӯз мегардонд. Агар инҳо молу сарвати худро сидқан дар роҳи Худо ва барои  беҳбудии мардум сарф кунанд, ҳоло кайҳо боз аз зулму беадолатиҳои фиръавниёни асри 21 наҷот ёфта буданд. Мухолифони фиръавниёни имрӯза дар фикри худу авлоди худ ҳастанд,  аз ин рӯ, Худо онҳоро бар болои золимон пирӯз намегардонад. Мӯсо ҳеч гоҳ дар баробари Фиръавн сабр намекард, чун медонист ва огоҳ буд, ки ҳама гуна сабр дар муқобили золим ин шикаст аст.

ЧУН МӯСО БО ҚАВМАШ ХОСТ...

Агар то мардум худ тағйирот нахоҳад, Худо ҳоли онҳоро тағйир нахоҳад дод. Мисриҳо  мехостанд аз Муборак, либиҳо  аз Қаззофӣ, тунисиҳо аз Бен Алӣ халос шаванд, шуданд. Воқеан, имрӯз ҳам агар мардум бихоҳад ва ба хостаҳояшон сидқан амал кунанд Худо онҳоро бо дилхоҳ ҳукуматҳои худхоҳу золим пирӯз мегардонад. Вале имрӯз аксари мардум ғуломвор ба мавлои худ итиоат карда аз камбудиҳо монанди занҳо дар лаби об шикоят мекунанд. Мӯсо алайҳисалом бо қавмаш аз сидқи дил шикасти ҳукумати золимонаи Фиръавнро мехост. Худо бо ин мақсадашон онҳоро расонид. Зеро ҳамаи амалҳо вобаста ба ният аст. Мӯсо (а) асло намегуфт, ки фардо насле пайдо мешавад ин зулму бедодгариро аз байн мебарад. ӯ насли замони худаш буд ва бо фиръавниёни замони худаш барои беҳбудии зиндагии ҳамонрӯзаи мардум мубориза мебурд. Аммо аксри  равшанфикрону андешамандони имрӯза ҳамин ки манфиатҳои шахсиашон ҳосил шуд, зуд худро аз ҳама масоил канор мегиранд ва золимони замони худашонро ба дасти наслҳои оянда ҳавола карда, умеде бар  ҷавонон мебанданд.

МАРГИ ФИРЪВНӣ

Мӯсо алайҳисалом, ин паёмбари улулаъзами Худо барои расидан ба пирӯзӣ имтиҳоноти сахтеро гузашт. Худованд бар ивази ин имтиҳонҳо Фиръавнро дар дарёи Нил ғарқ кард. Ҳангоме мавҷҳои дарёи Нил Фиръавнро болову поён мебурд, ба сӯи Мӯсо хитоб мекард, узурхоҳӣ мекард, изҳор медошт, ки "Мӯсо ту маро наҷот деҳ, ман ба Худои ту имон меоварам". Мӯсо ба ӯ эътибор намедод. Дарёи Нил ҷасади беҷони Фиръавнро ба берун партофт. Худованд дар Қуръони карим эълон дошт, ки ҷасади Фиръавнро аз об солим баровард. Чунки шахсони золиму мутакаббир аз ин ибрат бигиранд. Аммо мутаассифона,  фиръавниёни замони мо на аз ин ҳодиса ва на аз ҳодисаҳои дигари таърих ибрат гирифтан намехоҳанд. Фиръавнҳои асри мо на дар дарёи Нил, балки дар мавҷи тӯфони инқилобҳои мардумӣ ғарқ хоҳанд шуд. Ё рӯзе Азроил - ин фариштаи масъули марг ба суроғашон меояд. Он замон ҳеч ҳизбу созмон, қудрат, сарват, артиш сари роҳи Азроилро гирифта наметавонад.
ӯ миёни сарватмандон, худхоҳону мутакаббирон, саркашону сарваронро мешиканад. Ягон  қуввае садди роҳи ӯ шуда наметавонад. Ҳеч гуна сулҳу музокира бо ӯ фоида намеорад. ӯро харида ё ба ӯ пора дода намешавад.
Марги Фиръавни замони Мӯсо бошарафтар аз марги Фиръвнҳои замони мо мебошад. Агар Фиръавн дар дарё ғарқ шудаву ба ҳалокат расида бошад, пас фиръавнҳои замони мо дар зери мушту лагади мардум шармандавор ҷон медиҳанд.

Далер ШАРИФОВ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)