Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:20

Нишаст адами таъаҳҳуд ва шикасти инзивои Эрон

24 август 2012, 12:22

Телевизиюни Исроил низ дар гузорише  дар ин бора эълон кард: “Сафари раиси ҷумҳури Миср ба Эрон даҳанкаҷӣ (истеҳзо) ба тамоми касоне аст, ки аз вай хостаанд ба Теҳрон наравад ва муҳимтарин паёме, ки метавон аз он дарёфт ин аст ки Мисри дар давраи Муҳаммад Мурси шоҳиди тағйирот дар арсаи равобити байналмилалӣ хоҳад шуд”.

Ба гузориши Форс ҷунбиши адами таъаҳҳуд бузургтарин ташаккули сиёсии байналмилалӣ пас аз Созмони милали муттаҳид аст, ки бо 120 узви муташаккил аз кишварҳои дар ҳоли тавсеъа, нақши фаъоле дар арсаи масоили байналмилалӣ иҷро мекунад. Агарчӣ фалсафаи вуҷуди ҷунбиши адами таъаҳҳуд ба даврони ҷанги сард боз мегардад, вале алорағми  фурӯпошии низоми ду қутбӣ, на танҳо ҷунбиш ба фаъолиятҳои худ идома дода, балки ҳамвора талош карда, то нақши муассире дар арсаи масоили ҷаҳонӣ иҷро кунад. Аз суи дигар ҳузури сарон ва мақомоти 120 кишвар дар иҷлоси ҷунбиши адами таъаҳҳуд дар Теҳрон, дар канори нақши муҳими ин ҷунбиш дар арсаи байналмилаӣ, баёнгари аҳамияти баргузории иҷлос дар Теҳрон аст.

Бо таваҷҷуҳ ба шароити мавҷуд ва фишорҳои зиёде, ки давлатҳои ғарбӣ бар Ҷумҳурии исломӣ ворид кардаанд, баргузории ин нишаст метавонад нақши муассире дар бознамоии дубораи ҷойгоҳи Эрон дар сатҳи байналмилал дошта бошад, чаро ки дар ҳоли ҳозир, тамоми талоши кишварҳои ғарбӣ бар ин меҳвар қарор гирифта, ки ба навъе  қонунмандии ҷойгоҳи Эрон дар сатҳи ҷаҳониро зери савол бибаранд ва баргузории чунин иҷлоси муҳиме, бидуни шак нақши вижае дар хунсо шудани сенариёи онҳо алайҳи Эрон хоҳад дошт.

Нишасти адами таъаҳҳуд хилофи хостаи ғарбиҳост

Дар воқеъ Эрон яке аз кишварҳои қудратманд дар арсаи минтақаӣ ба шумор меравад, ки бо баргузории ин иҷлос тавоноии дикта кардани қудрати бештари худ, он ҳам ба сурати ғайри мустақимро ба кишварҳои дигар хоҳад дошт. Илова бар ин, Эрон бо баргузории чунин ҷаласае метавонад як монёври гегемониро дар сатҳи ҷаҳон ва минтақа ба намоиш гузорад.
Ба баёни дигар аз онҷое ки дар марҳалаи кунунӣ фишорҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва диплумотӣ алайҳи Эрон афзоиши зиёде дошта, табиатан  ҳузури сарони адами таъаҳҳуд дар Эрон, ба манзилаи вокуниши ғайри мустақим бисёре аз кишварҳои ҷаҳон барои муқобила бо талошҳои Амрико ва шарикони аврупоии онҳо шумурда мешавад.

Дар воқеъ Амрико ва ҳампаймононаш барои илқои инзивои Ҷумҳурии исломии Эрон дар арсаи ҷаҳонӣ, бар ин тасаввуранд, ки фишор бар Теҳрон барои пазириши хосатаҳои ғайри қонунии онҳо дар мавриди инсироф аз фаъолиятҳои ҳастаӣ, набояд маҳдуд ба  ҳавзаи иқтисодӣ, тиҷорӣ, банкӣ  ва бимаӣ бошад, балки бояд дигра ҳавзаҳои  мавриди алоқаи Эронро низ дар бар гирад. Табиатан кишваре, ки натавонад дар арсаи минтақаӣ ва байналмилалӣ бо дигар кишварҳо иртибот барқарор кунад  ва дар маърази инзиво ва фишор қарор гирад, аз мавқеъият ва ҷойгоҳи муносибе дар фазои байналмилалӣ  бархурдор нахоҳад буд ва табиӣ аст дар чунин шароите фишорҳо бар он кишвар афзоиш хоҳад ёфт.Дар ҳамин росто буд, ки ғарбиҳо талош карданд, дар чорчуби тарҳи Эронҳаросӣ, ба эҷоди бадгумонӣ дар ҳамсоягони Эрон бипардозанд. Дар воқеъ  ин талошҳо бо ҳадафи коҳиши ҳузур ва нуфузи Теҳрон дар сафҳаи байналмилалӣ  ва минтақаӣ сурат мегирад  ва аз ҷумлаи ин маворид метавон ба тадобири онҳо барои маҳрум кардани Эрон аз ҳузур дар  маҷомеъ ва ниҳодҳои байналмилалӣ ишора кард.

Ончи аҳамияти ин иҷлосро дучандон мекунад, ҳамин талоши душман дар марҳалаи хоси кунунӣ аст. Табиатан  дар чуни фазое, иқдоми Эрон дар заминаи баргузории  иҷлоси сарони ҷунбиши адами таъаҳҳуд дар Теҳрон, ҳаракате комилан бар хилофи иқдомоти  онҳо қаламдод мешавад.
Илова бар ин метавонад  бо баҳрабардорӣ аз имтиёзи худ ба унвони мизбони ин нишаст, моҳияти ҷарёни бедории исломиро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад ва нишон диҳад чорчуби он бар масоили идеологии исломӣ аст. Иллати аҳамияти ин мавзуъ  ба он далел аст, ки Ғарб, ба вижа Амрико дар садад ҳастанд моҳияти таҳаввулоти минтақаро воруна ҷилва  даҳанд ва бигуянд ин ҷарён як баҳори арабӣ аст, ки дар чоҳорчуби либерал шакл мегирад ва таҳти контроли Амрико аст.

Оқои дабири кулл, ҷои шумо дар Теҳрон нест!

Ба назар мерасад маҷмуаи ин авомил  дар канори ҳам, боиси нигаронии ғарбиҳо, ба вижа Амрико ва Исроил шудаанд, аз ин рӯст, ки онҳо тайи ин муддати ахир  аз тамоми тавони расонаӣ ва нуфузи сиёсӣ барои зарба задан  ба ин нишаст баҳра гирифтаанд. Аз ҷумлаи ин иқдомот метавон ба талоши Вашингтон ва режими саҳюнистӣ барои сарфи назар кардани дабири кули Созмони милал аз сафар ба Теҳрон ишора кард. Дар ҳамин росто буд, ки ибтидо бархе мақомоти Исроил  дар тамос бо Бон Ки Мун, нигаронии худро дар ин бора бо вай дар миён гузоштанд ва гуфтанд сафари ӯ ба Теҳрон  ин паёмро ки " ҳама чиз мураттаб аст" ба Эрон мунтақил мекунад ва дар натиҷа ба талошҳои байналмилалӣ  бар сари барномаи ҳастайии Эрон осеб мерасонад.
Аммо замоне ки онҳо бо беэътиноии дабири кули Созмони милал бо ин мавзуъ рубару шуданд, Бенёмин Натаняҳу , нахуствазири Исроил, худ мустақиман вориди амал шуд ва дар тамоси телефонӣ бо Бон Ки Мун мухолифати шадиди худ бо сафари вай ба Теҳронро эълон кард ва гуфт ; "оқои дабири кул, ҷои шумо дар Теҳрон нест".

Онҳо  ҳануз  аз ин эътирозот ҳосиле ба дасти наёварда буданд,  ки ахборе дар бораи мувофиқати Муҳамад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср барои ҳузур дар нишаст ҷунбиш адами таъаҳуд дар Теҳрон, мунташир шуд. Ҳамин мавзуъ  ба нигаронии исроилиҳо доман зад. Аз ин ру буд, ки рузномаҳои исроилӣ аз сафари  Мурси ба Эрон ба шиддат ибрози нигаронӣ карданд ва  тамоюли у барои мушорикат дар ин нишастро, дасиса хонданд, ки бояд дарбораи он бимнок бошанд.
Ба унвони мисол, рузномаи " Ядеъут Оҳорунут" дар ин бора навишт: " ин сафар ба масобаи занги хатаре аст, ки бояд аз он бимнок буд, ба вижа ки бо тамоюли ихвонулмуслимин барои беҳбудии равобит бо Теҳрон, ҳамроҳ аст. Наздикии Миср бо Эрон ва беҳбуди равобити ихвонулмуслимин дар ниҳоят ба зиёни Исроил аст."
Телевизиюни Исроил низ дар гузорише  дар ин бора эълон кард:" сафари раиси ҷумҳури Миср ба Эрон даҳанкаҷӣ(истеҳзо) ба тамоми касоне аст, ки аз вай хостаанд ба Теҳрон наравад ва муҳимтарин паёме, ки метавон аз он дарёфт ин аст ки Мисри дар давраи Муҳаммад Мурси шоҳиди тағйирот дар арсаи равобити байналмилалӣ хоҳад шуд."

Эрон шоистаи мизбонӣ нест?

Ҳамзамон, бо мақомоти саҳюнистӣ, амрикоиҳо низ вориди амал шуданд ва аз раиси ҷумҳури Миср ва дабири кулли Созмони милал хостанд  дар ин нишаст ширкат накунанд. Онҳо ки аз бенатиҷа будани исрори худ барои мунсариф кардани Бон Ки Мун аз сафар ба Эрон мутмаъин буданд, аз дабири Созмони милал хостанд дар сурати ҳузур дар Теҳрон, нигарониҳои ҷомиаи ҷаҳониро ба Эрон ёдоварӣ кунад.

Тарфанди дигари амрикоиҳо барои таҳти фишор қарор додани Теҳрон, номуносиб хондани Эрон барои мизбонии ин нишасти байналмилалӣ буд. Викториё Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико  бо тарҳи ин идаъо, ки Эрон бисёре аз ӯҳдадориҳои байналмилалии худро риоят накарда, мизбонии онро барои иҷлоси ғайри мутаъаҳидҳо аҷиб хонд ва гуфт: "Эрон дар пайи он аст аз идораи нишасти адами таъаҳҳуд ва ҳозирони ин нишаст, барои пешбурди аҳдофи худ истифода кунад ва ин воқеиятро нодида бигиранд, ки ҳануз натавониста ба уҳдадориҳои худ дар қиболи шурои амнияти Созмони милал, ожонси байналмилалии энергии атомӣ ва дигар ҳайатҳои байналмилалӣ пойбанд бошад, бинобарин ошкоро бояд бигӯям, фикр намекунам Эрон шоистагии мизбонии чунин нишастеро дошта бошад”.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!