Бахшҳо
25 авг 2012 07:12Гузориш

Тоҷик барои он ба кӯҳистон омад, ки ҷон ба саломат бибарад…

Агар ҳукумати Тоҷикистон, федератсияҳои варзишӣ, аҳзоби сиёсӣ як тин ҳам сарф накунанд, ин миллат иштирокчии олимпиада хоҳад дошт.

Рӯзи гузашта дар қароргоҳи ҲНИТ мулоқоти масъулин, ҳаводорон ва мухлисони варзиш бо иштиркочиёни Олимпиадаи Лондон-2012 сурат гирифт.Ин чорабинӣ бо иштироки роҳбарияти ҲНИТ, намояндагони Кумитаи миллиии олимпии Тоҷикистон, аъзои дастаи мунтахаби олимпии кишвар, намояндагони федератсияҳои варзишӣ ва хабарнигорони ватаниву хориҷӣ сурат пазируфт.
Сараввал, Қиёмиддини Аваз, райиси шӯъбаи ҷавонон ва варзиши ҲНИТ ба сухан баромада, қаҳрамонон ва номоварони кишвар, инчунин ҳамаи иштирокчиёни маросимро хайрамақдам гуфт. Ӯ афзуд: «Воқеъан, ифтихори бузург ва сарбаландии мо ҷавонони наҳзатӣ аст, ки ин лаҳзаҳо дар хизмати қаҳрамонони миллат ва мухлисони онҳо қарор дорем». Номбурда ба варзишгароне, ки дар олимпиадаи Лондон ноком шуда, аз медалҳои олимпӣ маҳрум гардиданд рӯ оварда гуфт, ки аз ин ғамгин нашаванд: «Он бародарон ва хоҳароне, ки аз гирифтани медалҳои олимпӣ маҳрум гардиданд, ин маънои онро надорад, ки онҳо барои ҳамеша шикаст хӯрдаанд. Баръакс, онҳо ҳунар ва таҷриба касб намуданд. Ҳама медонем, ки шикаст ин муқаддимаи пирӯзист. Аз ин хотир умед дорем, ки ин ҷавонони ғаюр ва ғайратманд умедашонро аз даст надода оянда ифтихорофарини миллату кишварамон бошанд».

Ҳамзамон, Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон қайд кард, ки тӯли чанд ҳафтае, ки мо дар Лондон будем, ҳамагон шоҳид буданд, ки дар ин олимпиада 16 варзишгари мо ширкат доштанд ва худи ман шоҳиди он будам, ки ҳар як варзишгари мо бо тамоми ҳастӣ қувваозмоӣ намуда Тоҷикистонро муаррифӣ мекарданд: «Мо имрӯз гуфта наметавонем, ки тими Тоҷикистон аз Лондон носарбаландона омад. Аз соли 1992 то соли 2008 дар чанд олимпиада ширкат доштем ва соҳиби медал нашуда будем. Бубинед, ки соли 2008 дар олимпиадаи Пекин соҳиби ду медал шудем ва дар Олимпиадаи Лондон як нишони биринҷӣ ба даст овардем, ман фикр мекунам,ин қаҳрамонӣ аст.»

Барои як медали олимпӣ 4 миллион $ сарф кардан даркор

Нарзуллоҳи Латиф, президенти Асосиятсияи журналистони риштаи варзиш дар мавриди камбудиҳои ҷойдашта дар соҳаи варзиш ва аз мушкилотҳои варзишгарони тоҷик ҳарф зада, иброз дошт, ки ман худ хабарнигори риштаи варзиш ҳастам, дар тӯли  беш аз 40 сол шоҳиди он будам: «Аз аввалин медали тиллои олимпӣ аз соли 1972 шурӯъ аз Юрий Лобанов дар риштаи қайиқроӣ дар Мюнхени Олмон то ба имрӯз ташвиқгари комёбиҳои варзишгарони тоҷик хастам». Оқои Латиф аз ноӯҳдабароии кормандони масъули соҳаи варзиш изҳори норозигӣ намуда қайд кард, ки пеш аз ҳама кормандони масъули ташкилотҳои варзишии кишвар, федератсияҳои миллии варзишӣ ва онҳое, ки ба варзиш сару кор доранд, аз поён то ба боло бояд ҳамеша андеша кунанд: «Варзишгар умри кӯтоҳи варзишӣ дорад, на ба ҳар варзишгар муяссар мешавад, ки дар бозиҳои олимпӣ ширкат варзад ва мо хеле хурсанд ҳастем, ки дар тӯли 52 соли ширкати варзишкорони тоҷик дар бозиҳои олимпӣ Тоҷикистон тавассути 7 нафар соҳиби 9 медал шудааст. Мо 4 тилло дорем- ду медали тилло мутаалиқ ба Анатолий Старостин аст, дар панҷҳарбаи муосир,дар олимпиадаи Маскав соли 1980. Баъдан, қаҳрамони аввалини олимпӣ Юрий Лобанов боз барандаи нишони биринҷии бозиҳои 20-уми олимпӣ дар олимпиадаи Маскав шудааст. Андрей Абдувалиев, қаҳрамони олимпӣ соли 1992 дар Барселонаи ва Зебуннисо Рустамова, ки аввалин бонуи тоҷик соли 1976 дар Монреали Канада дар камонварӣ соҳиби нишони биринҷӣ шуда буд».

Ба қавли ӯ, ин медалу нишонҳо ба даврони шӯравӣ (собиқ СССР) пайвандӣ доранд, аммо  Андрей Абдувалиев дар соли 1992 ба Тоҷикистон медали тиллои олимпӣ овард, ки он замон Тоҷикистон истиқлолият ба даст оварда буду шомили ИДМ (СНГ) буд: «Дар замони истиқлолияти кишвар 4 медал дорем, аввалин медалро, ҳамчун узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон паҳлавони асил-Расул Боқиев ба Тоҷикистон овардааст. Баъдан, Юсуф Абдусаломов, ягона варзишгарест, ки дар се олимпиадаи гузашта Тоҷикистонро муаррифӣ кардааст ва ӯ барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин аст. Ниҳоят бонуе, ки натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар таърихи бозиҳои олимпии дунё саҳифаи наву дурахшонеро кушод ва нишони биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012-ро дар риштаи бокси занона соҳиб шуд, Мавзуна Чориева мебошад».

Дар ҳамин ҳол, Нарзуллоҳи Латиф аз он нигаронӣ кард, ки чаро қабл аз баргузории бозиҳои олимпӣ дар Душанбе ва манотиқи дигари кишвар як чунин вохӯриҳо сурат нагирифтанд: «Агар ин иқдомот чанд сол қабл рӯи даст гирифта мешуд, шумораи медалҳоии олимпӣ дар Тоҷикистон меафзуд. Вале сад афсус, ки мо ба қадри Юсуф Абдусаломов нарасидем, ба қадри паҳлавони номбардори тоҷик Расул Боқиев нарасидем, пеш аз ӯ бояд бародари бузурги ӯ Алишер Боқиев қаҳрамон мешуд, бародари дигари ӯ Рустам бояд қаҳрамон мешуд, аммо онҳоро низ низ қадр накардем. Дар Тоҷикистон бисёр камбудиҳо ҳаст, ки ин ҷо  гуфтан ҳоҷат нест ва ҳамаашро шумо хуб медонед. Масоили ҳалталаб  хеле зиёд аст, сармоягузории каму ночиз. Давлатҳои мутамаддин барои як барандаи медали олимпӣ то чор миллион доллар сарф мекунанд. Вале тамоми буҷаи Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ҳамагӣ 600-700 ҳазор доллар барои тамоми 50 навъи варзиш аст. Мо журналистон бояд сари ин масъала андеша намуда, чуқур таҳлил намоем. Варзишкорон ҳеч гоҳ айбдор нестанд. Дар Тоҷикистон толорҳои муҳташами варзишӣ имрӯз бунёд шудаанд ба манфиати кист? Албатта, ба манфиати шахсони алоҳидае, ки аз он пул ба даст меоранд ва онро бо кадом пул сохтаанд? Боз бо ҳамон буҷаи давлат».

Назруллоҳи Латиф меафзояд, имрӯз аъзои дастаи мунтахаби кишвар дар ин қасрҳои навбунёди варзишӣ тамрин намекунанд: «Мо худ шоҳиди он ҳастем, ки ана ҳамин Мавзунаи қаҳрамон ва ана ҳамин Анвар дар чӣ гуна шароит тамрин мекунанд, ки мо бевосита инро сабт карда оварда нишон додем ва аз ин хулоса накарданд. Мо худ наметавонем, натиҷаи хубе ба даст орем ва ба онҳое, ки метавонанд ба қуллаҳои баланди варзишӣ бароянд, монеъаҳо эҷод мекунем. Гурзандоз Сӯҳроб Хоҷаеви 19- сола, ки дар Олимпиадаи Лондон Ӯзбакистонро меаррифӣ мекард ва дар оянда шояд қаҳрамони ҷаҳон мешавад, ӯро низ аз даст додем».

М.Кабирӣ: «50 дарсади пули мошинро барои Расул як мухлиси ӯ пардохт кард»

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ иброз дошт, ки барои ҲНИТ имрӯз рӯзи фахр аст, ки дар хизмати варзишгарон ва касоне бошанд, ки дар хизмати варзиш ҳастанд: «Мо дар хизмати онҳое ҳастем, ки онҳо дар хизмати ин миллатанд, зеро варзишгарону мураббиёни мо дар хизмати ин миллат ва ин кишвар ҳастанд. Варзиш барои миллати мо ҷойгоҳи хос дорад. Зиёд ҷустуӯ накунем, чаро ин миллат бо ин ҳама буҷаи кам барои соҳаи варзиш, 16 варзишгар дар олимпиада дошт ва медал ҳам овард. Шумо биравед, суроғи кишварҳо ва миллатҳои дигар, ки буҷаи варзишияшон даҳҳо маротиба аз буҷаи варзишии Тоҷикистон зиёд буд, вале як медал ҳам ба даст наоварданд. Сабаб дар чӣ аст? Сабаб дар он аст, ки ин миллат миллати варзишӣ аст. Агар ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, федератсияҳо, ҳизбҳои сиёсӣ як тин ҳам сарф накунанд, ин миллат иштирокчии олимпиада хоҳад дошт. Чун варзиш ҷузъи ҳайёти фардии ҳар як инсон аст, бахусус, мо тоҷикон».

Ба назари ҷаноби Кабирӣ, миллати тоҷик барои он ба кӯҳистон омад, ки ҷон ба саломат бибарад, барои ҷон ба саломат бурдан бошад,  нерӯи тануманд лозим буд: «Ӯ мехост, ё намехост, бояд варзиш мекард. Ин аст, ки миллати мо бо варзиш ҳамроҳ ҳаст, ҳамроҳ хоҳад буд. Агар ҳукумат кӯмак кард, парлумон, ҳизбҳои сиёсӣ ва сармоядорон кӯмак карданд, шумораи соҳибмедалони мо дар олимпиадаҳо зиёд хоҳад шуд.»
Роҳбари ҲИНТ ваъдаи эҳдои хонаи ду ҳуҷрагиро ба барандагони нишонҳои олимпӣ шарҳ дода гуфт, ки ин иқдом аз ҷониби роҳбарият ва аъзоёни ҳизб пешниҳод шуда ба хусус аз ҷониби ҷавонони ҲНИТ дастгирӣ ёфт. Кабирӣ гуфт: «Вақте мо ваъда додем, ки ҳар варзишгаре, ки дар Олимпиадаи Лондон-2012 соҳиби медал мешавад аз ҷониби ҲНИТ бо хонаи ду ҳуҷрагӣ мукофотонида мешавад сару садоҳо зиёд шуд. Ҳатто баъзеҳо суол мекарданд, ки агар ҳамин 16 варзишгар соҳиби медал шаванд, ҲНИТ чӣ кор мекунад? Вале мо ошкор мегуфтем, ки 16 хонаи дуҳуҷрагӣ надорем, вале ҳамин хел маслиҳат ҳам шуда буд, ки тарҳи як бинои 16 ҳуҷрадорро пойдеворашро бирезем эҳтимол дорад, ки 16 ҳуҷраро тақдим кунем. Ба ҳар сурат, мо умед доштем, ки ҷоизаҳо зиёд мешаванд. Агар гӯям, мутаасифона як медал ба даст овардем, вале мегӯям, ки хушбахтона ҳамонро ҳам дорем». Райиси ҲНИТ ба ишора ба сабқати Расул Боқиев дар олимпиадаи гузашта гуфт, Расул дар Олимпиадаи Лондон шикаст нахӯрдааст, ӯ аз рӯи натиҷаи холҳо ва бо ҳукми доварон мағлуб шуд: « Ман мутмаинам, ки ситоди олимпичиёни Тоҷикистон агар як каме ҷасорат нишон медоданд, агар  даъво (аппелятсия) мекарданд, шояд натиҷаҳо бозбинӣ мешуд. Олмониҳо, амрикоиҳо ва украиниҳо даъво намуданд ва натиҷаҳо бозбинӣ шуд. Вале насиб ҳамин будааст, ки Расул бидуни бохт дар майдон бе медал баргашт. Дӯстдорону ҳаводоронаш гуфтанд, ки чаро Расул мукофотонида нашавад ва мо тасмим гирифтем, ки Расулро низ қадрдонӣ намоем. Панҷоҳ дарсади пули мошине, ки барои Расул харидорӣ карда шуд аз як бародаре, ки муҳибу мухлиси Расул аст, пардохт карда шуд».

Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, аксарият иддао доранд, ки шумо (яъне ҲНИТ-И.Т) аз хориҷиҳо пул мегиреду ба варзишгарон аз ҳисоби пулҳои хориҷӣ ҷоиза дода истодаед.   Ӯ инро дар ҳаққи ҲНИТ, варзишгарон ва миллати тоҷик тӯҳмату бӯҳтон арзёбӣ намуда афзуд: «Агар мо аз хориҷиҳо ҳам пул бигирем, боз онро ба варзишгарону ҳунармандон ва ба Роғун мефиристем! Бар хилофи баъзеҳо, ки пули миллатро мегиранду ба хориҷ мефиристанд. Вале ин айбро намебинад, ки пули дохил, пули миллат меравад ва дар бонкҳои хориҷ захира мешавад». Райиси ҲНИТ ба варзишгарони тоҷик муроҷиат карда афзуд, ки бародарону хоҳарони азиз ҳар касе, ки ҷоиза мегирад, ҳалолаш бод, ин маблағ маблағи ҳалоли мардуми тоҷик аст, кам аст, зиёд аст, ягон тинаш аз буҷаи давлат нест: « Ин маблағ ва ин ҷоизаҳо аз мардуми қашшоқ аст, аз мухлисони шумо ва аз мухлисони варзиш аст».
Сипас, райси ҲНИТ калиди манзили ду ҳуҷрагиро воқеъ дар кӯчаи Айнии Душанбе ба Мавзуна Чориева, ки бо медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 ба ватан баргаштааст, супурд. Ба Расул Боқиев, паҳлавони парчамбардори тоҷик, калиди мошини сабукрави «Тоyота Cамry» эҳдо шуд. Мавзуна Чориева аз ҳамаи онҳое, ки ӯро дастгирӣ ва қадрдонӣ намуданд, сипосгузорӣ карда изҳор намуд, ки ман аввалан шукронаи Худо мекунам, ки ба ин қуллаҳо расидам. Баъдан шукронаи Истиқлолият мекунам, ки ба мо занҳои мусалмон имконият дод, ки дарҳамаи риштаҳои варзиш иштирок кунем: «Ман ваъда медиҳам, ки дар Олимпиадаи оянда ширкат варзида нишон медиҳам, ки зани тоҷик, зани мусалмон ҳаст ва мемонад».

Муҳовараи кӯтоҳ бо Расул Боқиев

Пас аз маросими эҳдои ҷоизаҳо имкон даст дод, ки чанд лаҳза бо Расул Боқиев сӯҳбат бикунем ва аз ӯ дар бораи бархе аз паҳлӯҳои ҳаёти варзишиаш дар ин авохир огаҳӣ пайдо намоем:

Суол: Расул, қабл аз баргузории Олимпиадаи Лондон-2012 дар куҷо машқ мекардед ва тамрини шуморо кӣ мураббигиву сарпарастӣ дошт:
Расул: Вақте, ки ман як моҳу ду моҳ дар Тоҷикистон мемондам, бо бародарам Алишер як ҷо тамрин мекардам. Чун ба хориҷа, аниқтараш ба Русия бозмегаштам, бо иллати он ки маблағ набуд, ки бародарам ҳамроҳи ман ба он ҷо равад, ман танҳо тамрин мекардам. Аз сабаби баъзе норасоиҳо мураббие, ки дар Русия бо ман кор мекард, аз ҳамкорӣ бо ман худдорӣ кард ва аз ҳамин ҷо сармураббии ман бародарам Алишер шуд.
Суол: Бе мураббӣ ва духтур мушкил набуд?
Расул: Аз надоштани духтури худӣ ва мураббӣ сахт танқисӣ кашидам.Ба ин ҳама нигоҳ накарда, бо тамоми қувва ва нерӯ сабқат кардам ва барои баланд бардоштани парчами Тоҷикистон талош доштаму дорам. Осон набуд, ки дар қувваозмоӣ бо паҳлавони англис ӯро мағлуб намоям, инчунин бо паҳлавони Ӯзбакистон низ. Агар дар ин бозиҳо нисбати ман ноҳаққӣ, ё хатогие аз ҷониби доварон сар зада бошад, ман варзишгар ҳастам, ман наметавонам даъво кунам. Инро бояд мураббӣ ва масъулин мекарданд. Дар болои гилем фикри варзишгар танҳо ба варзиш банд аст, на чизи дигар.
Суол: Аз ин ба баъд чӣ гуна тамрин хоҳед кард ва чӣ нақшаҳо доред?
Расул: Акнун як муддат бо бародарам Алишер машқ мекунам ва дар оянда нақша дорам, ки бо мураббиёни хориҷӣ ҳамкорӣ намоям. Ман аъзои «Клуби Самбо 70» дар Маскав мебошам ва аз номи ин клуб дар мусобиқаҳои аврупоӣ ширкат мекунам.   

Ибодуллоҳи Тоир
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)