Мусалламан, мақомоти Маскав нисбат ба пайдо шудани таъсисоти низомии амрикоӣ дар хоки Узбакистон назари манфӣ доранд ва ҳамчунон умедворанд, ки мақомоти Тошканд дар ин хусус таҷдиди назар кунад.
Тибқи иттилои рӯзномаи "Коммерсант" рақобати байни Русия ва Амрико бар сари тақвияти нуфузи хеш дар минтақаи Осиёи Марказӣ шиддат ёфтааст. Зоҳиран мақомоти Вашингтон ва Тошканд музокиротеро дар хусуси эҷоди маркази вокуниш амалиётии муштарак дар хоки Узбакистон оғоз кардаанд, ки баъд аз соли 2014 ва хуруҷи неруҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, амалан вазоифи марбут ба пойгоҳи низомии Амрикоро бар ӯҳда хоҳад дошт. Бар асоси тавофуқоти ду тараф, Узбакистон бахши аъзами таҷҳизоти низомии Амрико дар Афғонистонро баъд аз хуруҷи низомиёнаш аз ин кишвар ба даст хоҳад овард.
Ҳамзамон, бо ин тавофуқот, Русия ҳам ҳамкориҳои низомии худ бо ҷумҳури Қирғизистонро тақвият мекунад. Бар асоси итилооти ин рӯзнома, мақомоти Маскав ва Бишкек дар тирамоҳи соли ҷорӣ ба таври ҳамзамон 3 тавофуқномаи муҳими роҳбурдӣ дар заминаи низомӣ, иқтисодӣ ва энержӣ имзо хоҳанд кард.
Ба навиштаи ин рӯзнома, ахиран тағйироти асосӣ дар равобити Амрико ва Узбакистон ба вуҷуд омадааст. Ҳилари Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико Узбакисатонро аз феҳрасти кишварҳои поймолкунандаи ҳуқуқи башар, ки давлати Амрико иҷозаи ҳамкориҳои низомӣ- фаннӣ бо онҳоро надоранд, хориҷ карда ва ҳайатҳои баландпоя аз тарфи Кохи сафед, вазорати умури хориҷа ва Пентагон ба ин ҷумҳурӣ сафар ва бо Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон музокира кардаанд.
Як мақоми огоҳ дар вазорати умури хориҷаи Узбакистон дар гуфтугӯ бо "Коммерсант" тавзеҳ дода, ки тақвияти тамосҳо байни ду кишвар қабл аз ҳар чиз ба хотири тавсиаи ҳамкориҳои Узбакистон ва Амрико дар заминмаи низомӣ аст. Ба гуфаи вай, мақомоти Тошканд ва Вашингтон дар ҳоле музокироте дар хусуси эҷоди маркази вокуниш амалиёти муштарак ҳастанд, ки муҳимтарин вазифаи он ҳамоҳангии иқдомот дар сурати тирагии авзоъ дар минтақа баъд ва хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон хоҳад буд.
Теъдоди низомиёни амрикоӣ, ки дар ин марказ ҳузур хоҳанд дошт, ҳанӯз мушаххас нашудааст. Таъсисоти низомии ин марказ ҳам дар ибтидои кор таҷҳизоти низомӣ аст, ки аз Афғонистон хориҷ хоҳанд шуд.
Мусалламан, мақомоти Маскав нисбат ба пайдо шудани таъсисоти низомии амрикоӣ дар хоки Узбакистон назари манфӣ доранд ва ҳамчунон умедворанд, ки мақомоти Тошканд дар ин хусус таҷдиди назар кунад.
Албатта, Русия дар айни ҳол дар ҳоли тақвияти мавозеи хеш дар яке дигар аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, яъне Қирғизистон аст.
Ба гуфтаи манобеи хабарӣ Русия ва Қирғизистон , дар поизи соли ҷорӣ 3 тавофуқномаи усулӣ дар заминаи низомӣ-фаннӣ , иқтисодӣ ва арсаи энержӣ имзо хоҳанд кард. Зоҳиран, ихтилофоти аввалияи ду тараф дар ҷарёни сафари Игор Шувалов, муъовини нахусвазири Русия ба Бишкек аз байн рафта аст.
Манбаъ: Хабаргузории Форс
Мӯҳр