Бахшҳо
28 авг 2012 06:59Гузориш

Манъи иҷозаи вуруд ба Фаластин

Режими саҳюнистӣ боз ҳам аз вуруди фаъолони ҳуқуқи башар ба Каронаи бохтарӣ  мамониат кард. Ба гузориши хабаргузории Форс, ба нақл аз рӯзномаи саҳюнистии "Ҳааретс", маъмурони амниятии Исроил аз вуруди беш аз як сад фаъоли ҳуқуқи башари амрикоӣ ва аврупоӣ ин минтақа пешгирӣ намуданд.

Он афрод аз кишварҳои мухталифе назири Фаронса, Белжик, Амрико ва чанд кишвари аврупоӣ буда ва дар қолаби корвоне таҳти унвони " Истиқбол аз Фаластин", қасд доштанд рӯзи 27 август аз тариқи пули Ал-набӣ вориди Каронаи бохтарӣ шаванд. Ин сафар дар остонаи оғози соли ҷадиди таҳсилӣ дар Байт- лаҳм анҷом шуда ва ба ҳамин ҷиҳат ширкаткунандагон дар ин корвон, бо худ ҳадияҳое низ барои донишомӯзони ин минтақа доштаанд.

Ҳар ду афтобуси ин корвон пас аз расидан ба пули Ал-набӣ, ки маҳалли иртиботии марзи Урдун ба Каронаи бохтарӣ аст, бо мамониати маъмурони амниятии режими саҳюнистӣ рӯбарӯ шуда ва аз вуруди онҳо ба Каронаи бохтарӣ пешгирӣ шуда аст.

Ба навиштаи "Ҳааретс", пас аз таваққуфи автобусҳо, як маъмури исроилӣ бо либоси шахсӣ вориди автобуси аввал шуда ва гузарномаи афродро ҷамъоварӣ кардааст. Вай пас аз 10 дақиқа бозгашта ва гузарномаҳоро дар ҳоле ки рӯи он муҳри " иҷозаи вуруд нест" хӯрда буд, ба аъзои корвон бозгардонида аст.Ба автобуси дуюм ҳам ҳатто иҷозаи наздик шудан ба вурудии марз дода нашуда ва ҳатто гузарномаҳо низ дода нашудааст.    

Ҳамчунин замоне, ки мусофирон аз автобус пиёда шуда ва хостори эъломи далели мамониат аз вуруд шудаанд, бо вокуниши исроилиҳо рӯбарӯ шуда  ва ба онҳо дастур дода шуда, ки ба автобусҳо бозгарданд. Ба ронандаи автобус ҳам гуфта шудааст, ки ҳамаи онҳоро аз марз дур кунад.

Ин авалин бор нест, ки режими саҳюнистӣ аз вуруди корвонҳои озодӣ ва ҳуқуқи башар ба дохили Фаластин пешгирӣ мекунад. Имсол 2 корвони дигар аз озодихоҳон равонаи марзҳои Фалстин шуда буданд, ки режими саҳюнистӣ аз вуруди онҳо пешгирӣ кард. Илова бар ин дар тазоҳуроте ҳам, ки ин гурӯҳҳо дар фурудгоҳи "Бенгуриюн"-и  Исроил анҷом доданд, маъмурони полиси режими саҳюнистӣ иқдом ба боздошти аъзои корвон карда буданд.


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)