Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:56

Асрори инзивои Эрон фош мешавад

28 август 2012, 07:11

“Ню Йорк Таймз” эълони ҳамзамони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср дар мавриди ҳузур дар иҷлоси Теҳронро, шикасти дигаре барои Амрико ва Исроил тавсиф кард.

Дар ҳоле ки расонаҳои вобаста ба маҳофили зидди инқилоб мекӯшанд, баргузории 16-умин нишасти сарони ҷунбиши адами тааҳҳудро камарзиш вонамуд кунанд, сухангӯи давлатии Амрико ва Англия барои чандумин бор нисбат  ба ҳузури ҳайатҳои беш аз яксад кишвари ҷаҳон дар Теҳрон ва риоят нашудани таҳримҳои сиёсии Эрон, ибрози нигаронӣ карданд.
Марк Риго,  сухангӯи давлати саҳюнистӣ бо интиқод аз тасмими дабири кулли Созмони милал барои ширкат дар иҷлоси байналмилали Теҳрон, гуфт, мо назари эътирозамонро қаблан эълон кардаем ва ин корро иштибоҳ медонем.
Илоно Иштин сухангӯи вазорати хориҷаи Исроил низ гуфт: " Бидуни шак Эрон аз ин иҷлос сӯиистифода хоҳад кард, то таваҷҷуҳро аз фаъолиятҳои ғайриқонунӣ барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ ва фаъолиятҳои террористӣ дур кунад".

Игил Полмер, яке дигар аз сухангӯёни вазорати хориҷаи Исроил дар эътирозе ба ин монанд, иҷлоси сарони ҷунбиши адами таъаҳҳудро нишонаи қонунмандии сиёсатҳои Эрон дониста ва гуфт:”Исроил интизор дорад ҳамаи ширкаткунандагон дар иҷлос ба аҳдофи ҳукумат огоҳ бошанд ва эҳтиёт кунанд ба ин дом наафтанд”.
Пеш аз ин Викториё Ноланд, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико барои чандумин бор мудаъӣ шуда буд, Эрон макони муносибе барои баргузории нишасти кишварҳои ғайримутааҳҳид нест ва Теҳрон аз ин иҷлос барои давр задани таҳримҳо истифода хоҳад кард.

Рӯзномаи “Ню Йорк Таймз”  сафари Бон Ки Мунро ақибгардӣ дар талоши Ғарб барои мунзавӣ кардани Эрон дониста ва навишт, дигар наметавон гуфт, ки Эронро инзиво кардаем. Ин рӯзномаи  навишта аст: “Ҳузури меҳмонони олирутба дар ин иҷлос дар Теҳрон, ин паёмро дар пай дорад, ки ин ҷомеаи ҷаҳонӣ нест, ки бо Теҳрон мушкил дорад, балки ин Амрико ва ҳампаймонони ӯ ҳастанд, ки бо ин кишвар мушкил доранд ва ҳамвора мушкили худро ба кишварҳои дигар ҳам сироят медиҳанд”
Ню Йорк Таймз меафзояд: “Касе монанди Бон Ки Мун чи гуна метавонист дар ин иҷлос ширкат накунад, ки 120 узв аз 193 кишвар дар онҷо ҳузур доранд ва тасмимоти маҷмаъи умумии Созмони милал ҳам ба онон вобаста аст?”

Ин рӯзнома хотирнишон кард, дабири кулли Созмони милал ба рағми мухолифати ошкори Амрико ва Исроил, дар иҷлоси Теҳрон ширкат хоҳад кард. Эълони ин тасмим аз сӯи Мартин Насирки, сухангӯи дабири кулли Созмони милал ба манзалаи пирӯзии равобити умумии Эрон буд ва собит карда аст, талошҳое ки ба раҳбарии Амрико барои  ба ҳошия рондани Эрон ба далели изҳороти хасмонаи зиди исроилӣ ва барномаи ҳастаии муноқишабарангези ин кишвар сурат мегирад, номуваффақ аст.
Пеш аз ин нахуствазири Исроил – Натаняҳу  дар тамоси телефонӣ бо Бон Ки Мун гуфта буд, ки ӯ бояд иҷлоси имсолро байкот, то нохушнудии худро аз Эрон ошкор кунад.

“Ню Йорк Таймз” эълони ҳамзамони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср дар мавриди ҳузур дар иҷлоси Теҳронро, шикасти дигаре барои Амрико ва Исроил тавсиф кард. Ба гузориши Ню Йорк Таймз кумитаи яҳудиёни Амрико аз ҷумлаи гурӯҳҳои тарафдори Исроил дар Иёлоти мутаҳида аст, ки ба Бон Ки Мун тавсия карда буд, то аз Эрон боздид накунад. Oнон тасмими Бон Ки Мун барои дидор аз Эронро "иштибоҳи хатарнок" номиданд.  Девид Ҳерис, мудири иҷроии кумитаи яҳудиёни Амрико дар ин баёния гуфта аст: Теҳрон ҷое нест, ки дабири кулли Созмони милали муттаҳид аз он боздид кунад, мо мутаҳайир шудем.

Аз сӯи дигар рӯзномаи Вол Стрит журнал, бо ишора ба алоқаи кишварҳо ва дабири кули Cозмони милал барои ҳузур дар иҷлоси Теҳрон, эълон кард: ин иттифоқ нишон медиҳад, Эрон ба ҳеч ваҷҳ дар инзиво нест. Ин рӯзномаи амрикоӣ менависад: давлати Обама стротегии худро бар меҳвари ҳамкорӣ бо Созмони милали мутаҳид қарор дода,  аммо натоиҷи ҳосил аз ин ин стротегӣ чандон ризоятбахш нест. Русия ва Чин роҳро барои ҳаракати дастаҷамъӣ дар мавриди Сурия бастанд ва акнун Бон Ки Мун дабири кули Созмони милал низ тасмим гирифта аст ваҷҳа ва эътибори шуғлии худро ба Эрон қарз бидаҳад. Ӯ ба рағми дархости нахуствазири Иcроил тасмим гирифта аст, дар ҷаласаи сарони ҷунбиши ғайри мутаaҳҳидҳо, ки дар Теҳрон баргузор мешавад, ширкат кунад, тасмиме, ки мояи шигифтӣ аст.

Вол стрит журнал меафзояд: "Эрон дасти кам шаш қатъномаи шӯрои амният алайҳи барномаи атомиашро рад карда аст, ки чаҳор қатъномаи он замонаткунандаи таҳримҳои танбеҳӣ аст. Ончи сафари оқои Бон Ки Мун ба бор меоварад, эҷоди ин фурсат барои Теҳрон аст, ки бигӯяд он қадрҳо ҳам ки Обaмa иддао мекунад, Эрон дар инзиво нест, чаро ки метавонад ба рағми таҳримҳои Cозмони милали муттаҳид на танҳо мизбони иҷлос бо ҳузури 120 кишвар шавад, балки раиси Cозмони милали мутаҳид низ моил аст дар он ҳузур ёбад ва ошкоро ба режими исломӣ эҳтиром бигузорад."
Ба навиштаи Вол стрит журнал: " Шармандагии бештар дар инҷо ба раиси ҷумҳури Амрико таалуқ мегирад, ки 3 солро сарфи талош барои дар инзиво қарор додани Эрон ва фишор ба он аз тариқи Созмони милал карда ва ҳоло раиси Созмони милалро дар масире халофи ин ҳадаф мебинад."

Нигарониҳо...

Дар ҳамин ҳол, “Франкфурт рундешов”, рӯзномаи чопи Олмон муътақид аст: Ҳатто муҳраи бехатар монанди Бон Ки Мун, акнун вориди майдони бoкс бо Амрико шуда аст. Амрикоиҳо Кофи Анонро, ки мунтақиди сиёсатҳои ҷангталабонаи Амрико, ба вижа дар Ироқ буд, ҳазф карданд ва фикр мекарданд, Бон Ки Мун бехатар аст.
Ҳамчунин “Файненшл таймз” бо ишора ба сафари Муҳамад Мурсӣ ба Теҳрон навишт: Ин сафар муқаддимаи поён ба 3 даҳа сардии равобити Эрон ва Миср аст ва ҳамин боиси нигаронии Исроил мешавад, ки нигарони аз даст додани ягона муттаҳиди минтақаи худ ( Миср) аст .

Анвар Cодот, раиси ҷумҳури сoбиқи Миср пас аз сарнагунии шоҳи Эрон, аз вай хоста буд даврони табъидро дар Қоҳира бигузаронад.
Рӯзномаи Ал-шарқ ул-авсат чопи Лондон ҳам ба нақл аз Ройтерз навишт; Муҳаммад Мурсӣ метавонист муовини худ, Маҳмуд Макиро, ки ба тозагӣ мансуб шуда, равонаи Теҳрон кунад, аммо вай авло донист  худ ба унвони болотарин мақоми иҷроии кишвари Миср, дар иҷлоси кишварҳои узви адами тааҳҳуд ширкат кунад.  Ба гузориши рӯзномаи Ал-шарқ ул- авсат далелҳо баёнгар аз ин аст, ки аз замони суқути Ҳусни Муборак, раис ҷумҳури собиқи Миср, Теҳрон ва Қоҳира ба азсаргирии равобити худ, ки аз 30 сол пеш то кунун қатъ шуда буд, тамоюл нишон доданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!