Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:38

"Нақши ғарбӣ"-и инқилобҳо

31 август 2012, 08:55

Нигоҳе аз Тоҷикистон ба пирӯзии исломиён

Бо пирӯзии Мурсӣ дар интихоботи раисҷумҳурии Миср ва ҳамчунин дар кишварҳое аз қабили Тунис, Либия, Яман ва чанд давлати дигари арабӣ, ки режимҳои худкома суқут карданд ва ё ночор даст ба ислоҳот заданд, агарчӣ беш аз як сол сипарӣ шудааст, ҳанӯз ҳам андешаҳои мухаталифе атрофи истилоҳи сохтаву бофтаи "баҳори араб" дар миёни коршиносон чарх мезанад. Бархе ин инқилобҳоро худҷӯшу миллӣ меноманд, аммо иддае дар он "нақши амрикоӣ"-ро мебинанд. Дар Тоҷикистон ҳам  назарҳо мухталифанд ва як гурӯҳ мехоҳанд, ба ин инқилобҳои мардумии араб "либоси амрикоӣ"-ро бипӯшонанд, ки зидди назарҳои ҷониби муқобил аст.  
Акнун суоли матраҳ ин аст, ки Мурсӣ, райисҷумҳури тозаинтихоби Миср мӯҳраи нав дар "бозии бузург" аст, ё "пиёда"-е дар дасти бозингарону бузургманишҳои ғарбӣ? Бояд тазаккур дод, ки Миср бузургтарин кишвари араб аст, ки ҳамеша дар ин минтақа нақши меҳварӣ доштааст. Бо омадани Мурсӣ, ки аз ҳизби "Ихвонулмуслимин" ва нируҳои рушанфикри ин кишвар дастгирӣ ёфтааст, бисёриҳо ба ин назаранд, ки ин пирузии онҳо дар раванди сиёсии минтақа ва ҷаҳон таҳаввулоти наверо ворид мекунад ва Исроил, ки имрӯз яккатози майдони Шарқи Наздик аст, ночор "саҳнаи гашт"-аш танг мешавад. Ҳамчунин, дар сиёсати минбаъдаи минтақа ва ҷаҳон низ, таъсири бевосита ва муассире хоҳад дошт.

Аммо ин назари як гурӯҳ аст, гуруҳи дигар ба ин назаранд, ки ин як нақшаи тарҳрезишудаи амрикоӣ  аст ва ҳеч тағйироти ҷиддиеро ба бор надорад.
Нуралӣ Давлат таърихшиноси тоҷик аснои баҳси ин мавзӯъ дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" гуфт: "Сиёсати имрӯзаи Амрико ду ҳадаф дорад; саркӯб кардани генералҳо ва ё ҳукуматҳои секулорӣ бо дасти гуруҳҳои исломие, ки дар оянда хизмати Амрико ва Ғарбро мекунанд. Ихвонихо ҳеч гоҳ дар Амрико созмони мамнӯъ ва ё террористӣ эътироф нашуда буданд, вагарна рӯзе, ки Мурсӣ барои таҳсил ба Амрико рафт, дар фурудгоҳ боздошт мешуд".
Ин коршинос мӯътақид аст, ки Амрико ва Аврупо қарнҳо боз шарқи исломиро ба мустамликаи худ табдил додаанд: "Ҳамаи кишварҳои арабӣ дар хизмати Амрико буданд ва хастанд. Мурсӣ низ аз ҳамин ҷумла аст, ӯ бо Амрико хело алоқаи мустаҳкам дорад".   

Ба гуфти оқои Давлат "чароғаки сабз" дар кишварҳои арабиро Барак Хусейнович   баъди ҳамон суханрони пуровозаи худ дар Қоҳира нишон дод. Ҳатто инқилобиёнро менеҷери ширкати "Гугл Гоним" даъват карда буд, пӯшида нест, ки он ширкати амрикоӣ аст. Дар ибтидои нооромиҳои Миср дар майдони "Таҳрир" ихвониҳо ташаббускор набуданд: "Зеро онҳо дар ибтидо ягон номзадро дар интихобот пешниҳод карданӣ набуданд".
Дар "Баҳори араб" ва пирӯзии бевоситаи ихвониҳо дар чанд кишвари арабӣ шубҳа карда, ҷаноби Нуралӣ Давлат мегӯяд, ва аммо баъд "Ихвон-ал-муслимин" дар рӯйхати департаменти давлатии ИМА, яъне вазорати хориҷаи он дар феҳрасти созмонҳои террористӣ шомил нашудааст. Дар Миср хам ихвониҳо ҳуқуқ доштанд, ки ҳамчун намояндаи дигар аҳзоб, ё ба таври инфиродӣ дар интихоботҳо ширкат кунанд.   
-Ганушӣ ва Мустафо Абдул Ҷалил ҳам, ки дар Тунису Либия пирӯз шуданд, низ ихвонӣ ҳастанд. Барои ман ин саволбарангез аст, ки чӣ гуна ихвониҳо дар се кишвар яку якбора қудрати сиёсиро ба дасти худ гирифтанд,- мегӯяд ӯ.
Ихвониён дар тӯли фаъолияти беш аз ним қарнаи хеш хело пухта ва омода шудаанд ва сиёсати кунунии оламро низ хуб дарк кардаанд. Аммо ихвониёни дар сиёсат обутобёфта ва мусулмонони бедорро то ҳанӯз як идда коршиносон "нодида" мегиранд ва ҳама пирӯзиву муваффақияти онҳоро ба Ғарб мечаспонанд. Ин аст, ки бархе аз таҳлилгарон гуфтаҳои болоро дур аз ҳама воқеиятҳои "Баҳори араб" маънидод мекунанд. Онҳо ҳадс мезананд, ки инқилобҳо бештар худҷӯш будаанд. Ҳатто кишварҳои ғарбӣ онро интизорӣ надоштанд.Суоли матраҳ ин аст, ки бо омадани ихвониён вазъи сиёсии он кишварҳо тағйир хоҳад хӯрд?   

Миср ҳатман сари масъалаи Кемп Девид бармегардад

Пирӯзии ихвониҳоро таҳлилгарон ҳар гуна баҳогузорӣ мекунад ва бархе ба ин назаранд, ки ин ҳам як нақшаи амрикоист, ки исломи мӯътадилро ба майдон овардааст, то зери "қанот"-и онҳо кору фаъолият кунанд. Ба назари онҳо ҳалли мушкилоти мардуми Фаластин боз дар зери парда хоҳад монд. Аммо Қосим Бекмуҳаммад, таҳлилгари масоили минтақа мегӯяд, ин андешаҳо асоси воқеӣ надоранд ва танҳо чизе садди роҳи раҳбарони тозаинтихоби кишварҳои баҳори арабӣ аст, ин мушкилоти иҷтимоии дохилии ин кишварҳост."Маҳз ноадолатиҳои иҷтимоӣ буд, ки ин мардум ба зидди ҳукуматҳои худкомаи хеш бахостанд ва ахиран онҳоро чаппа карданд. Бинобарин дар ин шабу рӯз мавзӯъи Фаластинро меҳвар қарор додан ба манфиати онҳо нест. Зеро нахуст бояд пояҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандонашонро бояд устувор кунанд. Дар дигар ҳолат боз Ғарб метавонад ҳамин мардумро бар зидди онҳо бишӯронад.

Шартномаи нангини Кемп Девид лағв хоҳад шуд
Шартномаи машҳур бо номи Кемп Девид, ки соли 1978 миёни Мисру Исроил баста шуд ва зери он Анвар Содот, райисҷумҳури вақти Миср ва Менохим Бегин, нахуствазири Исроил имзо гузоштанд, аз ҷониби аксар мардуми Миср ҳамчун таҳқир қабул шуд. Зеро бархе аз бандҳои ин паймон, ки бо фишори Амрико ва президент Картер бар Анвар Содот таҳмил шуданд, ба суди Миср нестанд ва инро ҳам ҳукумати Миср ва мардуми он хуб дарк мекунанд.
Бо омадани Мурсӣ ба сари ҳукумат тағйиротҳо ба назар мерасанд ва ин бойиси нигаронии кишварҳои ғарбию Исроил ҳам шудааст. Фирдавсии Нуралиён, донишманди тоҷик ба ин назар аст: "Мурсӣ шартномаро лағв намекунад, аммо дар ин миёна боз ҳодисаҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки шартномаи Камп-Девидро зери хатар қарор медиҳанд.Дер ё зуд барои лағви ин бандҳои кӯшишу саъй мекунанд. Дар ин марҳалаи ҳассосе ки Миср қарор дорад, акнун наметавонад, ки дар ҷабҳаи сиёсӣ, ҳарбӣ ва иқтисодӣ бо Исроил рӯёрӯй шавад ва хости худро барояш имло кунад, зеро мушкилоти дохили кишвар аз мушкилоти хориҷӣ бештаранд. Ҳамчуноне ки инсон танаш ранҷур бошад, ба ҷуз тандурустии хештан ва дармон кардани худ ба чизе дигар илтифот намекунад, то ин ки сиҳҳати худро комилан барқарор кунад".
ӯ иброз дошт, ки ҳангоме ки Миср беранҷтар шавад, ҳатман сари ин масъалаҳои наву кӯҳнаи Кемп-Девид руҷӯъ мекунад, зеро мисриён бархе аз бандҳои ин паймонномаро барои худ мояи ор медонанд, ба монанди қазияи Сино, ки тибқи ин тавофуқ неруҳои Миср бе иҷозати расмии Исроил наметавонанд вориди хоки он шаванд. Ин кор барои мисриён излол ва хорист, мисли ин ки ба хонаи худ иҷозати вуруд надошта бошанд, магар ба дастури ҳамсояашон.

Фаластин, Ҳамос ва Мурсӣ

Президенти тозаинтихоби Миср аллакай бо чанд иқдомҳои устувори ҷиддии худ шахсияти хешро ҳувайдо кард, ки аксар таҳлилгарон ва соҳибназарон онро интизор надоштанд.Боздиди ӯ аз Макка, барканор кардани раҳбарони низомии Миср, ҳамчунин эъломи барқарор кардани муносибатҳо бо кишварҳои исломӣ аз ҷумлаи гомҳои "ғайриинтизор"-и Мурсӣ маҳсуб мешаванд. Аммо ин иқдомот Исроилро такон дод.То ин замон сухан низ мерафт, ки бо омадани Мурсӣ муносибатҳои Исроил бо Миср мисли пештара боқӣ мемонанд. Гӯё сари қудрат омадани Муҳаммад Мурсӣ "маслиҳати қаблӣ"-и Амрико ва Исроил будааст. Ба назари ҷаноби Нуралиён ин андешаҳо аз воқеият дуранд. Ба гуфти ӯ, дар ояндаи наздик Миср на танҳо бо Фаластин, балки бо дигар кишварҳоти мусулмонӣ низ таъсиргузор хоҳад буд: "Мурсӣ сиёсатмадори нозукбин аст, ӯ мехоҳад, ки равобиташро бо тамоми кишварҳои мусулмону араб устувор гардонад, чӣ ин давлат чун Фаластин кучак бошад ва ё чун Туркия ва Арабистон бузург".
Паҳлӯи дигар ин аст, ки Ҳамос бисёре аз мабодии ниҳодӣ ва сиёсияшро аз ҳизби ихвони мисрӣ омӯхта аст ва сохтораш низ ба он сахт шабоҳат дорад. Қабл аз сари қудрат омадани ихвониҳо миёни Ҳамос ва Ихвон-ал-муслимн равобите ошкору ниҳонӣ фаровон буд.
Сиёсатшиносон мегӯянд, ба ин сабаб Мурсӣ агар бихоҳад ва ё не, дасти мадади худро ба сӯи бародарони фаластинии худ дароз хоҳад кард. Табиист, ки кушодани роҳҳо ва иртибот яку якбора дар як рӯзу ду рӯз рух намедиҳад, балки ба тадриҷ ҳалли худро пайдо хоҳанд кард. Кушта шудани 16 нафар аз марзбонони мисрӣ, як фитнае буд, ҳадафи он тира кардани алоқаҳои Мисру Ҳамос, аммо натиҷае надод.
Дигар рӯшан аст, ки шӯрангезони сиёсӣ ба ҳадафи нопок нарасиданд ва тирашон ин дафъа ҳам хок хӯрд.   

Аъзамшоҳ ҚУҚАНШОҲ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!