Бахшҳо
31 авг 2012 09:32Гузориш

Ақли тоҷик 100 сомонӣ?

Яке аз қаҳрамонони аслии имрӯзи Ватани азизи мо ягона барандаи медали олимпии имсола Мавзуна Чориева аст. Бешубҳа, ӯ барои ин дастовард меҳнати зиёд кардаю сазовори қадрдониҳост. Барои медали биринҷӣ ҷоизаҳое гирифт, ки дигарон ҳатто орзӯяшро намекарданд. Даҳҳо нафар аз дастгирии давлату ҳукумат бенасиб ва дар хусуси ояндаи варзиши тоҷик ноумед монданд ва хатто рахти сафар ба хориҷ бастанд.

Аммо варзиш танҳо соҳае нест, ки аз диққати давлатдорӣ берун мондааст. Қаҳрамононе, ки халқ бояд онҳоро шиносанд, кам нестанд. Аммо афсӯс, ғайр аз Расулу Мавзуна номи дигаре намедонем.
Улуғбек Баротовро мешиносед? Бовар дорам, ғайр аз дастандаркорони маориф ва ҳаммактабиёнаш, камтар касе ин номро шунидааст. ӯ дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ миёни мактабхонон аз фанни кимиё, ки охири моҳи июли соли равон дар Вашингтони ИМА баргузор гардид, медали тилло гирифт. Ҳамчунин, Маъруфҷон Болтаев ва Ҳомидхоҷа Холиқов сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Чор нафар иштирокчиёни Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни риёзиро, ки ҳамагӣ бо медали биринҷӣ баргаштанд, кӣ қард кард? Хусрави Элмурод, Саъдӣ Оқилназарзода, Саидмуҳаммади Шодавлат, Шаҳзодшоҳи Шамсуддин низ парчами Тоҷикистонро бардоштаанд, аммо касе аз ин хабар надорад. Муҳаммадфирӯз Ҳасанов ва Мӯсохон Мақаюмов низ дар Аргентина грамота гирифтанд, аммо дар Душанбе ягон пора коғаз барояшон дода нашуд. Бояд гуфт, аз ин сабқат се медали нуқра низ дорем, аммо ҳамоно ҷуз Вазорати маориф касе онҳоро намедонад ва қадрдонии лозим низ сурат нагирифт.

Ғайр аз духтари сарвари давлат, кадом ғолиби озмунҳои чаҳонӣ аз забону адабиёти русиро дар телевизион нишон доданд? Шахсан ман дар хотир надорам. Ҳанӯз дар овони мактабхониам ҳаммактабам ба Тоҷикистон аз ин озмун медал оварда буд, аммо инро танҳо мо медонистему бас.
Чунин мисолҳо зиёданд. Ҳамонанди ғолибони сабқатҳои варзишӣ, дастовардҳои зеҳнии ҷавонони тоҷик низ то ҳол ба таври бояду шояд қадрдонӣ намешаванд. Худ қазоват кунед, 100 сомонӣ барои ғолиби озмуни ҷаҳонӣ, ки дар як кабинети Вазорати маориф дода шудааст, метавонад қимати меҳнату кӯшишҳои як толибилм бошад? Оё ин метавонад ӯро барои идомаи фаъолияти илмӣ дар Тоҷикистон ҳавасманд гардонад? Оё бо чунин "қадрдонӣ" мо метавонем аз фирори ақлҳо пешгирӣ намоем?
Кам нестанд одамоне, ки литсейҳои туркиро барои ҷалби беҳтарин зеҳнҳо ба Туркия танқид мекунанд. Худ қазоват кунед, дар Тоҷикистоне, ки Донишгоҳи астрофизика тӯли бештар аз 25 сол дар як вагон ҷойгир аст, Академияи улуми он дар бораи ҷои кори холии олим бо маоши 168 сомонию чанд дирам эълон додааст, аз Академияи хурди фанҳо ҷуз ном ва фаъолияти рӯи коғаз чизе намондааст, дигар кӣ хоҳиши идомаи фаъолияти илмӣ мекунад?

Ду сол пеш шунидам, ки як устоди донишгоҳи техникӣ ранги махсусе барои роҳҳо ихтироъ намудааст, ки аз ранги имрӯз истифодашаванда чанд мартаба бадошттар буда, дар натиҷа нигаҳдории роҳ аз ҳисоби сарфаи ранг арзонтар мешавад. Аммо пешниҳоди ӯ ҳамоно рӯи коғаз монду дастгирӣ наёфт. Ҳамин сол донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ моддаеро кашф намуд, ки метавонад барои табобати саратон калидӣ бошад. Аммо ин дастоварди ӯ низ ҷуз офарин дигар қадрдоние наёфт.
Донишҷӯён аз овони мактабӣ ба беқадрии дониш рӯбарӯ ҳастанд. Хонандагони пурталошу муваффақ баробари толибилмони танбал нишаста, қобилияташонро аз даст медиҳанд. Дигар ба синфҳои "а", "б" ва ғайра ҷудо кардан аҳамият надорад, чунки муаллимон ва мактабҳо талаботу шароити мувофиқ бо ҳарфи алифборо надоранд. Дар озмунҳои фаннӣ ин беаҳамиятии кӯшишу талош барои касби илм беҳтар намоён мешавад.
Худ низ иштирокчӣ ва ғолиби озмунҳои фаннӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ будам ва борҳо шоҳид шудаам, ки беадолатӣ дар озмунҳо чӣ гуна олимони ояндаро дилшикаста намуда, аз роҳи илм дур меафканад. Сад ҳайфи он ҷавонони соҳибистеъдоде, ки аз сабаби чанд доллар зиёдтар доштани як бесавод рӯҳияи мубориза ва талошро аз даст доданд. Охир, дар овони кӯдакӣ ҳар сухан барои толибилмон аҳамият дорад. Ҳар боре, ки дастоварди хурдтарини донишҷӯ қадр намешавад, имкон дорад як аробакашу мошиншӯй бештар гардад.

Вақте ман мактаби миёнаро хатм намудам, хатмкунандагон танҳо як медал мегирифтанд - барои дониши аъло дар тӯли мактабхонӣ. Он медал чунин маъно дошт, ки толибилм ҳама фанҳои барномаи мактабиро бо баҳои аъло медонад. Аммо таи як сӯҳбат бо хонандагони дирӯзаи макотиби миёна маълумам шуд, ки бештарашон дар бораи чунин як медал хабар надоранд. Имрӯз мафҳуми дигар ҷорист - медал аз фанни алоҳида, ки дар озмунҳои фаннӣ дода мешавад. Вақте барояшон гуфтам, ки ман медали нуқра дорам ва фаҳмондам, ки дар замони мо онро ба чӣ хотир медоданд, онҳо бовар накарданд, ки як толибилм тавонад ҳама фанҳоро бо баҳои аъло донад. Талабот ва баҳогузорӣ дигар аст. Айнан мисли бозиҳои компютерӣ, ки ҳар чӣ бонус дар он бештар бошад, ҳаводорони он низ бештаранд. Мардум роҳи мушкилро барои гирифтани "бонус" тай кардан намехоҳанд.

Як шиносам чанд сол пеш донишгоҳро бо дипломи сурх хатм намуда ба як сохтори давлатӣ барои кор ҳуҷҷатҳояшро супурд. Гуфтанд, ё фалон маблағро месупорӣ, ё дипломатро зери сарат монда хоб рав. ӯ аз алам Тоҷикистонро тарк намуда ба Амрико рафт ва ҳудуди ним сол баъд дар як бонк ҳамчун мутахассиси пешбар фаъолият намуд. Аммо дастандаркорон мегӯянд, мо фирори ақлҳо надорем ва барои рушди илму фановарӣ ҳама шароитро фароҳам овардаем.
Латифае ёдам омад, ки дар он модар ба писараш мегӯяд: "Чанд ба ту гуфтам, ки бирав косибию савдо ёд гир, вагарна дар мадраса мегузорамат, то олим шавию як умр ба пораи ноне зор гардӣ!" Ҳаққо, он дар бораи олимони мост. Дар Ватани маҳбуб, ки ҳама аз донишдӯстии миллати азиз мегӯем ва аз бобоёни бузург ва номи оламшумулашон мефахрем, ба илму дониш, ба фарҳангу маърифат аҳамият ва қадру қимате қоил нестем. Аммо дар ҷашнҳо аз "дастовардҳои бузург" ва "қадамҳои устувор" лоф мезанем.

Барои як медал ба Мавзуна дар маҷмӯъ таги як миллион сомонӣ тӯҳфаҳои гуногун тақдим шуд. Дар баробари ӯ, даҳҳо варзишгарони дигар берун аз назари дастандаркорон монданду мардум он қаҳрамононро намешиносад. Садҳо нафари дигар бо зеҳни халлоқу дониши олӣ машғули мардикорӣ ё фурӯши майда-чуйда сари як мизи кӯчаканд. Даҳҳо нафари дигар, ки имрӯз дастовардҳои муайяне доранд, ба наздикӣ ба сафи аввалиҳо мепайванданд ё ба хориҷ мераванд.
Дар илми зистшиносӣ мафҳуми "паразит" ҳаст. Бо ин ном мавҷудотеро мешиносанд, ки худ қобилияти синтез надоранду маводи ғизоии омодаро аз дигар мавҷудот мегиранд. Ҳамин мафҳум тақрибан бо ҳамин маънӣ дар сиёсату иқтисоду иҷтимоъиёт низ ҳаст. Давлату миллате, ки аз худ чизе намесозад ва танҳо аз дастовардҳои дигарон истифода мекунад, ба зудӣ мисли паразит аз бадани тамаддуни ҷаҳон зудуда хоҳад шуд.
Аммо мо ҳамоно мерақсему мерақсем....

Рустам МАҶИДОВ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)