Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:17

РАҲМАТИЛЛО ЗОИРОВ: БО НОМЗАДИ АРЗАНДА ЭЪТИЛОФ МЕКУНЕМ

31 август 2012, 10:54

Имрӯз мушкилоти зиёде ҳастанд, ки ҳалли худро намеёбанд ва коршиносон онро ба номукаммалии низоми қонунгузорӣ ва номутобиқатии бандҳои Конститутсия кишвар бо якдигар марбут медонанд. Интихоботи соли 2013 ҳам наздик аст, бинобарин оё аҳзоби сиёсӣ розӣ мешаванд бо қонуни феълии интихобот бори дигар вориди ин майдон шаванд. Роҷеъ ба ин масоил хабарнигори "Озодагон" бо Раҳматилло Зоиров ҳуқуқшиноси варзида ва раиси ҲУСДТ, шахсе, ки солҳо дар аркони ҳукуматӣ кор кардаву беҳтар аз ҳар каси дигаре нозукиҳои қавонинро дарк мекунад, суҳбат намуд.

Конститутсия хатоҳои фоҳиш дорад

- Ҳамакнун дар Конститутсияи кишвар кадом бандҳо бо ҳамдигар зидданд ва аслан шакли феълии сарқонуни Тоҷикистон оё шуморо қонеъ мегардонад?

- Имрӯз дар конститутсия агар 100 модда бошад, 70 банди он бо якдигар зидданду оддитарин масоил ҳаст, ки онҳоро аз дидгоҳи филологиву таърихӣ фаҳмонидан бисёр мушкил аст. Ҳатто барои ислоҳ кардани ин зиддиятҳо дар конститутсия маълумоти филологӣ ҳам кофӣ нест. Дар қисми дуввуми моддаи 10 - и конститутсия навишта шуда, ки тамоми мақомоти давлативу шахсони мансабдору алоҳида ба риояву иҷро кардани ҳамаи қонунҳо ва Конститутсия вазифадоранд. Агар аз нигоҳи филологӣ фикр кунем, ин дуруст аст. Вале мазмун дар он аст, ки агар мо ҳамаи қонунҳо ва коститутсияро маҷбур намоем то онро ҳам риояву ҳам иҷро намоянд, ҳамаи аҳолии Тоҷикистонро, ки ба балоғат расидаанд, 100% бояд зиндонӣ кунем. Агар риоя кардан бошад, ин дуруст аст, аммо иҷро кардани ҳамаи қонунҳоро барои тамоми шаҳрвандон маҷбур карда наметавонем. Чун агар иҷрои ҳама қонунҳо маҷбурӣ бошад, ҳар як донишҷӯе, ки мактабро хатм кардааст, маҷбур аст ба мактаби олӣ дохил шавад, зеро иҷро кардан лозим аст. Масъалаи ҳуқуқу қонун ҳамин тавр аст онро риоя мекунанд, вале иҷро намудан ин ӯҳдадорист, ки агар онро иҷро накардед, ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашида мешавед. Вақте ҳар як 18 сола ҳуқуқи вакили Маҷлиси ноҳиявӣ шуданро дораду аммо вакилии худро пешниҳод намекунад, ӯро ба ҷавобгарӣ кашидан лозим. Ин мазмуни иҷроро дорад на риоя. Ҳар як шахсе, ки 35 сола шудаасту 10 сол дар Тоҷикистон иқомат доштааст, маҷбур аст номзадияшро ба президентӣ пешниҳод намояд. Агар вай дар асоси қисми дуввуми моддаи 10 - и Конститутсия номзадии худро ба президентӣ пешниҳод нанамояд, ӯро ба ҷавобгарӣ кашидан лозим. Ҳамин як калимае, ки дар конститутсия ҳаст, риояаш бояд монад, аммо иҷрояшро бардоштан лозим. Чун ҳамин як калима моҳияти конститутсияро дорад нобуд мекунад. Дар моддаи 23 - и Конститутсия навишта шуда, ки барои ҳар як шаҳрванд баҳри меҳнати баробар, баробар музд дода мешавад. Ин пурра ба мафҳуми иқтисодиёти бозаргонӣ зид аст. Зеро на танҳо дар Тоҷикистони имрӯза, балки дар худи давлати СССР ҳам барои кори баробар моҳонаи баробар дода намешуд. Барои вазифаи баробар буд моҳонаи баробар. Масалан ҳамаи ассистентҳои мактаби олӣ як хел маош мегирифтанд. Коргарони разряди панҷ низ як ҷур музд дарёфт мекарданд. Аммо барои меҳнати баробар на. Имрӯз агар моддаи 23 - ро дар ҷомеа татбиқ кунем, чи иттифоқе меафтад? Дар бонк фаррош як маош гирифтанаш лозим, дар мактаби миёна як ва дар сафорати хориҷиву мақомоти давлатӣ низ як маош, ки ин хел намешавад. Яъне ин меъёре, ки дар Конститутсия ҷойгир шудааст, фалсафаи асос надошта аст ва моддаҳои 12 - 13 ва умуман конститутсия бо моддаи 23 пурра зидданд. Мо аз як тараф иқтисоди бозаргонӣ эълон мекунем, аз ҷониби дигар баробарҳақдиҳӣ мекунем, ки ҳамин "казарменный социализм" аз нав барқарор шавад. Ҳатто дар ҳамин ҳолат ҳам ин корро амалӣ гардонидан бисёр мушкил аст. Бале ҳамин гуна моддаҳо дар Конститутсия тақрибан 20 модда аст, ки филологҳо онро навиштанду аммо ҳуқуқшинос онро дар як чорчӯбаи ҳуқуқ дар ҳудуди Конститутсия таҳлил накардааст. Ҳол он ки мо қонуну ҳуқуқро аз якдигар фарқ карда наметавонем. Қонун ҳаргиз бо ҳуқуқ пурра баробар шуда наметавонад. Чун дар асоси қонун ҳатто чизҳои ғайриқонуниро низ метавон ворид намуд, вале ин ба ҳуқуқ дохил намешавад. Якчанд меъёрҳое ҳам, ки бояд дар Конститутсия бошанд, мавҷуд нестанд ва инҳоро мо холигиҳо мегӯем. Шумо намояндаи ВАО ҳастед, аммо дастрасӣ ба иттилоот дар Конститутсия умуман вуҷуд надорад. Ин мазмуни онро дорад, ки якчанд ҳуқуқҳои конститутсионӣ дар Сарқонуни мо инъикос наёфтааст. Дар моддаи 9 тақсимоти ҳокимиятро эълон менамоему дар моддаи 64 яккаҳокимиятиро эълон мекунем. Яъне ин 2 моддаи 62 ва 64 якка ҳокимиятӣ мешавад. Дар як ҷо менависем, ки ҳокимияти давлатӣ аз 3 шохаи асосӣ иборат аст, дар ҷои дигар дарҷ мекунем, ки танҳо президент аз болои ҳама ҳокимиятҳост ва ғайра. Дар кулл чунин тазодҳо дар Конститутсия зиёданд.

- Зиёд будани ихтиёроти президент то куҷо ба маҳдуд гардидани дигар шохаҳои қудратӣ сабаб гардидааст ва ё то кадом дараҷа ихтиёроти раиси ҷумҳур шиддат гирифтааст?

- Дар ҳар як давлат вақте дар бораи диктотура мегӯянд, дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд бояд диктатураи қонун бошад, аммо дар ҷомеаи мо дар асоси Конститутсия диктатураи як президентро ба миён овардааст на як қонунро ва имрӯз президент дар асоси як Конститутсия ҳам ҳокимияти иҷроияву маҳалливу судиро ва ҳам бевосита ҳокимияти қонунгузорро забт кардааст. Оддитарин масоилро аз нигоҳи Конститусия гирем минҷумла қонун дар бораи афв, ҷуз президент ҳеч кас бо ташаббуси қонунгузорӣ қонуни афвро ворид карда наметавонад. Агар 63 нафар аъзоёни Парлумон ҳам хоҳиш кунанд, ки ин чизро ворид мекунанд, дар ин ҳангом аз дасти ҳеч кадомашон коре намеояду ҳуқуқу салоҳият ҳам надоранд то қонуни афвро ворид намоянд. Ҳамин буҷети давлатиро Парлумон бо хоҳиши худ на таҳия карда метавонад ва на вориду на қабул карда метавонад. Буҷети давлатиро танҳо ҳукумат қабулу пешниҳод карданаш лозим. Як чизи аҷоиби дигар, ҳама қонунҳо дар Тоҷикистон бо ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод мегардад ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карданаш даркор, ризоияти Маҷлиси миллиро ҳам мегиранд ва баъд имзои президент. На танҳо қонуни буҷет, балки ҳамаи қавонинро дар бар мегирад ва қонуни буҷетро махсус ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мекунаду Маҷлиси намояндагон онро қабул менамояд ва Маҷлиси миллӣ ин ҷо умуман лозим несту ризояти онро ҳам намегиранд ва бевосита аз Маҷлиси намояндагон ба президент меравад. Чаро дигар қонунҳоро Маҷлиси миллӣ ризоият медиҳаду аммо қонуни буҷетро на? Суол оддитарин аст, агар дар масъалаи дигар қавонин ягон намояндаи Маҷлиси миллӣ гап зада натавонад, ӯ пурра аз президент вобаста аст. Вале вақте буҷет пешниҳод мегардад, мо мебинем ки дар Маҷлиси миллӣ амал мекунад. Аксарият ин намояндаи ҳокимияти маҳаллист, раисони навоҳиву вилоятҳо ва дигар намояндагони ҳокимияти иҷроия. Агар вай раиси ноҳия, вилоят ва шаҳр бошад, ба қонуни буҷет кам ҳам бошад, дилаш месӯзаду хоҳиш мекунад то ба шаҳру вилояташ зиёдтар маблағ ҷудо шавад. Барои ин, ки ҳеч кадом аз онҳо ба қонуни буҷет таъсир расонида натавонад, Маҷлиси миллӣ аз ризоят додан ба қонуни буҷет маҳрум шудааст. Ягон раиси ноҳия, Маҷлиси вакилони халқии ноҳия ё шаҳр ва ё раисони онҳову аслан тамоми депутатҳо ва тамоми аҳолии он ноҳия ҳаракат кунад, ба буҷет таъсир расонида тавонад, дар асоси Конститутися таъсир расонида наметавонад. Ин танҳо салоҳияти ҳукумат бо имзои Эмомалӣ Раҳмон меравад ва бевосита аз ҷониби вай пешниҳод мегардаду Маҷлиси намояндагон ду даста бардошта онро тасдиқ мекунаду бо имзои президент кор хотима меёбад. Тағиру илова ҳам дохил кунанд, ин ҳам танҳо аз тарафи ҳукумат имконпазир аст. Аз ин рӯ ягон вакили Маҷлиси намояндагон аз ҷониби худаш ягон тағироту илова ба ин масъала пешниҳод карда наметавонад. Дар кодекси андоз ҳам ягон вакил ва аъзои Маҷлиси миллӣ Маҷлиси вакилони халқи Бадахшон ягон чизро пешниҳод карда наметавонанд. Оид ба оддитарин масоил ба монанди додани имтиёзро ҳам ҳатман бояд ҳукумат баррасӣ намояд ва ин чизро низ дар хусуси андоз фақат ҳукумат ироа дода метавонаду ҷуз ин ҳеч кас наметавонад. Дар Тоҷикистон қонун оддист ё конститутсионӣ ва ё кодекс, агар ҳукумат розӣ набошад, Парлумон онро ҳечгоҳ қабул карда наметавонад. Агар президент ягон вето ё маҳдудият ҷорӣ карда бошад, Парлумон аз он гузашта ҳам наметавонад. Қонуни оддиро агар президент розӣ набошаду имзо накунад, Парлумон албатта қонуни оддиро аз шумораи аз 3,2 қисмаш ва қонуни конститутсиониро аз 4,3 қисмаш онро гардонида қабул карданаш имконпазир аст. Аммо дар Тоҷикистони имрӯза ин воқеӣ нест. Имрӯз агар Парлумонро бинем, Маҷлиси миллӣ намегӯям, ки 35 - 40 ё 90 балки 100% аз президент вобастааст. Зеро маҷлиси вакилони халқ дар 5 минтақа ва шаҳри Душанбе ҳамагӣ 25 нафарро пешниҳод менамояд, ки 8 нафари онҳоро бевосита президент таъин мекунад. Маҷлиси миллӣ ҳам имрӯз аз 34 нафар иборат асту ин 33 нафар ҳамроҳ бо Қаҳор Маҳкамов 34 нафар як калима ҳам бар зидди президент баромад карда наметавонанд. Ҳозир дар Парлумон намояндагони 5 ҳизб амал менамоянд ва ҳатто агар гӯем, ки 4 ҳизб бар зидди ҲХДТ амал мекунанд, ягон қарору қонунеро онҳо наметавонанд бипазиранд, чун аз бас, ки ин ҷо монополияи як ҳизб аст. Аз ин рӯ, ки Парлумон аз намояндагони як ҳизб иборат асту президент бевосита раиси ин ҳизб аст, ин мазмун мешавад, ки дар Тоҷикистон мақомоти қонунгузор, судӣ ва мақомоти маҳаллӣ вуҷуд надоранд. Бо яккаҳокимиятӣ дар шахсияти як президенти кишвар сохтори конститутсиониямон ҳамингуна амал карда истодааст.
Масъалаи дигар ин бесалоҳият будани суди конститутсионист. Дар тамоми дунё имрӯз суди конститутсионӣ мақомоти асосиест, ки бояд конститутсияро маънидоди расмӣ кунад. Вале дар Тоҷикистон ин нест. Маънидоди расмии конститутсияи ҶТ ба Парлумон дода шудааст, ки Парламент ба маънидод кардани Конститутсия умуман қурбу салоҳияте надорад. Ҳатто салоҳият ба мазмуни лаёқати худро надорад. Аз соли 1994 Конститутсия 18 сол амал менамояду вақте Сарқонун дар асоси Суди конститутсионӣ зинда аст, ҳамагӣ аз ҷониби Парлумон Конститутсия як бор ба як моддааш маънидод карда шудааст. Маънидодҳои суди конститутсионии Русия оид ба Конститутсия аз ҳаҷми имрӯзаи Конститутсия ҳамакнун 80 баробар зиёд аст. Як Конститутсияро ҳаматарафа такмил додану ба самараи баланд бардоштан танҳо дар асоси маънидодкунии Суди конститутсионӣ мебошад. Дар кишвари мо додани ин ба Парлумон хатои стратегисту инро агар дигар накунем, сохторамонро иваз намудан комилан ғайри имкон аст. Умуман ҳокимияти маҳалливу судӣ ва қонунгузорро бо ҳокимияти иҷроия баробар ва якдигарро дар тавозун нигоҳ надорем, рушди Тоҷикистон ғайриимкон мебошад. Ҳам аз рӯи ташкилӣ, ҳам сиёсӣ, ҳам ҳуқуқӣ ва ҳам иқтисодиву иҷтимоӣ. Моддаи 1, 7 ва 100 - и конститутсия дар давоми 15 сол аз тарафи ҳукумат чандбор вайрон гардид. Мегӯем инҳо дар ҳудуди Тоҷикистон тағирнопазиранд. Вале инро чандин маротиба вайрон мекунем, аз ин ҷо заминро гирифтему ба Чин фурӯхтем дигар кардем. Ин амал ҳамакнун ғасби ҳокимият аст. Ба воситаи Парлумон аз Конститутсия гирифтанду ба ғасби ҳокимият оварданд.

"Қонуни интихобот бояд тағйир дода шавад"

- Шумо дар бораи қонуни интихобот ва президентии Раҳмон қаблан зиёд сару садо баланд кардед, ин қонунҳо чи эродоте доранд?  

- Ман ҳамчун ҳуқуқшинос тағироти соли 2003 - ро то имрӯз ҳам аз нигоҳи қонунӣ будани конститутсия қабул надорам. Зеро дар сарқонун навишта шуда, ки худи конститутсия чигуна қабул мегардад, ҳама тағироту иловаҳо ба он бо ҳамаи усул ворид мегардад. Соли 1994 конститутсияро дар асоси референдум қабул кардем ва тағироту иловаҳо соли 2003 ҳамаашон пешниҳод шуданду мӯҳокимаи халқро нагузаштанд ва мардумро маҷбур карданд, ки ба ҳамин тағироту иловаҳои будагӣ бо як калима ё ҳа ҷавоб диҳанд ё на. Ин худ ғасби ҳокимият ва пурра поймол кардани конститутсия аст. Бо тағиру иловаҳои соли 2003 имрӯз конститутсия ғайри логитимӣ мебошад. Он дорад амал мекунад ва оқибатҳои дуру дароз дорад. Конститутсия 6 - уми ноябри соли 1994 қабул гардид. Ҳамон рӯз ҳам интихоботи президентӣ гузаронида шуд. Барои ин ҳуқуқшинос шудан лозим нест, ки Конститутсия дар рӯзи қабулаш, қувваи қонунӣ намегирад. Дар худи Конститутсия навишта шуда, ки Сарқонун баъди шумориши оро оид ба қабули он, бо қарори комиссияи Марказии интихобот ва референдум ба нашр дода мешавад, ки ин кор 17 - и ноябри 1994 анҷом шуд. Яъне дар он вақт бевосита қувваи олии конститутсионӣ мегирад. Конститутсия, ки 6 - и ноябр қабул шуду қувваи ҳуқуқӣ гирифт, чигуна президент дар интихобот ширкат карду баранда шуд? Соли 1997 президент ҳамагӣ барои на 7 балки 5 сол интихоб гашт. Чун ӯ дар асоси таҳрири конститутсияи соли 1994 интихоб шуд. Аммо чаро? Чун интихоботи президент 3 - уми сентябри соли 1999 эълон шуд ва оид ба ворид намудани тағиру иловаҳо ба Конститутсия аз ин дертар эълон гашт. Вақте тағироту иловаҳо қабул шуданд, интихоботи президент як давраи дигар гузашт. Яъне соли 1999 президент на дар асоси тағиру иловаҳои ҳамон сол, ки ба Конститутсия ворид шуда буд, интихоб шуд. Президент дар он давра танҳо ба 5 сол қонуниву конститутсионӣ соли 1994 интихоб гашту интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд. Барои ҳамин 1 - и ноябри 2004 ман расман эълон намудам, ки мӯҳлати интихоб шудани президенти амалкунанда моҳи ноябри 2004 ба анҷом мерасад, аз бас, ки соли 1999 ба 5 сол интихоб шудааст на ба 7 сол ва бояд соли 2004 интихоботи нави президентӣ баргузор гардад. Аммо боз ҳам нигилизми конститутсиониро содир намудему дар Тоҷикистон сарқонунро умуман риоя накардем ва дар соли 2004 неву 2006 президентро интихоб кардем. Соли 2006, ҲСДТ дар интихоботи президентӣ ширкат накард. Як сол пеш аз интихобот изҳороти сиёсӣ пахш намудем, ки тибқи қонуни конститутсионӣ дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон, гузаронидани интихобот мумкин нест ва ҲХДТ Раҳмонро дигар барои номзадӣ пешниҳод кардан на ҳуқуқ дораду на салоҳият. Дар ин ҷо ҷуз конститутсия боз як маъалаи хеле ҷиддӣ ҷой дораду онро инак бояд барарсӣ кард, зеро баъди 4 моҳ дигар аҳаммияти худро гум мекунад. Интихоботи 2013 наздик мешавад ва вакилони мо баҳона мекунанд, ки вақт кам мондаву коре карда намешавад. Қонуни конститутсионии амалкунандаи  ҶТ дар бораи интихоботи президентӣ ин пурра ғайриконститутсионӣ мебошаду дар асоси ин қонун интихобот гузаронидан мумкин нест, тағиру иловаҳо ворид кардан ба ин қонун низ ҳамин тавр. Ин қонун беэътибор дониста шуда қонуни нави конститутсионӣ бояд қабул гардад. Чун вақте Конститутсияи кишвар қабул гардид, пеш аз он соли 1994 дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ як қонуни конститутсионӣ қабул намудем. Дар ин ҷо назди мардуму мақомот вазифа гузоштем, ки Конститутсия кишвар дар асоси референдум таҳия карда шуда дар асоси ҳамапурсӣ қабул гардад. Дар он ҷо таъкид карда навиштем дар Конститутсия ҳама қавонине, ки номи конститутсионӣ доранд, бояд дар давоми як сол қабул карда шаванд. Дар Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистон дар ҳамин давра 17 қонун бояд мутобиқи ислоҳоти конститутсионӣ қабул мешуданд. Аммо ҳукумат бошад, дар давоми як сол 16 қонунро қабул кард, ҷуз қонуни конститутсионӣ дар бораи интихоботи президентӣ. Яъне имрӯз қонуни амалкунандаи интихоботи президентӣ пеш аз қабули конститутсия мебошад, аз 20 - и июни 1994. Ба ин танҳо тағироти нав соли 1999 ворид кардаву онро пазирауфтанд. Ман ҳамон вақт гуфтам, ки ин мумкин нест. Зеро моҳиятан ин аз қонуни амалкунандаи конститутсионӣ бар намеояду бояд дар асоси конститутсияи амалкунанда шумо як қонуни интихоботро қабул намоед. Аммо то имрӯз ин корро накарданд. Нисбати ин қонун бо тамоми масъулиятва дарки ҳуқуқӣ мегӯям, ки қонуни имрӯз амалкунанда дар бораи интихоботи президентӣ ин қонуни ғайриконститутсионӣ мебошад ва бояд ҳамин тирамоҳи 2012 Парлумон қонуни нави конститутсионӣ дар бораи интихоботи президентиро бипазирад.

"Зиёиён Тоҷикистонро тарк мекунанд"

- Интихобот дар пеш аст, фикр мекунед ҲХДТ барои президентии Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2020 ҳам ба қавонин тағиру иловаҳо ворид мекунад, чи тавре, ки пештар карда буданд монанди соли 2004 ва дар ин ҳолат шумо чи вокунише нишон хоҳед дод?

- Дар ин бора ман як ақида дорам. Имрӯз мардуми Тоҷикистон мардуми соли 1994 ё 2003 нестанд. Аз онҷое, ки дар бораи зиёиён бисёр сӯҳбат менамоем, дар Тоҷикистон ҳамакнун гурӯҳи зиёиён вуҷуд надоранд. Зиёӣ одами маълумоти олӣ дошта нест, зиёӣ гурӯҳи одамоне, ки лояҳои иҷтимоӣ мегӯянд ва мавқеи шаҳрвандӣ доранд, инҳо зиёиянд. Аммо имрӯз дар байни ҳама таҳсилкардаву нависандаву ҳуқуқшиносу олимонро агар бинем, дар байнашон мавқеи шаҳрвандӣ дошта, мумкин якчанд фоиз бошад. Ба ибораи дигар миллати Тоҷикистон ташаккул наёфтааст ва зиёиён бояд қувваи асосии ташкилкунандаи миллат бошанд. Вале ин чиз баръакс аст. Дар ҳамин ҳолат ҳам ман инро мегӯям, ки имрӯз зиёиён пешбарандаи ҷомеа ҳам набошанд, мардуми қаториву оддии Тоҷикистон қариб пухта расидаанду дарк мекардагӣ шудаанд. Агар ин дафъа ҳам тағиру иловаҳо ба Конститусия ворид шаваду ба муҳокимаи халқ гузошта нашаваду овоздиҳӣ мемонда бошанд, ин бор дар Тоҷикистон ё як табодулоти бузург иттифоқ меафтад ва ё онҳое, ки худро зиёӣ эҳсос менамоянд, ҷумҳуриро тарк хоҳанд кард.

Фақат бо номзади арзанда эътилоф мекунем

- Чун аҳзоби мо дар интихоботҳои пештара шикаст хурданду интихоботи соли 2013 наздик аст, оё вақти он нарасида то як эътилоф намоянд барои пешниҳоди як номзди ягона?

- Аз номи ҲСДТ мо чандин бор эълон доштем, ки агар аҳзоб хоҳони эътилоф ва пешниҳоди номзади ягона бошанд, мо розӣ ҳастем ва омода барои гуфтушунид бо ҳар ҳизбе, ки набошад. Майдон аз далер асту кадоме, ки биёяду барои номзади сазовор гуфтушунид кунад. Аммо барои он ки ман худ бевосита инро эътироф намоям, ки ӯ одами сазовор асту имкониятҳояш аз ману дигар намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ болотар аст, мо ӯро новобаста аз ин ки аъзои ҳизби мо мешавад ё на, барои пешниҳод карданаш омодаем, он ҳам дар асоси эътилоф. ҲСДТ чанд бор эътилоф ташкил карду ба ин роҳ рафт, вале дар натиҷа мо танҳо мондем. Соли 1994 ҳамин тавр шуду соли 2005 ва соли 2010 низ, ки мо ягон эътилоф карда натавонистем. Агар аҳзоби Тоҷикистон эътилоф накунанду номзади ягона пешниҳод нанамоянд, ҲСДТ дар интихоботи пешорӯ ширкат мекунаду номзади худро ба президентӣ пешниҳод менамояд чун мо муборизаро то охир давом медиҳем.Ман метавонам дар интихобот шикаст хурам, аммо иштирок накардан зидди ҳолати ботинии ман, мухолифи тасмими ҳизб аст. Яъне албатта дар интихобот шикаст хурдан мумкин аст. Соли 2006 иштирок накардем, аз баски қонунгузорӣ дуруст набуду номзадҳо ҳам ғайриқонунӣ пешниҳод шуданд, мо ҳамчун ҳизби ҳуқуқшинос ба ин эътироз намудем. Аммо ҳоло инро дорам дарк мекунам, ки мардуми Тоҷикистон соҳиби фарҳанги ҳуқуқӣ нестанду чӣ будани ҳуқуқ ва риояи қонунро ва амалигардонии ҳуқуқҳои худро мо феълан дарк карда наметавонем. Дар ҳар сафар мегӯям, ки бузургтарин сиёсатмадори асри 20 аз лиҳози назарияву таҷруба   Ленин буд, ӯ соли 1918 асаре навишт, "Очередной задачи советской власти". Дар ин ҷо суол гузошт, ки вазифаи асосии ҳокимияти шӯравӣ ин аст, ки шаҳрвандони ҷумҳуриро дар асоси ҳама қавонини мавҷуд буда, барои мубориза бурдан баҳри амалигардонии ҳуқуқҳои худ сафарбар кунад. Ин масъала то имрӯз ҳам доғ аст. Имрӯз, касе ки дар ҳокимият аст, дар бораи ин шиор гап намезанад. Чун барои ҳар нафаре, ки дар ҳокимият аст, лозим нест, то мардуми оддӣ дар асоси қонунҳои худ барои амалигардонии ҳуқуқҳояшон мубориза баранд. Ленин ин масъаларо ҳамчун вазифаи асосии давлати шӯравӣ пешниҳод карда буд. Мо бояд то ҳамин дараҷа одамонро омода созем то баҳри таъмини ҳуқуқҳои худ мубориза баранд ва ин шиор дар фаъолияти ҲСДТ ба инобат гирифта шудааст. Ба унвони ҳуқуқшинос ва раиси ҳизб таъкид мекунам, ки вазифаи ман дар интихобот ин сафарбар кардани мардум ба он аст, ки агар мардум ҳуқуқҳояшонро дар асоси қонунҳои мавҷудбуда ҳимоя карда натавонанд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон ҳечгоҳ падид намеояд. Зеро ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд бо такя ба якдигар пеш мераванд. Масъала инҷост, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ қонунро бояд аз давлат бештару беҳтар донад. Зеро илму маориф ин моликияти давлат нест. Ин институти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандист. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳама вақт аз болои давлату мақомот назорат бурда тараққии давлатро ҳамчун такягоҳи рушди ҷомеа бояд таъмин созад.

"Эрон намунаи хубе барои Тоҷикистон аст"

- Яке аз мушкилоти асосӣ дар кишвар коррупсия аст ва дар ҳар масъалае, ки мо баррасӣ менамоем, коршиносон фасодро бевосита омили ҳалли нагаштани он масъала медонанд. Агарчи Агентии мубориза бо фасод ҳам дорем, аммо коррупсия решакан намешавад.

- Вақте давлат диктатористу хизматчиёни давлат аз мардум вобаста нестанд, кам шудани коррупсия ғайриимкон аст. Коррупсия худ чӣ мазмун дораду кӣ дар он ширкат меварзад? Агар дар фасод ду тараф бошад, як тарафаш ҳамеша ҳокимияти давлатист. Чун фасод намуди дигаре надораду дар як тараф ё шахси вазифадори давлат ё ҳатто  вакилу вазир ва ҳоказо, яъне он одамоне, ки имрӯз бевосита дар идори давлатӣ нишастаанд. Агар дар фасод ду тараф шаҳрванд бошад ва ё Иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳач вақт дар ин ҷо коррупсия вуҷуд дошта наметавонад. Зеро шаҳрванд ба шаҳрванд наметавонанд коррупсияро ба вуҷуд оваранд. Фасодро фақат хизматчии давлатӣ ба миён оварда метавонад. Аз рӯи коррупсия як чизро бояд фарқ карда тавонем, фасод дар кадом ҳолат коррупсия аст? Коррупсияи маъмуристу ҳуқуқӣ. Нозири роҳ ба чидани пул машғул аст ва агар масъулияти ҳамин ба зиммаи худаш вогузор шуда бошаду бо ихтиёри худ ин корро кунад, ин алакай коррупсия нест балки суиистифода кардан аз ваколати худ аст. Агар ҳамин пулҳои чинадаи ходими БДА як қисмаш ба худаш мемонаду қисми дигарашро боло равон мекунанду дар ин ҳангом аз боло кафолат медиҳанд, ки туро ҳама вақт ҳимоя мекунем ва ӯ натарсида ин корро идома диҳад, ин чун зинна ба зинна боло меравад, коррупсияи маъмурист. Агар барои қабули ин ё он қароре, ки ҳокимияти маҳаллӣ ё президент, Парлумон ва ё одамони манфиъатдор пешакӣ бо супоридани маблағ қабули онро таъмин менамоянд, ин коррупсияи ҳуқуқист. Ё ҳамин намояндагони бонк барои тағир додани шакли як модда, пулҳои калон сарф мекунанд ва ба манфиъати худ талаботҳои қонуниро ворид менамоянду Парлумон ҳам пулро гирифта ба кисса мезанаду ин қарорро қабул мекунад. Вай манфиъатнок пулро гирифта ба кисса зад ва он одамоне, ки барои қабули ин меъёр пулро сарф карданд, дар асоси ҳамин меъёр 100 баробари маблағи харҷ шударо мерӯёнанд. Ҳолати қонунӣ гирифтани коррупсия низ имкон дорад минҷумла ҳамин иҷозатнома барои фаъолияти иқтисодии берунӣ. Ба як одаме иҷозатнома медиҳанду ба ӯ мегӯянд, ки ту ин қадар маблағро барои супоридани боҷи давлатӣ пардохт намо. Вале ин масъаларо тавре дигар бояд дид. Вақте боҷи давлатиро бояд аз рӯи қонун 100 ҳазор супорад, ҳамагӣ 10 ҳазор месупораду мобақиро ба кисса мезанад. Инчунин як хориҷӣ бо як шахси мансабдори Тоҷикистон мегӯяд, ки мехоҳӣ 1 долларро ба ту 1 сомонӣ фурӯшам? Шахси мансабдори Тоҷикистон хурсанд мешавад, ки имрӯз доллар 4,80 қариб 5 сомонисту ин ба ман 1 долларро ба 1 сомонӣ фурӯхтанист ва инро қабул мекунад. Шахси хориҷӣ мегӯяд, ки ман ба номи ту дар бонки Шветсария 1 млн. доллар мемонам ва ту танҳо барои ман як иҷозатнома ташкил мекуниву ҳамагӣ ба 1 млн. сомонӣ ашёи хомро аз Тоҷикистон хориҷ карда ба ман месупорӣ. ӯ розӣ мешаваду дар асоси шартнома ашёи хомро ба шахси хориҷӣ медиҳад. Дар ин ҷо мансабдор бо 1 млн. сомонӣ соҳиби 1 млн. доллар шуду фоидаи калон дид. Шахси хориҷӣ 1 млн. барои мансабдори тоҷик сарф карду дар асоси 1 млн. ашёи хоме, ки аз кишвар бароварда шуд, бо коркарди он ӯ соҳиби 10 млн. евро мешавад. Инро мегӯянд коррупсияи калон. Коррупсия намудҳои гуногун дораду то имрӯз дар Тоҷикистон фаҳмиши фасод нест. Дар худи Агентии мубориза бо фасод, мазмуни коррупсияро то он дараҷа дарк намекунанд ва на ҳама порахуриву порадиҳӣ коррупсия аст. Агар порагириву порадиҳӣ муназзаму пай дар пай ва зина ба зина дар ҷойҳо ишғол карда бошаду аз ин мансабдор манфиъатдор бошад ва низ бо роҳи гурезонидан аз ҷавобгарии ҳуқуқӣ ин чиз дар мақомоти давлатӣ ишғол шуда бошад, ин фасод аст. Имрӯз Тоҷикистон аз нигоҳи коррупсия ба дараҷаи олитарин расидааст. Вақте ман соли 1986 ба Тоҷикистон омадам, он давра бисёр ҳаракат карданд то дар ӯзбакистон кор кунам, вале ман бо як чиз ҳамачиро инкор карда гуфтам, ки агар ман дар Тошканд кор мекарда бошам, ё як ҷанҷоли сахт мешавад ва ё баъди ним сол худи манро мешинонанд, зеро ҳамон давра дар ӯзбакистон муносибатҳои порахуриву фасод бисёр пешрафта буду нисбати вай Тоҷикистон якчанд зина паст буд. Ман ба Тоҷикистон омадам ва аз сидқи дил будани муносибатҳоро дидаму ба ман маъқул шуд. Зимнан ман дар бисёр ҷомеаҳо иқомат доштам, дар ӯзбакистон 9 сол, дар Қазоқистон 8 сол ва дар Украина 9 сол. Вақте омадам гуфтам, ки ман дигар аз Тоҷикистон берун намеравам. Аммо имрӯз низоми коррупсионӣ дар Тоҷикистон аз ӯзбакистон болотар аст.

Мусоҳибаи Сиёвуш ҚОСИМЗОДА   (Давом дорад)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!