Бахшҳо
31 авг 2012 11:13Иҷтимоӣ

Ҷомеаи "лаббайгӯйҳо" бегонагонро қабул надоранд!

Сухан сари кадом мавзӯст? Пай набурдед? Пай бурдед, амиқу некӯ пай бурдед. Сухан сари амалдорони маҳалҳо ва тактикаву стратегияи кору фаъолияти имрӯзаи ин ҷанобон меравад. Яъне? Рост намегӯянд ин ҳокимони навзуҳури маҳаллӣ (яқин ки наҳамаашон, албатта!) Дигар ин ки, ба хоку оби сарзамин намесӯзад дилашон. Ва ҳол он ки шарти асливу муқаддами вазифадорӣ сидқан ҷонбозӣ намудан дар роҳи бароварда сохтани хостаҳову ниёзҳои раийяти бечорагон маҳсуб меёбад. Мутаассуф, ин роҳбарони маҳаллӣ аслан сидқ надоранд.

Тӯли 20 сол кору амали арзандаеро ба сомон нарасондаанд, ки бо дили пур ва хотири ҷамъ даҳонро калон кушода, даст ба меҳвари сина кӯфта, бо тафохури бепоён овоз баланд кунӣ, ки ана ҳамин биноҳои мактаби ҷаддиду бемористон ва корхонаҳои кӯчаки истеҳсолиро, аз қавле "балоша гирам, ҳамин раиси ҷамоати мо (ё бо иштироку роҳбарии он кас)) сохта ба истифода доданду ба шарофати ҳамин мактабҳои нав фарзандонамонро одамвор дар синфхонаҳои васею равшан баҳузур дар мизу курсиҳои ялақосӣ нишаста, сабақ меомӯзанд.
Ё дар ҳамин бемористони тоза бунёд кардаашон, ки аз се қабату даҳ дувоздаҳ ҳуҷраи корӣ иборат мебошад, беморону маризон дигар ба шаҳрҳои Ваҳдату Душанбе сарсону овора нашуда, роҳат табобат меёбанд ва муолиҷа мешаванд. Чаро якбора аз мактаб ҳарф дар миён андохтем? Зеро дар ҳамин мактаби деҳаи банда зиёда аз 500 нафар хонанда ба талаби илм машғул аст ва ин дабистон ҳамагӣ 12 синфхона дораду халос. Китобхона нест, утоқи компутерӣ умуман вуҷуд надорад, синфҳои фаннӣ мавҷуд нест, лабаратория дар феҳристӣ роҳбарон ҳам сабт нагардидааст. Ва аз ҳама бад он ҳол аст, ки талаба бисёру синфхона намерасад.
Даҳ соли охир хонандагони чанд синфи ибтидоӣ дар басти мобайнӣ таълим ва дарс меомӯзанд. Ҳамаи роҳбарон, аз раиси деҳ шурӯъ то садри ҷамоату ҳокими ноҳия аз ин ҳол хабар доранд. Дар чанд маҷлиси деҳу ҷамоат мардум аз ин мавзуъ сухан дар минён андохта, лаб ба шикоят кушоданд. Раиси Калон барошуфт, ғазаб кард ва мушти вазнине бар рӯи мизи дароз кӯфт ва якбора шӯрида рафт:

- "Мактаб надорем, мактаб созед", гуфта даҳонро деги маърака карда, дод задан осон, балки сабуктарин амали дунё.  Аммо намедонед, ки барои бунёди ҳамин мактаби сабилмонда маблағ лозим. Маб-ла-аа-ғғ!"
- Мефаҳмед инро ё не?
- Тавба, - аз дил гузарондам ман. Ҳамин фикрро ба гунаи сипари боло, чун баҳонаи маълум Раиси Калон дар як ҳамоиши дигар, ки баҳори соли гузашта дар масҷиди деҳа баргузор шуда буд, баён карда буд. Дар он ҷамъомад вазъи дохили тандурустии минтақа, хидматрасонии тиббӣ ба мардум ва беҳдошти саломатии онон мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.
Дар зимн, бобои Пирмуҳаммад аз чояш бархест ва суол дод:
- Бобои раис, як арз дорум. Бигӯм-нагӯм...
- Бигӯ, - иҷозат дод Раиси Калон.
- Гап сари ин ки ҷамоати деҳоти мо 32 ҳазор аҳолӣ дорад. Ҳамин 32 ҳазор нафар як беморхонаи замонавӣ надорад. Дар як маркази саломатӣ, ки дар собиқ боғчаи кӯдакон ҷойгир шудааст, мардум табобат мегиранд, занҳо таваллуд мекунанд. Ҳай кӯҳнаву фарсуда аст бинои боғча-яслӣ. Байни ҳуҷраҳои табобатӣ девор надорад. Хайрият, сардухтур парда кашидааст, набошад...
- Чӣ набошад? - ғурунгид Раиси Калон.
- Набошад, бешармӣ ҳам шавад, занҳои ҳомиларо дигар маризон дар ҳоли таваллуд мебинанд, охир...
- Э, басе, - дод зад Раиси Калон. Мӯйсафеди масхарабоз.
Ва баъд бедимоғу ғазаболуд фаҳмонд, ки баҳри бунёди беморхона пул лозим, маблағи ҳангуфт даркор.
- Бо ҳалво гуфтан даҳон ширин мешавад? - суол дод ба ҳозирин Раис. Ва худан оҷилона ҷавоб дод:
- Не, албатта.

Ва... ҳанӯз манзара ҳамон аст, ки ҳамон, ҳеҷ тағйир нахӯрдааст. Ва ин руасо доиман дар ташвишанд, балки дар тарсу ҳароси азалию қадимиянд.
Дар ҷаласаҳо одамони "худро" даъват мекунанд. Кистанд онҳо? раиси маҳалла (деҳа), директории мактаб ва раиси занону бонувон. раиси деҳа ба ҳеч ваҷҳ сухани раиси ҷамоатро "ду" намекунад, гузашта аз ин вай шахси боваринок ва мӯътамад, ба гуфтае, "чашми" раис аст. директории мактаб айнан шабеҳи раиси деҳа аст, дастҳо пеши бар, ҳини ба суоле ҷавоб додан ҳиҷолатманд бо нигоҳаш рӯи фарш хат мекашад". Сарвари занону бонувони деҳ, зани фаъолаву кордон ва ташкилотчист, дӯст медорад лаҳзаеро, ки сухан перомуни танзими расму анъанот доир гардад.
- Мо, мӯҳтарам, раис, - як суханро мудовом такрор мекунад вай.
- Халқи қафомондаем. Тую тамошоро нағз мебинем...
Ва бад-ин тартибу низом раисони 13 деҳа, директорони 13мактаб ва раисони занони 13 маҳалла ҳарфе гӯянд-мегӯянду нагӯянд не. Ва ин ҳол ба анъанаву одати маъмулӣ табдил ёфтааст. Раиси Калон ҳар сухане расонад, онон дастҳо дар паҳнои сина "оре, раис, бале, раис, дуруст мегӯед, ҳаққи гапро мегӯед, мо гуфтаҳои

Шуморо ҳатман иҷро хоҳем кард", - мегӯянд.
Ва барои иҷрои кадом амалҳое ваъда медиҳанд, ҳатто вақту мӯҳлат мегиранд. Аммо он кору амалҳо чӣ бошад касе намедонад. Як сол чӣ кӣ, даҳ сол мегузарад, ҳеҷ тағйироту дигаргунӣ ба чашм намерасад. Ҳатто роҳҳои қиргуни мошингарди асосии чамоат ғору ғаппа, валу валангор аст. Боз маҷлисҳо, боз ҷамъомадҳо...
Боз раисони деҳаҳо, директорони мактабҳо ва садри занону бонувон даъват мешаванд ба маҷлис. Дар рафти муҳокима ва баррасии масъалаҳо (аслан маълум нест, ки чӣ масоили доғанд он ҳама). Раиси Калон рафту аз раиси деҳ, директории мактаб ва сарвари бонувон суоле кунед ё ҳарферо пурсон гардед, ин бечораҳо якбораву баробар аз ҷо бармехезенд ва чун сарбози машқу тамриндида дастҳоро ба қадашон рост кашол мекунанд ва бо як овоз:
- Лаббай, раис? - мегӯянд.

Ва раис вақтҳои охир сахт аламдор шуда буд. Дар ҳар ҷамъомад ба одамони "худияш" (албатта, дар фароварди маҷлисҳо") таъкид мекард, ки "ҳушёриро аз даст надиҳед, мабодо фарди бегонаву ноошно ба ҷаласаҳоямон роҳ ёбад. Он вақт "конетс". Ва боре, ҳинни мавсими ангурпаз раис ҷаласаи ғайринавбатиеро даъват кард. Боз ҳамон раисони деҳа, директорони сарсупурдаи мактабҳо ва садри бонувон ташриф оварданд.
Тифоқо, чӣ тавр шуду дар ҷаласа ду тан "бегона" роҳ ёфтанд: яке ҳамон мӯйсафеди Пирмуҳаммад, ки бо сабаби бознигарии пули нафақахӯрон се моҳ боз овораю саргардон аз ҳамон пули муқарраршудаи пешинааш ҳам бенасиб монда буд ва инак, ба расми додхоҳӣ ва рӯшанӣ андохтан ба ин мушкил бо чӣ "ҳиллаву билла" ба толори маҷлисҳои бузурги ҷамоат ноаёнакак ворид шуда буд, ки дигарон бехабар. Ва як зиёие, ки аслан як муаллиме буду халос.
Мепурсед, ки бо чӣ роҳ ин ду шахси "ноошно" ба ҷаласа даромаданд, дар ҳоле, ки назорат бас қатъӣ ва ҳаматарафа буд. Он рӯз чӣ тантанае таҷлил мегардид, ки на танҳо раиси ноҳия, балки шуарову удабо ҳам он ҷо ҳузур доштанд ва дар вақти ҷӯшу хурӯши қабул ва пешвозгирии бузургони ноҳия ин ду тан бехабар аз якдигар даромаданд ба толори маҷлисҳо. Ва баъди ҳарф заданҳову ситоишу таърифҳо раисон аз камбудиҳо ҳам дар омади гап ёдовар шуданд. Дар ҳамин ҳангом мӯйсафеди Пирмуҳаммад аз ҷояш баланд шуд ва чун тароша аз бом нохосту ногаҳонӣ суол дод, ки:

- Масъалаи сохтмони бемористон чӣ шуд?
- Кадом бемористон? - худро ба нодониву гулӣ зада пурсид раиси ноҳия.
- Ҳамон бемористоне, ки занҳо дар он таваллуд мекунанду пешашон бо парда пӯшонида шудааст, - паст наомада гуфт бобои Пирмуҳаммад. - Ҳамонро мегӯям, аз ёдатон баромад, чӣ бало?
- Ҳа-а-а... Не-не-ее..., - гапро гум кардаву хоида, базӯр лаб ҷумбонд раиси калон ва хушкдимоғ илова намуд:
- Вая, ҳамон "балнисая" месозем. Ҳоло маблағ нест, мефаҳмед маблағ ва худро дошта натавониста бархост зи ҷо ва ҳамон мушти вазнин ба рӯи мизи алвонпӯши ҷамоат кӯфт. Як нависандаи хаёлӣ як қад дар ҷояш "парид".
- Ана ҳамин тавр... - ғурунгид дубора раис.
Ва ҳамаи ин дарди бахайр буд, агар... Агар воқеаи дигаре рух намедод. Воқеаи дигар чӣ буд? Муаллиме, ки оромакак дар қафои қафо менишаст, даршаст аз ҷояш бархост ва чун балои осмонӣ суханонеро ба забон овард, ки сари раҳбарон гиҷу "вайрон" гардид.
- Шумо дурӯғ мегӯед, - бо қаҳр ва нафрати бепоён ба гап даромад вай. Дурӯғ майлаш, фиреб мекунед мардумро. Бист сол шуд, ки як баҳона доред ва онро чун дафъи бало истифода мекунед. "Пул нест, маблағ нест".
- Рост мегӯем, нест маблағ. Аз куҷо ёбем? - бонг бардошт раиси ноҳия, ки аз чунин ранг гирифтани раванди маҷлис қариб буд, ки қолаб тиҳӣ кунад.
- Аз куҷо меёбед? Роҳаш ҳаст ва осони осон, - хандаи заҳрогин кард муаллим. - Ҳар "сезон" бе ҳеч тарс аз Худову Расул ва Ҳукумат заминҳоро ба пулдорон мефурӯшед, маблағи яктояшро алоҳида ба ҷонибе мегузоред, ана аз ҳамон ҳисоб оҳиста-оҳиста мактаб ҳам месозеду бемористон ҳам. Роҳҳоро таъмир мекунед ва ғайра корҳои дигар.

Раис барошуфт, аз ҷояш дубора бархост ва "ин ҳама тӯҳмат аст, иғвои навбатии душманони мост", - гуфта толорро тарк кард. Ва рӯзи дигар аз "боло" фармон омад. Раиси деҳшӯро аз пайи иҷрои он амри раиси ноҳия миён сахт баста, ба манзури бедиққатӣ ва ҳушёрии сиёсӣ нишон надодан ба ҳар ду деҳае, ки дар якеаш бобои Пирмуҳаммад ва дар дигараш муаллими мубориз зиндагӣ ба сар мебурданд, одами "махсуси" худро фиристод ва дар як ҷамъомад раисони ду деҳа, директорони ду мактаб ва садри занону бонувони ду маҳалларо аз вазифаву амали ҷамъиятиашон сабукдӯш намуд.
Пас-он, ду раиси нав, ду директори сархаму "мусичаи уволак" ва садри бонувони ду маҳалларо дар ҷустуҷӯ шуданд. Ҳамакнун, тамоми масъулони ҷамоат дар пайи дарёфт ва интихоби "лаббайгӯякҳои" ҷадиданд.
- Ҳушёриро аз даст надиҳед, - ҳар замон таъкид мекунад раиси ноҳия. - Боз мухолифони сарсахт ба маҷлисҳо роҳ наёбанд. Аллакай сирри заминфурӯшиҳоямон овозаю дарвоза шуд".
Ҳай аҷиб, ҳай хандаовар. Ҷаноби раис, шумо ё бехабаред, ё худро билкул ба нодонӣ мезанед. Охир, сирри талаву тороҷ ва фурӯхтани заминҳо кайҳо вирди забони як ҷумҳурист, чӣ расад ба овозаю дарвоза. Аз хоб нахеста бошед, кунун бедор шавед. Хобатон ҳам дурӯғ аст ба Худо, заргӯшист. "Лаббайгӯйҳо чӣ мегуфта бошанд?!
Тамом!

Шодӣ МУҲАММАДРАҶАБ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)