Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:25

Иштирокчиёни ҷанг дар фурудгоҳ

6 май 2011, 12:44

Рустам Холиқов, директори генералии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иштирокчиёни ҷангро хайра мақдам гуфт.

Тибқи иттилои сухангӯи ин ниҳод Муҳаммадюсуфи Шодӣ имрӯз  дар пояи муҷассамае, ки ба ифтихори ҳавонавардони  авиатсияи граждании Тоҷикистон қомат рост кардааст, ҷамъомади тантанавӣ ва маросими гулгузорӣ сурат пазируфт. Дар ин ҳамоиш масъулини ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик эйр», «Сомон эйр» ва роҳбарони иттифоқҳои касабаи корхонаҳои номбурда иштирок доштанд.

 

Ба ҷузъ ин дар ҷамъомади мазкур гурӯҳи низомиёни  фаронсавии мустақар дар Тоҷикистон иштирок намуда, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватаниро табрику таҳният гуфтанд. Қайд гардид, ки дар баробари мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми  фаронсавиён низ дар пир дар пирӯзӣ ба фашизм зиёд аст. Маҳз ҳамгироии халқҳо буд, ки гитлерчиён дар Аврупо саркӯб карда шуд, қайд намуд сарфармондеҳи низомиёни фаронсавӣ.

Бояд гуфт, 66-сол муқаддам дар рӯзи 9-уми майи соли 1945 Олмони фашистӣ пурра торумор гардида, ливои зафар дар болои Рейхстаги Берлин аз сӯи аскарони советӣ насб гардида буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!