Бахшҳо
31 авг 2012 11:23Сиёсат

Ғарб дар Тоҷикистон низ инқилоб мекунад?

Ҳушдорҳои кишварҳои абарқудрат: воқеъият ё манфиат?

Истифода аз силоҳи кимиёвӣ дар Сурия баҳонае барои ворид шудан ба ин кишвар хоҳад буд, гуфтааст Франсуа Олланд, раисҷумҳури Фаронса. Оҷонсии "France-Presse" бо такя ба суханони Франсуа Олланд навиштааст, ки Фаронса бо муттаҳидини худ ҳамеша ҷиддӣ буда, намегузорад, ки режими феълии Сурия аз силоҳӣ кимиёвӣ истифода кунад. Дар робита раисҷумҳури Фаронса ҳукумати Сурияро ҳушдор додааст, ки дар сурати истифода аз чунин аслиҳа ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳуқуқи комили дахолат ба умури ин кишварро хоҳанд дошт. Ба гуфтаи ҷаноби Олланд вазъияти Сурия аз он далолат медиҳад, ки Шӯрои амнияти СММ воқеан ба ислоҳот ниёз дорад. Ветои Русия ва Чин оид ба қарордоди Сурия низ нуфуз ва таъсири СММ-ро коста кардааст.
Қаблан раисҷумҳури Амрико Барак Обама ва нахуствазири Бритониё Девид Кэмерон низ эълон доштанд, ки дар сурати истифода аз силоҳи кимиёвӣ нерӯҳои худро ба Сурия ворид хоҳанд кард. Сомонаи "Росбалт" менависад, ки феълан хадамоти махсуси Бритониё дар Сурия ба ҷустуҷӯи силоҳи ҳастаӣ машғул ҳастанд. Чунин ба назар мерасад, ки кишварҳои Ғарб феълан мунтазири имкони ворид шудан ба давлати Сурия ҳастанд.
Бо таваҷҷӯҳ ба ҳушдорҳои давлатҳои Ғарб барои ворид шудан ба давлати Сурия метавон гуфт, ки он танҳо барои барқарор кардани адолат ва ё ҳуқуқи инсон нест. Ҳаводиси кишварҳои Араб бозгӯйи ин аст, ки кишварҳоии абарқудрат танҳо ба хотири таъмини амният вориди дигар давлат намешаванд. Барои мисол "амният, озодӣ ва ҳуқуқ" дар Ироқ, Афғонистон, Миср, Тунис ва Либӣ танҳо бо кӯшишҳои давлатҳои Ғарб барқарор шудааст. Аз ин ҷост, ки имрӯз ҳукумати ин давлатҳо танҳо барои манфиати кишварҳои Ғарб ва бо ангушти ишораи онҳо фаъолият мекунанд.

Тоҷикистон, ҳуқуқи инсон ва давлатҳои абарқудрат?

Дар қиёс бо Тоҷикистон озодӣ ва сатҳи иҷтимоии аҳолӣ дар кишварҳои Миср, Тунис ва Либӣ ба маротиб зиёд буд. Аммо то имрӯз ҳеч нашудааст, ки давлатҳои Ғарб ба Тоҷикистон барои риоя накардани меъёрҳои озодиву ҳуқуқи инсон, суйистифода аз мансаби раҳбарон  ҳушдори ҷиддие фиристода, дахолат карда бошанд. Албатта ин маънои онро надорад, ки дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса дошта бошад. Созмонҳое ба монанди СММ, САҲА, Бонки Ҷаҳонӣ, "Дидбонгоҳи ҳуқуқи башар" ва "Хабарнигорони бидуни марз" ҳамасола дар ҳисоботи худ аз вазъияти Тоҷикистон гузориш мекунанд. Бино бар гузориши онҳо озодии матбуот ва виҷдон дар Тоҷикистон маҳдуд буда, мавориди шиканҷа алайҳи боздоштшудагон ба маротиб афзоиш ёфтааст. Дар гузоришҳои ин созмонҳои байналмилалӣ аз қонунҳои қабулкардаи парлумон то супоришҳои ҳукумат ва аризаҳои шикоятии мардум истифода кардаанд. Вале бо вуҷуди далелҳои қатъӣ онҳо ба Тоҷикистон барои ислоҳи вазъият ҳушдоре надодаанд. Аммо суоле ба вуҷуд меояд, ки чаро "додрас"-ҳои ҷаҳонӣ дар мавриди таъмини амнияти озодии матбуот, виҷдон ва риояи ҳуқуқи инсон ба Тоҷикистон ҳушдорҳое намефиристанд. Файзиниссо Воҳидова, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ки Ғарб то имрӯз тамоми сиёсати моливу ҷаҳонии худро дар Тоҷикистон пиёда накардааст. Аз ин рӯ ҳоло барои интиқоди шадид аз нақзи ҳуқуқи инсон, мавҷудияти шиканҷа, маҳдудияти озодии виҷдону дин дар Тоҷикистон хомӯширо ихтиёр мекунад.
"Ҳадаф ва мақсади ягонаи ҷаҳони Ғарб ин даст ёфтан ба захоири табии кишварҳои Шарқ, Араб ва Осиёи Марказӣ мебошад. Ғарб барои пирӯз шудан дар давлатҳои Араб нақшаҳояшро 10 солаҳо тарҳрезӣ намуда, онро пиёда кард. Аммо дар Осиёи Марказӣ ин кор як мушкил дорад. Зеро дар минтақа абарқудрати дигар-Русия нуфуз ва таъсири бештар дорад. Аз ин хотир Ғарб дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳоло танҳо бо гузоришҳову мониторинг дар робита ба нақзи ҳуқуқи инсон, маҳдудияти озодии матбуот ва виҷдон иктифо мекунад. Вале оғози тамоми пирӯзиҳои Ғарб ҳамингуна буд", илова намуд ҳуқуқшиноси тоҷик.

Ғарб нақшаи инқилобро дар Осиёи Марказӣ амалӣ мекунад?

Мушоҳида мешавад, ки дар ин авохир Ғарб доираи нуфузи Русияро дар баъзе бахшу масоил танг карда, идораро комилан дар дасти худ гирифтанист. Файзиниссо Воҳидова бар ин назар аст, ки Ғарб беҳуда таваҷҷӯҳи хоса ба мардуми нодор намедиҳад. Дар ҳолатҳои истисноӣ мақсадҳои худро бо кӯмаки онҳо амалӣ хоҳад кард. Ба сифати далел Файзинисо Воҳидова аз инқилобҳои кишварҳои Араб мисол оварда мегӯяд, ки Ғарб то замони лозимӣ қишри камбизоатро пуштибонӣ карда, таҳсил ва фаъолияти онҳоро бо ҳар роҳу баҳона маблағгузорӣ мекард. Дар замони мувофиқ маҳз ҳамон гурӯҳ нохудогоҳ хостаҳои Ғарбро бароварда сохта, инқилобро роҳандозӣ карданд. Ин гуфтаҳоро Раҳматулло Валиев, таҳлилгари масоили сиёсӣ тақвият бахшида мегӯяд, ки даъвоҳои Ғарб барои сарнагун кардани давлатдории бемӯҳлат дар Араб низ баҳонае беш нест. Ҳақиқат он аст, ки раҳбарони давлатҳои Араб ба ҳарфу супоришҳои Ғарб сар нафаровард. Дар ин ҳолат Ғарб роҳи ягонаи халосиро дар роҳандозӣ намудани инқилобҳои хунин, бо баҳонаи ба вуҷуд овардани адолати давлатдорӣ пайдо кард.

"Дар сурати ғайр Тоҷикистон ва ҳеч кадом давлати Осиёи Марказӣ намунаи давлатдориву озодиҳои ҳуқуқи инсон нест. Фасод, маҳалгароӣ, суйистифода аз мансаб дар Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсоя баръало намоён аст. Аммо мушкил дар он аст, ки дар ин минтақа Русия ҳоло нуфузи зиёд дорад. Аз ин хотир Ғарб ҳоло он нақшаи "барканор кардани режими авторитарӣ"-ро наметавонад дар ин минтақа истифода кунад", мегӯяд Раҳматулло Валиев.
Аз ҷониби дигар метавон тахмин зад, ки чаро Ғарб имрӯз бо итоаткориҳои Тоҷикистон садо баланд накарда, интиқоди шадиде ҳам аз низоми кишвар намекунад. Тоҷикистон албатта нафту гази фаровон надорад. Вале бо таваҷҷӯҳ ба ҷойгиршавии ҷуғрофӣ метавон гуфт, ки яке аз кишвари калидии минтақа мебошад. Феълан барои Ғарб пиёда кардани манфиат ва пайдо кардани ҷойгоҳ дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳимтар аз ҳар нақша мебошад. Барои ҳамин Ғарб ба интихоботи ношаффоф, низоми давлатдорӣ, фасод, нақзи ҳуқуқи инсон дар минтақа чашм мепӯшад. Аз ҷониби дигар ин ҳама даъвоҳо танҳо қартаҳои бозии сиёсии Ғарб буда, онҳо ҳеч коре ба нақзи ҳуқуқи инсон надоранд.

Ҳумайрои БАХТИЁР
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)