Бахшҳо
05 сен 2012 10:26Гузориш

Лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд

Имрӯз, 5-уми сентябр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, райиси МН иҷлосияи дуюми ғайринавбатии палатаи поёнии парлумони кишвар сурат пазируфт.

Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов, сухангӯи МН дар ҷаласаи мазкур лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.   Вакилон пас аз ҳайати раёсат ва аъзои Комиссияи электронии овозҳо, Котибот ва Гурӯҳи кориро интихоб намуданд: «Аз рӯи масъалаи аввали рӯзномаи иҷлосия, лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов ва муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Гулов суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки дар лоиҳаи Кодекси нави андоз расмиёти андозбандӣ ва ҳисобдиҳӣ хеле соддаю шаффоф пешбинӣ шудааст ва ҳадафи асосии он баланд бардоштани адолатнокию самарабахшӣ, сабук намудани бори андозҳо ва тавассути зиёд кардани шумораи андозсупорандагон ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ мебошад. Таъкид гардид, ки қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки ҷавобгӯи шароити кунунии иҷтимоию иқтисодии кишварамон мебошад, яке аз афзалиятҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир ба ҳисоб меравад ва дар ин замина ҳанӯз 24 июни соли 2011 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ Комиссияи махсус таъсис гардида буд».

Гуфтанист, дар лоиҳаи нави Кодекси андоз тартиби андозбандӣ ва маъмурикунонии он бамаротиб содда гардонида шуда, шумора ва ҳаҷми андозҳои пешбинишаванда нисбат ба кодекси амалкунанда ба таври назаррас кам гардидаанд, ки ҳамаи ин дар маҷмӯъ барои некӯаҳволии аҳолӣ ва беҳтарсозии вазъи соҳибкории хурду миёна нигаронида шудааст. Сабукӣ ва имтиёзҳои дар лоиҳаи нави Кодекси андоз пешнбинишаванда, ҳамчунин барои мусоид гардидани фазои иқтисодии кишварамон ҷиҳати сармоягузорӣ заминаи мустаҳками меъёрию ҳуқуқиро фароҳам месозад.

Манбаъ афзуд, баъдан, вакилон Маҳмадалӣ Ватанов, Маҳмадшариф Ҳақдодов, Лутфулло Саидмуродов, Шодӣ Шабдолов, Махфират Хидирова ва Амир Катаев роҷеъ ба моҳият ва зарурияти лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав фикру андешаҳои худро пешниҳод карданд. Зикр шуд, ки аз тарафи вакилони парлумон бо мақсади ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва санадҳои дигари меъёри ҳуқуқӣ мутобиқ намудани Кодекси мазкур, аз байн бурдани мухолифати дохилии меъёрҳои ҳамин Кодекс ва ҳамчунин бо ҳам мутобиқ намудани матни лоиҳа бо забони давлатӣ ва русӣ 326 талифу эродҳо пешниҳод гардиданд: «Аз ин шумора 250 таклифу эродҳо қабул ва қисман қабул карда шуд, ки ин қариб 80 фоизро аз миқдори умумии таклифҳои пешниҳодшуда ташкил медиҳад».

Лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз муҳокима ва баррасии боб ба боб ва модда ба модда қабул гардид.
Дар ин иҷлосия ҳамчунин дар бораи пешниҳодҳои президент «Оид ба таъин намудани Дилмурод Давлатов ба вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба таъин намудани Хуршед Каримов ба вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъди ёд кардани савганд тасдиқ гардиданд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)